Махдуми Абдусаттор ба кумо рафтааст

Махдуми Абдусаттор, узви зиндонии Раёсати олии ҲНИТ, бар асари фишори баланди хун, дучори сактаи мағзӣ ва ба кумо рафтааст.

Сойти “Паём” бо истинод ба манобеи худ дар мақомоти адлияи Тоҷикистон навиштааст, ҳафтаи гузашта якдафъа вазъи Саттор Каримов Самадович, маъруф ба Махдуми Абдусаттор, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки дар Муассисаи ислоҳи ҷазоии рақами 1 (кирпичный) зиндонӣ аст, вахим гардида ва бар асари фишори баланди хун дучори сактаи мағзӣ гардидааст.

Манбаи сойти “Паём” афзудааст, “замоне ки фишори хунаш аз ҳад зиёд баланд шуд, масъулини зиндон дар ибтидо ба вай таваҷҷӯҳ накарданд, вақте аз по афтод, табиби зиндонро даъват карданд, ки акнун дер шуда буд ва Махдуми Абдусаттор дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.”

Ин сойт дар идома ёдовар мешавад, “ин дар ҳолест, ки масъулини ин муассиса то кунун хонавода ва пайвандони Махдуми Абдусатторро аз бад шудани вазъи саломатии ӯ огоҳ накардаанд ва ҳатто зану фарзандонаш ҳам аз ин бемории вай хабар надоранд.”

Ба навиштаи ин сойт, Махдуми Абдусаттор дар сабти яке аз мурофиъаҳои маҳбусони сиёсии ҲНИТ, дар толори додгоҳ иқрор мекунад, ки ӯ ва ҳамсафонашро дар зиндон шиканҷа ва мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Бино ба навиштаи “Паём”, то кунун маълум нест, ки баъд аз пушти сар кардани ин сактаи мағзӣ Махдуми Абдусаттор дар чӣ ҳолате қарор дорад ва масъулини зиндон, табибони он бо ин бемории вазнин чӣ бархӯрде кардаанд?

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар зиндон имкон ва шароити дармони чунин бемориҳо вуҷуд надорад оё ба наздикони ӯ иҷозати интиқолаш ба беморхона дода хоҳад шуд?

Оё аз нигоҳи ҳуқуқӣ Омбудсмен ва дигар ташкилотҳои ҳуқуқи инсон метавонанд ба ин мавзӯъ расидагӣ намоянд?

* * *

Инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) барои дӯст ва бародари азизам ҷаноби Махдуми Абдусаттор, ки ҳамеша кӯмакамон мекард ва дар шароити ногувор дастамонро мегирифт, дуо мекунам, зеро танҳо коре, ки феълан аз дастам бармеояд дуост, аз даргоҳи Худованд масъалат мекунам ҳарчи зудтар ин одами шарифро шифо бидиҳад ва аз зиндон ҳарчи зудтар озод гардад.

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: