Оромгоҳи Ҳаким Носири Хусрав дар Бадахшони Афғонистон (тасовир)

Оромгоҳи Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнии Балхӣ, адиб, шоир ва нависандаи порсигӯй, ки дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ зиндагӣ мекард, дар рустои Юмгони вилояти Бадахшони Афғонистон воқеъ аст.

Мақбараи ин ҳакими бузурги порсигӯй, дар доманае баланд, сарсабз ва пӯшида аз дарахтон ва дар байни теппаҳои сангӣ қарор дорад, ки атрофи он дар асари борандагиҳо ва соири авомили табиӣ ва ғайритабиӣ мавриди фарсоиш ва резиш қарор гирифта ва хатари лағзиш ва фурӯпошии комили он вуҷуд дорад.

Дар болои теппа кулбаи муҳаққаре бо деворҳои сафед қарор дорад, ки бино ба гуфтаи муҷовирони он, қидмати 400-сола дошта ва таърихи таъмири он дар чӯбҳои он ҳак шудааст.

Дар муқобили ин кулба, муҳавватаи нисбатан ҳамворе бо чинорҳои бузург вуҷуд дорад, ки аз он ҷо як манзараи зебо аз дарраи Юмгон дар муқобили чашми бинанда қарор мегирад.

Тамоми сутунҳо ва дастакҳо дар муҳавватаи вурудӣ ва дар дохили оромгоҳ ба таври бениҳоят зебое кандакорӣ шуда ва бо оёте аз Каломуллоҳи Маҷид ба рангҳои мухталиф музайян шудааст.

Як ҷилди Қуръони Карими бузург дар пӯсти оҳу то солиёни охир дар сандуқе дар ин марқад нигаҳдорӣ мешуд, аммо дар замони Довудхон, нахустин раисиҷумҳури Афғонистон, бо фиреб ва ба баҳонаи нигаҳдорӣ дар оршиви миллӣ, ба Кобул интиқол дода шуд, ки акнун асаре аз он дар оршиви миллӣ ба чашм намехӯрад.

Дар солҳои охир, як теъдод афроди ношинос ба ин оромгоҳ ҳуҷум оварда, дарвозаи онро шикаста, тиккаҳои абрешимии қадимии болои марқадро пора ва баъзе оятҳои музайян бар дастакҳоро бо аслиҳаи сард канда ва баъд аз таҳдиди муҷовирон мехостанд ин оромгоҳро вайрон кунанд, ки ба далели мудохилаи мардуми маҳалл аз ин фоҷеа ҷилавгирӣ шуд.

Чанде пеш низ ҷинояткорон ва ғоратгарони осори бостонӣ шабона дохили марқад шуда ва ба ҳаффорӣ пардохта буданд, ки садамоти бузурге ба марқад ворид шуд, ва ин ки дар асари ин ҳаффорӣ чизе рабуда шуда ё на, мушаххас нест.

Ҳаким Носири Хусрав дар соли 1004 мелодӣ дар Қубодиёни вилояти Балхи бостон (ки ҷануби Тоҷикистони имрӯза ҷузъе аз он буд) мутаваллид шуд. Ҳаким пас аз танг омадани арса дар замони Салҷуқиҳо, мусофират пеша кард ва пас аз он дар тӯли 6 солу 7 моҳу 22 рӯз дар шаҳрҳои мухталифи минтақа ҳузур дошт.

Муаррихон таъкид кардаанд, ин донишманди барҷаста дар ҷараёни ин сафарҳои худ ба мазҳаби исмоилӣ рӯй оварда ва пас аз он ки ба Балх бозгашт, ба тарвиҷи мазҳаби исмоилӣ кӯшид, аммо бино бар мухолифати Салҷуқиҳо маҷбур ба тарки диёр ва паноҳ бурдан ба дарраи Юмгон, ки акнун дар Бадахшони Афғонистон қарор дорад шуд.

Ҳаким Носири Хусрав 25 соли поёни зиндагии худро дар Юмгон зист ва муҳимтарин осори худро аз ҳамин макон ба ёдгор гузошт, ки муҳимтарини онҳо “Рӯшноинома”, “Сафарнома” ва ду девони шеър ба забонҳои арабӣ ва форсӣ аст.

Дар охирин рӯзҳои зиндагӣ, Ҳаким Носири Хусрав ба бародараш васият кард, ки дар ҳамин минтақаи Юмгон ба хок супурда шавад ва бародари вай низ тибқи ин васият, вайро дар ҳамин минтақа ба хок супурд.

Farsnews

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Пароканда, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: