Дархости Шерзамонов аз кишварҳои урупоӣ барои кӯмак ба рӯзноманигорони тоҷик

Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик, дар суханоне дар мизи гирди “Тоҷикистон: саркӯби расонаҳо ва журналистони мустақил бо баҳонаи таъмини амнияти миллӣ”, ки дар 2 ноябри соли ҷорӣ дар Вен пойтахти Утриш (Австрия) баргузор шуд, аз намояндагони кишварҳои Олмон, Итолиё, Утриш, Лаҳистон (Полша) ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ мисли Гузоришгарони бидуни марз ва Созмони афви байналмилал, тақозо намуд, то ба рӯзноманигорони тоҷик кӯмак кунанд, ки ҳарчи зудтар аз масунияти байналмилалӣ бархӯрдор шуда ва битавонанд дар расонаҳои урупоӣ машғул ба кору фаъолият шаванд.

Машрӯҳи суханони Алим Шерзамонов дар мизи гирди “Тоҷикистон: саркӯби расонаҳо ва журналистони мустақил бо баҳонаи таъмини амнияти миллӣ” — ки тавассути ҲНИТ бо ҳамкорӣ бо созмони ғайридавлатии “Евразиян Диалог” баргузор гардид – ба ин тартиб аст:

* * *

Имрӯза, бо таваҷҷӯҳ ба мизони озодии баён ва расонаҳои озод, маъмулан кишварҳои дунёро ба се даста тақсим мекунанд: кишварҳое, ки расона дар онҳо аз озодии комил бархӯрдор аст, кишварҳое, ки дар онҳо расона қисман озод аст на комилан, ва кишварҳое, ки расонаҳояшон аз ҳеч гуна озодӣ бархӯрдор нестанд. Аммо, чунонки воқеият бароямон мегӯяд, мо чизе ба номи “қисман озод” надорем. Бале, мо одат кардаем, ки инро дар мавриди кишварҳое бигӯем, ки бо вуҷуди он ки озодии сиёсӣ ва маданӣ дар онҳо вуҷуд надорад, вале расонаҳояш дар нашри тасвирҳои масалан урён ва ё интишори маводде, ки ба зиндагии хусусии афрод таъаллуқ дорад, озоданд.

Аз ин рӯ, ман мӯътақидам, бояд ин тақсимбандиро ба як шакли дигар сурат дод, яъне на фақат аз назари озод будани расона ё набуданаш, балки фаротар аз он. Ба назари ман, кишварҳои дунё, ва ё дурусттараш, мардуми дунё, ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд: кишварҳое, ки мардумаш аз озодии комил дар ҳамаи ҷиҳатҳо бархӯрдоранд, ва кишварҳое, ки озодии шаҳрвандон дар онҳо маҳдуд аст, ва ё метавон гуфт, шаҳрвандон дар ин ҷиҳат маҳруманд. Ва бо камоли таассуф, дар солҳои охир, кишварҳои гурӯҳи дуввум ба шиддат дар ҳоли афзоиш аст.

Тоҷикистони мо дар қатори кишварҳои дуввум қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон, мисли ҳар кишваре, ки озодиҳоро дар ҳамаи ҳавзаҳои ҳаёт барои шаҳрвандон маҳдуд кардаанд, дӯст дорад бештар дар бораи “амнияти иттилоотӣ” сухан бигӯяд. Таҳти ин мафҳум — ҳамон гуна ки тасаввур меравад — маънои маҳдуд сохтани дастрасии шаҳрвандон ба ҳар гуна манбаи иттилоотии мумкин фаҳмида мешавад; манбаъҳое, ки таҳти контрол ва назорати ҳукумат нест; аз расонаҳои хориҷӣ гирифта то шабакаҳои иҷтимоӣ ва соири манобеи иттилотии ҷойгузин. Кор ҳатто ба ҷое расида, ки дар ду соли гузашта, наздик буд ниҳодҳои байналмилалӣ мисли Созмони аният ва ҳамкории Урупо (САҲА) ва ё Кумисориёи олии ҳукуқи башари Созмони Милали Муттаҳидро дар Тоҷикистон дар қатори “созмонҳои теруристӣ” қарор бидиҳанд; созмонҳое, ки гӯё бо Тоҷикистон хусумат доштаанд.

Дар ҳоли ҳозир, дигар ин ба як амри оддӣ табдил шуда, ки фаъолони иҷтимоӣ ва наздикони онҳоро ба хотири ширкат дар ин ё он нишастҳое, ки созмонҳои мазкур баргузор мекунанд, таҳти фишорҳои шадид қарор бидиҳанд. Ва имрӯза ҳама мебинем, ки мудирияти парвандаҳои сиёсии кишвар, чӣ дар дохил ва чӣ дар берун аз он, дар ихтиёри Кумитаи амниятӣ миллӣ ба риёсати ҷаноби Ятимов қарор дода шудааст. Дар ду соли гузашта, ҳудуди 30 тан аз рӯзноманигорони тоҷик ночор ба тарки миҳан шуданд ва мутаассифона теъдоде аз рӯзноманигорон ва зиндониёни сиёсӣ низ ба тӯҳматҳои сохтагӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Ман шахсан ин рӯзноманигоронро мешиносам ва бо баъзеи онҳо, ки миҳанро тарк гуфтаанд, қабл аз ин нишаст сӯҳбат кардам. Рӯзноманигороне ҳам ҳастанд, ки ҳанӯз соли 2015 Тоҷикистонро тарк ва то ба ҳол аз масунияти байналмилалӣ бархӯрдор нашудаанд ва ҳар лаҳза имкон дорад ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо дастрасӣ пайдо кунад.

Бо истифода аз ин фурсат, аз намояндагони кишварҳое ҳамчун Олмон, Итолиё, Утриш (Австрия), Лаҳистон (Полша) ва низ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ чун Гузоришгарони бидуни марз ва Созмони афви байналмилал тақозо мекунам, то дасти кӯмак ба рӯзноманигорони тоҷик дароз кунанд, то ҳарчи зудтар азизони мо аз масунияти байналмилалӣ бархӯрдор шаванд. Ба илова, рӯзноманигорони тоҷик дар ҳоли ҳозир на танҳо аз масуният маҳруманд, балки аз фаъолият дар расонаҳои урупоӣ низ маҳрум ҳастанд. Аз ин рӯ аз Шумо хоҳиш мекунам, то коре кунед, ки ин азизон битавонанд дар расонаҳои урупоӣ машғул ба фаъолият шаванд. Албатта, ҷо дорад аз давлати Фаронса, ки намояндаи мӯҳтарами он дар ин нишаст ҳузур дорад, қадрдонӣ намоям, ки танҳо кишварест, ки ба таъаҳҳудоти худ дар қиболи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 26.09.2016 дар хусуси масуният ва амнияти рӯзноманигорон амал мекунад.

Шаклгирии афкори умумии солим, эҷоди фазои эътимод миёни ақшори мухталифи ҷомеа хусусан ва мақомот умуман, ба назари мо, тазминкунандаи аслии барқарории субот дар ҷомеа аст. Ва нақши расонаҳо дар ин раванд тардиднопазир аст, вале бо камоли таассуф дар солҳои ахир ба хотири сиёсати маҳдудсозии озодиҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои ҳаёт дар Тоҷикистон аз ҷумла дар заминаи расона, дар кишвари мо як фазои беэътимодии комил дар ҷомеа соя афкандааст. Бо таҳти контрол даровардани ҳамаи майдонҳои иттилоотӣ ва расонаӣ, ҳукумати Тоҷикистон ҳамон иштибоҳотеро такрор мекунад, ки то ин замон дигар ҳукуматҳои худкома ва диктотурӣ муртакиб шудаанд.

Мо шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ ба хубӣ огоҳем, ки сиёсатҳои маҳдудсозии фазои расонаӣ аз сӯи режими Шӯравӣ корашро ба куҷо расонид. Аммо мутаассифона барои кишвари мо ҳанӯз ин дарс нашудааст. Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон коре кардааст, ки тамоми иттилоърасонӣ бояд аз коноли як хабаргузорӣ яъне хабаргузории давлатии “Ховар” сурат бигирад. Вақте хабаргузории Азия Плюс мақолаи Файнешенл Таймс дар хусуси манобеи молии теруризмро бознашр намуд, аз сӯи КДАМ ва вазорати фарҳанг ҳушдор дарёфт кард мабнӣ бар ин ки гӯи Азия Плюс дар ҳоли тарғиби теруризм будааст. Мо аз ин намунаҳо зиёд дорем мутаассифона.

Дар ҳолатҳои бӯҳронӣ дар кишвар мисли он чи дар Рашт, Хатлон ва ё он чи дар Хоруғ дар соли 2012 ба вуқӯъ пайваст, дастгоҳҳои қудратӣ ҳатто ба расонаҳои давлатӣ низ ахбори онҳоро намедоданд. Муддате ҳам шаҳрвандон аз дарстрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳрум карда шуда буданд.

Вақте мо дар хориҷ дар бораи маҳдудияти расонаҳо ва соири озодиҳои шаҳрвандӣ сӯҳбат мекунем, ба мо мегӯянд, шумо расонаҳоеро, ки мавриди фишоранд номҳояшонро ба мо диҳед. Дар ҳоле ки имрӯз дигар ҳеч расонаӣ озод дар дохил боқӣ намондааст. Имрӯз фақат як шумори андак аз рӯзноманигорон дар дохили Тоҷикистон боқӣ мондаанд, ки дидгоҳҳои худро дар сафаҳоти худ дар Фейсбук ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мекунанд. Мо дигар як расонаи озод надорем. Ҳатто Радиои Озодӣ (ки марбут ба Омрикост), амалан ба як расонаи КДАМ ва сухангӯи он табдил гардидааст.

Аз ин рӯ мо пешниҳод мекунем:

1) Ниёз ба як мониторинги мустақил дар бораи вазъияти озодии баён дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, зеро он чи ҳаст, инҳоро наметавон озод унвон кард;

2) Ҷомеаи рӯзноманигории тоҷики муқими хориҷ бояд ҳарчи зудтар расонаҳои мустақилли худро роҳандозӣ кунанд ва созмонҳои байналмилалӣ ба онҳо кӯмак намоянд;

3) Созмонҳои байналмилал ироаи ҳар навъ кӯмак ба ҳукумати Тоҷикистонро машрут ба эҷоди фазои озод ва озодии шаҳрвандон дар кишвар намоянд.

Алим Шерзамонов

02.11.2016

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , , , , ,

2 replies

  1. Ин шерзамонови аблах сари мардуми бадахшонро хам кард ку. Ту касиф фикри тинчию амонии давлатро накарди ба чунин кор даст зада истодаи.

    Нравится

  2. Мардуми бадахшон чаро хомуш истодаед ин палид обуруи шуморо як тин кардааст. Ба чои шумо бошам медонам чикор кунам

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: