Оё Муҳаммад бен Салмон низ “ҷосуси Эрон” аз об хоҳад даромад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин ки Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди ҷавони саудӣ, дар ақоид ва афкор оё шабоҳате ба Абӯбакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дорад ё на, иттилое надорам, аммо дар рӯйкарди сиёсие, ки дар пеш гирифтааст, шабоҳатҳои бисёре бо вай дорад. Тавзеҳ он ки:

1) Ҳамон тавре ки Абӯбакри Бағдодӣ хилофати навпояшро бо эълони ҷанг бо тамоми дунё оғоз кард, Муҳаммад бен Салмон низ валиаҳдии худро бо эълони ҷанг бо тамоми ҳамсояҳо — аз Яман бигир то Қатару Лубнону Эрон — оғоз кард.

Ҳамон тавр ки Бағдодӣ ҳамзамон бо ҷанг бо “куффор” ва шиъаён, ба поксозии ҷабҳаи дохилӣ пардохт ва бо ҳамаи дӯстон ва ҳампаймонҳо ва ҳамфикронаш – аз Алқоида ва Ҷабҳатуннусра бигир то соири гурӯҳҳои ба истилоҳ “ҷиҳодӣ” дар Ироқ ва Сурия – вориди даргирӣ шуд, ҳамин тавр валиаҳди ҷавони саудӣ низ ҳамзамон бо ҷанг дар Яман бо шиъаён, аз як тараф ба ҳампаймони суннатии кишвараш яъне Қатар эълони ҷанг кард, ва аз тарафи дигар бо нияти поксозии ҷабҳаи дохилӣ, бо бештари умаро ва шоҳзодаҳои бонуфузи хонадони Оли Сауд вориди ҷанг шуд, ва имрӯз ҳеч шоҳзодае аз ин хонадон нест, магар ин ки душмани Бен Салмон гардида.

Намедонам, поёни кори пуршитоби валиаҳди саудӣ — ки мисли як булдозер дар ҳоли леҳ кардани ҳар он чи сари роҳаш қарор дорад аст — ба куҷо меанҷомад, вале ин мусаллам аст, ки ғолибан ҳаракоти аҷулона ва носанҷида, натиҷае ҷуз шикаст нахоҳанд дошт; чунонки дар мисоли ДОЪИШ шоҳидаш ҳастем.

2) Дар оғози даргириҳо дар Сурия ва эълони хилофат аз сӯи ДОЪИШ, бо таваҷҷӯҳ ба таблиғоти густардаи расонаҳои ҷаҳонӣ ва ба хусус арабӣ дар ҳимоят аз мухолифони мусаллаҳи давлати Сурия, бисёре аз ҷавонон гӯли он ҳарфҳоро хӯрданд ва бо ин пиндор, ки дар Сурия “ҷиҳод алайҳи куффор” барпост, ё худро ба онҷо мерасонданд ва ё ҳаддиақал ба ҳимоят ва пуштибонии расонаӣ аз ҷангҷӯён мепардохтанд. Ёдам ҳаст, ва дӯстон ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ёд доранд, ки банда мегуфтам, инҳо ҳама бозиҳои касифи Омрико ва муттаҳидони минтақаии ӯ мисли Исроил, Саудӣ, Қатар ва ҳатто мутаассифона Туркия аст ва ин ки ҳадафи Омрико ва Исроил, ба ҷони ҳам андохтани мусалмонҳост ва ҳамчунин ҳадафи ниҳоии онҳо, дар сурати комёбӣ дар Сурия, ин Эрон аст. Вале он замон гӯши шунавое набуд (ва фикр мекунам, ҳанӯз ҳам ин ҳарфҳо вориди баъзе гӯшҳо намешавад), ба ман мегуфтанд, Эрон набояд дахолат мекард. Хуб, агар Эрон ворид намешуд ва бар фарз, нақшаи палиди Омрико ва Исроил дар Сурия иҷро мешуд, оё фикр мекунед, имрӯз дар Сурия масалан демукросӣ барқарор буд?! Оё Омрико ва Исроил хоҳони барқарории демукросӣ дар Сурия буданд?! Одам бояд хеле содда бошад ва нафаҳмад, ки нақшаи онҳо чист?

Аммо имрӯз дигар ҳама чиз макшуф шуд. Аввал Омрико, Саудӣ ва Туркия — вақте диданд дигар барномаҳояшон нақши бар об шуда — даст кашиданд ва сипас Қатар ҳам даст бардошт, ва ахиран вазири хориҷаи собиқи Қатар ҳама чизро гуфт. Ӯ дар мусоҳибаи ахираш бо телевизиюни Қатар тасреҳ кард: “Башшор Асад дӯсти мо буд ва мо ҳеч ихтилофи шахсӣ бо ӯ надоштем, аммо ҳамаи мо аз сӯи Арабистони Саудӣ бино ба тавсияи Омрико интихоб шудем, то нӯки ҳамлаи ҷанг бошем… Аз Ардуғон хоста шуд марзҳояшро бо Сурия бигушояд ва Туркия бо мувофиқати Омрико ин корро кард, то марзҳои Туркия гузаргоҳи убури силоҳ ва пул ва нерӯҳои мусаллаҳ ба Сурия бошад. Ҳарчӣ мехост ба Сурия биравад, аввал ба Туркия мерафт, бо нерӯҳои омрикоӣ ҳамоҳанг мешуд, баъд ба Сурия мерафт. Ҳарчӣ мехост дар Сурия тавзеъ шавад, аз тариқи нерӯҳои омрикоӣ ва туркӣ ва мо ва бародарони арабистониамон анҷом мешуд…”

Ба ҳар сурат, дар ҳамон оғозҳои ин моҷаро, банда дар чанд ёддошт навишта будам, ки Эрон ҳаргиз дар баробари ин тавтиъаҳо сокит наменишинад ва мунтазир нахоҳад нишаст, то пас аз яксара шудани кор дар Сурия ва Ироқ ва аз байн бурдани ҳампаймонҳояш дар минтақа, Омрико ва Исроил ҳамон балоеро, ки ба сари Сурия оварданд, ба сари Эрон биёваранд. Аз ин рӯ буд, ки вориди майдон шуд ва ба шаҳодати дӯсту душман, ин Эрон ва ҳампаймонҳояш дар минтақа буданд, ки ДОЪИШ-ро решакан карданд.

3) Аммо аз ҳама аҷиб он, ки вақте ДОЪИШ ба ҳазфи ҳампаймонҳояш пардохт ва бо соири гурӯҳҳои ба истилоҳ “ҷиҳодӣ” дар Сурия вориди даргирӣ шуд ва бо Саудӣ эълони ҷанг намуд, расонаҳои арабӣ ба хусус расонаҳои вобаста ба Оли Сауд ва ҳамчунин мубаллиғони диниаш, ин афсонаро бофтанд ва ба таблиғу тарвиҷи он пардохтанд, ки Абӯбакри Бағдодӣ ва ДОЪИШ асосан сохта ва пардохтаи Эрон ва ба истилоҳ “ҷосуси Эрон” будааст! Ва далелашон ҳам ин аст, ки мегӯянд, ДОЪИШ мӯҷиб шуд, то пойи Эрон дар Сурия ва Ироқ кушода шавад, ки агар ӯ набуд, Эрон ҳам ворид намешуд.

4) Ҳол, бо шикасти ДОЪИШ дар Сурия ва Ироқ ва нақши бар об шудани тарҳҳои шайтонии Омрико ва Исроил дар Ховари Миёна, оё ин ду кишвар таслими ин воқеият шуданд?! Ҳаргиз! Балки имрӯз ин ду кишвар боз як бозии дигареро шурӯъ кардаанд; хатарноктар аз тарҳи шаш сол пешашон. Агар шаш сол пеш Сурияро барои рӯёрӯӣ бо Эрон баргузида буданд, ҳоло дар назар доранд Лубнонро барои тарҳи ҷадидашон интихоб кунанд ва албатта интихоб ҳам карданд. Валиаҳди ҷавони саудӣ, ки ба унвони муҷрии ин нақшаи ҷадид интихоб шудааст, бо эҳзори нахуствазири Лубнон ба Саудӣ ва иҷбори вай ба истеъфо, бо Лубнон ва Ҳизбуллоҳ эълони ҷанг карда ва ҳатто вазири хориҷаи ин давлат бо иттиҳоми Эрон дар шиллики мушак ба Саудӣ аз сӯи яманиҳо, Эронро ҳам таҳдид ба ҷанг намуд.

Намедонам, оё Саудӣ воқеан даст ба ин ҳамоқат хоҳад ёзид ё на, аммо аз валиаҳди ҷавони саудӣ баъид нест, ки ба ин амал иқдом намояд. Ва чунин ба назар мерасад, ки Муҳаммад бен Салмон аввал кореро анҷом медиҳад, сипас дар бораи он фикр мекунад, ки оё дуруст будааст ё нодуруст; на ин ки аввал фикр бикунад, сипас иқдом намояд. Се сол пеш бидуни ҳеч муқаддимае, алайҳи Яман вориди ҷанг шуд ва тасреҳ кард, ки дар ду ё се ҳафта корро яксара хоҳад кард ва дигар Ансоруллоҳе дар Яман вуҷуд нахоҳад дошт. Ҳол, бо гузашти се сол, намедонад аз ин ботлоқ чӣ гуна берун ояд.

Бинобар ин, баъид нест, ки ин даъфа ҳам “риск” кунад; хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки пушташ Омрико ва Исроил истода ва ин ду оташбиёри маърака ваъдааш кардаанд, ки дар канори ӯ истодаанд. Зеро дар ҳар сурат, яъне чӣ Бен Салмон муваффақ бишавад ё нашавад, Омрико ва Исроил, ки зарару зиёне намебинанд, он ки зарар мебинад, ду кишвари мусалмон аст. Омрико аслиҳа хоҳад фурӯхт ва Исроил ҳам душманаш Эрон тазъиф хоҳад шуд. Аммо Муҳаммад бен Салмон зоҳиран ин ҳарфҳо сараш намешавад.

Хуб, дар ин сурат, Эрон чӣ кор мекунад?!

5) Оғоз кардани як ҷанг, кори бисёр саҳлу осон аст, аммо муҳим поён додани он аст. Саудӣ аз нерӯи ҳавоии бисёр нерӯманде бархӯрдор аст. Метавонад тавассути ҳавопаймоҳои ҷангии худ, Лубнон ва чи басо Эронро бомбборон кунад. Ин кор барояш чандон душвор нест. Се сол аст, ки ҳамарӯза Яманро бомбборон мекунад. (Ва чи басо дар ибтидои кор, Эрон вокунише ҳам нишон надиҳад.) Аммо оё кор ба ҳамин тамомшуда хоҳад буд?

Инро ҳам арз карда бошам, ки Эрон ҳаргиз бо ҳеч кишваре ҷангеро шурӯъ накардааст ва нахоҳад ҳам кард. Эрон кишваре нест, ки даст ба ҳамоқат занад ва баҳона ба даст диҳад. Ва ҳатто шурӯъкунандаи ҷанг бо “Исроил” ҳам нахоҳад буд, медонад чӣ гуна ин ғуддаи саратониро решакан кунад.

Аммо вақте касе бо Эрон вориди ҷанг шавад ва мутаъарризи ин кишвар гардад, он вақт медонад аз худаш чӣ гуна дифоъ намояд. Нафасе дароз ва ҳавсалаи ба истилоҳи мо тоҷикҳо, пире дар ин замина дорад. Касе, ки бо сиёсати ин кишвар аз наздик ошност, мефаҳмад, чӣ мегӯям.

Ҳеч оқиле аз ҷанг истиқбол намекунад, хусусан агар миёни ду кишвари исломӣ бошад. Аммо агар ҷаноби Бен Салмон даст ба ин ҳамоқат занад ва ҷангеро бо Лубнон ва ё Эрон калид занад, он вақт баъид нест дар поёни ин ҷанг, ҳаводорони ҷаноби Муҳаммад бен Салмон ӯро “ҷосуси Эрон” эълон кунанд вақте бибинанд, ӯ боиси фурӯпошии кишваре ба номи Саудӣ шудааст.

Ин ки дар оғози ин навиштор рафторҳои ӯро ба рафторҳои Бағдодӣ ташбеҳ кардам, барои баёни ҳамин матлаб буд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: