Ардуғон хитоб ба Бен Салмон: “Мо исломи мӯътадил ва ғайримӯътадил надорем; ислом яке беш нест”

Раисиҷумҳури Туркия дар посух ба суханони Муҳаммад бен Салмон, ки гуфта буд қасди бозгашт ба “исломи мӯътадил”-ро дорем, гуфт: “Иборати “исломи мӯътадил”-ро Ғарб ихтироъ кардааст.”

Ба гузориши сойти RastHaber, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, тайи суханоне, ки ҷумъашаб дар ҷамъи аъзои Созмони ҳамкории исломӣ эрод намуд, бо ишора ба суханони Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, ки унвон карда буд қасди бозгашт ба “исломи мӯътадил”-ро дорем, гуфт: “Як мавзӯъро дубора набши қабр карданд; “исломи мӯътадил”. Иборати “исломи мӯътадил”-ро Ғарб ихтироъ кардааст ва касе, ки ин иборатро ба кор бурда фикр мекунад ба ӯ муртабит аст, аммо ба ту мутаъаллиқ нест.”

Вай идома дод: “Мо исломи мӯътадил ва ғайримӯътадил надорем; ислом яке беш нест ва касе наметавонад дар он танаввӯъ эҷод кунад. Ту аз “исломи мӯътадил” ҳарф мезанӣ, дар ҳоле ки салафат иҷоза намедоданд як зан ронандагӣ кунад. Оё ин дар ислом маъно дорад? Хайр. Мегӯянд, ки баъд аз ин иҷоза хоҳанд дод; то ба ҳол чунин чизе набудааст.

Раисиҷумҳури Туркия дар идома, бо ишора ба бӯҳрони Миёнмор изҳор дошт: “Оё дар ҷаҳони ислом садое аз ин мавзӯъ ба гӯш мерасад? Хайр. Садҳо ҳазор нафар кушта мешаванд; бародарони мусалмони мо кушта мешаванд ва барои касе аҳаммияте надорад. Дар Созмони Милал мавзӯи Миёнморро матраҳ кардем ва танҳо мо будем ва Эрон. Аз сарон низ фақат нахуствазири Банглодеш ҳузур дошт. Оё чунин мавзӯе ба ин андоза содда гирифта мешавад? Агар ҳеч кас ҳам наёяд, мо он чиро дар тавон дошта бошем, анҷом хоҳем дод.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: