Ин ҳама нафрат барои чист ва моро ба куҷо хоҳад бурд?

Бобоҷони Қаюмзод

Бо камоли таассуф, дар ҷомеаи мо имрӯз нафрат ба шаклҳои гуногуне дар ҳоли рушд аст. Нафрат дар шакли маҳал, дар шакли ҳизбӣ, дар шакли динӣ-дунявӣ ё идеологӣ ва нафрат дар шаклҳои нопайдову пинҳонӣ дигар фазои маҷозиро пур кардааст.

Ҳар сухани саршор аз нафрат хуш қабул карда мешавад ва мавриди таҳсин қарор мегирад. Касе, ки маҳорат ва истеъдоди нафратпароканӣ ва нафратангезии бештаре дорад шӯҳрати бештар, тарафдори бештар ва ҷойгоҳи болотаре пайдо мекунад. Ҳар касе сухан аз гузашт, ҳамкорӣ, ҳамгароӣ ва миёнаравӣ мегӯяд, инсони тарсу, бефаҳм, ноогоҳ ва беҷуръату ғайра муаррифӣ мешавад.

Ба ҳамин хотир хеле аз зиёиёни рӯшанфикри дурандеше, ки қалбу руҳашон холӣ аз нафрат аст, худро канор гирифтаанд, ё ба гунае машғули корҳои дигар ҳастанд.

Бо ин шароит мо ҳамеша шикоят аз он дорем, ки радикализм меафзояд, ҷомеа ифротӣ мегардад ва ҷавонон доишӣ мешаванд.

ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ таҷассуми нафрати анбошта ва тавҷеҳшуда ба номи динанд. Диктатура бошад таҷассуми нафрати анбошта ва тавҷеҳшуда ба номи дунявият аст. Вақте сокинони як маҳал қудратро қабза мекунанду тамоми имконотро дар ихтиёри худ мегиранд ва сокинони дигар маҳалҳоро дар маҳрумият нигоҳ медоранду ба онҳо эҳтиром намегузоранд, вақте аъзои як ҳизб бо ҳизби дигар мудоро ва ҳамкорӣ намекунад, вақте як шахси динӣ бо дунявӣ ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ карда наметавонад, вақте як зиёии дунявӣ ба эътиқодоти диндорон метозаду ба онҳо беэҳтиромӣ мекунад, вақте як инсони диндор бидуни истиҳолаву тарсе камтарин интиқоди зиёиеро ба куфр нисбат медиҳаду ҳукмашро мебарорад, танҳо нафрат эҷод мешаваду рушд мекунад. Дар воқеъ имрӯз ин нафрат аст, ки дар рагу пайванди ҷомеа танида мешавад.

То замоне, ки ин нафратпароканӣ ва нафратангезӣ дар ҷомеаи мо шинохта нашаваду омилҳои он пайдо ва хунсо карда нашаванд, барои мо душман лозим нест. Худамон душмани рушду пешрафту ободиву озодии худамон хоҳем монд.

Ин ҳама нафрат барои чист ва моро ба куҷо хоҳад бурд?

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: