Sputnik: “Фирори фармондеҳони ДОЪИШ аз Сурия бо болгардҳои омрикоӣ”

Хабаргузории русии Sputnik навишт: “Болгардҳои омрикоӣ ду ҳафта пеш аз амалиёти низомии артиши Сурия ва озодсозии Дейраззур аз контроли ДОЪИШ, саркардагони хориҷии ин гурӯҳи теруристиро ба нуқтаи дигаре мунтақил карданд.”

Шаҳри Маёдин дар ҷануби шарқи устони Дейраззури Сурия ҳудуди 20 рӯз пеш аз сӯи нерӯҳои артиши Сурия аз ишғоли гурӯҳи теруристии ДОЪИШ озод шуд. Sputnik рӯзи сешанбе (07.11.2017) ба нақл аз як нафар аз сокинони ин шаҳр ба номи Муҳаммад Аввод навишт: “Ҳавопаймоҳои омрикоӣ пеш аз оғози амалиёти артиши Сурия дар Маёдин, чанд ҳамлаи ҳавоӣ ба минтақа анҷом доданд.”

Вай афзуд: “Талош кардем барои амон мондан аз ҳамалоти Омрико паноҳ бигирем ва дар ин ҳангом чанд нафар аз фармондеҳони хориҷии ДОЪИШ дар нуқтае дар наздики мақарри ин гурӯҳ ҷамъ шуда ва бо болгардҳои омрикоӣ аз Маёдин ба минтақаи дигаре мунтақил шуданд.”

Муҳаммад Авводи 79-сола мегӯяд, болгардҳои омрикоиро дар рустои Уммулайн ҳам дида, ки афродеро бо худ мунтақил кардаанд.

Вай хотирнишон кард, чанде пеш низ болгардҳои омрикоӣ пас аз бомбборони рустои Букурса чанд саркардаи ДОЪИШ-ро бо худ бурданд ва пас аз он бомбборон мутаваққиф шуд.

Як нафари дигар аз сокинони Маёдин ба Sputnik гуфтааст: “Худравҳои омрикоӣ дар ибтидо ду тан аз саркардагони ДОЪИШ-ро аз Маёдин ба ситоди ин гурӯҳ дар киштзори Ҳайдар мунтақил карда ва аз онҷо ин афрод бо болгард ба мақсади номаълуме интиқол ёфтанд.”

Шавоҳиди инкорнопазир аз ҳимояти Омрико аз теруристҳои ДОЪИШ, ки худ ба вуҷудоварандаи он ҳастанд, дар даст аст, ки иддаоҳои Вошингтун барои мубориза бо ин гурӯҳи теруристиро рад мекунад.

Бар асоси ин гузориш, артиши Сурия чанде пеш аз кашфи анбори бузурги таслиҳоти ДОЪИШ сохти Омрико ва Исроил дар шаҳри озодшудаи Маёдин хабар дод.

Ин расона дар ин гузориш аз шаҳри Маёдин эълом кард: “Анбори бузурги таслиҳот ва таҷҳизоти ҷангии ДОЪИШ бо морки омрикоӣ ва исроилӣ дар яке аз ноҳияҳои Маёдин шиносоӣ шуд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: