Амина Шарофиддинова: “Абдурофеъ Рабиъзода, сермаҳсултарин адиби имрӯзи тоҷик”

Амина Шарофиддинова, устоди донишгоҳ ва фаъоли фарҳангии тоҷики Ӯзбекистон, дар ёддоште ба муносибати зодрӯзи Абдурофеъ Рабиъзода, адиб, сенориюнавис ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик, хотираи худ аз дидор ва мулоқот бо ин адиби шаҳири тоҷикро ёдовар шудааст.

Вай навиштааст: “Мақсади вохӯрдан бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов – дар гузашта директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (Равонаш шод бод!) — дар яке аз рӯзҳои гарму тоқатфарсои тобистони соли 2013, маро ба Кумитаи телевизиони Тоҷикистон бурд, ки Кумитаи забон низ дар он ҷо қарор дошт (ва то имрӯз ҳам ҳамон ҷост). Баъди сӯҳбати тӯлонӣ дар бобати баъзе дигаргуниҳо доири қоидаи нав, яъне ҳоло дар амалбудаи имлои забони тоҷикӣ ва баъзе ҷиҳатҳои номақбули он, ки мо тоҷикони ӯзбекистониро низ бетараф гузошта наметавонист ва инчунин оиди шахсияти адабиётшинос, мунаққид, робиташиноси маъруф Ҳамроқул Шодиқулов, ки солҳои дароз ҳамсӯҳбатам бо ишон ҳамкор буд, аз қабати дуввум ба рӯи ҳавлӣ баромадам.”

Шарофиддинова дар идома афзудааст: “Онҷо бо марде рӯ ба рӯ омадам, ки шодравон Шодиқуловро мешинохтааст ва барои китоби ёдномаи он кас, ки тартиб додани онро пайгирӣ мекардам, ба дастам варақҳоеро, ки дар онҳо хотироташ “Аллома Сино моро ошно кард” мошиннавис шудааст ва диске бо сабти ин мақолаҳоро дод. Ҳангоми хайру хуш китобҳои худ “Эҷод чист? Эҷодгар кист?”, “Истеъдод лутфи Худовандист” доири худи ӯ, “Ман намурдаам, эй дӯст”-и духтари худаш – Шамсияи шодравонро тӯҳфа дод. Соли равон асарҳои дигари муаллиф “Шаҳри муқаддас”, “Ду бузургмард”, “Ҳандалак ё тамъи духтарак” ва варианти мукаммал гардонидашудаи “Эҷод чист? Эҷодгар кист?” аз дасти худи ӯ ба ман расиданд.”

Ин фаъоли фарҳангии тоҷики Ӯзбекистон дар идома хотирнишон кардааст: “Хонандаи нахустини китобҳои банда чун ҳамеша модари 78-солаи ниҳоят сермутолиаи мананд, ки пас аз мутолиаи китобҳои болоӣ, бо таҳайюр то ин дам дар давоми умри хеш китобҳои беҳисобро хонда, аммо ин хелашро дучор наомадани худро иброз доштанд. Яъне муаллифи он китобҳо дорои 80 китоби ба нашр расида бо тарҷумаҳояш ба 40 забони дунё, 40 филми бадеӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ, соҳиби 12 ҷоизаҳо, аз инҳо 7 ҷоизаи байналхалқӣ, аз ҷумла ду Гран при ва як Ҷоми Лоҷувард, инчунин ордени “Шараф”. Хулоса — аз сермаҳсултарин адибони имрӯзи тоҷик.”

Вай дар поёни ёддошти худ зикр кардааст: “Ин бандаи неку назарафкандаи Худо, яъне Абдурофеъ Рабиъзодаро самимона бо зодрӯз табрик гуфта, барояш умри боқӣ, комронӣ, парвозҳои баланди эҷодӣ ва муҳити мувофиқу иҳотаи дӯстони ҳақиқиро таманно дорем.”

* * *

Абдурофеъ Рабиъ­зода (Шераки Ориён) 7 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1995, шӯъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, соли 1986 Мактаби олии синамогарони Маскавро хатм кардааст. Муддате дар Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва “Тоҷикфилм” адои вазифа кардаааст. Муассис ва сарвари маҳфили адабии “Зарафшон” будааст, ки яке аз доираҳои нерӯманди кишвар эътироф гардидааст.

Шераки Ориён, ки бо ному тахаллусҳои Абдурофеъ Рабиев, А. Рабизода, Рофеъи Рабизод, Дарвеши Бохтарӣ, Сайид Муҳаммади Рофеъ ва ғайра эҷод кардааст, муаллифи 68 китоби банашррасида (58-то ба тоҷикӣ ва 10-то ба русӣ), 40 филми ҳунарӣ буда, навиштаҳояш қариб ба 40 забони мардуми дунё тарҷумаву чоп шудаанд. Филмҳояш дар кишварҳои зиёди олам ба намойиш гузошта, сазовори ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ гардидаанд.

Филмномаҳои ӯ “Марди мутааллиқи ду зан”, “Вақте болои шаҳр борон мерехт”, “Дӯстонро намефурӯшанд”, “Афсонаи зиндагӣ”, “Чор фасли умр” ва ғайра маъруфу машҳуранд. Филмномаҳои “Санги Сипар”, “Амондара ва Сорбон”, “Растагор”, “Чилмеҳроб”, “Хоки пайвандӣ”, “Ғозӣ Ниёз” ва ғайра ба тасвири рӯзгори ибратбахши адибону ҳунармандони кишварамон ихтисос ёфтаанд.

Ҳамчунин, таҳиягар (режиссёр)-и як миқдор филмҳо, монанди “Помпейи Машриқзамин”, “Чакомаи дарахт”, “Асрори тоқиҳои Варорӯд”, “Зиндагиномаи як инсон” ва ғайра мебошад.

Иддае аз нигоштаҳои ӯ ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия (“Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ”), кишварҳои аврупоӣ (“Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ”) ва як қатор мамолики Шарқу Тоҷикистон (“Эҷод чист? Эҷодгар кист?”) ворид шудаанд.

Чанде аз китобҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Русия, монанди “Молодая гвардия”, “Советский писатель”, “Художественная литература”, “Госкино”, маҷаллаҳои “Студенческий меридиан”, “Работница”, “Дружба”, “Советская литература”, “Литературная учёба” ва зиёда аз 30 китоби дастҷамъӣ чоп шудаанд. Бо ордени “Шараф” мукофотонида шудааст. (Манбаъ: сойти Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон)

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Машоҳир

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: