Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавеллӣ ва донишмандони исломӣ (3)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши севвум ва поёнӣ

Ҷойгоҳи ахлоқ дар сиёсат аз назари ислом

Сиёсати мавриди назари ислом, бо сиёсате, ки амсоли Макиавеллӣ аз он мегӯянд, аслан қобили муқоиса нест. Аз нигоҳи ислом, ахлоқ на танҳо аз сиёсат ҷудо нест, балки сиёсат бар мабнои ахлоқ устувор аст.

Асосан, ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фалсафаи фиристода шудани хешро “комил кардани фазилатҳои ахлоқӣ” медонанд, он ҷо, ки мефармоянд:

إنما بعثت لأتمم مكارم الأخلاق

Ҳамоно, фиристода шудам, то фазилатҳои ахлоқиро комил бисозам.” (Муваттаъи Молик)

Қуръони Карим китобест саршор аз омӯзаҳои ахлоқӣ. Дар ин китоби ҷовидон, ба оятҳои зиёде дар бораи омӯзаҳои ахлоқӣ бармехӯрем монанди:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَوْفُواْ بِالْعُقُودِ

Эй касоне, ки имон овардаед! Ба аҳду паймонҳои худ вафо кунед…” (Сураи Моида, ояти 1)

وَأَوْفُواْ بِالْعَهْدِ إِنَّ الْعَهْدَ كَانَ مَسْؤُولًا

Ва ба аҳду паймони худ вафо кунед, зеро ки паёмон пурсиш хоҳад шуд.” (Сури Исро, ояти 34)

Усулан, ин ки бисёре аз назарияпардозони ғарбӣ мӯътақид ба ҷудоии ахлоқ аз сиёсат мебошанд, реша дар нигоҳи онон ба сиёсат дорад. Бисмарк (Bismarck) мӯътақид аст, “қудрат зотан хабис ва нопок” аст. (Ба нақл аз китоби: Дониш ва арзиш, с.298) Дар ҳоле, ки аз назари ислом, қудрат ва сиёсат на танҳо “хабис” нест, балки агар василае гардад барои барқарории адолат ва аз байн бурдани зулму фасод дар ҷомеа, пок ва муқаддас хоҳад буд. Аз ин рӯст, ки Қуръони Карим яке аз аҳдофи фиристодани паёмбаронро “барпоии адолат дар ҷомеа” муаррифӣ мекунад:

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

Ба ростӣ, мо паёмбарони худро бо далелҳои ошкор равона кардем ва бо онҳо китоб ва тарозу (меъёри ҷудосозии ҳақ аз ботил)-ро фуруд овардем, то мардум ба адолат бархезанд…” (Сураи Ҳадид, ояти 25)

وَلِكُلِّ أُمَّةٍ رَّسُولٌ فَإِذَا جَاء رَسُولُهُمْ قُضِيَ بَيْنَهُم بِالْقِسْطِ وَهُمْ لاَ يُظْلَمُونَ

Ва ҳар умматеро паёмбаре аст, пас чун паёмбарашон биёяд, миёнашон ба адолат доварӣ мешавад ва бар онон ситам намеравад.” (Сураи Юнус, ояти 47)

Дар сиёсати мавриди назари ислом, ҳаргиз ҳадаф василаро тавҷеҳ намекунад ва барои расидан ба ҳадаф, ҳар навъ василаеро муҷоз намешуморад; зеро дар ҳукумате, ки ислом аз он мегӯяд, на танҳо ҳадафҳо арзиш доранд, балки василаҳои расидан ба ҳадаф низ дорои арзишанд.

Ва ба иборати дигар, дар низоми мавриди назари ислом, василаҳои расидан ба ҳадаф, набояд бо аҳдофе, ки ислом дар назар дорад, таноқуз дошта бошад. Масалан, ислом аъмоле чун дурӯғ, фиреб, найранг ва амсоли инҳоро амалҳое ҳаром ва ғайримуҷоз мешуморад ва ҳадафи ислом ин аст, ки ин гуна хислатҳои зишт ва нописанд дар ҷомеа аз байн бираванд. Ва агар паёмбарон фиристода шудаанд, барои ин аст, ки то дар ҷомеа разоили ахлоқӣ маҳву нобуд ва фазоили ахлоқӣ густариш биёбад:

إنما بعثت لأتمم مكارم الأخلاق

Ҳамоно, фиристода шудам, то фазилатҳои ахлоқиро комил бисозам.” (Муваттаъи Молик)

Ва агар ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар Мадина ҳукумат барпо доштанд ва хулафои рошидин пас аз эшон кори эшонро идома доданд, барои ин будааст, ки ахлоқ дар ҷомеа ҳоким гардад. Он вақт оё маъқул аст, шумо ба василаи дурӯғу фиребу найранг, дар пайи тасбити чизе бошед, ки ба воситаи ҳамон чиз (яъне қудрат), бихоҳед дурӯғу фиребу найрангро дар ҷомеа аз байн бибаред?! Аз ҳамин назар аст, ки дар ислом, ахлоқ ҳадаф аст, ва қудрату сиёсат васила. Яъне, дуруст бар хилофи он чи амсоли Макиавеллӣ мӯътақид бар он ҳастанд. Агар Макиавеллӣ қудратро ҳадаф медонад, ислом баръакс қудратро васила медонад барои расидан ба ҳадаф, ки иборат аст аз: “комил кардани фазилатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа”.

Оре, сиёсати мавриди назари ислом, мубтанӣ бар усул ва арзишҳои ахлоқӣ аст ва аз ин рӯ Паёмбари ислом (с) худ амалан дар ҳамаи ҳол намунаи фазоили ахлоқӣ буд ва ӯ ҳаргиз дар даврони рисолати худ бар хилофи шарафи инсонӣ ва усули ахлоқӣ қадаме барнадошт, мардумро фиреб накард ва ваъдаи дурӯғ ба мардум надод, ҳаққу фазилатро ҳеч вақт нодида нагирифт ва аз роҳи гӯл задан, ки одати сиёсатмадорони манфури таърих аст, ҳадафи худро пеш набурд, ӯ ҳаргиз бар хилофи ақида ва имонаш сухан нагуфт.

Дар таърихи Паёмбари Акрам (с) мавориди зиёде пеш омада буд, ки агар аз онҳо баҳра мебурд, кораш равнақ мегирифт, вале он ҳазрат (с) ҳаргиз ба он васоил паноҳ набурд. Ба унвони намуна, рӯзе, ки Иброҳим, писари 18-моҳаи ҳазрати Паёмбар (с) аз дунё рафт, иттифоқан он рӯз хуршед гирифт. Мардум гуфтанд: “Иллати ин ки кусуф шуд, мусибате аст, ки бар Паёмбари Худо (с) ворид шуда.” Паёмбар (с) дар муқобили ин хаёли ҷоҳилонаи мардум сукут накард ва аз ин нуқтаи заъф баҳра наҷуст, балки бар минбар рафт ва гуфт: “Эй мардум! Моҳу хуршед ду нишона аз нишонаҳои Худо ҳастанд ва барои мурдани касе намегиранд.”

* * *

Ҷойгоҳи ахлоқ дар сиёсат дар гуфтор ва сираи хулафои рошидин

Дар нигоҳи хулафои рошидин – ки бархоста аз таъолими қуръонӣ ва набавӣ аст — ахлоқ ба унвони як унсури назоратии дарунӣ талаққӣ мешавад. Ҳол, намунаҳое зикр мекунем:

1) Тақвои сиёсӣ:

Аз ҷумлаи шохисҳо дар ахлоқи сиёсӣ, риояти тақвои сиёсӣ аст. Умар ибни Хаттоб (р) мегӯяд:

مِنَ اتَّقَى اللَّهَ وَقَاهُ

Касе, ки тақвои илоҳиро пешаи худ созад, Худованд ӯро ҳифз кунад…” (Шузурул-амолӣ лил-қолӣ, ҳадиси 6)

Дар номае, ки Алӣ ибни Абӯтолиб (а) ба волии худ дар Миср Молики Аштар менависад, аз ҷумла омадааст:

امره بتقوي اللّه، وايثار طاعته، واتباع ما امر به في كتابه: من فرائضه و سننه التي لا يسعد احدٌ الاّ باتباعها ولا يشقي الاّ مع جحودها واضاعتها

Амр менамояд ӯро ба парҳезгорӣ ва тарс аз Худо ва баргузидани фармони ӯ ва пайравӣ аз он чи дар китоби худ ба он амр фармуда; аз воҷибот ва мустаҳаббот, ки касе некбахт намешавад магар ба пайравӣ аз онҳо, ва бадбахт намегардад ҷуз ба зери бор нарафтан ва табоҳ сохтани онҳо.” (Наҳҷул-балоға)

2) Риояти инсоф, адолат ва мубориза бо зулм:

Аз ҷумлаи меъёрҳои ахлоқие, ки дар арсаи сиёсат бояд мадди назар дошт, риояти инсоф ва адолат ва мубориза бо зулму ситам дар ҷомеа аст.

Дар рӯзгоре, ки Амр ибни Ос аз тарафи Умар ибни Хаттоб (р) фармонравои сарзамини Миср буд, писари Амр нисбат ба як шаҳрванди қибтӣ (ки ғайримусалмон ҳам буд) ситаме раво медорад, Амр низ ба ҷои он ки писарашро адаб кунад ва аз қибтӣ пӯзиш бихоҳад, қибтиро ба зиндон меандозад. Хабар ба маркази хилофат яъне Мадина ва ба гӯши халифаи мусалмонон Умар ибни Хаттоб (р) мерасад. Тибқи нақле, ки Анас ибни Молик ривоят карда, Умар шикояти қибтиро мешунавад, сипас Амр ва писарашро ба Мадина фаро мехонад. Халифа додгоҳе ташкил медиҳад ва дар баробари Амр ва писараш, аз қибтӣ мехоҳад шикояти худро арза кунад. Ва замоне ки собит мешавад, писари Амр нисбат ба он қибтӣ ситам раво дошта ва эътироф ҳам мекунад, Умар шаллоқе ба дасти қибтӣ медиҳад ва ба ӯ мегӯяд:

— Ҳол, ин ту ва ин фармонравои ман ва писараш, онҳоро бизан ва қисосатро бигир.

Тибқи нақли Анас, қибтӣ дар ҳузури халифа Амр ибни Ос, саҳоби маъруф ва волии халифа ва писарашро шаллоқ мезанад.

Имом Алӣ (а) дар фарозе аз номаи худ ба Молики Аштар, волии худ дар Миср менависад:

أَنْصِفِ اللَّهَ وأَنْصِفِ النَّاسَ مِنْ نَفْسِكَ ومِنْ خَاصَّةِ أَهْلِكَ ومَنْ لَكَ فِيهِ هَوًى مِنْ رَعِيَّتِكَ، فَإِنَّكَ إِلاَّ تَفْعَلْ تَظْلِمْ، ومَنْ ظَلَمَ عِبَادَ اللَّهِ كَانَ اللَّهُ خَصْمَهُ دُونَ عِبَادِهِ

Бо Худо ба инсоф рафтор кун, ва аз ҷониби худ ва хешони наздик ва ҳар шаҳрванде, ки дӯсташ медорӣ, дар бораи мардум инсофро аз даст мадеҳ, ки агар накунӣ, ситамкор бошӣ, ва касе, ки ба бандаҳои Худо ситам раво дорад, Худо душмани ӯ хоҳад буд…” (Наҳҷул-балоға)

Мурод аз инсоф бо Худо ин аст, ки аз дастуроти ӯ итоат кунад, ва аммо инсоф бо мардум ба ин маъност, ки ҳаққи ҳар кас ҳамон гуна, ки ҳаст адо шавад ва ҳуқуқи ҳар шахсе ба таври комил ва ба гунае мусовӣ риоят гардад.

3) Парҳез аз миннат ниҳодан ба мардум:

Имом Алӣ (а) дар фарозе дигар аз он нома ба волии худ менависад:

وَإِيَّاكَ وَالْمَنَّ عَلَى رَعِيَّتِكَ بِإِحْسَانِكَ أَوِ التَّزَيُّدَ فِيمَا كَانَ مِنْ فِعْلِكَ أَوْ أَنْ تَعِدَهُمْ فَتُتْبِعَ مَوْعِدَكَ بِخُلْفِكَ فَإِنَّ الْمَنَّ يُبْطِلُ الْإِحْسَانَ وَالتَّزَيُّدَ يَذْهَبُ بِنُورِ الْحَقِّ وَالْخُلْفَ يُوجِبُ الْمَقْتَ عِنْدَ اللَّهِ وَالنَّاسِ

Аз миннат ниҳодан бар шаҳрвандон ба ҷиҳати некие, ки намудаӣ ва ё беш аз ҳадд ҷилва додани он чи кардаӣ бипарҳез, ва низ аз ваъдае, ки хулф мекунӣ, парзеҳ намо! Зеро миннат ниҳодан некиро беарзиш мекунад ва зиёданигарӣ рӯшноии ҳаққро мебарад ва хулфи ваъда мӯҷиби хашми Худо ва мардум мешавад…” (Наҳҷул-балоға)

Дар ин фароз тавсия шудааст, ки давлатмардон бояд аз миннат ниҳодан бар мардум, ки мавриди наҳйи Худованд ва далели инҳитоти ахлоқӣ ва мӯҷиби таҳқири мардум аст, бипарҳезанд ва аз зиёданамоӣ дар сиёсат иҷтиноб намоянд. Яъне умуреро, ки анҷом шуда беш аз он чи ҳаст, набояд ҷилва кард, ки ин навъе сафсата ва риёкорӣ ва хилофгӯӣ аст ва бадбинии мардумро ба ҳамроҳ хоҳад дошт, ва низ аз ваъдҳҳое, ки наметавонанд ба онҳо ҷомаи амал бипӯшонанд иҷтиноб варзанд, зеро на танҳо мӯҷиби хашми Худованд хоҳад буд, балки хашму ғазаби миллатро ҳам бармеангезад. Ва ин худ бузургтарин зарбаро бар пайкари давлат ва кишвар хоҳад зад.

4) Парҳез аз хушунат ва ғазаб бо мардум:

Имом Алӣ (а) хангоме, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р)-ро ба фармонравоии Басра мансуб намуд, фармуд:

سَعِ النَّاسَ بِوَجْهِكَ وَمَجْلِسِكَ وَحُكْمِكَ، وإِيَّاكَ وَالْغَضَبَ فَإِنَّهُ طَيْرَةٌ مِنَ الشَّيْطَانِ

Бо чеҳрае боз ва гушода дар маҷлиси худ бо мардум рӯ ба рӯ шав ва бо қазовати одилона онҳоро бингар ва аз хашму ғазаб сахт дурӣ кун, ки ангезае аст аз шайтон.” (Наҳҷул-балоға)

* * *

Ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи мутафаккирони исломӣ

1) Форобӣ:

Форобӣ нахустин файласуфи исломӣ аст, ки дар бораи ахлоқ ва сиёсат таъаммулоти ҷиддӣ доштааст. Форобӣ инсон ва ахлоқро мабнои сиёсат талаққӣ мекунад ва мадинаи фозилаи худро матраҳ менамояд. Нуқтаи муқобили ин ҷомеаи ормонии Форобӣ, мадинаи фосиқа аст, ки мисдоқ ва нумоди ҷомеаи холӣ аз фазилатҳои ахлоқӣ ва бӯҳронзадаи даврони ин файласуф аст. Форобӣ найл ба саодати ҷомеаро ҳадафи ташкили мадинаи фозила қарор медиҳад.

2) Ибни Сино:

Бӯалӣ баҳси сиёсатро дар “Илоҳиёти Шифо” ворид карда ва аз он масир ба мавзӯи нубувват ва шариат мепардозад. Ибни Сино дар боби қудрати сиёсӣ дар ҷомеа бар ин бовар аст, ки ин қудрат, танҳо ба шахсе, ки дорои ақли салим ва фазоили ахлоқӣ — аз қабили шуҷоат, иффат ва ҳусни тадбир ва беш аз ҳама ба шариат огоҳӣ дорад — таъаллуқ мегирад. Дар ҳақиқат, Ибни Сино баҳси сиёсатро аз мабоҳиси фаръии нубувват ва ҳамаро дар илоҳиёт матраҳ мекунад.

3) Ибни Мискавайҳ:

Ба бовари Ибни Мискавайҳ, мафҳуми “маданӣ биттабъ” будани инсон он аст, ки ӯ барои найл ба саодат, бояд бо дигар ҳамнавъони худ дар ҷомеа ба некӣ ва дурустӣ рафтор кунад ва ононро дӯст дошта бошад. Ба эътиқоди Ибни Мискавайҳ, фазилат дар гӯшагирӣ ва дурӣ аз мардум нест, балки иффат, адолат ва соири хислатҳои хуб, танҳо дар ихтилот бо мардум фурсати бурузу зуҳур пайдо мекунад.

Ин дидгоҳи иҷтимоӣ аз ахлоқ, ҳамон чизе аст, ки имрӯз мавриди қабули аксари уламои ахлоқ аст, яъне фазилатҳои ахлоқии инсон, танҳо дар бархӯрдҳои иҷтимоӣ зоҳир мешавад; вагарна шахси мунзавӣ мавриде барои бурузи эҳсосот ва авотифи худ пайдо намекунад ва қазоват дар мавриди рафтору кирдор дар ин ҳолат, амре пуч ва бемаънист.

4) Абулҳасани Омирӣ:

Омирӣ низ ахлоқро дебочае бар саодат медонад. Аз нигоҳи ӯ, адолат ба унвони фазилати маданӣ, хатти иттисол миёни ахлоқ ва сиёсат аст. Ин андешаманди исломӣ, аз масири дарки ақлӣ ё фалсафӣ аз диёнат, ба иртибот миёни ахлоқ ва сиёсат мепардозад. Аз ҳамин рӯст, ки вай ба фармонравоён тавсия мекунад, ки фуқаҳои диниро дар сиёсатгузории умури ҷомеа мушорикат диҳанд. Вай мӯътақид аст, амали сиёсӣ бояд бо таълимот ва аҳкоми исломӣ ва фазилати ахлоқӣ ва инсонӣ созгор бошад.

5) Ғаззолӣ:

Ғаззолӣ аз масири мазҳаб ва боварҳои динӣ ва ахлоқӣ ба қаламрави сиёсат нигоҳ меафканад ва аз дидгоҳи ӯ, сиёсат, асбоб ва шеваҳое аст, ки ҳидояти инсонро дар зиндагии дунявӣ барои найл ба хайру салоҳи ухравӣ фароҳам меоварад. Ҳамчунин Ғаззолӣ дар робита бо фазилат ва адолати ҳоким мегӯяд, ки ӯ бояд аз такаббур дурӣ кунад, нисбат ба эҳтиёҷот ва интизороти шаҳрвандон ҳассосият дошта бошад, аз афтодан дар доми шаҳват парҳез кунад, қаноатро сармашқи худ созад, аз хушунат ва сахтӣ дурӣ ҷӯяд ва дар ҳар ҳол, бар хилофи шариат амал накунад. Ғаззолӣ бар хилофи касоне, ки ахлоқро ғайриқобили тағйиру ислоҳу дигаргунӣ медонанд ва онро натиҷаи мизоҷ ва табиати инсон қаламдод мекунанд, бар ин бовар аст, ки ахлоқ тағйирпазир ва қобили ислоҳ аст.

6) Ибни Халдун:

Ба назари Ибни Халдун, ҳокими золим ва фосид ва мустабидд, низоми ҷомеаро мухтал мекунад ва мардумро низ ба табоҳӣ ва фасод мекашонад; чаро, ки ба эътиқоди ӯ, “мардум бар дини ҳокимон ҳастанд.”

Поёни мақола

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: