Гуфтор дар боби “хоки паст”

Ёддоште аз Азиз Нақибзод

Хокаш паст! Намедонам дар гӯишҳои дигар манотиқи Тоҷикистон ин ибора истифода мешавад ё на, аммо дар водии Зарафшон ба нисбати шахсе, ки беинсофию бевиҷдонӣ мекунад ва хилофи ҷавонмардӣ рафтор менамояд, гуфта мешавад.

Медонистаму боз мутмаинтар мешавам, ки касеро, ки хокаш паст бошад, агарчи тамоми китоби дунёро хонда бошад ҳам, як рӯз рафтори ноҷавонмардона содир менамояд. Яъне, савод, илм дониш наметавонад ҷавҳари касро пок гардонад.

Оре, ҳоло бештар дарк мекунам, ки аз чӣ навъ хок сиришта шудани гили кас муҳим будааст.

Вақте мебинаму мехонам, ки “интеллигент”-и тоҷик роҳат дурӯғ мегӯяд, таммаллуқ мезанад, худро ширин мекунад ва аслан “сурх намешавад”, ҳамин ибора ба забонам меояд:

Хокаш паст!

Ягон каси мушаххасро дар назар надорам. Аммо шахсе, ки ба хотири тамаъ, чӣ навъи тамаъ, ки набошад, худро ба пастӣ мезанад, бигзор ба худ кашад!

Касе, ки аз ун лаби дунё истода чоплусӣ мекунад ва ба болои ин аз ҳамватанон тақозо менамояд, ки Шумо ҳам бояд айни ҳамин рафторро кунед, аз кадом навъи хок аст?

Касе, ки олим аст, сармоя дорад, аммо пойбанд ва ниёзманд мебошад, ниёз ба хушомад, дорад, эҳтиёҷ ба курсичае дорад, аз кадом гил сиришта шудааст?

Касе, ки бешармона сафедро сиёҳу сиёҳро сафед мегӯяд, чӣ?..

* * *

Устод Шакурии Бухороӣ гуфта буданд, ки ба ҷомеъаи мо ашрофият намерасад. Ҳоло ба умқи гуфтаҳои бузургворонаашон мерасам. Ашрофият он нест, ки ҳатман амиру амирзода бошӣ!
Ашрофият ҳамон аст, ки асолататро нигоҳ дорӣ! Дар ҳеч вазъ худро ба пастӣ назанӣ.

Шарафу номусатро болотар аз ҳар гуна тамаъу талаб гузорӣ.

Ашрофият, яъне ҳамон сиришт, сиришт, яъне ҳамун хок…

Ҳамаи бало дар сари ҳамин хок.

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: