Чӣ гуна уммати ҳазрати Масеҳ (а) шаробро барои худ ҳалол шумурданд?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Нӯшидани шароб ва шаробхорӣ дар тамоми адёни илоҳӣ – аз яҳудияту масеҳияту ислом — ҳаром будааст. Масалан, дар Таврот шаробхорӣ боиси “наҷосати инсон” муаррифӣ шуда ва Худованд хитоб ба ҳазрати Ҳорун (алайҳиссалом) фармудааст:

Ту ва писаронат бо ту, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавед, шароб ва арақ нанӯшед, то ки намиред; ин аст фаризаи абадӣ дар наслҳои шумо, то ки муқаддасро аз ғайримуқаддас, ва наҷисро аз пок битавонед фарқ кунед.” (Аҳди қадим (Таврот), Китоби сеюми Мӯсо, Ибодат, боби 10-ум, фарози 8 то 10; Тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев, с.172-173)

Тибқи ин фароз, илова бар он ки Худованд ҳазрати Ҳорунро аз нӯшидани шароб наҳй карда, ҳукми ҳаром будани онро абадӣ дониста ва онро барои тамоми наслҳои баъдӣ қонуне лозимулиҷро муаррифӣ кардааст: “Ин аст фаризаи абадӣ дар наслҳои шумо.”

Дар “Масалҳои Сулаймон” низ мухолифат бо шаробхорӣ дида мешавад. Шаробхорӣ ба унвони коре, ки нишонаи нодонӣ ва ҳаким набудан аст муаррифӣ шуда:

Шароб масхара медорад, бӯза талотум мекунад, ва ҳар кӣ саргарми он гардад, хирадманд намешавад.” (Китоби Масалҳои Сулаймон, боби 20-ум, фарози 1; Тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев, с.945)

Дар Инҷил (ҳатто Инҷили таҳрифшудаи кунунӣ) низ метавон намунаҳое барои ҳаром будани шаробхорӣ пайдо кард. Барои намуна, дар башорате, ки ба ҳазрати Закариё (а) дар бораи писараш ҳазрати Яҳё (а) дода шуда, омадааст:

Зеро, ки ӯ (Яҳё) дар назари Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳад нӯшид, ва аз шиками модари худ аз Руҳулқудс пур хоҳад буд.” (Инҷили Луқо, боби 1-ум, фарози 15; Тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев, с.105)

* * *

Ҳол, баъд аз ин, барои ҳар як аз мо ин суол худнамоӣ мекунад, ки агар чунин аст, пас чаро имрӯза масеҳиён шаробро ҳалол мешуморанд ва ибое аз нӯшидани он надоранд? (Манзурам масеҳиёни пойбанд ба дин аст, на афроде ба ном масеҳӣ.) Онҳо магар ин фарозҳо аз Таврот ва Инҷилро нахондаанд? Магар надидаанд, ки Худованд шаробро ба унвони “наҷосат” муаррифӣ кардааст?

Посух ин аст, ки: хондаанд, вале бо камоли таассуф, дар канори ин фарозҳо дар ин ду китоб ба хусус дар Инҷилҳои чаҳоргона, фарозҳое ба чашм мехӯрад, ки дар онҳо ба домони паёмбарони илоҳӣ ба хусус ҳазрати Масеҳ (а) тӯҳмати шаробнӯшӣ ва шаробсозӣ зада шудааст.

Бале, вақте бихоҳӣ умматеро хароб кунӣ ва аз роҳ бероҳааш намоӣ ва мунҳарифаш бисозӣ, осонтарин ва саҳлтарин кор ин аст, ки дар китобҳояш таҳриф ба амал оварӣ ва анбиёро муттаҳам ба шаробхорӣ ва майгусорӣ намоӣ. Ба унвони намуна, дар Инҷили Юҳанно достони дурӯғине дар бораи ҳазрати Исо (алайҳиссалом) баён шуда ва “сохти шароб ва нӯшонидани шароб ба дигарон” ба он ҳазрат нисбат дода шудааст:

Дар рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд. Исо ва шогирдонашро низ ба тӯй даъват карда буданд. Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: “Шароб надоранд”. Исо ба вай гуфт: “Туро бо Ман чӣ кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст”. Модараш ба хизматгорон гуфт: “Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред”. Дар он ҷо, мувофиқи оини татҳири яҳудиён, шаш кӯзаи сангин истода буд, ки гунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд. Исо ба онҳо гуфт: “Зарфҳоро аз об пур кунед”. Ва онҳоро лабрез карданд. Ва гуфт: “Акнун кашида, ба сардори базм баред”. Ва онҳо бурданд. Чун сардор оби ба шароб мубаддалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро фақат хизматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда, ба вай гуфт: “Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ”. (Инҷили Юҳанно, боби 2-ум, фарозҳои 1 то 10; Тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев, с.168-169)

Ҳамчунон ки мебинем, тибқи ин чанд фарози саросар кизб, ҳазрати Исо (алайҳиссалом) фарде муаррифӣ шуда, ки дар маҷлиси шароб ширкат карда ва ҳатто бо тамом шудани шароб, даст ба кор шуда ва аз нерӯи илоҳии хеш барои сохти шароб истифода кардааст. Моҷарое, ки бар хилофи китоби муқаддас ва дастуроти Худованд ба ҳазрати Ҳорун (алайҳиссалом) аст, ки: “Ту ва писаронат бо ту, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавед, шароб ва арақ нанӯшед, то ки намиред; ин аст фаризаи абадӣ дар наслҳои шумо, то ки муқаддасро аз ғайримуқаддас, ва наҷисро аз пок битавонед фарқ кунед.

Бо хондани ин фарозҳо аз Инҷил, оё як масеҳӣ шароб нанӯшад?!

Ин аст, ки имрӯза шаробхорӣ ва майгусорӣ барои масеҳиён як амри оддӣ ва балки “шаръӣ” гардида.

* * *

Ҳол, суол: вақте дасти таҳриф ба сӯи китоби Худованд дароз мешавад, оё имкон надорад ин дасти касиф ба сӯи соири китобҳо дароз шавад?! Посух комилан равшан аст.

Бадхоҳони уммати ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) – аз ҳамон садри ислом то ба кунун — чун дасташон аз таҳриф дар Қуръони Карим кӯтоҳ аст (зеро ҳифз ва нигаҳдории ин китобро худи Худованд ба ӯҳда гирифтааст), барои мунҳариф кардани уммати он ҳазрат (с) даст ба таҳрифи китобҳои бузургони ин уммат дароз карданд. Онҳо бо таҳриф дар китобҳои уламо ва донишмандони исломӣ ва ворид кардани ҳарфҳои кизб дар онҳо, дар садади мунҳариф кардани мусалмонон баромаданд.

Барои онҳо ҳамин кофӣ ва басанда буд, ки чанд донишманд ва олими исломиро муттаҳам ба шаробхорӣ ва майгусорӣ намоянд, то ба аҳдофашон бирасанд. Ҳамин кофӣ буд. Ва ин корро карданд мутассифона.

Дар бораи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино – ки илова бар файласуф ва табиб будан, як муфассир ва як олими ба тамоми маъно исломӣ аст – дар ҳамон даврони зинда буданаш (то чӣ расад пас аз вафоташ) ҳарфҳои кизб ва бӯҳтонҳои фаровоне бофтанд, ва ин тӯҳматҳо мутаассифона дар баъзе аз нусхаҳои зиндагониномаи вай (ки ба дасти шогирдаш Ҷузҷонӣ нигошта шуда) бо як зарофати хосс ворид шудаанд.

Ва ҳамин тӯҳматҳои мавҷуд дар ин китобҳо, имрӯзҳо барои иддае бадхоҳ баҳонае шуда, то бо интишори он акозиб, ё ба мунҳариф кардани мусалмонон бароянд ва ба тадриҷ мусалмононро мисли масеҳиён афроде лоуболӣ ва бепарво гардонанд ва ё майгусорӣ ва шаробхории худро ба ин васила тавҷеҳ намоянд. Яъне, агар мо шароб менӯшем, бар мо айб нагиред, бибинед Ибни Сино шароб менӯшида, Хайём дар бораи шароб ашъор суруда ва ё фалон шоир аз маю шароб сутуда ва ғайра…

* * *

Ва ин ҳама дар ҳоле аст, ки шароб, ба тасреҳи Қуръони Карим риҷс (палид ва наҷис) аст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالْأَنصَابُ وَالْأَزْلَامُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ. إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَن يُوقِعَ بَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاء فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَن ذِكْرِ اللّهِ وَعَنِ الصَّلاَةِ فَهَلْ أَنتُم مُّنتَهُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед! Хамр ва қимор ва бутҳо ва тирҳои қуръа риҷс (палидӣ) ҳастанд (ва) аз амали шайтон, пас, аз онҳо дурӣ гузинед! Бошад, ки растгор шавед. Ҳамоно шайтон мехоҳад ба василаи хамр ва қимор миёни шумо душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад, пас, оё шумо даст барнамедоред?!” (Сураи Моида, ояти 90 ва 91)

Ва аммо ин ки гуфта мешавад, дар баъзе аз мазоҳиб ба нӯшидани “миқдори каме аз он” иҷоза ҳаст, посух ин аст, ки оё ба ин фатвои шозз (нодир) касе аз уламо эътино карда ҳатто шогирдони наздики Имом Абӯҳанифа (р)? Ҳол бибинед, назари уламо дар бораи он чист?

1) Дар “Алъиноя шарҳул-ҳидоя” гӯяд:

وَقَوْلُهُ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ: «مَا أَسْكَرَ كَثِيرُهُ فَقَلِيلُهُ حَرَامٌ» وَيُرْوَى عَنْهُ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ: «مَا أَسْكَرَ الْجَرَّةُ مِنْهُ فَالْجَرْعَةُ مِنْهُ حَرَامٌ» وَلِأَنَّ الْمُسْكِرَ يُفْسِدُ الْعَقْلَ فَيَكُونُ حَرَامًا قَلِيلُهُ وَكَثِيرُهُ كَالْخَمْرِ وَلَهُمَا قَوْلُهُ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ: «حُرِّمَتْ الْخَمْرُ لِعَيْنِهَا» وَيُرْوَى: «بِعَيْنِهَا قَلِيلِهَا وَكَثِيرِهَا

Ва (далелашон) ин фармудаи ҳазрати Паёмбар (с) аст, ки: “Он чӣ зиёдаш маст мекунад, андаки он низ ҳаром аст”. Ва аз он ҷаноб (с) низ ривоят мекунанд, ки: “Он чӣ зиёди он маст мекунад, як ҷуръа (андак) аз он низ ҳаром аст”. Ва ҳамчунин (далели дигарашон) он аст, ки чизи масткунанда ақлро фосид мекунад, пас, ҳаром аст чӣ андак бошад ва чӣ бисёр мисли хамр. Ва ҳамчунин дар тақвияти ин фатво метавон ин ҳадиси ҳазрати Паёмбар (с)-ро низ овард, ки: “Хамр ба хотири айнаш ҳаром шудааст”. Ва низ ривоят мекунанд: “(Ҳаром шуда) ба айнаш, чӣ андаки он ва чӣ бисёраш…” (Алъиноя шарҳул-ҳидоя, 14/368, Ашшомила)

2) Дар “Табйинул-ҳақоиқ шарҳу Канзид-дақоиқ” гӯяд:

وَمِنْ الناس من يقول غَيْرُ الْمُسْكِرِ منها ليس بِحَرَامٍ كَغَيْرِهِ من الْأَشْرِبَةِ لِأَنَّ الْفَسَادَ لَا يَحْصُلُ بِهِ، وَهَذَا كُفْرٌ لِأَنَّهُ يُخَالِفُ الْكِتَابَ وَالسُّنَّةَ وَالْإِجْمَاعَ

Баъзеҳо мегӯянд, он миқдор аз хамр, ки маст намекунад ҳаром нест мисли соири нӯшиданиҳо, зеро ба он миқдори андак ақл намеравад (яъне маст намекунад). Ва ин сухан куфр аст, зеро мухолифи китоб (Қуръон) ва суннат ва иҷмоъ мебошад…” (Табйинул-ҳақоиқ шарҳу Канзид-дақоиқ, 6/44, Ашшомила)

3) Дар “Қуррату айнил-ихтиёр” гӯяд:

وَحرم قليلها: أَيْ شُرْبُ قَلِيلِهَا… وَاحْتَرَزَ بِهِ عَمَّا قَالَهُ بَعْضُ الْمُعْتَزِلَةِ إنَّ الْحَرَامَ هُوَ الْكَثِيرُ الْمُسْكِرُ لَا الْقَلِيلُ… قَالَ فِي الْهِدَايَةِ: وَهَذَا كُفْرٌ لِأَنَّهُ جُحُودُ الْكِتَابِ فَإِنَّهُ سَمَّاهُ رِجْسًا، وَالرِّجْسُ مَا هُوَ مُحَرَّمُ الْعَيْنِ

Ва андаки он ҳам ҳаром аст. Яъне, нӯшидани андаки он ҳаром аст… Ва (муаллиф) бо ин сухан эҳтироз ҷуста аз он чӣ баъзе аз Мӯътазила гуфтаанд мабнӣ бар он ки: он чӣ ҳаром аст миқдори зиёди он аст, на миқдори андаки он… Дар “Ҳидоя” (дар радди ин пиндор) гӯяд: Ва ин куфр аст, зеро ки инкори китоб (Қуръон) мебошад, чаро ки Қуръони Карим хамрро риҷс (палидӣ) унвон карда, ва риҷс он чизе аст, ки айнаш ҳаром мебошад…” (Қуррату айнил-ихтиёр, 7/4, Ашшомила)

4) Дар “Аддуррул-мухтор” гӯяд:

وَحَرَّمَهَا مُحَمَّدٌ: أَيْ الْأَشْرِبَةَ الْمُتَّخَذَةَ مِنْ الْعَسَلِ وَالتِّينِ وَنَحْوِهِمَا قَالَهُ الْمُصَنِّفُ «مُطْلَقًا» قَلِيلَهَا وَكَثِيرَهَا

Ва Имом Муҳаммад онҳоро ҳаром дониста. Яъне, нӯшиданиҳоеро, ки аз асал, анҷир ва монанди онҳо гирифта мешавад. Мусанниф гӯяд: (Имом Муҳаммад) онҳоро мутлақо (ҳаром дониста) чӣ андаки онро ва чӣ бисёрашро…” (Аддуррул-мухтор, 6/454, Ашшомила)

Ин аст дидгоҳи аҷиллои фуқаҳои ҳанафӣ (ва ҳатто фуқаҳои боқии мазоҳиб) дар бораи нӯшидани хамр чӣ камаш ва чи зиёдаш. Ва ҳамин фатвоҳо мӯътабар ҳастанд, на он чӣ шозз ва нодиранд.

* * *

Дар поён лозим аст арз кунам: ҳар ки дӯстдори ин заҳри мор аст, пас нӯши ҷонаш, вале ба ҳеч ваҷҳ дуруст нест барои тавҷеҳи ин кораш, домони бузургони исломиро олуда кунад ва ё дар садади мунҳариф кардани мусалмонон барояд.

Мусалмонон ҳам муваззаф ҳастанд ва балки воҷиб бар эшон ин аст, ки ҷилави ин гуна талошҳои касиф биистанд.

Саломат бошед!

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба шубаҳот, Қуръони Карим

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: