Кадом шоҳзодагон ва мақомоти саудӣ боздошт шуданд? (Тасовир)

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, дар идомаи талошҳои худ барои ҳазфи мухолифонаш дар хонадони ҳоким, даст ба ҳазфи густарда зад.

Муҳаммад бен Салмон ба баҳонаи мубориза бо фасоди молӣ, аз тариқи падари худ дастури боздошти 11 шоҳзода ва шумори зиёде аз мақомот ва масъулони собиқ ва феълии Оли Саудро содир кард.

Муҳимтарин иқдоми Муҳаммад бен Салмон, барканории шоҳзодаи қудратманди саудӣ яъне Митъаб бен Абдуллоҳ, аз риёсати горди подшоҳӣ аст, ки ба унвони муҳимтарин монеъи подшоҳии валиаҳд қаламдод мешуд.

Нозирони масоили Арабистон иқдомоти шоҳзодаи саудиро дар ростои таҳкими пояҳои қудрат ва расидан ба тоҷу тахти Оли Сауд қаламдод кардаанд.

Шоҳзодагон ва мақомоти боздоштӣ:

Шоҳзода Туркӣ бен Носир, раиси собиқи Созмони ҳавошиносӣ ва ҳимоят аз муҳити зист;

Шоҳзода Валид бен Талол, милёрдер ва бозаргон;

Шоҳзода Митъаб бен Абдуллоҳ, писари подшоҳи собиқ ва раиси горди миллӣ;

Валид ал-Иброҳим, соҳиби маҷмӯаи шабакаҳои моҳвораии MBC;

Одил Фақеҳ, вазири иқтисоди собиқ;

Холид ат-Твеҷайрӣ, раиси собиқи дарбори подшоҳ.

Умар ад-Даббоғ, раиси собиқи ҳайати сармоягузорӣ;

Шоҳзода Туркӣ бен Абдуллоҳ, амири собиқи минтақаи Риёз;

Шайх Солеҳ Комил, бозаргон;

Муҳаммад ат-Тубейшӣ, раиси собиқи ташрифоти дарбор;

Абдуллоҳ Солеҳ Комил, бозаргон;

Муҳйиддин Солеҳ Комил, мудири собиқи шабакаи варзиши IRT.

Бакр бен Лодан, раиси Шӯрои идории ширкати паймонкори Бен Лодан;

Холид ал-Милҳам, раиси собиқи ҳавопаймоии саудӣ;

Саъуд ад-Двейш, раиси иҷроии собиқи маҷмӯи иттисолот (иртиботот);

Шоҳзода Фаҳд бен Абдуллоҳ бен Муҳаммад, муовини собиқи вазир дифоъ;

Ҳ.А, бозаргони машҳур…

… аз дигар шоҳзодагон ва мақомоти боздоштшуда ҳастанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: