Чаро аз Зариф даъват ба амал омад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дирӯз (8 ноябр), бо як даъвати расмии ҳукумати Тоҷикистон, сафаре ба кишвари мо анҷом дод ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва низ ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов дидор ва гуфтугӯ ба амал овард. Бино ба гузориши хабаргузории Исно, дидор ва гуфтугӯи Зариф бо Раҳмон, ба муддати ду соат ба тӯл анҷомидааст.

Дар ин навиштор, роҷеъ ба ин ки дар ин дидору гуфтугӯҳо чӣ мавзӯъҳое байни Зариф ва мақомоти тоҷик радду бадал шуда намепардозам, зеро ҳанӯз аз муҳтавои ин гуфтугӯҳо дар ҳеч расонае, на эронӣ ва на тоҷикӣ ва на русӣ, чизе дарз нашуда ва шояд дар рӯзҳои оянда маълум гардад. Ва ин ҳам, ки дар расонаҳои расмӣ омадааст, ки: “дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ карда шуд ва ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд”, ин қабил ҳарфҳо ҳарфҳои рутин ҳастанд (яъне ҳарфҳое, ки ба таври маъмул ва мукаррар анҷом мешаванд) ва расонаҳо, ба хусус расонаҳои расмӣ, ҳар дидор ва мулоқотеро, ҳатто бар фарз агар аз Миррих ҳам ҳайате ташриф биёварад, ин гуна гузориш мекунанд.

Балки дар ин ҷустор, дар бораи асли масъала, яъне асли далели даъвати ҳукумати Тоҷикистон аз Зариф ва ин ки чаро баъд аз он ҳама “пардадариҳо” аз як мақоми эронӣ ба Тоҷикистон даъват мешавад, баҳс ба амал хоҳам овард. Баҳси худро зимни баёни чанд нукта пешкаши хонандаи азизи тоҷик мекунам:

* * *

1) Як ҳукумати оқил, дар таъомул ва равобиташ бо соири кишварҳо, ҳамеша “хатти қирмизҳо”-ро риоят мекунад ва ҳаргиз — ҳатто дар бадтарин шароит — аз он “хаттҳо” убур намекунад ва ҳамеша равзанаҳое барои “рӯзи мабодо” боқӣ мегузорад. Зеро дар олами сиёсат, дӯстӣ ва душманиҳо ҳамешагӣ нестанд. Чи басо дирӯз бо кишваре равобити сарде доштӣ ва имрӯз масолеҳ ва манофеи ту иқтизо карда равобитат бо ин кишвар хуб бошад. Ва акси ин ҳам содиқ аст, яъне шояд имрӯз бо як кишвар равобити ту бисёр самимӣ аст, вале фардо эҳтимол дорад, ба далоиле, ин равобит ба сардӣ гарояд, аз ин рӯ, набояд ин “самимият”-ро абадӣ бипиндорӣ ва сирру асрору буду набуди худро барояш макшуф созӣ.

Ин қоида ҳатто дар сатҳи фардӣ ҳам бояд риоят шавад. Одами оқил касе аст, ки на дар дӯстиҳояш ифрот мекунад ва на дар душманиҳояш. Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) – дар ривояте, ки Тирмизӣ нақл кардааст – фармоянд:

أحبب حبيبك هوناما عسى أن يكون بغيضك يوماما، وأبغض بغيضك هوناما عسى أن يكون خبيبك يوماما

Фарде, ки мавриди алоқаи туст ва бо ӯ робитаи дӯстӣ дорӣ, дар самимият бо вай, зиёдаравӣ макун; зеро чи басо рӯзе душманат гардад. Ва ҳамчунин, шахсе, ки феълан бо ту душман аст ва робитаи сарде миёни шумо барқарор аст, ҳаргиз дар душманӣ бо вай, зиёдаравӣ макун, ки чи басо рӯзе дӯстат гардад.”

Ба сухани дигар, агар бо як нафар дӯст ҳастӣ ва равобити шумо самимӣ аст, саъй кун ҳамаи асрори худро барои вай ифшо макунӣ, балки ҳамеша як ҳадди муайянро дар ин дӯстӣ нигаҳ дорӣ, зеро аз куҷо маълум аст, ки рӯзе ин одам душманат гардад?! Ва ҳамчунин, агар бо касе феълан робитаат сард аст — ба ин далел, ки ё дар сиёсат бо ту мухолиф аст ва ё дар ақида ва ё фикре бо ҳам ихтилофи назар доред — дар душманӣ бо вай, ҳаргиз зиёдаравӣ макун ва ба истилоҳ, “хутути қирмиз”-ро риоят намо ва пардадарӣ макун, вагарна вақте рӯзе бо ту дӯст шавад, он вақт шармандаи ӯ хоҳӣ шуд.

* * *

2) Мутаассифона, ҳукумати феълии Тоҷикистон, бо ин ки 25 сол аст зимоми умури кишварро дар ихтиёр дорад, ҳамвора дар равобиташ бо кишварҳо ифроту тафрит кардааст. Агар бо кишваре робитааш сард гардад, ҳеч “хатти қирмизе” намешиносад. Масалан, замоне ки бо Ӯзбекистони ҳамсоя мушкил дошт, душманиро то ба ҳадди аълояш боло бурд ва ин эҳтимолро намедод, ки рӯзе ин сардӣ ба истилоҳ, об хоҳад шуд! Албатта, паёмадҳои вахими он мавзеъгириҳои нобихрадона ҳамеша домангири шаҳрвандони оддӣ шудааст, ки то ҳоло мечашанд; аз бастани марзҳо ва мингузории онҳо ва садҳо мушкили дигар…

Ва ё як намунаи дигар: вақте бо Созмони амният ва ҳамкории Урупо (САҲА) – ҳамин яке ду моҳ пеш – мушкил пайдо шуд, ҳукумати Тоҷикистон ин созмонро ошкоро таҳдид ба бастани дафтараш дар Душанбе намуд, албатта пеш аз он, фаъолияти ин созмонро маҳдуд карда буд. Баъд, вақте дид касе ба ин ҳушдорҳо ва таҳдидҳои тухолӣ аҳаммият намедиҳад, зуд аз тасмимаш баргашт. Ва тоза, ҳамин чанд рӯз пеш, Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагоне аз порлумони Иттиҳодияи Урупо дидор карда ва изҳор дошт, ки: “Тоҷикистон манфиатдор аст робитаҳояшро бо Парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешбурди зина ба зинаи ислоҳоти демократӣ минбаъд ҳам густариш диҳад…”

Хуб, агар чунин ҳадафе доштаед, пас чаро аввал таҳдидаш мекунед ва сипас пушаймон мешавед ва он гоҳ ҳарфе тамоман дигар мезанед?! Оё фикр намекунед, бо ин мавзеъгириҳои нобихрадона, эътибор ва имиҷи кишвар ва худатонро дар ҷаҳон пойин меоваред?! Ё эътибор ва имиҷи кишвар, бароятон аҳаммияте надорад?! Фикр намекунед, ки аз ин ба баъд, ҳеч кишваре на таҳдиду ҳушдорҳои шуморо ҷиддӣ хоҳад гирифт ва на ба самимияти шумо бовар хоҳад кард?!

* * *

3) Дар робита бо таъомул бо Эрон низ, қазия аз ҳамин қарор аст. Замоне ки ҲНИТ-ро бастед ва “теруруст” ва “экстримист”-аш эълон кардед ва раҳбаронашро ба зиндон андохтед ва фаъолони боқимондаи ин ҳизбро водор ба тарки миҳан намудед, шурӯъ кардед ба душманӣ бо Эрон ба ин баҳона, ки ҳомӣ ва пуштибони ҲНИТ будааст ва дар душманӣ бо ин кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг, чунон ифрот ва зиёдаравӣ кардед, ки дар таърихи Тоҷикистон пас аз истиқлол, собиқа надошт. Аввал, дафтарҳои фарҳангӣ ва тиҷории ин кишварро бастед, сипас туҷҷори эронии машғул ба фаъолият дар Тоҷикистонро водор кардед кишварро тарк бикунанд. Ва бадтар аз ҳама, он филми масхараро ба сурати бисёр густарда дар расонаҳо — давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва бо забонҳои мухталифи дунё — пахш намудед, ва ҳамчунин ҳамарӯза дар расонаҳои вобаста ба давлат, мақолот ва матолиби хасмона алайҳи Эрон мунташир кардед ва ҳанӯз ҳам мекунед. Хуб, ҳини ин душманиҳо, оё фикри ин ҷояшро ҳам карда будед, ки як рӯз маҷбур мешавед аз раисиҷумҳури ин кишвар ва ё вазири хориҷааш даъват ба амал оваред ва бо вай биншинед ва гуфтугӯ кунед?! Фикри инро мекардед ё на?!

Ҳол, оё медонед, маънои даъвати имрӯзи шумо аз Зариф ва дидору гуфтугӯ бо вай, пас аз ин ҳама пардадариҳо чист? Маънояш ин аст, ки шумо бо забони ҳол, хитоб ба онҳо гуфтаед: бибахшед, мо ғалат кардем! Оё ҷуз ин маъноро дорад?! На дӯстиҳоятон мӯътадил аст ва на душманиҳоятон ҷиддӣ. Ин ки “сиёсат падару модар намешиносад” (ки албатта ин ҳарф ғалат аст) қабул, аммо на ба ин ҳадд аз ҳамоқат ва пуррӯӣ.

Дар ҳамон рӯзҳои аввали шурӯъи ин душманиҳои аҳмақона, банда дар як ёддошт ва як барномаи видеоӣ ёдовар шуда будам, ки мақомоти эронӣ ҳаргиз аксуламале ба ин кунишҳо нишон нахоҳанд дод, зеро онҳо ҳаргиз ва дар ҳеч шароите, хоҳони сардии равобит бо Тоҷикистон, ки нигоҳи вежае ба он доранд нестанд. Ва ба илова, бо қатъи робита бо Тоҷикистон, оё чизе барои аз даст додан доранд? Баръакс, тамоми ин иқдомоти нобихрадонаи шумо ба зарару зиёни кишвар ва мардуми мо меанҷомад. Зеро вақте дафотири тиҷории ин кишварро бастед ва туҷҷорашро маҷбур ба тарки Тоҷикистон намудед, хуб, чӣ оиди шумо шуд? Оё ин кишвар зарару зиёне дид? Бештари он тоҷирҳо рафтанд ба Қирғизистон ё Қазоқистон ва Ӯзбекистон ва ба ҷойи он ки сармояи худро ба Тоҷикистон бирезанд, ба ин кишварҳо мерезанд ва судаш ҳам ба мардуми онҳо мерасад.

Албатта, боз ҳам ҷойи шукр дорад, ки вақте аз вазири хориҷааш даъват кардед, бо камоли хунсардӣ ва бо тамоми гушодагӣ даъвати шуморо пазируфт ва чизе ба рухатон накашид ва балки бо лабханди ҳамешагиаш, ки хосси ӯст, бо шумо дидор ва гуфтугӯ кард ва дастатонро фишурд. Баъд аз он ганде, ки коштед, оё наметавонист посухи манфӣ бидиҳад? Метавонист. Аммо ин кишвар чунин накард. Ва мутмаин ҳастам, ҳатто ба гилояҳоятон низ хуб гӯш фаро додааст. Дар аксе, ки аз дидори Зариф бо Аслов дар расонаҳо мунташир шуд, дида мешавад дар ин дидор ҷаноби Ятимов ва ба назарам додситони кишвар агар иштибоҳ накарда бошам низ ҳузур доштанд. Намедонам, ҳикмати ҳузури раиси амнияти кишвар дар канори вазири хориҷаи Тоҷикистон чист, вале эҳтимол медиҳам ӯ барои мутақоъид кардани Зариф ба ин, ки ҲНИТ масалан теруристӣ аст ва монеъи равобити ҳасанаи ду кишвар аст ва ғайра… онҷо ҳузур пайдо карда. Ба ҳар сурат, хулосаи ҳарфам ин аст, ки оқил коре намекунад, ки баъд пушаймон шавад.

Роқими сутур дар инҷо, аз Эрон ба унвони намуна зикр кардаам, вагарна чунин таъомул ва бархӯрди носанҷида ва мубтанӣ бар манофеи шахсӣ ва ё гурӯҳӣ, на танҳо бо Эрон, балки бо ҳар кишваре бемаънист ва зарару зиёнаш домангири мардумони оддӣ хоҳад шуд. Бале, агар кишвари мо як кишвари абарқудрат ва ё лоақал нимаабарқудрат мебуд, он вақт мешуд ин гуна иқдомотро тавҷеҳ кард. (Албатта ҳатто дар ин сурат ҳам қобили тавҷеҳ нестанд.) Аммо кишвари мо, бо вуҷуди таърихи куҳан ва фарҳанги воло ва мардумоне решадор доштан, вале воқеияти имрӯз ҳукм мекунад поямонро ба андозаи гилеми худамон дароз кунем, бозичаи дасти баъзе аз кишварҳо, ки Эронро рақиб ва душмани минтақаии худ медонад ва ҳозир аст дар ин росто ҳатто бо шайтон ҳамкорӣ кунад, то битавонад зарбае ба Эрон бизанад, нашавем. Қарор нест Тоҷикистон бо ҳеч кишваре, ба хусус кишварҳои ҳамсоя ва таъсиргузори ҷаҳон, аз сари душманӣ вориди таъомул шавад. Ин мантиқӣ нест.

* * *

4) Масъалаи муҳим, масъалаи ҲНИТ аст. Зеро, тамоми “душманиҳои” ахири ҳукумати Тоҷикистон бо Эрон, ношӣ аз ин аст, ки гумон мекунад, Эрон ҳомӣ ва пуштибони ин ҳизб аст, ки агар даст аз ин ҳимоят бардорад, дигар ҳама чиз ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Фикр мекунед, масъала ба ҳамин соддагиҳост?! Яъне, агар Эрон даст аз ҳимояти ҲНИТ бардорад – албатта бино бар пиндори шумо, ки фикр мекунед ҳимоят мекардааст – оё ҳама чиз сари ҷояш хоҳад нишаст ва “музоҳиме” ба номи ҲНИТ аз сари роҳатон бардошта хоҳад шуд?! Чӣ пиндори хом!

Асосан, иштибоҳи шумо дақиқан ҳамин ҷост, ки фикр мекунед, агар ҲНИТ ҳаст ва нафас мекашад, ба ин далел аст, ки чун масалан Эрон аз он ҳимоят мекунад ва ё дар Иттиҳодияи Урупо роҳат таҳаррук мекунад. Ин пиндор ва ин бардошт, комилан иштибоҳ аст.

Далели вуҷуди ҲНИТ, Тоҷикистон аст, на Эрон, на Урупо ва на ҳеч кишваре дигар. Яъне, модоме, ки Тоҷикистон ҳаст, мутмаин бошед ҲНИТ ҳам ҳаст. Модоме, ки 8 милюн тоҷикистонӣ нафас мекашанд, ҲНИТ ҳам нафас хоҳад кашид. Зеро, ҲНИТ на ҳизбе эронӣ аст, на ҳизбе урупоӣ ва на ҳизбе миррихӣ, балки ҳизбест бархоста аз матни ҷомеаи Тоҷикистон, ҳамаи аъзояш тоҷикистонӣ ҳастанд; ҳизбе, ки дар интихоботи соли 2010 беш аз нисфе аз курсиҳои порлумонро тасоҳуб карда буд, он замон, касоне, ки ба ӯ раъй дода буданд, на эронӣ буданд ва на урупоӣ ва на миррихӣ, балки ҳама тоҷикистонӣ буданд. Аз ин рӯ, ин фикру пиндорро барои ҳамеша аз зеҳни мубораки худ дур бирезед, ки агар масалан фалон кишвар даст аз ҳимояти ҲНИТ бардорад, дигар ҲНИТ-е нахоҳад монд. Шумо иштибоҳ мекунед!

Ҳол, имрӯз бештари аъзои фаъоли ин ҳизб дар Урупо ҳастанд, ва агар билфарз аз ин қорра ҳам ронда шуданд, як ҷойи дигаре пайдо мекунанд, ва агар аз онҷо ҳам берун шуданд, боз ҷойе барои ҳузур хоҳанд ёфт.

Бинобар ин, танҳо роҳи мантиқӣ барои ҳаллу фасли ин масъала — агар воқеан ба дунболи роҳи ҳалле ҳастед — ин аст, ки шумо барои фаъолияти ин ҳизб дар дохили кишвар, аз нав ва муҷаддадан расмият бидиҳед, раҳбаронашро аз зиндонҳо берун созед, ва хулоса, бигузоред шароит дар Тоҷикистон ҳамон шароити пеш аз соли 2011 бошад. Вагарна, тамоми умр ҳамму ғамматон ин хоҳад шуд, ки чӣ кор кунем, то ин ҳизб маҳву нобуд ва “сокит” шавад. Дар ҳоле ки шумо ба аён дидед ва ҳамаи тоҷикистониён ҳам диданд, ки баъд аз бастани ҲНИТ дар дохили кишвар, ҳеч чиз тағйир накард, ҲНИТ камокон ҳаст, ва балки нигарониҳоятон имрӯзҳо нисбат ба қабл аз 2015 бештар шуда. Тамоми расонаҳои шумо машғули мавзӯи ҲНИТ аст, дигар ҳамму ғамме надоранд. Ва бо ин ки ба забон мегӯед, ҲНИТ дигар ҷойгоҳе дар ҷомеаи Тоҷикистон надорад, вале амалан нигаронед ва мудом ба ин кишвар ё он кишвар боҷ медиҳед, то ё ҲНИТ-ро “терурист” эълон кунад ва ё аз ҳимояташ даст бардорад ва ғайра…

Танҳо роҳи ҳалл ҳамин аст, бақияи роҳҳо ҳама саробанд. Бинобар ин, агар нахоҳед обрӯи кишвар ва худатонро дар баробари як кишвар, чӣ Эрон бошад ё Иттиҳодия Урупо, бибаред ва ба хотири ҲНИТ ҳозир ба боҷ додан бошед, пас, бигузоред фарзандони худатон дар дохили кишвари худашон, на Эрон ё Урупо, фаъолият кунанд. Ин аст роҳи ҳалл!

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

1 reply

  1. Сайидюнуси Истаравшанӣ ой ту кадоми кишваратро мегуи. ин чавонмардони бонангу номуси миллат харгиз фитнаандозихои мугризонаатро фаромуш намекунанд.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: