Ибрози ҳамдардии ҲНИТ бо мардуми Эрон

Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо судури баёнияе, зимни ибрози ҳамдардӣ бо бозмондагони фоҷеаи заминларзаи ахир дар Эрон, ёдовар шуд: “Мардуми Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин лаҳазоти сахт, дар канори миллат ва давлати Ҷумҳурии Исломӣ хоҳанд буд.”

Матни ин баёния, ки Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, дар сафҳаи худ дар Фейсбук гузоштааст, ба шарҳи зерин аст:

Хабари асафноку дардовари вуқуъи зилзила дар ғарби Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба вижа устони Кирмоншоҳ, ки мунҷар ба шаҳодати беш аз 400 нафар, захмӣ шудани ҳазорҳо тани дигар ва хасороти густурдае шуд, муҷиби ғаму андӯҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вуқуъи ин ҳодисаи андӯҳборро хидмати мардум ва давлати Ҷумҳурии исломии Эрон, бахусус хонаводаи шуҳадо ва захмишудагони ин ҳодиса таслият арз менамояд.

Зимни ибрози ҳамдардии самимона бо бозмондагон, аз даргоҳи Худованд барои даргузаштагон ҷаннати барин, барои маҷруҳин шифои оҷил ва барои миллати наҷибу дусти ҶИЭ, ба вижа барои бозмондагони шуҳадо сабру шикебоӣ хоҳонем.

Мардуми Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин лаҳазоти сахт дар канори миллат ва давлати Ҷумҳурии исломӣ хоҳанд буд.

Раёсати Олии ҲНИТ

14.11.2017

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: