Вақте Тромп покер (карта) бозӣ мекунад, эрониҳо шатранҷ бозӣ мекунанд

Мақолае аз Том Луонгу (Tom Luongo) дар Russia Insider

Дар ҳамаи баҳсу гуфтугӯҳоям дар бораи жеупулитик (геополитика), ҳар замоне ки касе шурӯъ кард эрониҳоро дастае аз хушунатталабон муаррифӣ кунад — нуктае, ки неуконҳо (неоконсервативҳо) ба он исрор доранд — ман ҳамеша ба онҳо ёдоварӣ кардаам, ки эрониҳо қавми порс ҳастанд ва порсҳо буданд, ки шатранҷро ихтироъ карданд.

Омехта кардани Эрон бо арабҳо — ДОЪИШ, Алқоъида ва ғайра – на танҳо нодонӣ, балки бисёр хатарнок аст. Зеро бо ин кор, шумо душмани худро дастикам мегиред. Ва шинохти душман, эй дӯстони азизам, қадами аввал аст барои шикасти ӯ.

Дунолд Тромп беҳтар аст, ки ин масъаларо зуд ёд бигирад, вагарна давлати ӯ бо як хатои ошкор дар сиёсати хориҷӣ шинохта хоҳад шуд.

Дар тӯли охири ҳафта, Эрон боис шуд, ки ҳама бидонанд Иёлоти Муттаҳида хостори мулоқоти сиррӣ байни раисиҷумҳур Тромп ва Ҳасан Руҳонӣ шудааст — дуруст як рӯз баъд аз он ки Тромп яке аз тундтарин ва нодурусттарин суханрониҳои таърихи Созмони Милали Муттаҳидро анҷом дод – ва президент Ҳасани Руҳонӣ ин мулоқотро рад кард.

Ҳафтаи гузашта Рикс Тилерсун, вазири умури хориҷа, тақозои худ барои хуруҷи Сипоҳи Посдорони Эрон аз Ироқро ба таври умумӣ эълом кард, чаро ки ҳоло ҷанг алайҳи ДОЪИШ бо пирӯзӣ ба поён расидааст. Ироқ посухи қатъие ба ин хоста надодааст.

Оё касе мутаваҷҷеҳ шудааст, ки дар бораи ин мавзӯъ, ки Туркия системи дифои мушакии S-400-ро аз Русия харидорӣ кард, чӣ қадр кам сӯҳбат шудааст? Бале, женеролҳои НАТО дар ин бора як ҷору ҷанҷоли мухтасаре бапо карданд, аммо мавзӯи аслӣ, тағйири мавзеи Туркия нисбат ба Вошингтун аст, ки дар бораи он ҳарф зада намешавад.

Сиёсати ифротии “чумоқу ҳавиҷ”-и Иёлоти Муттаҳида дар музокироти байналмилалӣ то кунун ҷавоб надодааст ва ин рӯйкардро ба ҳеч унвон наметавон як пирӯзӣ дар майдони ҷанги жеупулитик дар назар гирифт.

Далели дигаре ҳам вуҷуд дорад. Тромп дар ҳоле ки покер (карта) бозӣ мекунад, мухолифонаш шатранҷ бозӣ мекунанд. Бозии шатранҷ асосан мутафовит аз покер аст. Ба ҳамин далел, Тромп наметавонад аз бозии Путин дар Русия, Ҷин Пин дар Чин ё Руҳонӣ дар Эрон сар дарбиёварад. Онҳо ҳаракоти баъдиро муддатҳо зудтар мебинанд ва дар бораи он тасмим гирифтаанд ва медонанд агар ҳар иттифоқе биуфтад, ҳаракати баъдии онҳо чист; бар хилофи Тромп, ки асосан намедонад ҳаракати баъдиаш чист?!

Суханронии Тромп дар Созмони Милал, як ҳаёҳуи таҳоҷумӣ буд. Эрон аз ин ҳаёҳу натарсид. Зеро, бар хилофи соли 2012, Эрон муттаҳидони бештаре барои раҳоӣ аз инзивои иқтисодӣ дорад, ки Русия ва Чин бузургтарини онҳо ҳастанд. Аммо дар ин миён, як муттаҳиди шигифтангези ҷадид ҳам дорад, ки Иттиҳодияи Урупост. Иттиҳодияи Урупо дар вазъияти иқтисодии баде қарор дорад ва аз тиҷоратҳои ҷадид бо Эрон, ба вежа дар заминаи нафту гоз, истиқбол мекунад.

Русия ва Чин омодагии бештаре барои ҳимоят аз Эрон ва истодагӣ дар баробари зӯргӯиҳои Тромп доранд. Ҳар дуи ин кишварҳо нисбат ба соли 2012, ба маротиб вобастагии камтаре ба дулор доранд. Бисёре аз бонкҳои русӣ ҳамакнун ҳам аз сӯи Иёлоти Муттаҳида таҳрим шудаанд ва тиҷорат бо Эрон барои онҳо ҳазинаи изофаӣ нахоҳад дошт. Чин низ ба роҳатӣ таҳримҳоро нодида мегирад. Ба илова, Тромп дар ҳоле ба Эрон хӯрда мегирад, ки Чин ба оромӣ бо пешниҳоди хариди саҳоми АРАМКО Арабистони Саудиро ба сӯи худ мекашад.

Қатар муттаҳиди ҷадиди дигари Эрон аст, дар ҳоле, ки дунё медонад Иёлоти Муттаҳида, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва Исроил бо ба хидмат гирифтани ваҳҳобиҳои тундрав, боиси вайронии Сурия шуданд. Кушта ва овора шудани милюнҳо нафар аз мардуми Сурия дар ҳоле, ки Урупо ҳозир нест муҳоҷирони ҷадидеро бипазирад, масоиле аст, ки ҷаҳон фаромӯш нахоҳад кард.

Русия ба ин фоҷеаҳо на гуфт. Эрон на гуфт. Чин на гуфт. Ва ҳоло Тромп фикр мекунад метавонад аз тавофуқи ҳастаӣ истифода кунад, то тарафҳои даргирро маҷбур кунад ҷури дигаре фикр кунанд.

Бо дар назар гирифтани ин ки Эрон мулоқот бо Тромпро рад кардааст, онҳо ба ҷаҳон гуфтаанд, ки аз Омрико наметарсанд. Бо суқути “План Б” дар Сурия ва Ироқ — дар эҷоди Курдистони бузургтар – ва ронда шудани ДОЪИШ ба таври комил, Русия контроли мизи музокира ва диплумосиро ба даст гирифтааст.

Чаро бояд дар ин шароит Руҳонӣ мулоқот бо касеро бипазирад, ки дар бораи он чи дар Сурия дар ҳоли вуқӯъ аст дурӯғ мегӯяд?

Тамоми чизҳое, ки дар ин ёдошт гуфтам, мӯҳраҳои шатранҷе ҳастанд, ки барои пирӯзӣ дар ин бозӣ чида шудаанд. Пирӯзӣ дар ин бозӣ, хориҷ шудани беш аз пеши Иёлоти Муттаҳида аз музокирот ва итминон аз ҳазфи нерӯҳои ин кишвар дар минтақа аст. Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида маҷбур ба тарки минтақа мешаванд, нерӯҳои миллии Сурия контроли кишварро дар даст хоҳанд дошт ва Русия пулиси Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос мешавад.

Ин чизе аст, ки иттиҳоди Русия, Чин ва Эрон мехоҳад, ва дар ҳоли ҳозир дар мавқеияте аст, ки онро ба даст овардааст.

Суханронии Тромп дар Созмони Милал он қадр яктарафа буд, ки Эрон маҷбур шуд билофосила нисбат ба он вокуниш нишон диҳад. Аммо чунин вокунише ба ин маъно набуд, ки Руҳонӣ бихоҳад ё маҷбур бошад, ки телефонҳои Тромпро посух диҳад. Он чи бештару бештар аз ин суханронӣ бармеомад, шиддати ноумедии исроилиҳост, ки Тромпро маҷбур кардаанд, то чунин мавзеи аҳмақонаи сиёсиро иттихоз кунад. Иёлоти Муттаҳида эътибори худро дар Ховари Миёна аз даст додааст. Эрон ҳама чизро ба хубӣ мушоҳида кардааст ва ҳоло фурсати пирӯзиро дорад. Кешу мот.

Russia Insider

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: