Андар “лату кӯби” Раҳматилло Зоиров

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чанд рӯз пеш, Раҳматилло Зоиров, раиси мӯҳтарами Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), дар пойтахти кишвар мавриди “лату кӯби” афроде — ки гуфта мешавад, ҳувияти онҳо то ин лаҳза маълум нашудааст — қарор гирифта ва эшон аз ноҳияи даст, китф ва тахатпушт осеб дидааст.

Тибқи он чи дар расонаҳо омада, моҷаро аз он ҷо шурӯъ шудааст, ки ҷаноби Зоиров ҳангоме, ки дар хиёбон ҳамроҳи саги худ қадам мезада, як бонуи тақрибан 35-40-сола бе ҳеч далеле ба эшон мегӯяд: “Садқаи мусалмонӣ шав, бенамозу ноинсоф!” Сипас, як ҷавони 28-30-сола хитоб ба Зоиров мегӯяд: “Ту Зоирови ватанфурӯш, хоини миллат, боз ба ҷумҳурӣ баргашта, кори сиёҳи худро давом медиҳӣ?!” Дар ҳамин асно, як марди дигар аз пушт ба воситаи оҳан ба сари эшон заданӣ мешавад, ки Зоиров барои дифоъ аз худ дасташро боло бармедорад ва кафи дасташ осеб мебинад. Ба гуфтаи ҷаноби Зоиров, ин афрод ӯро “ӯзбак ва хоини миллат” номидаанд.

Худи ҷаноби Зоиров – тибқи он чи дар расонаҳо омада — мӯътақид аст, ин ҳамла барномарезишуда будааст ва афроди мазкур бо “суфориши махсус” ба ин кор иқдом намудаанд.

* * *

Феълан, наметавон бо қотеияти тамом гуфт, ки ин ҳамлаи ҷунуномез оё барномарезишуда буда ва ё ин афрод, бидуни ҳеч суфорише, аз пеши худ иқдом ба ин амал намудаанд?! Агар таҳқиқот шаффоф ва бо пайгирии худи ҷаноби Зоиров, ки ҳуқуқдон ҳам ҳаст, сурат бигирад, шояд ҳақиқат равшан гардад.

Бо ин ҳама, роқими ин сатрҳо мӯътақид аст, бо таваҷҷӯҳ ба фазои ҳоким бар кишвар тайи даҳ понздаҳ соли ахир, ниёзе надорем фарз кунем, ки ин амал суфоришӣ буда бошад. Чаро?

Далелаш ин аст: яке аз натиҷаҳои табиии таблиғоти расонаӣ, ки ҳукумати кунунӣ дар даҳ понздаҳ соли ахир — ба хусус аз тариқи садо ва симои берақиби кишварамон — ба роҳ андохта ин аст, ки ин таблиғоти масмум наслеро ба бор оварад, ки таҳти таъсири ин таблиғот, ҳозир бошанд даст ба аъмоле инчунинӣ бизананд ва ҳар касеро, ки “хоин” ва “ватанфурӯш” ва “душмани миллат” мешуморанд, лату кӯб ва чи басо бикушанд, бо ихтиёри худ ва бидуни ин ки касе ба онҳо суфорише карда бошад. Даҳ понздаҳ сол аст, ки расонаҳои расмӣ ва ҳатто нимарасмӣ ва ба ном мустақил аммо дар воқеъ вобаста, тамоми саъю кӯшишашон ин шудааст, ки опозисиюн ва мухолифон ва мунтақидони сиёсатҳои ҳукумати феълӣ, ба вежа мунтақидони амалкардҳои раисиҷумҳури кишварро ба унвони афроде “хоин”, “ватанфурӯш”, касоне, ки “барои хоҷагони хориҷӣ хидмат мекунанд”, “душманони миллат” ва ин қабил ановин муаррифӣ кунанд.

Магар на ин аст, ки имрӯза дар ҷомеаи мо, вожаи “мухолиф” ва “опозисиюн” мутародиф шуда бо вожаҳое чун “хоин” ва “ватанфурӯш”?!

Ҳол, муҷозоти хоин ва ватанфурӯш ва душмани миллат, дар назари як инсони оддӣ чист ба назари шумо?! Оё ҷуз таҳқир ва тавҳин ва кушта шудани вай?! Ин таблиғоти масмум, чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем, кори худро мекунад ва таъсири худро рӯи шаҳрвандони оддӣ мегузорад. Дар Олмони нозӣ, мошини таблиғоти фошистҳо, бо мардуми Олмон ҳамин корро карда буд. Мошини таблиғоти кумунистҳо дар даврони Шӯравӣ, бо мардум ҳамин корро карда буд.

Чингиз Айтматов, нависандаи шаҳири қирғизӣ (Худо раҳматаш кунад!) ҳадафаш аз халқи асари “Рӯзе ба дарозои як қарн” ва ба тасвир кашидани “манқурт”, чизе ҷуз баёни ин ҳақиқат набуд, ки таблиғоти масмум, одамонеро дар ҷомеа ба бор меоварад, ки таҳти таъсири ин таблиғот ба афроде табдил мегарданд, ки ҷуз иҷрои фармону дастури ҳоким ва ҳукумат, чизе дар сар нахоҳанд дошт. Дар ин асари Айтматов, жуанжуанҳо — ки дар воқеъ намоди ҳуккоми мустабид аст — ҷавононеро ба асорат мегирифтанд ва мӯйи сари онҳоро покиза тарошида ба сари он бандаҳои Худо пӯсти шутур мебастанд ба гунае ки ба пӯсти сарашон бичаспад ва мӯйи сари ҷавонон ба дохили сар фурӯ биравад, на ин ки боло бирӯяд, он гоҳ ин ҷавонҳо ҳофизаи худро аз даст медоданд ва танҳо ба ҳарфи касе гӯш медоданд, ки ононро ба ин ҳол дароварда, яъне ҳамон жуанжуанҳо, яъне дар воқеъ ба муште рубот табдил мегардиданд. Чингиз Айтматов инҳоро манқурт номида яъне касоне, ки беҳувият шудаанд.

Ин фароянд, яъне фароянди манқуртсозии ҷавонон тавассути жуанжуанҳо, дар воқеъ ҳамон таблиғоти масмум аст. Манқурт касест, ки дар зеҳни ӯ фақат чизҳое ворид шуда, ки жуанжуанҳо хостаанд ворид бишавад.

Даҳ понздаҳ сол аст, ки “жуанжуанҳои” тоҷик аз тариқи расонаҳои расмӣ ва ба хусус садо ва симои давлатӣ, зеҳни шаҳрвандонро бо таблиғоти худ масмум кардаанд. Дар назари шаҳрвандон фақат як фард аст, ки ба унвони қаҳрамон, ҳамакора, поягузори давлат, сулҳофарин, созандаи миллат ва ғайра аз ин қабил ановини пуртамтароқ нишон дода мешавад, ва ин авохир, ҳатто “офтобе” муаррифӣ мешавад, ки агар “наметобид”, миллати тоҷик дар як торикӣ ва зулумот фурӯ рафта буд. Ҳоло фақат ҳамин мондааст, ки ӯро “Худо” биноманд. Ва дар муқобил, ҳар ки мухолифи ӯ бошад ва бо сиёсатҳояш ҳамоҳанг набошад, ӯ дигар “хоин”, “душмани миллат”, “харобкор” ва “ватанфурӯш” муаррифӣ мешавад.

Хуб, ин таблиғот ва ин илқоот, рӯи шаҳрвандон таъсир намегузорад?! Агар нагӯем рӯи ҳама, лоақал рӯи шумори қобили таваҷҷӯҳе аз шаҳрвандон қатъан таъсири худро мегузорад. Бо ин ҳол ва бо вуҷуди ин таблиғоти масмум ва густарда, бисёр табиист, ки вақте як “хоин” дар хиёбон қадам бизанад, мавриди тавҳину таҳқир ва лату кӯби иддае манқурт қарор бигирад. Ба назари ман, ин табиист, натиҷаи табии ин таблиғоти масмум аст.

(Акс мутаъаллиқ аст ба пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ)

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: