Аммо ва агарҳо сари роҳи Арабистон барои ҳамла ба Лубнон

Ба гузориши рӯзномаи фароминтақаии Раъюл-явм, бо вуҷуди таҳдидҳои мудовими Арабистон алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар парвандаи Арабистон дар даҳаҳои ахир ҳеч ҷанге сабт нашуда ҷуз ҷанг бо кишвари фақири Яман, ки дар он низ бо гузашти се сол, на танҳо аз таҳаққуқи аҳдофи худ нотавон монда, балки мушакҳои яманӣ то фурудгоҳи Риёзро дар тиррас гирифтаанд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, ин дар ҳолест, ки Арабистон дар пайи ҷанги сиёсӣ алайҳи Лубнон, ки то истеъфои Саъд Ҳарирӣ нахуствазири ин кишвар ва эъломи он аз Риёз пеш рафт, акнун Лубнонро ба таҳдиди низомӣ ваъда медиҳад, ҳол он ки як суоли аслӣ дар ин хусус матраҳ аст, ва он ин ки оё Арабистон метавонад ба Ҳизбуллоҳ ҳамла кунад?

Бисёре аз коршиносони масоили амниятӣ ва низомии минтақаи Ховари Миёна дар посух ба ин суол, ёдовар шуданд, ки Арабистон аз назари хариди таслиҳоти низомӣ ҷузъи даҳ кишвари аввали дунёст, ва дар канори он, барои дифоъ аз худ тавофуқномаҳои мутаъаддидеро бо кишварҳои мухталиф ба вежа Омрико имзо кардааст, зеро бо вуҷуди манобеи низомӣ ва таслиҳотӣ, қодир ба дифоъ аз худ нест.

Танҳо таҷрибаи ҷангии Арабистон дар чанд даҳаи ахир, ҳамон амалиёти мавсум ба “Тӯфони қотеъият” аст, ки дар он, Яман ба унвони кишваре фақир, ки бо мушкилоти иҷтимоӣ ва амниятӣ даст ба гиребон аст, ҳадаф қарор гирифт, аммо бо гузашти се сол аз ҷангу таҳрим, акнун мушакҳои болистики Яман, ки фурудгоҳи Риёзро ҳадаф қарор доданд, ба таҳдиде барои Риёз табдил шудааст ва нерӯҳои яманӣ низ дар манотиқи марзии ҷануби Арабистон рафту омад мекунанд.

Ба ақидаи коршиносон, Арабистон нерӯи ҳавоии қавие дар ихтиёр дорад, аммо фоқиди таҷриба аст ва Яман гувоҳи хубе дар ин хусус аст, зеро ҳавопаймоҳои ҷангии саудӣ аҳдофи ғайринизомиро беш аз низомӣ ҳадаф қарор дода ва бо ин кор ҷони ҳазорон яманиро гирифтаанд то ҷое, ки акнун Созмони Милал мавзӯи ҷинояти ҷангии Арабистон дар Яманро пеш кашидааст.

* * *

Ҳавопаймоҳои ҷангии F-15-и саудӣ метавонанд ба умқи хоки Лубнон нуфуз карда ва аҳдофи мавриди назарро бомбборон карда ва ба Арабистон бозгарданд, аммо ин иқдом на танҳо монеаҳои зиёде дорад, балки маҳол аст; зеро аҳдофи низомии Ҳизбуллоҳ аз ҷумла пойгоҳҳои низомии он, мушаххас нест, ки битавон онро ҳадаф қарор дод ва бори дигар сенориюи Яман дар ҳамла ба ғайринизомиён дар Лубнон такрор мешавад.

Агар мавозеи низомии Ҳизбуллоҳ мушаххас буд, бешак Исроил ва Омрико муддатҳо қабл онро ҳадаф қарор дода буданд, бинобар ин метавон гуфт, ки Ҳизбуллоҳ вазъияти истисноӣ дорад, зеро дорои артиши ғайримутамаркиз ва пинҳонӣ аст, ки фақат бо нобудии комили Лубнон, имкони нобудии он вуҷуд дорад.

Илова бар ин, ҳавопаймоҳои ҷангии саудӣ барои ҳамла ба мавозеи Ҳизбуллоҳ, бояд аз ҳарими ҳавоии Сурия ва Исроил убур кунанд, ҳол он ки Исроил ҳаргиз иҷозаи убури ҳавлопаймоҳои ҷангии саудиро нахоҳад дод, зеро ин иқдом ба маънои эъломи ҷанги Исроил алайҳи Ҳизбуллоҳ хоҳад буд.

Нерӯи ҳавоии Сурия низ бо пуштибонии Русия ба ҳавопаймоҳои ҷангии саудӣ иҷоза намедиҳанд аз ҳарими ҳавоии кишварашон убур карда ва вориди Лубнон шаванд ва ҳар ҳавопаймои ҷангии саудӣ, ки ҳарими ҳавоии Сурияро нақз кунад, сарнагун хоҳад шуд.

Нуктаи дигар ин ки Арабистон новгони дарёии низомӣ дар ихтиёр надорад, ки вориди обҳои Лубнон шуда ва алайҳи Ҳизбуллоҳ вориди амал шавад, зеро нерӯи дарёии Исроил, ки пас аз ҷанги 2006 ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, аз обҳои минтақаии Лубнон фосила гирифт.

Илова бар ин, Арабистон фоқиди ягонҳои вежа шабеҳи нерӯҳои вежаи омрикоӣ аст, то битавонад дар Лубнон даст ба амалиёти тахрибӣ зада ва мавозеи Ҳизбуллоҳро ҳадафи ҳамла қарор диҳад, ҳол он ки нерӯҳои вежаи Исроил низ бо вуҷуди наздик будани ҷуғрофиёӣ ба Лубнон ва бархӯрдорӣ аз ягонҳои ҷосусии қавӣ, натавонистанд ба хоки Лубнон нуфуз кунанд, бинобар ин агар Арабистон нерӯҳои низомии вежа ва омӯзишдида дошт, бешак аз онон дар Яман истифода мекард.

Бо ин тавзеҳот, ҳатто агар сенориюи ҳамлаи Арабистон ба Лубнонро, ки аз назари низомӣ маҳол аст, ба унвони як фарзия дар назар бигирем, бояд дар назар дошта бошем, ки Арабистон бо ин кор аҳли тасаннуни Лубнонро дар мавзеи таърихии сахте қарор хоҳад дод, ва баъид нест онҳо дар канори Ҳизбуллоҳ алайҳи Арабистон қарор бигиранд.

* * *

Расонаи туркӣ: “Исроил барои ҳамла ба Лубнон омода мешавад”

Рӯзномаи Яни Шафақ (Туркия) дар гузорише навишт, Исроил бо 100 ҳавопаймои ҷангӣ барои ҳамлае шоковар ба Лубнон омода мешавад.

Ин рӯзнома навишт, Исроил пас аз анҷоми бузургтарин размоиши низомӣ, барои ҳамлае шоковар ба Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон омода мешавад ва ҳамзамон бо ин ҳамла, ҷабҳаи муттаҳиде ба раҳбарии Омрико омодаи амалиёт дар Яман ва Қатар аст.

Ба навиштаи Яни Шафақ, дар чаҳорчӯби нақшаи аз пеш тарроҳишуда, Исроил ба Лубнон ҳамла хоҳад кард ва Арабистон ба ҳамроҳи Аморот иқдомоте барои бесубот кардани Қатар анҷом хоҳад дод.

Ин расона афзуд, бар асоси тарҳи пешбинишудаи Омрико, даргириҳо аз халиҷи Форс оғоз ва то Ироқ ва Сурия кашида хоҳад шуд, ки дар пайи он тағйироти зиёде дар нақшаи ҷуғрофиёии кишварҳои минтақа рух хоҳад дод.

Ба навиштаи Яни Шафақ, бар асоси иттилооти дарёфтӣ, Исроил ба дунболи ҳазфи Ҳизбуллоҳ аст ва ба ҳамин далел нерӯи ҳавоии артиши Исроил қасд дорад бо 100 ҳавопаймои ҷангии мудерн ҳамалоте сангин ва шоковар ба ҷануби Лубнон анҷом диҳад ва дар идома нерӯи заминии онҳо вориди ҷануби Лубнон шуда ва зарбаи охирро ба Ҳизбуллоҳ бизанад.

Ин расонаи наздик ба давлати Туркия ҳамчунин эълом кард, мақомоти Исроил ва Аморот ба дунболи тарҳе барои таҳти фишор қарор додан ва посухгӯии Эрон ба маҷомеи ҷаҳонӣ дар иртибот бо ҳимояти таслиҳотӣ аз Ҳусиҳои Яман ҳастанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: