Диктотурҳо дар пайи мустаҳкам кардани пояҳои қудрати худ ҳастанд

Таҳлиле аз Фарид Закариё, назарияпардоз ва сутуннавис дар нашрияи Washington Post

Диктотуриҳои қарни 21-ум падидаи аҷибу ғарибанд. Ба навиштаи Добсун, онҳо шакли зоҳирии демукросӣ, қонуни асосӣ, интихобот ва расонаҳоро ҳифз мекунанд, аммо маънии воқеии онҳоро салб мекунанд. Онҳо тамоми талошашонро мекунанд, то аксариятро розӣ нигаҳ доранд ва дар ин роҳ аз ҳимояти дохилӣ, популизм ва бузург кардани ​​таҳдидоти хориҷӣ барои ҳифзи ҳамбастагии миллӣ ва маҳбубияти худ талош мекунанд…

* * *

Ахборе, ки аз Арабистон ба берун дарз пайдо мекунад, ҳайратовар аст. Кишваре, ки ба суботаш машҳур аст, шоҳиди иқдомоти Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди 32-солаи худ аст, ки бастагони худро дастгир, ҳисобҳои бонкии онҳоро масдуд ва онҳоро аз мансабҳои ҳассос ихроҷ кардааст. Аммо дар баррасии дақиқтар, набояд хеле мутааҷҷиб шуд. Муҳаммад бен Салмон дар ҳоли ҳозир раванди маъмули қудратмандон дар ҷаҳонро бар Арабистони Саудӣ эъмол мекунад.

Ин равиш баъд аз ба қудрат расидани Владимир Путин дар Русия, аз сӯи ӯ иттихоз шуд. Аввал, бузург нишон додани таҳдидоти хориҷӣ, ба хотири тасаллути бештари ҳукумат бар кишвар ва қудратманд кардани беш аз пеши он. Путин ин корро бо ҷанг алайҳи Чечен ва теруризм анҷом дод. Дуввум, мунзавӣ кардани афроди бонуфуз дар ҷомеа. Ин амр дар Русия, алигархия буд — ки дар он замон қудратмандтар аз худи давлат буд. Сипас, сӯҳбат аз ниёзи мубрам ба поён додан ба фасод, ниёз ба ислоҳот ва ироаи имтиёзот ба мардуми оддӣ. Далели муваффақияти чашмгири Путин дар охирин ҷабҳа, ба таври умда ба далели афзоиши қимати нафт тайи як даҳа пас аз он буд. Дар охир, ба даст гирифтани қудрати расонаҳо аз роҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ. Русия аз доштан расонаҳои озод дар соли 2000, акнун ба расонаҳои комилан таҳти контроли давлат, монанди он чи дар Ҷамоҳири Шӯравӣ шоҳиди он будем, расидааст.

Ба таври табиӣ, тамоми ин авомил, дар ҳамаи ҷои дунё корбурд надоранд. Масалан, шояд валиаҳди саудӣ дар воқеъ фарде ислоҳгар бошад. Аммо формули сиёсӣ, ки ӯ аз он пайравӣ мекунад, мушобеҳи формули эъмолшуда бар кишварҳои мухталиф монанди Чин, Туркия ва Филиппин аст. Мушоҳида шудааст, ки раҳбарон, аз мавориди мушобеҳ – миллигароӣ, таҳдиди хориҷӣ, зиддият бо фасод ва популисм — барои тасреъи қудрати худ истифода кардаанд. Дар ҷое, ки қувваи қазоия ва расонаҳо ба унвони монеъаҳои ба дастоварии ихтиёроти бидуни қайду шарти ҳоким талаққӣ мешаванд, онҳо ба сурати низомманд тазъиф мешаванд.

Вилём Добсун (William Dobson) дар китоби “Мунҳании дарки диктотур” (The Dictator’s Learning Curve)-и худ тавзеҳ дода, ки насли ҷадиди қудратмандон дар сар то сари ҷаҳон, барои ҳифзи қудрат, маҷмӯае аз тарфандҳо доранд, ки бисёр ҳушмандона ва печидатар аз гузашта аст. Ба ҷои ин ки аъзои гурӯҳҳои ҳуқуқи башарро дастгир кунанд, муваффақтарин мустабиддон, имрӯза, аз маъмурони молиёт ё бозрасони беҳдошт барои таътилии гурӯҳҳои мухолиф истифода мекунанд. Қавонин ба таври густарда навишта шуда ва сипас монанди теғе бар гурӯҳҳое, ки давлат онҳоро ба сурати таҳдид мебинад, эъмол мешаванд. Добсун ҷумлаи маъруфе аз яке аз фаъолони венесуэлӣ, ки мухолифи иқдомоти Ҳугу Човез буд, нақл кард: “Барои дӯстонам ҳама чиз, барои душманонам қонун.”

Диктотуриҳои қарни 21-ум падидаи аҷибу ғарибанд. Ба навиштаи Добсун, онҳо шакли зоҳирии демукросӣ, қонуни асосӣ, интихобот ва расонаҳоро ҳифз мекунанд, аммо маънии воқеии онҳоро салб мекунанд. Онҳо тамоми талошашонро мекунанд, то аксариятро розӣ нигаҳ доранд ва дар ин роҳ аз ҳимояти дохилӣ, популизм ва ​​бузург нишон додани таҳдидоти хориҷӣ барои ҳифзи ҳамбастагии миллӣ ва маҳбубияти худ талош мекунанд. Албатта муштаъил кардани оташи миллигароӣ, метавонад онро аз контрол хориҷ созад, монанди Русия ва эҳтимолан дар ояндаи наздик Арабистон, ки даргири ҷанги сарди шадид бо Эрон ва ба ҳамроҳи он, ҷанги ниёбатии хушунатомез дар Яман аст.

Ба унвони мисол, Туркия дар аввалҳои даҳаи 2000 дар масири демукросӣ ва либеролизм пеш мерафт. Дар иштиёқи худ барои бадал шудан ба узве аз Иттиҳодияи Урупо пофишорӣ мекард. Имрӯз Раҷаб Тайиб Ардуғон тақрибан тамоми монеъаҳоро барои контроли комили кишвар аз байн бурдааст. Ӯ артиш ва низоми идориро нобуд карда, иқдомоти мухталифи молиётӣ ва назоратӣ алайҳи мухолифон дар расонаҳо анҷом дода, ва гурӯҳи ҷунбиши Гуленро терурист эълом кардааст. Ҳокимони Филиппин ва Молезӣ низ ба назар дар ҳамин роҳ қадам бармедоранд.

Мутмаиннан тасвири демукросӣ дар ҳама ҷо ин тавр нест, аммо ин тамоюлот дар дуртарин манотиқи ҷаҳон низ дида мешавад. Дар кишварҳое монанди Ҳинд ва Жопун, ки беҳтарин демукросиро доранд низ, аносуре аз ин системи ҷадид (мисли миллигароӣ, тарсонидан аз таҳдиди хориҷӣ ва ғайра…) роҳи худро ба дохил пайдо кардаанд.

Тромп низ ба навбаи худ NBC, CNN (ки ман худ дар он кор мекунам) ва соири расонаҳои мухталифро бо шаклҳои мухталифи иқдомоти давлатӣ таҳдид мекунад. Ӯ ҳинҷорҳои демукротики қадимро нодида гирифтааст. Бинобар ин, метавон гуфт, дар Иёлоти Муттаҳида низ, бархе аз афрод дар ҳоли вифқ додани худ бо ин мунҳании хатарнок ҳастанд.

Washington Post

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: