Темур Варқӣ хостори таъсиси як гурӯҳи ҳирфаӣ тавассути рӯзноманигорони муҳоҷир шуд

Темур Варқӣ, шоир, рӯзноманигор ва фаъоли фарҳангӣ ва иҷтимоии маъруфи тоҷик, дар суханоне дар мизи гирди “Тоҷикистон: саркӯби расонаҳо ва журналистони мустақил бо баҳонаи таъмини амнияти миллӣ”, ки дар 2 ноябри соли ҷорӣ дар Вен пойтахти Утриш (Австрия) баргузор шуд, бо баёни ин ки “имрӯз метавон аз рӯзноманигорони тоҷики муҳоҷир ва паноҳанда дар чанд кишвари урупоӣ ва Омрико, як гурӯҳи мунсаҷим ва ҳирфаӣ ташкил дод, ки дар ростои манофеи миллӣ ва тавсиъаи демукросӣ дар Тоҷикистон фаъолият кунанд”, гуфт, ҳукумат дар муқобили бастани як расонаи “номатлуб”, бо чандин сойтҳо ва блогҳо мувоҷеҳ хоҳад шуд, ки ин хабар албатта барои як гурӯҳи кучак навиде нохушоянд аст, аммо барои аксарияти ҷомеа, ки намехоҳанд ҷомеаашон родиколиза гардад, хабаре хуш аст.

Машрӯҳи суханони Темур Варқӣ дар мизи гирди “Тоҷикистон: саркӯби расонаҳо ва журналистони мустақил бо баҳонаи таъмини амнияти миллӣ” — ки аз тарафи ҲНИТ бо ҳамкорӣ бо созмони ғайридавлатии “Евразиян Диалог” баргузор гардид – ба шарҳи зерин аст:

* * *

Дастикам 70 рӯзноманигор кушта ва беш аз 30 расонаи мустақил баста шудаанд. 3 рӯзноманигор тақрибан то поёни умри худ маҳкум ба зиндонанд. Даҳҳо тан аз рӯзноманигорон кишварро тарк кардаанд ва ё дар кишвар таҳти назоратанд ва ба далели мамнӯияти нонавишта, наметавонанд дар ҷое машғул ба кор шаванд. Ин аст “пешрафти” демукросӣ дар тӯли 25 соли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон.

Давлати Раҳмон, ки як тарафи ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ба шумор меравад, аз таҳқиқ дар бораи 99 дарсади қатлу куштору рубуда шудани рӯзноманигорон худдорӣ мекунад. Аксари рӯзноманигороне, ки дар Тоҷикистон кушта шудаанд, ба дасти ҳаводорони Эмомалӣ Раҳмон ба қатл расидаанд.

Ахиран, нашрияи “Нигоҳ” ва сойти “Тоҷнюз” баста шуд ва бунёнгузор ва рӯзноманигоронаш ватанро тарк гуфтанд, то ҷонашон дар амон бимонад. Пеш аз ин, мақомоти тоҷик тамоми саъйи худро ба харҷ доданд, то нахустин коноли телевизиюнии мустақил яъне “Сафо”-ро бибанданд.

Дар ғиёби манобеи хабарии мустақил ва ҷойгузин, “Фабрикаи ҷавоб” бо тамоми қудрат вориди майдон шуда ва фаъолият мекунад. Дар Тоҷикистон, дастгоҳи таблиғотии КДАМ ба ҳамин ном яъне ба номи “Фабрикаи ҷавоб” маъруф аст; дастгоҳе, ки кораш фақат интишори ахбори кизб ва тӯҳматҳои нораво дар ҳаққи фаъолони иҷтимоӣ ва мухолифони сиёсӣ мебошад ва мутаассифона ин ахбори кизб дар расонаҳои давлатӣ бознашр ва ҳатто дар садо ва симо пахш мешаванд, ва ҳадаф таҳқир ва сиёҳ кардани дигарандешон, рӯзноманигорони озод, вакилони мудофеъ ва раҳбарони опозисиюн аст.

Баъд аз интишори протоколи маҳрамонаи 32/20 дар соли 2011 дар яке аз сойтҳои мухолифин, раванди саркӯби ҳадафманди озодии баён ва расонаҳои мустақил шурӯъ шуд. Дар оғоз, мақомот иддао карданд, ки ин протокол ихтирои рӯзноманигорон аст, вале иқдомҳо ва гомҳои дастгоҳҳои қудратӣ дақиқан мутобиқи маводди дарҷгардида дар ин протоколи маҳрамона буд ва ин иқдомҳо амалан собит кард, ки ин протокол тасмими мақомот будааст.

Рӯзноманигороне чун Абдуқаҳҳори Давлат ва Ҳикматулло Сайфуллоев имкони дастрасӣ ба вакилони мудофеъи мустақилро надоштанд ва ҳатто аз муроқибатҳои пизишкӣ маҳрум шуданд. Бастагонашон аз бозгӯ кардани ҳақоиқ дар бораи онҳо ва шикоят аз вазъи вахими эшон ба созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар манъ гардиданд.

Бахши 5-уми КДАМ Тоҷикистон, бо табаият аз суннати КГБ (даврони Шӯравӣ), парванда барои ҳар рӯзноманигор, сардабир ва соҳиби расона боз кардааст. “Гуфтугӯҳои беҳдоштӣ” бо ҷамиъи рӯзномангорон бидуни истисно анҷом медиҳад. Дар фаъолиятҳои иқтисодии онҳо дахолат мекунад, ниҳодҳои молиётӣ ва соири ниҳодҳои давлатиро ба кор мегирад, то баъзеро таҳти фишор қарор диҳанд ва аз баъзе, ки таҳти назоратанд, ҳимоят намоянд, яъне зери сақфи худ дароваранд.

Бонувони рӯзноманигоре, ки ҷуръат пайдо кунанд, то ахбор ва гузоришҳоеро пӯшиш диҳанд, ки барои мақомот номатлуб аст, ба соддагӣ мудирияташон мекунанд; ба ин сурат, ки онҳо барои “сӯҳбат” ба бинои марказии КДАМ бе ҳеч ҳушдори қаблӣ даъват мешаванд, ба мошин саворашон менамоянд, сипас ё тӯҳмате барояшон мебофанд ва ё таҳдидашон мекунанд, ки агар даст аз интишори ин гуна хабарҳо барнадоранд, мавриди таҷовузи афроде ношинос қарор хоҳанд гирифт. Яке аз бонувони рӯзноманигори тоҷик, ки ба далели таҳдидҳо маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуда ва паноҳандагии сиёсӣ дар яке аз кишварҳои урупоӣ дарёфт намудааст, дар як сӯҳбати хусусӣ, барои ман нақл кард, ки як корманди амниятӣ ӯро маҷбур ба нишастан дар мошини хидматии худ карда ва чанд соат нагузошта ӯ аз мошин берун ояд ва ҳатто иҷоза надода ба ҳоҷатхона биравад ва бар ӯ фишори руҳӣ ворид месохта ва таҳқираш мекарда ва таҳдидаш менамуда, ки ӯро дар зерзамини КДАМ ва ё дар берун аз шаҳр бурда ва ба номусаш таҷовуз хоҳад кард.

Ин аст яке аз равишҳои таҳқир ва водор кардан ба сукут ва хомӯшӣ барои рӯзноманигорони зан аз сӯи мақомот; рӯзноманигороне, ки мехоҳанд гузоришҳое дар бораи фасодҳои идории мақомот бинависанд.

Дар расонаҳои таблиғотии ҳукуматӣ, ба кор бурдани иборатҳои маъруфи фошистҳои олмонӣ ва итолиёии солҳои 30-уми қарни 20 ва низ болшевикҳо бисёр шойеъ шудааст; иборатҳое чун “душмани миллат”, “фарзандони душманони миллат”, “ходимони хоҷагони хориҷӣ”, “қиёфаҳои ғайриориёӣ” ва ғайра…

Дар натиҷа, дар солҳои 2016 ва 2017 вазъи расонаҳои тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандии 1992-1997, бисёр вахим ва бад гардид.

Дар пайи фишорҳо, ин расонаҳо баста шуданд: “Вақт”, “Овоза ва ҳақиқат”, “Рӯзгор”, “Нигоҳ” ва хабаргузории “Тоҷнюз”.

Дар ду соли гузашта, беш аз 20 рӯзноманигори барҷаста хоки Тоҷикистонро тарк гуфтанд.

Ин ҳама, натиҷаи сиёсати ба истилоҳ “амнияти миллӣ” аст. Аммо дар воқеъ онҳое, ки ба ин ном – ки ҳеч иртиботе ба амнияти воқеии миллат надорад — даст ба ин корҳо мезананд, ба хотири таъмини манофеъ ва масолеҳи шахсии худ ва як доираи танге аз мақомот ин корҳоро анҷом медиҳанд; касоне, ки худро дар мақоми қайим ва васии ҷомеа қарор додаанд.

Давлат имрӯз гаравгони раҳбарони дастгоҳҳои амниятӣ ва қудратӣ гардидааст. Онҳо раисиҷумҳури кишвар, ҳукумат, тиҷорат, расонаҳо, додгоҳ, бонкҳо ва муассисоти ҷамъиятиро таҳти контроли худ даровардаанд. Онҳо раисиҷумҳурро мутақоъид месозанд, ки ин ба суди манофеъи миллӣ аст, ки рӯзноманигорон, дигарандешон, мухолифин ва тоҷирони муваффақ таҳти контрол ва фишор бошанд. Бале, раисиҷумҳур гаравгони дастгоҳҳои амниятӣ гардидааст; дастгоҳҳое, ки гӯё ба суди расиҷумҳур ва хонаводаи ӯ ва ҳукумат фаъолият мекунанд.

* * *

Имрӯз метавон аз рӯзноманигорони тоҷики муҳоҷир ва паноҳанда дар чанд кишвари урупоӣ ва Омрико як гурӯҳи мунсаҷим ва ҳирфаӣ ташкил дод, ки дар ростои манофеи миллӣ ва тавсиъаи демукросӣ дар Тоҷикистон фаъолият кунанд, бо ба роҳ андохтани расонаҳо ва шабакаҳои телевизиюнии мустақил, ки филм таҳия кунанд. Дар он сурат, ҳукумат дар муқобили бастани як расонаи “номатлуб”, бо чандин сойтҳо ва блогҳо мувоҷеҳ хоҳад шуд. Албатта, имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳукумат дар ҳоли фаъолият аст; бо маҳдуд кардани онҳо, ва ё таъқиби соҳибони баъзе аз сойтҳо ва ғайра. Албатта, инҳо дигар фоидае надоранд, зеро роҳҳои вусул ба ҳар навъ сойт имрӯза фароҳам аст, аз ин рӯ, расонаҳои ҷойгузин дар ҳоли афзоиш ҳастанд. Ин хабар албатта барои як гурӯҳи кучак навиде нохушоянд аст, аммо барои аксарият, ки намехоҳанд ҷомеаашон родиколиза гардад, хабаре хуш аст.

Темур Варқӣ

02.11.2017

Вен, Утриш

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: