Бозгашти диктотурӣ ба Тоҷикистон ва бетафовутии қудратҳо

Мақолае дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Эрони Шарқӣ

Тоҷикистон замоне тавассути Созмони Милали Муттаҳид ба хотири муваффақият дар барқарории сулҳу оштӣ, мавриди ситоиш қарор гирифта буд. Бо ин ҳол, ҳодисаҳои ахир Тоҷикистонро на барои муваффақият, балки барои нокомӣ дар ҳифзи дастовардҳои демукротики миллате, ки дар тӯли ҷанги дохилии 5-сола (байни солҳои 1992 то 1997) ҳудуди 150 ҳазор нафар кушта дод, дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ сохт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле, ки худро раисиҷумҳури модомулумри ин кишвар медонад, тамоми мухолифонро дастгир ва зиндонӣ ва расонаҳои мухолифро саркӯб кардааст ва ҷаҳон дар баробари ин иқдомот сокит мондаанд.

Имрӯз ҳамаи мухолифон маҳв шудаанд. Бисёре бо маргҳои машкук аз байн рафта, бархе дигар бо иттиҳомоти теруризм зиндонӣ шуда ва ё пеш аз муҳокима мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздошт қарор гирифтаанд. Раҳбарони ҲНИТ, ки дар сентябри 2015 мамнӯъ эълом шуд, дар ҳабс ҳастанд.

Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки аз соли 1992 дар қудрат мебошад, ба тадриҷ шароитро барои опозисиюн сахттар намудааст, дар даст гирифтани контроли комили порлумон, қувваи қазоия ва раванди интихобот, аз иқдомоти вай мебошад.

Аз ҳама бадтар ин ки: ислоҳоти баҳсбарангези қонуни асосӣ дар моҳи майи 2016 ба Раҳмон ҳукумати номаҳдуд ато кард. Ин дар ҳолест, ки коҳиши ҳадди ақалли синн барои номзади риёсати ҷумҳурӣ, заминаро барои рӯйи кор омадани писари Раҳмон пас аз поёни давраи риёсати ҷумҳурии вай, фароҳам месозад.

Аммо чӣ гуна ин суистифодаи ошкор аз як тавофуқи сулҳ бо назорати Созмони Милал иттифоқ афтод? Ва ба чӣ далел Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Урупо, Русия ва Эрон, ки ин равандро назорат намуданд, дар баробари иқдомоти диктотурии Раҳмон сукут ихтиёр карданд?

Далели аввал, заъфи мухолифони режим аст. Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ҲНИТ, риёсати ҳизберо бар ӯҳда дошт, ки дар соли 2000 қудратманд шуд ва аъзои он баъзе аз мансабҳои давлатиро ба худ ихтисос доданд. Ва ин ҳизб аз як созмони мусаллаҳ ба як ташкилоти пойбанд ба равишҳои сиёсии мусолиматомез табдил шуд. Бо ин ҳол, дар ин раванд, ҲНИТ барои боқӣ мондан дар мансабҳои давлатии худ, имтиёзоти зиёде ба раисиҷумҳур дод.

Илова бар ин, ҲНИТ аз қудрати худ барои ҳифозат аз ниҳодҳои демукротик истифода накард. Дар ҳоли ҳозир, бисёре аз масоҷид дар Тоҷикистон таътил шудааст. Воизони муҳим монанди Нуруддинҷон Тӯраҷонзода аз эроди ваъзу хитоба мамнӯъ шуда, мадориси динӣ таътил шудааст ва мавориде аз тарошидани иҷбории риш ва бардоштани сатру ҳиҷоб низ вуҷуд дорад.

* * *

Сукути байналмилалӣ

Далел дуввум барои бадтар шудани авзоъ ин буд, ки ду зомини байналмилалии аслӣ яъне Созмони амният ва ҳамкории Урупо ва Созмони Милали Муттаҳид, ниёз ба субот пас аз ҷанг дар Тоҷикистонро ба таври ҷиддӣ дунбол накарданд. Ин созмонҳо дар ибтидо пойбанд ба “ҳимояти пайвастаи байналмилалӣ” шуданд, аммо дар амал ин иттифоқ науфтод.

Замоне, ки Раҳмон қонуни асосиро барои афзоиши давраи риёсати ҷумҳурӣ аз панҷ сол ба ҳафт сол тағйир дод, СММ ва Созмони амният ва ҳамкории Урупо, комилан сукут карданд. Ин дар ҳолест, ки як дафтари вежаи СММ дар моҳи майи соли 2000 бо вазифаи “кӯмак ба эҷоди ниҳодҳои демукротик ва тарвиҷи эҳтиром ба ҳуқуқи башар” таъсис шуд, аммо ҳеч таъсире дар ин раванд надоштааст. Дигар ожонсҳои СММ ба ҳамон андоза сокит будаанд.

Дар ҳамин ҳол, “Дидабони ҳуқуқи башар” ва “Гузоришгарони бидуни марз” ағлаб дар мавриди вазъияти нобасомони рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додаанд, аммо камтар садое аз СММ ва ё Созмони амният ва ҳамкории Урупо дар мавриди маҳкумияти ин иқдомот, шунида шудааст. Дар ҳамин росто, Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, як рӯзномаи вобаста ба ҲНИТ дар сентябр 2015 дастгир шуд ва ба 16 сол зиндон маҳкум гардид.

Озору азияти рӯзноманигорони мустақил низ шиддат ёфтааст. Чанд вакили мудофеъи раҳбарони ҲНИТ низ муҳокима ва ба ҳабси тӯлонимуддат маҳкум шуданд, дар ҳоле, ки парвонаи кори ду севвум аз вукалои мудофеъи кишвар лағв шудааст.

Ин тавр ба назар мерасад, ки Эрон ва Русия, ду ҳомии аслии тарафайни даъво, дар мавриди муомилаи тақсими қудрат дар минтақа ба натиҷа расидаанд. Ба ҳамин далел аст, ки Эрон дар камоли таъаҷҷуб дар мавриди ислом ва ҲНИТ, ки замоне аз самими қалб аз он пуштибонӣ мекард, сукут кардааст.

Дар ҳоле, ки ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди фасоди кунунӣ дар Тоҷикистон сукут кардааст, демукросии шикастхӯрдаи ин кишвар, заминаро барои парвариши ифротгароии ҷавонон фароҳам месозад. Бар асоси омори расмӣ, 1094 шаҳрванди тоҷик ба ДОЪИШ пайвастаанд. Дигар гурӯҳҳои шибҳинизомӣ аз ҷумла Толибон дар Афғонистон, Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ва Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқии Чин низ дар ҳоли истихдоми нерӯ аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ мебошанд.

Ба зудӣ мушаххас хоҳад шуд, ки ин сукути байналмилалӣ ба қимати бесуботӣ дар минтақа тамом хоҳад шуд.

Easterniran

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , ,

6 replies

  1. Хам бояд кира рахмат гуем??? Албата ба Президентамон мухтарам Чаноби Оли Эмомали Рахмон. Ин марди бузургвор тамоми умрашро ба ватану миллат бахшид, чун, ки шахси ватандусту миллатдуст танхо ин корро мекунад

    Нравится

  2. Хамаи ин гапхо дуруг мебошад миллати точикхам низ ба ин сафсатахои шумо бовар надорад хоинони ватан

    Нравится

  3. Мо як гурух чавонон миннатдории худро барои чаноби оли мерасонем ки дар кишвари азизамон сулху суботро пойдор намуд оташи чангро хомуш карди бозхам хохиш мекунем ки ин як ду ифлосе ки аз хоричи кишвар халки точикро танкид мекунанд нест карда шаванд

    Нравится

  4. ин палидхо бо пуштибонии хочагони хоричиашон кадри мардуми точикро паст зада истодаанд. Шумоен аблахо ками дигаратон мондааст мисли Умарали Кувватови хунхур хаморм мемиред часадатонро сагхо мехурад

    Нравится

  5. Нест бод шахсоне ки худро фаьоли сиеси мешуморанд умрашон кам мондааст бехтараш аблахона рафтор накунед

    Нравится

  6. Хамаи ин гапхо дуруг мебошад миллати точикхам низ ба ин сафсатахои шумо бовар надорад хоинони ватан

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: