Мухолифат бо ҳукумат, лузуман ба маънои хостори расидан ба қудрат нест

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар кишвари мо, чунонки бисёре аз мафоҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ воруна тафсиру тавзеҳ шуда (ва мешаванд), мавзеъгириҳо — ба хусус мавзеъгирӣ дар арсаи сиёсат — низ ба мардум ва афкори умумӣ воруна нишон дода мешаванд, он ҳам бештар аз тариқи расонаҳои вобаста ба ҳукумат ва махсусан садо ва симои кишвар.

Дар хилоли ҳудуди 25 сол пас аз истиқлоли Тоҷикистон, ба вежа аз замоне ки ҳоким ва ҳукумати кунунӣ зимоми умури ҷомеаро дар ихтиёр доранд, “мухолифати сиёсӣ” ба маънои “хостори расидан ба қудрат” ба мардум тафсир шуда ва мешавад. Яъне, ҳар ки сиёсати ҳукуматро ба чолиш бикашад ва масалан бигӯяд, шумо дар фалон маврид иштибоҳ мекунед ё фалон сиёсати шумо хато ва ба зарару зиёни мардум ва кишвар аст, филфавр ин фард ба унвони як “қудратталаб” ва касе, ки мехоҳад ба қудрат бирасад муаррифӣ мешавад. Ва ба сухани дигар, вожаи “интиқод” дар қомуси сиёсии кишвари мо дар ин муддати 25 сол, мутародиф шудааст бо вожаи “қудратхоҳӣ” ва “мансабхоҳӣ”. Интиқод яъне ин ки ту мехоҳӣ ба қудрат бирасӣ.

Роқими ин сатрҳо росташ намедонад, ки оё ин кор амдан ва бо як барномаи тарҳрезишуда сурат гирифта, то касе ҷуръати интиқод аз сиёсатҳои аҳёнан ғалати ҳукуматро ба худ надиҳад, ва ё ин ки на, балки реша дар азҳони ҷомеа (аз ҷумла давлатмадорон) доштааст ба ин маъно, ки дар зеҳни тоҷик, ҳар навъ таҳарруки сиёсӣ — аз ҷумла мухолифат ва интиқод — бори маънои “қудратхоҳӣ” ва “мансабхоҳӣ” ба худ гирифтааст, инро намедонам, бояд таҳқиқ шавад ва ҷомеашиносони тоҷик бояд дар ин замина таҳқиқ ба амал оваранд, аммо дар ҳар сурат, ин як падидаи бисёр манфист.

Яке аз паёмадҳои бисёр манфии он ин аст, ки дигар ҳеч фарде — ба хусус рӯшанфикрони ҷомеа — аз бими ин ки мабодо ба “қудратхоҳӣ” ва “мансабпарастӣ” муттаҳам шаванд, тарҷеҳ бидиҳанд, ки дар баробари ҳар чи ғалат аст ва иштибоҳ аст, сукут бикунанд. Ва вақте сукут ихтиёр карданд (ки албатта набояд ба ҳеч ваҷҳ сукут бикунанд), ва аз он тараф ҳам, иштибоҳот мутароким шаванд, ҷомеа дучори беморӣ гардида ва якдафъа суқут хоҳад кард. Ин бисёр хатарнок аст.

* * *

Ҳукуматдорони кунунии тоҷик бояд инро бифаҳманд ва дарк кунанд, ки аввалан, на ҳар мунтақид ва мухолифе хостори расидан ба қудрат ва мансаб аст ва шояд аз ҷоҳу мансаб безор ҳам бошад. Ва сониян, интиқод аз амалкардҳои аҳёнан иштибоҳ ва ғалати онҳо, пеш аз ҳама, ба суди худи онҳост, то мухолифонашон. Билохира, ҳамаи шумо, ки маъсум аз хато ва иштибоҳ нестед!

Бисёре аз тасмимҳои сиёсӣ ва ҳатто фарҳангӣ ва иҷтимоии шумо, ба хусус дар чаҳор панҷ соли ахир, иштибоҳ аст. Ба Худо, иштибоҳ аст! Масалан, тасмими шумо мабнӣ бар ҳазфи ҲНИТ аз арсаи сиёсии Тоҷикистон ва ба зиндон андохтани раҳбаронаш ва душман унвон кардани ин ҳизб ва аъзояш барои миҳан ва миллат, тасмими бисёр иштибоҳ буд; иштибоҳе, ки паёмадҳои он дар дараҷаи аввал домани худи шуморо хоҳад гирифт. Ман мутмаин ҳастам, ки бо мурури айём, ба иштибоҳ ва хато будани ин тасмим пай хоҳед бурд ва он гоҳ пушаймон хоҳед шуд, ки чаро ин тасмими ғалатро гирифта будаед! Дар ин тардиде надорам. Зеро, ҳар ҳукумате, ки бо мухолифони дарунии худаш, ба унвони душман бархӯрд мекунад, ин яъне душманӣ ва хусумат бо миллати худ, лоақал душманӣ ва хусумат бо шумори қобили таваҷҷӯҳе аз мардум ва шаҳрвандони худ. Шумо, бо ин ки ба забон мегӯед, ҲНИТ ҷойгоҳе надорад, вале хуб медонед, ки ин ҳизб аз пойгоҳи мардумии бисёр густардае дар ҷомеа бархӯрдор аст ва як ҳизби решадор аст.

Ҳукумати оқил опозисиюнро мудирият мекунад, на ин ки бо душман унвон кардани вай, бо ӯ вориди даргирӣ шавад. Ҳамин ки вориди даргирӣ шудед, эҳтимол дорад дар ин даргирӣ бо шикаст мувоҷеҳ шавед, эҳтимолаш, ки баъид нест.

Ва ё як намунаи дигар: намедонам чӣ касе ба шумо тавсия кардааст, ки “худшиносӣ” яъне ин ки ҳамаро водор ба пӯшидани либоси якнавохт ва воҳид (ҳатто агар миллиаш бидонем) бикунед! Ин як навъ таҳмил ва дахолат дар умури шаҳрвандон аст, на “худшиносӣ”. Худшиносӣ пеш аз ҳама амре ботинӣ ва маънавӣ аст, на марбут ба зоҳир. Яъне, худшинос ва хештаншинос ба касе гуфта мешавад, ки ӯ ботинан ва руҳан худашро шинохта бошад. Ва дар ин сурат, агар қарор аст либоси миллиро намоди худшиносӣ бидонем (ки албатта банда бар ин ақида нестам, ҳоло фарз мекунем, ки агар чунин бошад), касе, ки руҳан худашро шинохтааст, ӯ худаш ва ба фармони дарунаш либоси миллӣ бар тан хоҳад кард, на ин ки касе ӯро водор ба пӯшидани он бикунад. Ва аз тарафе ҳам, вақте чизе бар касе таҳмил мешавад (хоҳ либос бошад он чиз, хоҳ дин бошад, хоҳ як ақида ва фикр бошад, хулоса ҳар чи бошад), он чиз пеши вай манфур хоҳад гардид. Масалан, вақте сатру ҳиҷоб ба бонуе таҳмил мешавад, сатр пеши вай манфур хоҳад гардид. Аз ин рӯ, ин сиёсати шумо (мабнӣ бар водор кардани шаҳрвандон ба пӯшидани либоси якнавохт ба номи либоси миллӣ) натиҷааш ин мегардад, ки либоси миллии тоҷик барои тоҷик манфур гардад. Яъне, шумо коре кардаед, ки ба ҷои ниҳодина кардани либоси миллӣ, онро дар назари тоҷикҳо манфур гардонидаед.

Инҷо дигар маҷоли баёни так-таки иштибоҳоти шумо нест, вагарна агар бихоҳем так-таки онҳоро ёдовар бишавем, ниёз ба таълифи як китоби қатур дорем.

Ба ҳар сурат, умедворам рӯзе пай ба ин иштибоҳот бибаред ва бидонед, ки на ҳар он ки аз шумо интиқод мекунад, ӯ душмани шумост.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: