Шарҳи Маснавӣ (225)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (9)

* * *

Дар баёни ин ҳадис, ки:

ان لربكم في أيام دهركم نفحات الا فتعرضوا لها

(Инна лираббикум фӣ айёми даҳрикум нафаҳотун, ало фатаъарраззу лаҳо) – 3

* * *

Дӯш дигар лавн ин медод даст,

Луқмаи чанде даромад, раҳ бибаст.

Дишаб шарҳи ин нафҳа ба навъи дигаре барои мо ҳосил шуд, ва ман ҳақоиқи дигаре аз онро дарёфта будам, ки чанд луқма хӯрда шуд ва ба воситаи он, роҳи ин маъно ва роҳи фаҳми асрору ҳақоиқи он баста шуд.

Дӯш: дишаб. Лавн: ранг.

Нукта: Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ гӯяд: “Яъне ба сабаби тановули чанд луқма аз дунёи данӣ, аз таъаррузи он нафҳаҳои раббонӣ маҳрумият даст медиҳад.” (Шарҳи асрор, с.61)

Мурод аз “луқмаи чанде” шояд ранҷуриҳое буд, ки барои ёрони Мавлоно пеш меомад, он ҳам ба хотири тангии маош ва ё озору азияти ҷоҳилон, ва ӯ ночор мешуд барои рафъи он гирифториҳо ба мақомоти ҳукуматӣ нома бинависад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.608)

Баҳри луқма, гашта Луқмоне гарав,

Вақти Луқмон аст, эй луқма, бирав.

Ба хотири як луқма, Луқмоне дар гарав қарор гирифта. Яъне руҳи луқмонии инсон, ки маъдани ҳикмату кони маърифат аст, гирифтори ғизои инсонӣ ва таъоми зулмонӣ шуда. Пас, инак, вақти Луқмон аст, эй луқма бирав. Яъне инак замони дарки улум ва фаҳми ҳикмату маърифат аст, эй ғизои ҷисмонӣ бирав ва аз ман дур шав!

Нукта: Номи Луқмон ду бор дар Қуръони Карим омада, он ҳам дар сураи Луқмон. Албатта бештари муфассирон ба нубуввати ӯ қоил нестанд. Луқмон дар назари арбоби қисас, марде аз нажоди сиёҳ муаррифӣ шуда ва ба бардагӣ рӯзгор мегузаронида, вале хоҷаашро шефтаи ҳикмати худ мекунад, аз он ҷумла рӯзе хоҷааш ба ӯ дастур медиҳад, ки аз нопоктарин аъзои гӯсфанд барояш таъоме созад. Луқмон таъоме аз дилу забони гӯсфанд фароҳам мекунад ва пеши хоҷа мениҳад. Рӯзи дигар хоҷа беҳтарин хӯрокро аз аъзои гӯсфанд талаб мекунад, боз Луқмон дилу забони гӯсфандро ба ҳузури ӯ меоварад ва ба хоҷа мегӯяд: ҳеч чиз нопоктар аз дилу забони нопок нест ва ҳеч чизи беҳтар аз дилу забони пок вуҷуд надорад. Достон ва шахсияти Луқмон дар адабиёти форсӣ инъикоси бисёр ёфтааст ба наҳве, ки Луқмон мазҳари ҳикмату доноӣ ва маънавият муаррифӣ шудааст. (Аъломи Қуръон, с.516) Дар ин абёт Луқмон киноя аз руҳи латиф аст.

Аз барои луқмае ин хорхор,

Аз кафи Луқмон бурун оред хор.

Ин хорхору дағдаға, аз барои луқмае аст, ки хӯрдаед, инак аз пойи Луқмони руҳ, хору васвасаву дағдағаро берун бикашед.

Хорхор: изтироб.

Дар кафи ӯ хору соя-ш низ нест,

Лекатон аз ҳирс ин тамйиз нест.

Дар кафи пойи Луқмони руҳи одамӣ хоре мехалад, вале шуморо чунон ҳирсу оз фурӯ пӯшида, ки мутаваҷҷеҳи он намешавед.

Нукта: Манзур аз “сояи хор” ҳамон гуна ки Акбарободӣ гуфтааст (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.135), асаре аст, ки хор рӯи дасту по мегузорад ва ёфтани маҳалли фурӯрафтагии онро осон месозад. Аз ин рӯ, вақте асаре надошта бошад, касе, ки хор дар пояш халида, дар пайдо кардани хор маъмулан иштибоҳ мекунад. Ҳамин тавр вақте, ки хоре аз сифоти замима дар пойи ҷону равони одамӣ фурӯ меравад ва шахсро дучори амрози руҳонӣ созад, он шахс, ки аз шиддати ҳирс ба шаҳавоту матомеи дунявӣ, биниш ва басирати худро аз каф дода, наметавонад амрози руҳонии худро бозшиносад ва ба муолиҷаи он пардозад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.609)

Хор дон онро, ки хурмо дидаӣ,

З-он ки бас нонкӯру бас нодидаӣ.

Он чиро, ки ба зоҳир хурмо дидаӣ, дар воқеъ онро бояд хор бидонӣ, зеро ки ту басе фурӯмоя ва фоқиди басиратӣ.

Нукта: Бар асари ғалабаи ҳирс, шумо хорро хурмо ва азобро узубат гумон кардаед. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.610)

Ҷони Луқмон, ки гулистони Худост,

Пойи ҷонаш хастаи хоре чарост?

Ҷони Луқмон, ки гулистону марғзори Худои Таъолост, чаро пойи ҷонаш захме хорӣ аст? Оё равост, ки хоре пойи руҳро хаста ва маҷрӯҳ созад ва аз тайи тариқ бозаш дорад?

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: