Сабабҳои гароиш ба материализм (8)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Мафҳуми офариниш

Аз ҷумлаи сардаргумиҳои ғарбӣ аз ноҳияи фалсафӣ, ки ба масъалаи иллият марбут мешавад, таҳлил ва баррасии офариниш аст. Офариниш ё хилқат яъне чӣ? Оё офариниш ба маънии ин аст, ки офаринанда маъдумеро мавҷуд мекунад, ё ба маънии ин аст, ки мавҷудеро мавҷуд мекунад? Ҳеч кадом аз инҳо мафҳуми маъқуле надорад ва шиққи севвуме ҳам фарз намешавад.

Ба иборати дигар, он чӣ ба василаи як нерӯ офарида мешавад ё мавҷуд аст ё маъдум. Агар мавҷуд аст, офариниши ӯ, аз қабили таҳсили ҳосил аст, зеро мавҷудро эҷод кардан ба маънии ин аст, ки чизеро, ки як шайъ дорои он аст, ба ӯ бидиҳем, мисли ин ки масалан хатти ростро рост кунем. Ва агар маъдум аст, офариниши ӯ аз навъи таҳаққуқ бахшидан ба таноқуз аст; зеро маъдумро мавҷуд кардан яъне адамро табдил ба вуҷуд кардан, ва табаддули адам ба вуҷуд яъне ин ки адам вуҷуд, ва нестӣ ҳастӣ бишавад, ва ин таноқуз аст. Пас, офариниш ё табдили вуҷуд ба вуҷуд аст ва ё табдили адам ба вуҷуд. Аввалӣ таҳсили ҳосил аст ва дуввумӣ таноқуз, ва ҳар ду маҳол аст.

Ин аст шубҳаи маъруфе, ки дар ин замина ҳаст. Дар миёни уламои исломӣ, он ки беҳтар аз ҳама ин шубҳаро парвариш дода Имом Фахруддини Розӣ аст.

Ҳукамои исломӣ ҳисоби мустақилле барои ин масъала боз кардаанд, ки ба “масъалаи ҷаъл” маъруф аст ва таҳлили олӣ ва дақиқ дар мафҳуми иллият, офариниш ва амсоли инҳо ба амал овардаанд ва ин шубҳаро решакан кардаанд.

Аввалан, нишон додаанд, ки агар ин истидлол саҳеҳ бошад, ба таври куллӣ иллиятро якҷо бояд канор гузошт, аъамм аз иллияти табиӣ яъне таҳрик ва табдили чизе ба чизи дигар, ва ё иллияти илоҳӣ яъне эҷод ва офариниш.

Сониян, муҳаққақ сохтаанд, ки ду навъ иллият ва ду навъ “ҷаъл” мутасаввар аст: яке, ҷаъли басит ва дигар, ҷаъли мураккаб. Ҳамаи он таваҳҳумот аз инҷо пайдо шуда, ки ҳамаи ҷаълҳо ва иллиятҳоро аз навъи ҷаъл ва иллияти мураккаб пиндоштаанд. Мо дар инҷо дар садади таҳқиқи он масъала, ки доманаи васеъе дорад нестем, ва агар ворид бишавем ва ҳамаи ҷавониби масъаларо тарҳ кунем, матлаб ба дарозо хоҳад кашид. Дар инҷо танҳо дар садади нишон додани иллатҳои гароиш ба моддигарӣ аз назари норасоиҳои фалсафӣ дар Ғарб ҳастем ва ночор он андоза ин матлабро тарҳ мекунем, ки решае аз ин гароишҳоро ироа диҳем.

Яке аз он решаҳо ҳал нашудани мафҳуми офариниш, ва ба иборати дигар, таҳлили дақиқ нашудани мафҳуми иллият аст, ки дар фалсафаи исломӣ дар мабҳаси маъруфи “ҷаъл” ба амал омадааст.

Дар инҷо ба ин муносибат муҷаддадан ибороте аз Росел ба унвони як файласуфи моддии Ғарб нақл мекунем. Бертронд Росел дар китоби собиқуззикр дар фасли номбурдашуда баҳсеро таҳти унвони “Худои офаридгор” тарҳ кардааст. Дар онҷо назарияи маъруфи физики ҷадидро матраҳ кардааст мабнӣ бар ин ки ҷаҳон рӯ ба таҳлил (завб шудан) ва коҳиш меравад, пас, далел бар ин аст, ки ҷаҳон поён дорад. Ва ин, ба навбаи худ, далел бар ин аст, ки ҷаҳон нуқтаи оғозе аз назари замон дорад, зеро он чӣ оғоз надорад поён надорад, ва он чӣ поён дорад ҳатман оғоз дорад. Вале мумкин аст чизе оғоз дошта бошад ва поённопазир ҳам бошад. Аз инҷо натиҷа гирифта шуда, ки пас, ҷаҳон ба василаи як нерӯ офарида шудааст, пас назарияи моддигароён ботил аст.

Росел дар мақоми баёни ин матлаб, ки назарияи ҷадид таъйиде бар назарияи илоҳиюн нест, мегӯяд:

Яке аз ҷиддитарин мушкилоте, ки дар асри ҳозир бо илм рӯ ба рӯст, аз ин ҳақиқат ношӣ мешавад, ки ҷаҳон зоҳиран рӯ ба таҳлил (завб шудан) меравад. Ба унвони намуна метавон аз аносури радиоактив ном бурд. Ин гуна аносур ба таври мудовим ба аносури соддатаре таҷзия мешаванд ва ҳанӯз феълу инфиъоле, ки дар ҷиҳати акси он барои аз нав ба вуҷуд овардани унсури мураккаб сурат бигирад, шинохта нашудааст. Албатта, ин нукта муҳимтарин ва мушкилтарин ҷанбаи таҳлил рафтани ҷаҳон нест, зеро агарчӣ мо феълу инфиъоли дигаре дар табиат суроғ надорем, ки ҷараёни акси ин феълу инфиъолро нишон диҳад, бо ин ҳол, метавонем вуҷуди чунон феълу инфиъолотеро тасаввур бикунем ва мумкин низ ҳаст, ки дар нуқтаи дигаре аз ҷаҳон ҳамчу амале сурат бигирад. Вале ҳангоме, ки ба қонуни дуввуми термодинамик мерасем, бо мушкили асоситаре рӯбарӯ мешавем. Дар ҳолати куллӣ, қонуни дуввуми термодинамик мегӯяд, ки агар ашёи ҷаҳон ба ҳоли худ гузошта шаванд, ба беназмӣ мегароянд ва ҳеч вақт сомони нахустини худро бознамеёбанд. Аз инҷо чунин ба назар мерасад, ки рӯзе ҳамаи ҷаҳон вазъи комилан мураттабе дошта ва ҳар чизи он дар маҳалли муносиби худ буда, аз он вақт то кунун беназмӣ ҳарчӣ бештар шуда то ҷое, ки имрӯз ҳеч амале магар як такони бисёр қавӣ наметавонад назми нахустинро бозгардонад.” (Росел, Ҷаҳонбинии илмӣ, тарҷумаи Ҳасан Мансур, с.92-93)

Росел пас аз тавзеҳоте дар ин замина чунин ба сухани худ идома медиҳад:

Ҳар андоза, ки дар замони ҳастии олам ба ақиб сафар кунем, пас аз солҳои маҳдуде, мерасем ба марҳилае, ки — дар сурати сиҳҳати қонуни дуввуми термодинамик — пеш аз он ҷаҳоне вуҷуд надоштааст, ва ин иборат аз ҳамон ҳолати аввалия аст, ки тавзеъи энержӣ нобаробартарин вазъи мумкинро доро будааст.” (Ҳамон манбаъ, с.94)

Он гоҳ ба нақли сухани Эддингтон ва тардиду таҳайюри ӯ дар ин ки дар ниҳояти амр чӣ назарияеро бояд интихоб кард мепардозад. Эддингтон мегӯяд:

Мушкили вуҷуди як гузаштаи номутаноҳӣ, мушкили ҳавлноке аст. Ин қобили фаҳм нест, ки мо ворисони замони муқаддимотии номаҳдуде бошем ва ин масъала низ, ки лаҳзае вуҷуд дошта, ки пеш аз он лаҳзаи дигаре набудааст, худ камтар аз он номафҳум нест.” (Ҳамон манбаъ, с.94)

Худи Росел дар ниҳояти амр инчунин изҳори назар мекунад:

Ё бояд қонуни дуввуми термодинамик дар ҳар замон ва макон сидқ накунад ва ё ин ки мо бояд дар маҳдуд ангоштани ҷаҳони ҳастӣ аз лиҳози маконӣ иштибоҳ карда бошем. Аммо то рӯзе, ки ин гуна истидлолот ривоҷ доранд, ман тарҷеҳ медиҳам ба таври муваққат бипазирем, ки ҷаҳон дар замоне мутаноҳӣ, вале номаълум оғоз ёфтааст. Оё аз инҷо метавонем истинбот кунем, ки ҷаҳон ба дасти офаринандае халқ шудааст? Дар сурати тавассул ба қавонини ношӣ аз равиши истинботи муваҷҷаҳи илмӣ, посух мутмаиннан манфӣ аст. Далеле вуҷуд надорад, ки ҷаҳон дафъатан эҷод нашуда бошад, ҷуз ин ки ин амр ба назар аҷиб менамояд. Аммо дар табиат, ҳеч қонуне вуҷуд надорад долл бар ин ки чизҳое, ки ба назари мо аҷиб бошанд, набояд рӯй бидиҳанд. Истинботи мо аз холиқ мутародиф аст бо истинботи як “иллат”, ва истинботҳои иллӣ дар ҳавзаи илм фақат замоне муҷоз ҳастанд, ки аз қавонини иллӣ оғоз шуда бошанд. Хилқат аз адам чизе аст, ки ба таҷриба мумтанеъ аст. Аз ин рӯ тасаввури ин ки ҷаҳон ба дасти холиқе офарида шудааст, ба ҳеч ваҷҳ мантиқитар аз ин фарз нест, ки ҷаҳон бидуни иллат эҷод шуда бошад, зеро ин ҳар ду, қавонини иллиеро, ки мо қодир ба мушоҳидаашон ҳастем, бо як қувва нақз мекунад.” (Ҳамон манбаъ, с.96 ва 97)

Он чӣ нақл шуд шомили ду бахш аст:

1) Яке марбут ба физики ҷадид аст, ва изҳори назар дар бораи он дар салоҳияти илми илоҳӣ нест. Аз назари илми илоҳӣ, хилқат ва офариниш наметавонад маҳдуд бошад ва аз назари замонӣ нуқтаи оғозе дошта бошад, камо ин ки наметавонад дар як ҳадди муайян мутаваққиф гардад. Файзи илоҳӣ, чӣ аз назари оғоз ва чӣ аз назари анҷом, лоянқатеъ ва номутаноҳӣ аст. Ҷаҳони кунунӣ ба шакле, ки физик тасаввур мекунад, метавонад як ҳалқа аз ҳалақоти файзи илоҳӣ бошад, ки ба якдигар муттасил ва муртабитанд, аммо наметавонад ҳалқаи мунҳасир ба фард бошад. Аз назари илми илоҳӣ, маънии ин ки ҷаҳон дар замоне мутаноҳӣ оғоз ёфтааст, ин аст, ки ин қитъа аз хилқат нуқтаи оғозе дорад, на ин ки хилқат ва офариниш дар замони мутаноҳӣ оғоз ёфтааст.

2) Бахши дуввум марбут аст ба изҳори назарҳои “файласуфонаи” ин файласуфи қарни 20-ум. Ҳадафи аслии мо аз нақли калимоти Росел, ин бахш аст. Эшон дар ҳоли ҳозир, ки физики ҷадид назарияи таҳлил ва коҳиши тадриҷии ҷаҳонро таъйид мекунад, тарҷеҳ медиҳанд, ки бипазиранд ҷаҳон дар замоне мутаноҳӣ, вале номаълум оғоз ёфтааст, вале акнун, ки иҷборан бояд пазируфт ҷаҳон дар замоне мутаноҳӣ оғоз ёфтааст, дар инҷо ду фарзия вуҷуд дорад:

1) Яке ин ки ҷаҳон дар лаҳзаи оғоз ба дасти холиқе офарида шуда бошад;

2) Дигар ин ки дар он лаҳза худ ба худ ва бидуни дахолати ҳеч омиле ҳастии ҷаҳон оғоз шуда бошад.

Эшон муддаӣ ҳастанд, аз назари қавонини иллӣ ҳеч тарҷеҳе миёни ин ду фарзия нест; ҳар ду фарзия қавонини иллиро яксон нақз мекунанд. Ҳамон тавр, ки пайдоиши худ ба худи ҷаҳон бар хилофи қавонини иллист, пайдоиши ҷаҳон ба василаи як нерӯи офаринанда низ бар хилофи қавонини иллист; зеро қавонини иллӣ, ки мо қодир ба мушоҳидаи он ҳастем, истинтоҷҳоеро аз роҳи иллият муҷоз мешуморад, ки аз қавонини иллӣ оғоз шуда бошад. Яъне иллият ва маълулиятеро ба расмият мешиносад, ки худи иллат низ ба навбаи худ маълули иллати дигаре бошад, аммо агар иллият ва маълулияте фарз шавад, ки иллат ба навбаи худ маълул набошад, бар хилофи асли иллият аст, ки дар ҳавзаи илм мӯътабар ба шумор меравад.

Агар иллият ва маълулияте фарз шавад, ки иллат ба навбаи худ маълули иллати дигаре набошад, мусталзими ин аст, ки хилқат аз адам сурат гирифта бошад ва хилқат аз адам чизе аст, ки ба таҷриба мумтанеъ аст.

Аввалан, оқои Росел мепиндорад, ки қонуни иллият аз навъи машҳудот ва маҳсусот аст. Таваҷҷӯҳ накарда ва ё нахостааст таваҷҷӯҳ кунад, ки иллият ва маълулият маҳсус нест. Он чӣ маҳсус аст пайдарпаӣ ва таъоқуби ҳаводис аст, на иллият ва маълулияти онҳо, ва на қавонини куллии иллӣ ва маълулӣ, балки пайдарпаӣ ва таъоқуб низ маҳсус нест, маъқул ва интизоъӣ аст.

Сониян, мегӯяд, қонуни иллату маълул иллият ва маълулиятеро таъйид мекунад, ки иллат низ ба навбаи худ маълули иллати дигаре бошад ва фарзи иллият ва маълулияте, ки иллат маълули иллати дигар набошад, бар хилофи қонуни иллият ва маълулият аст.

Мепурсем, чаро? Фаразан мо қонуни иллиятро як қонуни таҷрибӣ бидонем, дар куҷои ин қонун чунин маҳдудияте ва тақйиде ҳаст? Магар тасаввури мо аз иллият ва маълулият ҷуз ин аст, ки ҳар падидае ниёзманд ба омиле аст, ки ӯро ба вуҷуд оварда бошад? Аммо ин ки худи омили мазбур низ бояд падидае бошад, ки ба ёрии омили дигар ба вуҷуд омада бошад ва он омил низ ба навбаи худ ҳамин тавр то бе ниҳоят, аз кадом таҷриба ба даст омадааст?

Солисан, хилқат аз адам ба таҷриба мумтанеъ аст яъне чӣ? Магар зарурат ва имтиноъ ҷузъи умури таҷрибӣ ҳастанд? Оё имтиноъ ё зарурат як падида ва як ҳолати моддӣ аст, ки қобили таҷриба ва эҳсос бошад? Ҳаддиаксар ин аст, ки то кунун хилқат аз адам мушоҳида нашуда бошад, аммо ин ки имтиноъаш бо таҷриба собит шуда бошад яъне чӣ?

Робеъан, чӣ фарқе ҳаст миёни иллият ва маълулияте, ки иллат худ маълули иллати дигаре бошад, бо иллият ва маълулияте, ки иллат маълули иллати дигаре набошад, ки аввалӣ хилқат аз адам нест ва дуввумӣ хилқат аз адам аст? Дар ҳар ду маврид, вуҷуде вобаста ба вуҷуди дигар ва ношӣ аз вуҷуди дигар аст. Агар хилқат аз адам сурат гирифта, дар ҳар ду ҳолат сурат гирифта, ва агар сурат нагирифта, дар ҳеч ҳол сурат нагирифтааст.

Хомисан, тибқи гуфтаи ин файласуф, физики ҷадид ба ҳар ҳол қонуни иллиятро нақзшуда эълом кардааст, зеро ин физик илзом мекунад, ки барои ҷаҳон нуқтаи оғоз қоил шавем ва ду фарз ҳам бештар барои оғози ҷаҳон вуҷуд надорад ва ҳар ду фарз ҳам ба як қувва, қонуни иллиятро нақз мекунанд.

Пас бояд бипазирем тамоми истинботҳои мо дар бораи табиат ва ҷаҳон нақши бар об аст, зеро қаблан худи ҷаноби Росел пазируфт, ки ҳамаи истинботи мо аз ҷараёни табиат, бар асли иллият устувор аст, ва агар табиат таҳти лагоми қонун набошад, маҷмӯи чунин истинботе нақши бар об хоҳад буд.

Табиати ҳастӣ ё маҳкуми қонуни иллият ҳаст ва ё нест. Агар ҳаст, пайдоишаш ҳам бояд тобеъи қонуни иллият бошад. Ва агар нест, имкон надорад, ки табиат бе лагом падид омада ва баъд ин лагом ба даҳанаш зада шавад.

Мо дар инҷо сухани Роселро ба худаш бармегардонем. Вай мегӯяд:

Шояд асли иллият раво ё нораво бошад, вале касе, ки фарзи норавоии онро меписандад, аз фаҳми натоиҷи мутараттиб бар назарияи хеш нотавон аст. Ин шахс маъмулан он даста аз қавонини иллиятро, ки мавриди писанди худ меёбад, аз таъарруз масун мепиндорад. Масалан, шак намекунад, ки хӯроке, ки майл мекунад, мӯҷиби серӣ ва рушди ӯ хоҳад шуд, ё то вақте, ки ваҷҳи кофӣ дар ҳисоби бонкии худ дорад, чекҳояш қобили пардохт хоҳад буд, лекин дар ҳамон ҳол, қавонини дигареро, ки мухолифи майли худ мебинад, мавриди эътироз қарор медиҳад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳолот, равияи мазбурро рӯиҳамрафта беш аз ҳадд соддалавҳона меёбем.” (Ҳамон манбаъ, с.87 ва 88)

Ба назар мерасад, ин ҷумлаҳо дар бораи худи оқои Росел беш аз ҳама содиқ аст.

Он чӣ мо дар бораи оқои Росел дар заминаи масъалаи Худо мебинем ин нест, ки мантиқ ва истидлол эшонро ба бехудоӣ кашондааст; танҳо навъе бемайлӣ, балки таъассуби манфӣ дар эшон эҳсос мекунем. Аммо ин ки маншаи бемайлӣ чист, ниёзманд ба равонковии муфассале аз эшон аст. Дар ин равонковӣ, аз илоҳиёт ва маълумоти мовароуттабиие, ки Росел дар оғози кӯдакӣ аз модарбузурги худ омӯхта ва мукаррар дар калимоти худ аз онҳо ёд мекунад, набояд ғофил монд.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: