Фоҷеае, ки табдил ба ормоншаҳр мешавад

Мақолае аз Ҷорет Стефон (Jarrett Stepman) дар Daily Signal

Фурӯпошии девори Берлин ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ба ҷанги сард поён дод, аммо набард байни ақидаи озод зистан ва ақидаи бо ҷамъ зистан (коллективизм) ҳаргиз поён наёфт. Назарсанҷие, ки ахиран тавассути “Бунёди қурбониёни кумунизм” анҷом шуд, дарбардорандаи воқеиятҳои нигаронкунандае дар мавриди ҷавонҳои имрӯз ва нигоҳи онҳо ба кумунизм ва сусиёлизм аст.

Бархе аз ин натоиҷ дарбардорандаи паёмадҳои вахим барои ояндаи бархе аз кишварҳост. Ба унвони мисол, назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки дар бархе аз кишварҳо, ниме аз ҷавонон тарҷеҳ медиҳанд, ки дар дунёи сусиёлистӣ ва кумунистӣ зиндагӣ кунанд, на таҳти идеулужии сармоядорӣ.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки дар миёни насли ҷавони имрӯз аз ҳар 5 нафар як нафар Ҷузеф Истолин (Иосиф Сталин)-ро “қаҳрамон” медонад. Мэрион Смит (Marion Smith), мудири иҷроии “Бунёди қурбониёни кумунизм” гуфт: “Насли ҷавон баъд аз соли 2000, ҳоло бузургтарин насли Омрико ҳастанд ва ба зудӣ бояд нигарони равияе бошем, ки онҳо дар пеш мегиранд. Онҳо ба таври фазояндае аз сармоядорӣ рӯйгардон буда ва ба сӯи сусиёлизм ва ҳатто кумунизм ба унвони идеулужии ҷойгузин гом бармедоранд ва онро қобили қабул медонанд.”

Ёфтаҳои ин мутолеа ҳушдоре барои аз хоб бархостан аст ба вежа барои касоне, ки фикр мекунанд, ки кумунизм дигар таҳдиде барои Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб нест. Ҷавононе, ки таҷрибаи каме дар бораи ним қарни набард байни истибдоди Шӯравӣ ва озодии омрикоӣ доранд, ба самти кумунизм гом бардоштаанд.

Ғамангез аст насле, ки дар замони бештарин равнақи даврони сармоядорӣ зиндагӣ ва рушд кардаанд, бештар аз ҳар насле дар таърихи башар, бо ин низом (низоми сармоядорӣ) мушкил доранд.

Махуф аст, ки сусиёлизм чӣ қадр дар эҷоди фикри ормоншаҳрияш муваффақ аст. Шояд дар даҳаҳое, ки бартарии байналмилалии омрикоӣ вуҷуд дошт, Омрико иҷоза дод, то онҳо таҳдидҳои воқеии худро нисбат ба зиндагии мо ва шеваи зиндагии мо амалӣ кунанд. Амнияти дурӯғини онҳо моро фирефт ва акнун дар талаи омӯзаҳои хатарноки онҳо гир афтодаем ва бояд хушшонс бошем, ки битавонем роҳ фироре пайдо кунем.

Бо ин ҳол, ҳанӯз узру баҳонаҳо ва нустолжиҳои аҷибу ғарибе аз инқилоби кумунистӣ дар сафаҳоти расонаҳои ҷараёни либерол монанди New York Times падидор мешавад.

Times ба шакли такондиҳандае бахше ба номи “Қарни қирмиз” ба роҳ андохт, ки ба 100-солагии инқилоби болшевик дар Русия ва паёмадҳои он пардохт ва ин инқилобро барҷаста кард. Ин бахш дар ҳоле, ки ба ташреҳи идеяҳои кумунистӣ мепардохт, табдил ба ҷашне барои ин идеулужӣ ва тафаккуроти он шуд. Ин бахш одаме мисли Ленинро тарафдори муҳити зист эълом мекунад ва он чиро пушти пардаи оҳанин мегузарад таҳсин мекард. Адабиёти кумунистиро воло муаррифӣ карда ва дар бораи онҳо менависад.

Дар ҳоле, ки метавон ба сурате мантиқӣ дар бораи мероси кумунизм баҳс кард, аммо ба назар мерасад, ки сутунҳои New York Times табдил ба таҳдиде жеупулутик барои Иёлоти Муттаҳида шуда ва рӯйкарди Омрико дар қарни бистумро нақд мекунад. Онҳо то ҷое пеш мераванд, ки кумунизмро “озмоиши наҷибона” муаррифӣ мекунад, ки “шароити идеоле” эҷод кардааст.

Аммо чизе, ки бояд пурсид ин аст, ки оё 100 сол пас аз фошизм ҳам, бояд дар бораи “дунёи дурахшони фошизм” баҳс кард? Албатта, ки набояд ин тавр бошад ва барои ин кор далоили бисёр хубе вуҷуд дорад.

Аммо дар ҳоли ҳозир мо ба руъёҳоямон пушт кардаем. Расонаҳои ҷараёни аслӣ табдил ба бахше шудаанд, ки дар ҳоли оддисозии фарҳангҳои мухарриб ҳастанд ва бо ин руъё ба дарозо намекашад, ки мо нисбат ба руъёҳоямон комилан хомӯш шавем. Бо ин шароит ҷои тааҷҷуб надорад, ки бисёре аз ҷавонҳо аз идеулужие, ки бо он зиндагӣ мекунанд рӯйгардон шуда ва ба дунболи тамаддуне бошанд, ки ҷаҳонро нобуд мекунад ва онро ба торикӣ фурӯ мебурд. Ин ҳушдоре хатарнок аст, ки мо бояд бештар барои омӯзиши ҷавонони омрикоӣ талош кунем, то дар бораи таърих ва неъмати озодӣ ва демукросии худ бештар бидонанд. Онҳо дар кишваре шукуфошуда зиндагӣ кардаанд ва шояд танҳо ниёз бошад, ки системи омӯзишии онҳо эҳё шавад то авлавиятҳои аслиро бубинанд.

Шон МакМейкин (Sean McMeekin), муаррих дар китобаш “Инқилоби Русия” менависад: “Пас аз кумунизм фоҷеаҳое ба вуҷуд омад, ки ҳеч кас набояд барои онҳо узру баҳонае битарошад. Сусиёлистҳои ин рӯзҳои ғарбӣ дар орзуи ҷаҳоне ҳастанд, ки дар он моликияти хусусӣ ва нобаробарӣ ғайриқонунӣ бошад. Ҷое, ки тавсиъаи иқтисодӣ тавассути давлат барномарезӣ шуда бошад, аммо бояд муроқиб бошанд, чаро ки чизе, ки онҳо мумкин аст ба бор оваранд, фоҷоеае аст, ки пеш аз ин шоҳид будем.”

Daily Signal

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: