Суханроние, ки хонданаш бар ҳар диктотуре воҷиб аст

Суханронии Никита Хрушев дар 20-умин кунгра (съезд)-и Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ — ки аз 14 то 25 феврали соли 1956 ҳудуди севуним сол пас аз марги Жузеф Истолин (Иосиф Сталин) баргузор шуд — бисёр муҳим аст, ва хондани он ба хусус барои диктотурҳо ва ҳокимони худкома ва низ чоплусон ва мутамаллиқоне, ки пиромуни диктотурҳо гирд омадаанд, тавсия мешавад. Никита Хрушев дар ин кунгра дар бораи диктотурии Истолин ва кеши шахсият (культ личности), ки пиромуни ӯ шакл гирифта буд, суханронӣ кардааст.

Ин суханронӣ яке аз муҳимтарин суханрониҳои қарни 20-ум шумурда мешавад.

Дар зайл, ин суханронӣ пешкаши азизони хонандаи сойти Кимиёи саодат мешавад:

* * *

Рафиқон! Дар гузориши Кумитаи марказии ҳизб дар кунграи 20-ум ва дар чанд суханронӣ, ки тавассути намояндаҳо дар кунгра анҷом шуд, ҳарфҳои зиёде роҷеъ ба кеши шахсияти як фард зада шуд. Баъд аз марги Истолин, Кумитаи марказӣ шурӯъ ба тавзеҳи ин мавзӯъ кард, ки боло бурдани як фард ва табдили ӯ ба абармарде, ки соҳиби хислатҳои Худогуна аст, бо руҳи морксизм – ленинизм бегона аст. Чунин марде чунон тасвир мешавад, ки ҳама чизро медонад, ҳама чизро мебинад, ба ҷойи ҳама фикр мекунад, ҳар коре метавонад бикунад ва дар кирдор маъсум аст.

Чунин боваре нисбат ба як мард ва ба хусус нисбат ба Истолин, солҳо дар миёни мо тарвиҷ дода шудааст. Ҳадаф аз ин гузориш, арзёбии мӯ ба мӯи зиндагӣ ва фаъолияти Истолин нест. Аз хубиҳои Истолин дар замони ҳаёташ ба қадри кофӣ дар китобҳо, китобчаҳо ва гузоришҳо гуфтаанд. Нақши Истолин дар инқилоби сусиёлистӣ, ҷанги дохилӣ ва сохтани сусиёлизмро ҳамаи ҷаҳониён медонанд.

Дар ҳоли ҳозир, масъалаи мо ин аст, ки кеши шахсият (культ личности)-и Истолин чӣ гуна рушд ёфт; кеши шахсияте, ки маншаи инҳирофҳои бисёр ҷиддӣ аз усули ҳизб, демукросии ҳизб ва машрӯияти инқилоб шудааст. Кумитаи марказӣ амиқан лозим медонад, ки мавориди марбут ба ин мавзӯъро дар пешгоҳи Кунграи 20-ум ироа диҳад.

Ҳама аз фурӯтании беназири меъмори инқилоб Владимир Илич Ленин огоҳанд. Ленин ҳамвора бар нақши мардум ба унвони холиқони торих таъкид дошт. Ленин бидуни мулоҳиза, бо ҳар намуде аз кеши шахсияти фардӣ муқобила мекард. Ленин ҳаргиз назароташро бо зӯр ғолиб намекард. Ӯ саъй мекард, қонеъ созад. Ӯ бо ҳавсала назароташро барои дигарон тавзеҳ медод.

Ленин он хусусиёти манфӣ дар шахсияти Истолинро, ки баъдҳо ба паёмадҳои вахиме доман заданд ташхис дода буд. Ленин, ки аз сарнавишти ояндаи миллати Шӯравӣ нигарон буд, ишора карда буд, ки лозим аст Истолин аз ҷойгоҳи дабирии куллӣ (генеральный секретариат)-и ҳизб бардошта шавад, чун ки Истолин рафтори муносибе бо рафиқонаш надошт.

Владимир Илич дар соли 1922 навишт: «Пас аз дар ихтиёр гирифтани мақоми дабирии куллӣ (генеральный секретариат), рафиқ Истолин қудрати беандозаеро дар дастони худ гирифтааст ва ман мутмаин нестам, ки ӯ ҳамвора битавонад аз ин қудрат бо муроқибати кофӣ истифода кунад

Владимир Илич гуфт: «Ман пешниҳод мекунам, ки рафиқон дар пайи равише барои ҳазфи Истолин аз ин мақом бошанд ва марди дигареро барои ин мақом интихоб кунанд; марде, ки дар дараҷаи аввал, дар як вижагӣ бо Истолин мутафовит бошад, яъне мудорогартар, вафодортар ва меҳрубонтар бошад

Рафиқон! Кунграи ҳизб бояд бо асноди ҷадиде, ки шахсияти Истолинро нишон медиҳад ошно шавад. Дар марти 1923, Ленин ин номаеро, ки мехонам, ба Истолин фиристод: «Рафиқ Истолини азиз! Ту ба худ иҷоза додӣ, ки ба тарзи вақеҳона ҳамсари манро пойи телефон бихонӣ ва ӯро беадабона сарзаниш кунӣ. Бо вуҷуди ин ки ӯ ба ту гуфта, ки он чиро гуфтӣ фаромӯш кунад, ман қасд надорам, ки ба ин роҳатӣ мавзӯъро фаромӯш кунам

Рафиқон! Ман назаре дар мавриди ин аснод намедиҳам. Ин аснод худаш ба хубӣ ҳарфашро мезанад.

Ҳамон тавр ки воқеаҳои баъдӣ нишон дод, нигаронии Ленин дуруст буд. Истолин ба ҳеч ваҷҳ ҳамкорӣ дар раҳбарӣ ва корро таҳаммул намекард, аз роҳи қонеъ сохтан амал намекард, балки мафоҳими худашро таҳмил мекард ва хоҳони фармонбарии мутлақ дар баробари назароти худ буд. Истолин мухтареъи мафҳуми «душмани мардум» буд.

Ин истилоҳ, истифода аз золимонатарин саркӯбҳоро алайҳи ҳар касе ки танҳо гумони он мерафт, ки қасди хасмона дошта бошад, алайҳи касоне, ки шӯҳрати баде доштанд, мумкин мекард.

Дар кулл, танҳо мадраки ҷурме, ки дар воқеъ истифода мешуд «эътироф»-и худи муттаҳам буд. «Эътирофот» аз тариқи фишорҳои ҷисмӣ гирифта мешуданд. Афроди бегуноҳ – ки дар гузашта аз хатти ҳизб дифоъ мекарданд – қурбонӣ шуданд. Дастгириҳои анбӯҳ ва ихроҷи ҳазорон нафар аз кишвар, эъдоми бидуни муҳокима ва бидуни таҳқиқоти маъмул, шароите аз эҳсоси ноамнӣ, тарс ва ҳатто ноумедиро рақам зад.

Владимир Илич хостори бархӯрди бидуни мулоҳиза бо душманони инқилоб буд. Ленин аз чунин равишҳое истифода мекард, аммо фақат дар муқобили душманони ҳақиқии табақаи коргар ва на касоне, ки иштибоҳан хатое аз онҳо сар зада буд. Дар муқобил, Истолин замоне аз равишҳои тундравона ва саркӯби тӯдаҳо истифода мекард, ки инқилоб пирӯз шуда буд.

Пас аз марги Ленин, Истолин асли раҳбарии ҷамъии ҳизбро лагадмол кард. Аз 139 узв ва номзаде, ки дар 17-умин кунгра интихоб шуданд, 98 нафар, яъне 70 дарсадашон, дастгир ва тирборон шуданд.

Қобили бовар нест, ки чунон кунграе кумитаи марказие интихоб кунад, ки баъдан мушаххас шавад, ки аксарашон «душмани» ҳизб будаанд. Он намояндаҳо дар ташкили кишвари сусиёлистии мо мушорикати фаъол доштаанд. Бисёре аз онҳо дар тӯли солиёни пеш аз инқилоб ранҷ кашида ва мубориза карда буданд. Онҳо бо шуҷоат бо душманонашон ҷангида буданд ва борҳо бо камоли оромиш бо марг чашм дар чашм шуда буданд.

Чӣ гуна мешавад бовар кард, ки ин афрод ба ҷабҳаи душманони сусиёлизм пайваста буданд? Ин натиҷаи суистифодаи Истолин аз қудрат буд. Дар якуми декабри 1934, ба дастури Истолин, бахшномаеро, ки мехонам имзо шуд:

«1. Маъмурони таҳқиқот мулзам ҳастанд, ки дар парвандаи касоне, ки ба терур муттаҳам шудаанд, тасреъ кунанд;

2. Ургонҳои қазоӣ намебоист ба манзури таҷдиди назар дар ҳукми муттаҳам, иҷрои ҳукми эъдомро ба таъхир биандозанд;

3. Ургонҳои кумисориёи умури дохилӣ мулзам ҳастанд, ки аҳкоми маргро билофосила пас аз судур иҷро кунанд

Ин бахшнома асоси мавориди беҳадду ҳасре аз таваҳҳуш шуд. Ҳар навъ имкони баррасии муҷаддади парванда аз муттаҳамон салб шуда буд, ҳатто вақте ки дар пешгоҳи додгоҳ мегуфтанд, ки «эътирофот» ба зӯр аз эшон гирифта шудааст.

Ленин ба мо омӯхт, ки бакоргирии хушунати инқилобӣ дар муқобили муқовимати табақоти истисморгар лозим аст, ва ин марбут ба замоне буд, ки табақоти истисморгар вуҷуд доштанд ва қудратманд буданд. Ба маҳзи ин ки шароити сиёсии кишвар беҳбуд ёфт, вақте ки дар январи соли 1920 артиши сурх Ростовро гирифт, Ленин дастур дод то терури анбӯҳ мутаваққиф шавад ва муҷозоти марг барчида шавад. Истолин аз ин дастуруламалҳо сарпечӣ кард. Дар замони ӯ терур мутаваҷҷеҳи боқимондаҳои табақоти истисморгари шикастхӯрда набуд, балки алайҳи коргарони содиқи ҳизб ба кор бурда шуд; ба онҳо иттиҳомоти дурӯғин, ифтироомез ва музҳик баста шуд. Саркӯби густарда беэътимодиро миёни кумунистҳо рақам зад.

2909_935

Истолин марде буд, ки ба ҳеч кас эътимод надошт, ва ба шакле беморгуна шаккок буд. Ӯ метавонист дар чеҳраи як мард нигоҳ кунад ва бигӯяд: «Чаро чашмҳоят имрӯз ин қадр ҳилагар ҳастанд?» ё «Чаро ин қадр имрӯз сурататро бармегардонӣ ва аз нигоҳи мустақим ба чашми ман фирор мекунӣ?» Шаккокияти беморгуна дар ӯ як беэътимодии куллӣ эҷод карда буд. Ӯ ҳама ҷо ва дар ҳама чиз «душманҳо», «дурӯяҳо» ва «ҷосусҳо»-ро медид.

Истолин дар 20 январи соли 1939 як телегрофи рамзӣ ба дабирони кулли кумита дар устонҳо ва манотиқ фиристода буд. Дар он телегроф омадааст, ки: «Ҳама медонанд, ки ҳамаи дастгоҳҳои ҷосусии буржувозӣ (буржуазия) равишҳои таъсиргузори ҷисмиро дар қиболи намояндагони прулеториёи сусиёлистӣ ба кор мебанданд. Ин суол пеш меояд, ки дастгоҳи ҷосусии сусиёлистӣ чаро бояд дар қиболи муздурони ҷонии буржувозӣ рафторе инсонитар дошта бошанд? Кумитаи марказӣ истифода аз фишори ҷисмиро алайҳи душманони шинохташудаи мардум воҷиб медонад

Анбошти қудрат дар дастони як нафар, Истолин, мунҷар ба паёмадҳои ҷиддӣ дар замони Ҷанги Бузурги Миҳанӣ шуд. Вақте ба хеле аз румонҳо, филмҳо ва таҳқиқоти торихӣ-илмии худамон нигоҳ мекунем, нақши Истолин дар Ҷанги Бузурги Миҳанӣ ба шакли ғайриқобили боваре тасвир шудааст: Истолин ҳама чизро пешбинӣ карда буд. Пирӯзии ҳамосии мо тавре ҷилва дода шуда, ки гӯӣ ба куллӣ мадюни нубуғи Истолин будааст. Шавоҳиди ин иддаъо куҷост? Истолин ин фарзияро ироа дод, ки миллати мо мавриди ҳамлаи «ғайри мунтазира»-и олмонҳо қарор гирифт. Аммо, рафиқон, ин маврид як дурӯғи маҳз аст. Ба маҳзи он ки Ҳитлер ба қудрат расид, нобудии кумунизмро вазифаи худ донист. Фошистҳо ин мавзӯъро аланан мегуфтанд. Онҳо нақшаҳояшонро пинҳон накарданд.

Бо вуҷуди ҳушдорҳои зиёд гомҳои лозим барои омодагӣ бардошта нашуд. Мо бо талафоти бисёре ҳазинаи ин адами омодагиро додем — то ин ки женеролҳои мо муваффақ ба тағйири шароит шуданд. Истолин саъй кард, ин тасаввурро талқин кунад, ки пирӯзиҳое, ки миллати Шӯравӣ ба даст оварда буд, ҳама дар натиҷаи шуҷоат, ҷасорат ва нубуғи Истолин буда ва на ҳеч каси дигаре. Бигузоред аз филмҳои ҷангиамон бигӯям. Филми «Суқути Берлин»-ро ба ёд оваред. Он ҷо фақат Истолин амал мекунад. Ӯ дастуротро дар солуне, ки дар он сандалиҳои холии зиёде ҳаст содир мекунад. Ва фармондеҳии низомӣ куҷост? Политбюро куҷост? Давлат куҷост? Онҳо чӣ мекунанд ва машғули чӣ коре ҳастанд? Ҳеч чиз роҷеъ ба онҳо дар филм нест.

Истолин ба ҷойи ҳама амал мекунад ва ба ҳеч кас эътимод надорад. Ӯ аз ҳеч кас машварат намегирад. Ҳама чиз ба мардум дар партави ин нури козиб нишон дода мешавад. Чаро? Барои ин ки Истолинро ҳолаи шукӯҳ дарбар гирад – бар хилофи ҳақиқати торихӣ, ки на Истолин, балки куллияти ҳизб, давлати Шӯравӣ, артиши қаҳрамонамон, раҳбарони боистеъдод ва сарбозони шуҷоъаш, ҳамаи миллати Шӯравӣ – инҳо касоне ҳастанд, ки пирӯзиро дар Ҷанги Бузурги Миҳанӣ ба армуғон оварданд…

Рафиқон! Кеши шахсияти як фард агар ба чунин андозаи ғулосое расид, бештар ба ин хотир буд, ки Истолин худаш аз таҷлили шахсияташ ҳимоят мекард. Чопи 1948 аз биюгрофии кӯтоҳи ӯ, ки саропо чоплусии муфтазеҳона аст-ро худаш шахсан вироиш ва таъйид кардааст. Ӯ ҷоҳоеро, ки фикр мекард ситоиши хидматҳояш ба қадри кофӣ набуда-ро хат мекашид.

Инҷо чанд мисол назди ман аст, ки ин кори Истолинро намоён мекунад ва ба дастхатти худи Истолин аст: «Қувваи ҳидояти ҳизб ва кишвар рафиқ Истолин буд.» Инро худи Истолин навишта. Сипас изофа мекунад: «Агарчи ӯ вазоифи худро ба унвони раҳбари мардум бо маҳорате тамом ва камол анҷом дод, аммо Истолин ҳаргиз иҷоза надод, ки заррае ғурур, фиреб ё худситоӣ вориди корҳояш шавад.» Куҷо ва кай як раҳбар ингуна худро ситоиш кардааст?

Рафиқон! Кеши шахсият сабаби тахаллуфи ошкор аз демукросии ҳизбӣ, мудирияти ақим, анвоъи инҳирофот, лопӯшонии камбудҳо ва воруна ҷилва додани воқеиятҳо буд. Чоплусон ва мутамаллиқони мо фиреби бисёреро таҳвили дунё додааст.

Баъзе аз рафиқон мумкин аст аз мо бипурсанд: аъзои политбюро куҷо буданд? Чаро онҳо худашон ба мавқеъ дар муқобили кеши шахсияти фардӣ наистоданд? Ва чаро алъон ин кор анҷом мешавад? Аввал аз ҳама, аъзои политбюро дар замонҳои мухталиф нигоҳҳои мухталифе нисбат ба ин масоил доштанд. Дар ибтидо, бисёре фаъолона аз Истолин пуштибонӣ мекарданд, чаро ки яке аз қавитарин морксистҳо буд ва мантиқи ӯ, қудрати ӯ ва иродаи ӯ, таъсири бузурге бар кори ҳизб дошт.

Пас аз марги Ленин ва ба хусус дар солҳои аввал, Истолин фаъолона барои ленинизм дар муқобили душманони назарияи ленинӣ ва касоне, ки мунҳариф мешуданд, меҷангид. Дар он замон, ҳизб бояд бо касоне, ки саъй мекарданд кишварро аз масири саҳеҳи Ленин хориҷ кунанд мубориза мекард. Ҳизб бояд бо Тротскийчиҳо ва ростиҳо ва буржувозҳои носиюнолист мубориза мекард. Ин мубориза ғайри қобили иҷтиноб буд. Баъдтар аммо Истолин шурӯъ ба мубориза бо мардуми содиқи Шӯравӣ кард. Талош барои мухолифат бо иттиҳомҳо ва муҳокимаҳои бепоя, ба саркӯби мухолиф мунҷар мешуд.

Рафиқон! Барои он ки хатоҳои гузаштаро такрор накунем, Кумитаи марказӣ мухолифати қатъии худро бо кеши шахсияти фардӣ эълом доштааст. Мо мӯътақидем, ки Истолин беш аз ҳадд ситоиш шуда буд. Бо ин вуҷуд, Истолин бешак дар гузашта хадамоти бузурге барои ҳизб, табақаи коргар ва ҷунбиши байналмилалии коргарон анҷом додааст.

Рафиқон! Ленин ба дафаъот бар ин мавзӯъ, ки фурӯтанӣ бахши зотии руҳияи як болшевики ҳақиқӣ аст, таъкид карда буд. Ленин худаш таҷаллии шукӯҳмандтарин фурӯтаниҳо буд. Мо наметавонем муддаъӣ шавем, ки аз ҳама лиҳоз аз ин улгуи ленинӣ пайравӣ кардаем.

Мо бояд ин хаторо тасҳеҳ кунем. Аммо ин кор бояд бо оромиш анҷом шавад. Мо набояд иҷоза диҳем, ки ин мавзӯъ ба хориҷ аз ҳизб дарз кунад, ба хусус набояд ба расонаҳо ворид шавад. Ба ҳамин хотир аст, ки ин масъаларо дар ҷаласаи ғайри алании кунгра баррасӣ мекунем. Мо набояд муҳиммот ба зоғаи душман бирезем. Мо набояд либоси чиркини худро дар муқобили чашмони онҳо бишӯем.

Рафиқон! Мо бояд як бор барои ҳамеша кеши шахсияти фардиро барчинем. Мо бояд дидгоҳҳои марбут ба кеши шахсиятро дар орих, фалсафа ва улум тасҳеҳ кунем, ва ба сурати низомманд коре, ки тавассути Кумитаи марказии ҳизб анҷом шуда-ро идома диҳем; коре, ки шохисаи он раҳбарии ҷамъӣ ва интиқод аз худ аст.

Рафиқон! Кунграи 20-уми Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, бо қудрате ҷадид, иттиҳоди ногусастании ҳизби мо, инсиҷоми он ҳавли Кунграи марказӣ ва иродаи мусаммамаш барои ба анҷом расондани вазифаи сохти кумунизмро намоён кардааст. Ва ин ҳақиқат, ки мо мушкилоти асосии фоиқ омадан бар кеши шахсияти як фардро баён кардем, гувоҳе бар истеҳкоми азими ахлоқӣ ва сиёсии ҳизби мост. Мо итминони маҳз дорем, ки ҳизби мо ба мадади қатъномаҳои торихии Кунграи 20-ум, мардуми Шӯравиро дар масири Ленин ба муваффақиятҳои ҷадид ва пирӯзиҳои ҷадиде раҳнамун хоҳад шуд.

Зинда бод парчами зафарманди ҳизби мо — Ленинизм!

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: