Уштурро гуфтанд ғамза кун, полезро вайрон карду рафт…

Ёддошти Муҳаммадсаъид Ризоӣ

Чанде пеш дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Мисри арабӣ конфронси байналмилаллӣ зери унвони «Нақши фатво барои дастёбӣ ба субот дар ҷомеа» баргузор шуд. Дар кори конфронси мазкур бино ба даъвати расмии Муфтии Миср доктор Шавқӣ Аллом, раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ширкат ва суханронӣ намуд.

Мавзӯи конфронс муносиб, сатҳи баргузории он зоҳиран хеле боло ва ҳайатҳои ширкаткунанда ҳам, ба истиснои Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази Исломии Тоҷикистон, ҳама аз табақаи уламо ва вазирону мақомдорон аз 63 кишвари дунё, аз ҷумла доктор Муҳаммад Абдулкарим Исо, Дабири кулли робитаҳои ҷаҳонии исломӣ дар Маккаи Мукаррама даъват ва ширкат намуданд.

Зарурат надорад тамоми он чӣ дар ин конфронс гузашт ва мавзӯъҳое, ки баҳсу баррасӣ шуд, ин ҷо оварда шавад. Хонандаи боҳушу соҳибдирояти мо онро дар нашрияҳои арабӣ ва аз бозтоби пуртамтароқи хабаргузории АМТ «Ховар» хонда ва хулосаи дурусти худро мебароварад.
Меҳвари баҳси банда дар ин навиштор, мавзӯи ин конфронс нест, балки мехоҳам каме дар бораи ин матлаб сӯҳбат кунам, ки ҷаноби Абудулқодирзода дар ҳошияи ин конфронс (на дар матни он) баён кард ва дар хабаргузориҳои дохилӣ бозтоби густарда ҳам дошт; масъалае, ки хориҷ аз салоҳияти эшон аст. Яъне, қазияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ин ки гӯё бо Ихвонулмуслимини Миср ҳамоҳанг будаааст ва террристу эктримисту ғайра… Ва ба сухани дигар, банда, ба унвони узви ҲНИТ ва ҳамчунин касе, ки ҷаноби Абудулқодирзодаро хуб мешиносад, дар ин ёддошт мехоҳам иттиҳомотеро, ки ҷаноби эшон нисбат ба ҲНИТ бастааст ва низ масоиле, ки ба назар мерасад аз ёди ҷаноби “муфтӣ” рафтааст баён бидорам:

1) Ҷаноби “муфтӣ” хуб медонад, ки мо ҳама, бар хилофи ҳукуматҳои худхоҳамон, хоҳони ба вуҷуд омадани ваҳдати уммати исломӣ байни тамоми мазҳабу равияҳо ҳастем ва дӯст медорем мушкилоти олами ислом дар ҳама ашколаш ҳарчӣ сареътар бартараф шавад. Ҳамчунин бар ҷанобашон пӯшида нест, ки Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар даҳаи 70 асри ХХ, дар айни шукӯҳу ҷалоли Шӯравии собиқ, тавассути шуморе аз фарзандони алоқаманд ба Ватан ва миллату фарҳанги ин марзу бум таъсис ёфт. Ва ҳадафе ҷуз баргардонидани ҳуқуқи аз дастрафтаи мусалмонон ва ҳифзи фарҳанги миллӣ ва исломии мусалмонони таҳти султаи бехудои вақт, надошт.

Миллати бедори тоҷик, ба он шумор аз мардони худ бо ифтихор унвони қаҳрамони миллӣ додаанд ва аз онҳо ҳамчун шахсият ва улгу ба хотири ояндаи дурахшони насли худ, ном мебаранд ва аз афкорашон баҳра мегиранд. Ва ҳар қадар аз гузашти эшон фосилаи замонӣ тулонӣ шавад, ба ҳамон андоза бар мақом ва ҷойгоҳи онҳо афзуда мешавад.

Вақте Шумо мегӯед: “Дар ҷаҳони имрӯза бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти ифротӣ, мехоҳанд зери пардаи ислом бо роҳи гумроҳ кардани афкори ҷомеа ба ҳадафҳои аслии худ расанд” – маълум аст, ки ба хотири масолеҳ ва манофеи зудгузар, саҳми ҲНИТ-ро дар ба даст омадани истиқлоли кишвар, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ нодида мегиред. Ба илова, ангушти иттиҳомро ба сӯи ҲНИТ равона намуда,таъкид мекунед: “Соли 2015 яке аз чунин ҳизбҳо, ки аз оғози давраи истиқлолияти Тоҷикистон ҳамчун ҳизби исломӣ фаъолият мекард, ният дошт бо истифода аз фатвоҳои ғалат мардумро гумроҳ ва барои барҳам задани сохти конститутсионии кишвар истифода кунад.”

Шумо аз кадом “фатво” ва аз кадом “барҳамзанӣ” мегӯед?! Оё мадраки шумо дар ин тӯҳмати шохдор, қарори сиёсӣ ва аҷулонаи то ҳанӯз собитнашудаи Судии Олии Тоҷикистон аст; он ҷо, ки мегӯед: “Аз тирамоҳи соли 2015 бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизби террористиву экстремистӣ эълон шуда, фаъолияти он дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ ва роҳбарону аъзои он дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд”?

Оё медонед ин қарор комилан сиёсӣ аст? Агар намедонед, пас дониста бошед, ки ҳамон тавр ки мақомоти кишвар бо як тасмими оҷил ва комилан сиёсӣ, ин қарорро қабул карданд, ҳамин тавр фардо бо тағйири шароити ҷаҳон ва авзоъи сиёсии кишвар, чӣ басо тасмимашон иваз шавад ва бо қабули як қарори сиёсии дигар, эълон кунанд, ки: мебахшетон, дар таҳқиқот иштибоҳ сурат гирифта ва чанде аз мақомотро ҳам ба унвони “гӯсфандҳои қурбонӣ” қурбонӣ кунанд ва ҲНИТ дар дохили кишвар аз нав ҳизби расмӣ ва фаъол шавад. Дар олами сиёсат, ин баъид нест ҷаноби “муфтӣ”!
Он вақт шумо чӣ кор мекунед?! Шумо, ба унвони як руҳонӣ ва мулло, шоиста нест дар масоиле, ки ворид нестед бинӣ бихалонед. Ва ҳатто агар ба шумо дастур дода бошанд, ки: “Ту бояд чунину чунон бигӯӣ”, дар ин гуна масоил, бояд ҳамон гуна, ки аз посух ба суоли рӯзноманигорон дар бисёр маворид фирор мекунед, узр бихоҳед ва ба дастурдиҳандаҳо бигӯед, ки лутфан, мо намояндаҳои ташкилоти диниро вориди ин бозиҳо насозед!

Сониян, инро ҳам бидонед ҷаноби “муфтӣ”, ки ин қарори золимонаи мақомоти худхоҳи кишвар, барои беш аз 1,5 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, болои мушкилоташон,боз мушкили нав зам кардааст. Имрӯз дар Русия ва баъзе ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ, ҳолате барои ҳамватанони мо пеш омада, ки ҳар касе аз онҳоро бихоҳанд, ба иттиҳоми узвият дар як ҳизби “террористӣ” азият, боздошт ва бо ин роҳ пул меситонанд, то озод шаванд. Яъне ба навъе тиҷорат ва “коррупсия” тадил шудааст.

Ҳоло, бо ин эълони шумо дар баробари дурбинҳо ва барои расонаҳои арабзабон ва кишварҳои исломӣ, Шумо барои донишҷӯёни тоҷики таҳсилкунанда дар марокизи илмии кишварҳои исломӣ ба хусус арабӣ ва низ касоне аз тоҷикҳо, ки тоза ба кору тиҷорат дар ин кишварҳо машғуланд, мушкил эҷод кардаед. Мақомоти Тоҷикистон, ки худ донишҷӯёни динӣ дар донишгоҳҳои арабӣ ва исломиро рӯи дидан надоранд ва аз тоҷирону корчалонҳои озоду комёб ҳам хушашон намеояд, мехоҳанд аҳдофи шуми худро зоҳиран ба дасти намояндаи дин, “муфтӣ”-и мусалмонҳо амалӣ кунанд.

2) Ҷаноби Абдулқодирзода! Вақте гуфтед: “Ҳизби наҳзат ва гурӯҳи «Ихвонулмуслимин» дар атрофи як ҳадафи тахрибкорона таъсис гардида, ҳардуи он душмани мардуми Тоҷикистон ва Миср ба ҳисоб мераванд.” – фикр накардед, бо ин мавзеъгирии бехирадонаи худ, Шумо худатонро дар ҳоли зери суол бурдан ҳастед?! Шумо фориғуттаҳсили кадом донишгоҳед?! Ёдатон, ки нарафтааст?! Агар аз ёдатон рафта бошад, ҳоло банда ба ёдатон биёварам!..

Раиси донишгоҳе, ки Шумо таҳсил мекардед, доктор Аҳмад Ассол (р) ном доштанд. Ин шахсият ноиби муршиди омми Ихвонулмуслимин ва раиси Донишгоҳи Исломии Исломободи Покистон буданд.
Воқеан ҷолиб аст, Шумо ҷамоатеро дорои “ҳадафи тахрибкунанда” мешуморед, ки худатон таҳсилкардаи муассисаи таълимие ҳастед, ки раисаш нафари дуввуми он ҷамоат яъне ҷамоати Ихвонулмуслимин аст!

Қатъи назар аз ин ки иддае ҷамоъати Ихвонулмуслиминро“ душмани мардуми Миср” медонанд, вале бар фарз агар Шумо ин ҷамоатро дорои “ҳадафи тахрибкунанда” бидонед, пас чаро ҷаноби Шумо барномаҳои “тахрибкунанда”-и онро омӯхтед, вале то ба ҳол касе инро намедонад? Ё, таҳсил кардан дар як донишгоҳ, барои як иддае аз донишҷуёне, ки чашми дидани онҳоро надоранд, барномаҳояш “тахрибкунанда”, ва барои амсоли ҷаноби “муфтӣ” ва як иддаи дигар на?!..

Дигар ин, ки агар Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба қавли шумо “душмани мардуми Тоҷикистон” ба ҳисоб мерафт, пас ҷаноби шумо дар ҳангоми донишҷӯӣ дар манзили иҷораии марҳум Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода – ки яке аз раҳбарони ҲНИТ мебошад– чаро истиқомат мекардед; манзиле, ки миқдоре аз пули иҷораи онро –ба қадри тавон- пардохт мекардед, боқӣ ва масрафҳои коммуналии он манзил дар он замон аз тарафи Иттиҳоди Ҷавонони Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Покистон пардохт мешуд, ки банда масъулияти онро бар дӯш доштам.

Ҳоло агар инҳоро қабул накунед, аммо инро наметавонед инкор намоед, ки минҳа (стипендия)-и яке аз бародаронатонро мустақиман Наҳзат аз яке аз муассисаҳои халиҷии арабӣ пардохт мекард. Он вақт ҲНИТ “террористӣ” набуд, ва ҳоло барои шумо, ба хотири масолеҳ ва манофеи зудгузар, “террористӣ” шуд?!

Як соли тамом бародари Шумо ин стипендияро аз Наҳзат дарёфт мекард. Дар ду нимсолаи таҳсил, вақти нишон додани кашфи дараҷаи хониши Ӯ аз сабабе, ки сатҳи хонишаш поён буд, стипендияи бародари Шумо аз тарафи он муассиса қатъ гардид.

3) Ҷаноби Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон! Шояд бигӯед, он кӯмаку ҳамкориҳо дар гузашта буда ва Шумо тоза пай бурдаед. Пас, агар ин хаёлро дар сар доред, метавонам аз кӯмакҳое ном бубарам, ки баъди раиси Маркази Исломӣ таъйин шуданатон аз Наҳзат дарёфт кардаед. Дар вақти худ ба ҷиҳатҳои дахлдор бо миқдор, ном ва шоҳидоне, ки ҳамроҳатон буданд, ҳамаи инҳоро метавонам бозгӯ кунам. Хоҳиш мекунам инро ҳам ғалат қабул накунед, ин як ҳақиқат аст.

Дар хотима инро ҳам ёдовар мешавам, ки вақте ба мақоми раиси Маркази Исломии Тоҷикистон таъйин шудед, ман барои табрик ва таҳниати Шумо ба идораи кориатон омадам. Аз истиқбол ва пазироие кардед, сипосгузорам. Ин танҳо ба хотири як таҳниати хушку холӣ набуд. Масъулияти имондорӣ ва хидмат ба дину миллат буд. Аз Ҳоҷӣ Саид Аҳмедов, раиси Кумитаи Дини вақт, барои пушгирии таниш байни Наҳзати Исломӣ ва Кумитаи Дин, ки ҳар ду ниҳоди исломӣ ба шумор мераванд ва нашри мақолае аз тарафи нашрияи махсуси Ҳизб аз вазъи ноҳамвори ҳоҷиёни Тоҷикистон дар мавсими ҳаҷ метавонист ба он сабаб шавад, ёдовар шудам. Гуфта будам мӯҳтарам Раис, вақте мақоларо мебинад, субҳи барвақт қабл аз оғози кор –дар он вақт ба хотири ҳифзи шаъну мақоми мӯҳтарам Саид Аҳмедов, гуфтам яке аз муовинҳои худро фиристоданд- худи Раис бо Саидумар Ҳусайнӣ, дабири кулли Ҳизб дидор карданд ва нашри раддия аз тарафи Кумитаи Дин ва мақолаҳои паёпай ва муқобили якдигар истодани ин ду ниҳоди диниро барои ислом ва ҷомеъа зишт маънӣ карданд. Аз бародар Ҳусайнӣ ҳостанд аз идораи нашрияи НАҶОТ бихоҳад, то ба ин кор бо роҳҳои дурусту оқилона хотима диҳад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Зеро пешниҳод дуруст ва аз ҳама хусус воҷиби қабул буд.

Дар зимн, пешниҳод кардам, ҳоло Шумо метавонед аз мақоми расмӣ ва малакаи дониши худ истифода кунед, дар мақоми бародари калон ва соҳиби ҳақ аз роҳи тазаккур ва насиҳатҳои судманд ҳар ду ниҳодро роҳнамо бошед. Аммо бо камоли таассуф ҳоло маълум мешавад, ки баръакс сабабгори мушкилот ва таниши байни мусалмонон дониста ё нодониста, худи Шумо қарор гирифтаед. Дар мақоли тоҷикӣ омадааст: “Уштурро гуфтанд ғамза кун, полезро вайрон карду рафт”.
Динзудоён, ки дар байни ҳама мақомоти кишварҳо вуҷуд доранд. Дар ҳоле ниҳодҳои диниро ҳеҷ салоҳият намедиҳанд, аммо дар мавридҳои ниёз, барои расидан ба ғаразҳои нопоки худ аз намояндагони динӣ андак кӯмак хостанӣ мешаванд, бо ин ваҷуд ходимони дин аз дониста ва нодонистаҳои худ он миқдор “кӯмак” е тақдим мекунанд, ки кумакфармоён аз қабули баъзеи онҳо –итари бадша, худи мо ҳам намехостем- гуфта, худдорӣ мекунанд. Чӣ хуб гуфтаанд:

Гар ба давлат бирасӣ маст нагардӣ мардӣ,

Гар ба зиллат бирасӣ паст нагардӣ мардӣ.

Аҳли олам ҳама бозичаи дасти ҳавасанд,

Гар Ту бозичаи ин даст нагардӣ мардӣ.

Ва мо тавфиқӣ илло биллоҳ!

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: