Дар Арабистон чӣ хабар аст?

Таҳлиле дар Sputniknews

Тақрибан ҳамаи коршиносон интизори шурӯи даргириҳои дохилӣ дар хонадони ҳоким дар Арабистони Саудиро пеш аз бар курсии подшоҳӣ нишастани шоҳзода Муҳаммад бен Салмонро доштанд, аммо ин ки вай бихоҳад чандин ҷабҳаро ҳамзамон барои худ боз кунад, як қимори бузург ба ҳисоб меояд, ки метавонад дар ниҳоят ҳатто ба нобудӣ ва фурӯпошии ҳукумати Оли Сауд низ бианҷомад.

Онҳое, ки бо шароити дохилии кишварҳои арабӣ ошноӣ доранд, медонанд, ки наметавон аз моҷарои истеъфои мубҳами Саъд ал-Ҳарирӣ аз нахуствазирии Лубнон гузаро гузашт.

Камтар аз ду ҳафта қабл низ, тавтиъае барои сарнагунии амири Кувайт дар ин кишвар тавассути бархе амирон хунсо шуд.

Талоши Арабистон барои сарнагунии амири Қатар низ то ба ҳол ноком монда.

Ҷанги Яман ба бунбаст кашида шуда.

Дар Сурия ва Ироқ, тарҳҳои Арабистон бо шикаст рӯбарӯ шуда.

Дар Либӣ ва шимоли Офриқо ҳампаймонони Арабистони Саудӣ дар шароити бисёр душворе қарор доранд.

Раисиҷумҳури ҷадиди Иёлоти Муттаҳида ва вобастагонаш чапу рост ба дунболи боҷхоҳӣ аз Арабистони Саудӣ ҳастанд.

Исроил талош дорад ниҳояти суистифодаро аз шароити бӯҳронии Арабистон дошта бошад, аммо ҳеч имтиёзе ба ин кишвар надиҳад.

Ваҳҳобиҳои тундрав дар дохили Арабистон аз шароити бавуҷудомада бисёр нохурсанд ҳастанд.

Қабоил ва ашоири дохили ин кишвар, ба далели иртибототи қабилаӣ ва ашираӣ бо дигар қабоил ва ашоири арабӣ дар Яман ва Қатар ва Кувайт ва Ироқ ва Сурия ва шароите, ки шоҳзодаи ҷадид ба вуҷуд оварда ва метавонад шароит ва зиндагии қабилаӣ дар ин кишварро барҳам бизанад, нохурсанд ҳастанд.

Беш аз ҳафт ҳазор шоҳзодаи вобаста ба хонаводаи Оли Сауд, бар сари қудрат бо Муҳаммад бен Салмон дар ҳоли рақобат ҳастанд ва ҳар кадом ба дунболи саҳми худ аз суфраи нафтии ин кишвар мебошанд.

… ва ғайра.

Шояд дарки шароити бӯҳроние, ки Арабистони Саудӣ дар ҳоли ҳозир бо он мувоҷеҳ аст, барои бисёреҳо печида ба назар ояд, шояд ҳам на, аммо масъалае, ки инҷо матраҳ аст, дахолатҳои давлати ҷадиди Иёлоти Муттаҳида дар ин моҷароҳост.

Дар ҳоле, ки Иёлоти Муттаҳида кишварҳои дигар монанди Эронро ба дахолат дар умури кишварҳои дигар муттаҳам мекунанд, мушоҳида мекунем, ки моҷарои муҳосираи Қатар дақиқан пас аз сафари оқои Тромп ба Риёз пеш меояд ва раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар твитт ошкор мекунад, ки вай чароғи сабз барои ин моҷароро равшан карда.

Алорағми ҳамаи матолибе, ки дар мавриди ин моҷаро матраҳ шуда, метавон таваҷҷӯҳ дошт, ки ишғоли Қатар тавассути Арабистон метавонист милёрдҳо дулор даромад ба даромадҳои ин кишвар биёфзояд ҳамон гуна, ки мусодираи амволи даҳҳо шоҳзода ва тоҷири арабистонӣ милёрдҳо дулорро ба хазонаи давлат сарозер карда ва онро аз суқут наҷот медиҳад.

Мушоҳида мешавад, ки пешопеши сарнагунии нахуствазири Лубнон ва ҳамчунин боздошт ва кушта шудани теъдоди зиёде аз шоҳзодаҳо ва шахсиятҳое, ки мухолифи ба қудрат расидани Муҳаммад бен Салмон ҳастанд, оқои Кушнер, мушовир ва домоди Тромп дар Риёз ҳузур пайдо мекунад.

Арабистони Саудӣ ҳам исрор мекунад, то барои намоиши нуфуз ва дахолати худ дар дигар кишварҳои минтақа оқои Ҳаририро водор кунад, ки аз Риёз истеъфои худро эълом кунад ва ҳамон шароите, ки барои Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии Яман бавуҷуд оварда барои ӯ эҷод мекунад.

Дар мавриди оқои Ҳарирӣ набояд фаромӯш кард, ки вай равобити бисёр самимӣ ва наздик бо шоҳзодаҳои судайрии Оли Сауд, ки мухолифи подшоҳии Муҳаммад бен Салмон ҳастанд дошта ва куллан ба ин хонадон мансуб мебошад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳамаи шахсиятҳои баноми судайрӣ ба шаклҳои мухталиф ё боздошт шудаанд ва ё таҳти иқомати иҷборӣ қарор доранд, ҳеч баъид нест, ки ҳамин шароит барои оқои Ҳарирӣ ҳам ба вуҷуд омада бошад ва мушовирони оқои Муҳаммад бен Салмон умедвор бошанд, ки ҳамон шароитеро, ки барои Яман эҷод карданд, барои Лубнон эҷод кунанд ва ҷангҷӯёни фирории ДОЪИШ махсусан хориҷиҳоро аз Сурия ва Ироқ ба тарфанде вориди Лубнон кунанд, то ҳамон шароити Яманро барои Лубнон эҷод кунанд ва заминаро барои мудохилаи низомӣ дар ин кишвар фароҳам намоянд.

Албатта, Эрон ва Ҳизбуллоҳ низ даст рӯи даст нагузоштаанд ва нанишастаанд, то бибинанд Арабистон мехоҳад чӣ кор кунад ва онҳо низ потакҳои зиёде барои ин нақшаҳо фароҳам кардаанд ва хунсардии Сайидҳасан Насруллоҳ дар суханронии рӯзи гузаштааш ва наҳваи суханрониаш нишон медод, ки Эрон ва Ҳизбуллоҳ худро барои ҳамаи сенориюҳои эҳтимолӣ омода кардаанд.

Бадеҳӣ аст, ки аз шиллики мушаки Ансоруллоҳ ба Риёз ҳам наметавон ба роҳатӣ гузашт ва метавон гуфт, ин мушак беш аз ин ки ҳадафи тахрибӣ дошта бошад, пайғоме барои саудиҳо буд, ки “пойтахташон дар дастрас аст, ҳавоссашонро ҷамъ кунанд!”

Оқои Тромп ҳам набояд хеле ба мушакҳои патриоти омрикоӣ биболад, чун мушаки мазбур ба Риёз расид ва пайғоми худро таҳвил дод, ҳол чӣ дар ҳаво мунфаҷир шуда бошад, чӣ рӯи замин, муҳим ин аст, ки системҳои дифоии омрикоӣ натавонистанд мушакро қабл аз расидан ба Риёз нобуд кунанд.

Ҳамаи ин сенориюҳо ва шароити имрӯза вобаста ба шароити дохилии Арабистони Саудӣ низ ҳаст ва ҳама мунтазир ҳастанд бибинанд Малик Салмон чӣ гуна мехоҳад ҳамаи ҳиндувонаҳоеро, ки бо як даст бардошта ҷамъу ҷур кунад.

Дар мавриди Исроил ҳам Ҳизбуллоҳ солҳост худро барои рӯёрӯӣ бо Исроил омода карда ва Эрон ҳам шароитеро фароҳам карда, ки ҳамлаи ҷадид ба Ҳизбуллоҳ аз сӯи Исроил, бисёр гарон тамом шавад, чун медонад исроилиҳо меъёри ҳисобу китоб барояшон бисёр муҳим аст ва агар мутаваҷҷеҳ шаванд, ки ҳазинаи коре барояшон бисёр гарон аст, он корро анҷом намедиҳанд.

Бо ин шароит метавон гуфт, зоҳиран оши бисёр шӯру хатарноке, ҳам барои минтақа ва ҳам барои Лубнон дар ҳоли таҳия аст, ки метавонад мунҷар ба инфиҷори бузург гардад; инфиҷоре, ки метавонад барои Арабистони Саудӣ интиҳоре ба ҳисоб ояд, аммо муҳим ин аст, ки бояд бибинем таркишҳои ин инфиҷор ба куҷоҳо хоҳад расид.

Sputniknews

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: