Омрико ва Арабистон қимори ҳисобнашудаеро оғоз кардаанд

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар Раъюл-явм

Ба назар намерасад, ки Саъд ал-Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон, ба далели ин ки зиндагиаш дар маърази хатар қарор доштааст истеъфо карда бошад, зеро вай ба таври табиӣ дар Бейрут рафту омад дошт ва чанд рӯз пеш чанд баёния содир кард, ки муҳимтарини он, таъйини сафири ҷадиди Лубнон дар Сурия буд.

Истеъфои Саъд ал-Ҳарирӣ дар чорӯби нақшаи саудӣ-омрикоӣ сурат гирифтааст, ки ҳадафи аслии он, Ҳизбуллоҳ аст, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад. Эроне, ки хатаре ҷиддӣ барои мавҷудияти Исроил аз як тараф, ва низ Арабистони Саудӣ аз тарафи дигар гардидааст ба хусус ба хотири ҳимояти номаҳдуди ин кишвар аз Ансоруллоҳи Яман; ҷунбише, ки Арабистон дар марзҳои ҷанубии худ, аз он мутаҳаммили хасоратҳои зиёде шуда ва Ансоруллоҳ бо ҳамла ба дохили хоки Саудӣ, эътибор ва азамати Саудиро зери суол бурдааст.

Дар ин миён, иттилооти мавҷуд ҳокӣ аз ин аст, ки Арабистон ва бо ҳамоҳангии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, акнун сахт машғули ташкили эътилофи арабӣ шабеҳи эътилофе ҳастанд, ки алайҳи Яман ташкил доданд, ва ҳадафашон ин аст, ки аз он ба унвони нӯки пайкон дар ҳамла ба Ҳизбуллоҳ истифода кунанд ва Исроил низ ба ин эътилоф бипайвандад.

Дар ҳамин иртибот, ахборе дар Ландан мунташир шудааст, ки аз тамосҳои пинҳонии Арабистон бо Ӯрдун ҳикоят дорад мабнӣ бар ин ки Риёз Ӯрдунро ба пайвастан ба ин эътилофи ҷадид фаро хондааст, аммо ин ахбор ҳанӯз аз ҳеч манбаи расмӣ ва ё нимарасмӣ таъйид нашудааст.

* * *

Дар сурати чароғи сабзи Омрико, эҳтимоли ин ки шиддати ҳамла алайҳи Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, бо иқдоми низомӣ алайҳи Қатар ҳамзамон шавад баъид нест, ва дар ин хусус гуфта мешавад, ҳафт ҳазор сарбози вежаи мисрии бисёр омӯзишдида акнун дар пойгоҳе дар шимоли Абӯзабӣ ва дар 40 километрии марзҳои Қатар омодаи дахолати низомӣ ҳастанд, ва барои ин кор чароғи сабзи Омрико лозим балки зарурӣ аст, зеро теъдоди нерӯҳои туркии мавҷуд дар Қатар дар ҳафтаҳои ахир ба ҳудуди 30 ҳазор сарбоз расидааст.

Лаҳни тунди Саъд ал-Ҳарирӣ алайҳи Эрон ва муттаҳам кардани он ба ҳимоят аз теруризм ва харобкорӣ, лаҳне бесобиқа ва такмили иттиҳомзаниҳои Томир ас-Сабҳон, вазири мушовири саудӣ алайҳи Ҳизбуллоҳ ва ба дур аз ҳар гуна урфи сиёсӣ ва диплумотик будааст.

Ба ҳар ҳол, Саъд ал-Ҳарирӣ фавран ба Риёз хонда шуд ва ӯ низ пас аз лағви тамоми дидорҳои расмӣ, зарфи чанд соат озими Саудӣ шуд, дар натиҷа баъид нест ин истеъфо ва матни суханони тундаш, ба ӯ дикта шуда бошад; суханоне, ки на аз шабакаи Алмустақбал (шабакаи вобаста ба Ал-Ҳарирӣ), балки аз шабакаи Аларабия (вобаста ба Оли Сауд) пахш шуд. Ва ин нишондиҳандаи вобастагии шадиди ӯ ба Арабистони Саудӣ аст, ки албатта ҳеч гоҳ онро пинҳон ҳам накардааст ва дӯстӣ бо Арабистонро бар Лубнон тарҷеҳ медиҳад.

Ба назар намерасад, Саъд ал-Ҳарирӣ ба Бейрут бозгардад магар бо як тонки саудӣ, он ҳам дар шароите, ки нақшаи нобудии Ҳизбуллоҳ ва Эрон муваффақ шавад ва нерӯҳои исроилӣ бори дигар Бейрутро ишғол кунанд.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки: эъломи ҷанг алайҳ Ҳизбуллоҳ фақат бо ҳамоҳангии комил бо Исроил имконпазир аст, зеро Арабистон наметавонад ҳамзамон дар Яман ва Лубнон ва чӣ басо Эрон вориди ҷанг шавад, ва бояд дар назар дошт, ки Арабистон бо Лубнон марзи муштарак надорад ва муттаҳидонаш заъифтар аз он ҳастанд, ки Ҳизбуллоҳро шикаст диҳанд, зеро таҷриба ва маҳорати низомии ин ҳизбро фақат чаҳор кишвари Миср, Аморот, Сурия ва Арабистон дар ихтиёр доранд.

Нуктаи дигар ин ки: ҳушдори Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ ба Бенёмин Натонёҳу дар мавриди ҳамла ба Лубнон ва даъвати яҳудиҳо ба тарки Исроил барои наҷоти худ, беҳадаф набуд, зеро ҳатман иттилооти муфассал ва таъйидшудае дар мавриди дастпухти Арабистон ва Омрико дар ихтиёр дорад.

Табли ҷанг дар Риёз дар ҳоли ба садо даромадан аст ва садои он ба саросари минтақа мерасад ва истеъфои ал-Ҳарирӣ низ бахше аз он аст, дар натиҷа бояд пурсид ин ҷанг чӣ замоне оғоз мешавад?

* * *

Ба ҳар ҳол, Арабистон ва Омрико қимори ҳисобнашудаеро оғоз кардаанд ва вуруди Исроил ба ин қимор низ чӣ басо барояш баҳои сангине дошта бошад, зеро ин ҷанг метавонад монанди ҷанги ҷаҳонии дуввум, ки ҷангҳои Урупоро барои ҳамеша поён дода ва Иттиҳодияи Урупо рӯи овори он ташкил шуд, охирин ҷангҳо дар минтақа бошад.

Ба назар намерасад Исроил, ки дар тамоми ҷангҳояш бо меҳвари муқовимат шикаст хӯрдааст, аз ин ҷанг пирӯз берун биёяд, зеро меҳвари муқовимат комилан омодаи он аст ва тавоноиҳои Ҳизбуллоҳ низ чанд баробари ҷанги соли 2006 аст, ва илова бар ин, Эрон, Сурия, Ироқ ва низ ҳазорон довталаб аз нуқоти мухталифи ҷаҳони ислом дар он ширкат хоҳанд кард ва набояд фаромӯш кард, ки ҷунбиши Ҳамос низ равобити худро ба шакли комил бо Эрон ва Насруллоҳ аз сар гирифтааст.

Фазои кунунии Лубнон акнун комилан шабеҳи фазои пеш аз ҳамлаи Исроил ба ҷануби Лубнон дар соли 1982 аст (замоне ки Исроил алайҳи Созмони озодибахши Фаластин вориди ҷанг шуд), бо ин тафовути асосӣ, ки Ҳизбуллоҳ Созмони озодибахши Фаластин нест, балки Лубнон хок ва ватани он аст ва то тири охир мубориза хоҳад кард ва тамоми силоҳҳоеро, ки дар ихтиёр дорад ба кор хоҳад гирифт, зеро ин охирин набардҳои бузургаш аст.

Ҳеч кас ҷангро намехоҳад, аммо агар ин ҷанг бар меҳвари муқовимат таҳмил шавад, натоиҷи он, чи басо ин бор бо қабл мутафовит бошад.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: