10 намуна барои исботи бардагии Тромп барои Исроил

Мақолае аз Мойкел Ботеман (Michael Bateman)

Аз сиёсати Ховари Миёна то сиёсати Русия ва ҳар чизи дигаре, Дунолд Тромп дуруст монанди маймуни дастомӯз ҳар бор, ки Исроил мегӯяд бипар, аз фармонҳо пайравӣ мекунад.

Инак, шеваҳое, ки ин фармонбардорӣ анҷом мешавад:

1) Пас аз солҳо, Исроил ва 45-умин раисиҷумҳури Омрико аз ЮНЕСКО хориҷ шуданд, чаро ки ин созмон ҷиноятҳои Исроил алайҳи мардуми Фаластинро мустанад мекард. Тромп бо хостаи исроилиҳо канор омад;

2) Телавив мехост касе сафири Омрико дар Исроил таъйин бишавад, ки як мутаассиби саҳюнист ва пуштибони ишғолгарии ғайриқонунӣ бошад. Дэвед Фридман (David Friedman) вакиле аст, ки ба унвони сафири Иёлоти Муттаҳида дар Исроил мансуб шудааст. Тромп бо ӯ мувофиқат кард, агарчи ин фард ошкоро мухолифи хостаҳои Тромп буд;

3) Исроил мавҷе аз бомбгузориҳои ваҳшиёна алайҳи нерӯҳои давлатии Сурия ва таъсисоти ин кишварро дар ҳоле, ки дар мубориза алайҳи теруристҳои доъишӣ буданд, ба роҳ андохт. Исроил аз теруристҳои ҷоҳталаб барои мубориза бо давлати Сурия ҳимоят мекард ва хостори ҳимояти Иёлоти Муттаҳида буд. Тромп аз ин шева пайравӣ кард ва нерӯҳои омрикоии бештареро дар ҳимоят аз теруристҳои зиддидавлатӣ ирсол кард;

4) Исроил тавофуқи ҳастаии Эронро, ки дар соли 2015 аз сӯи 6 кишвари аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал ба имзо расид, маҳкум кард. Натонёҳуи хашмгин, аз раисиҷумҳур Тромп хост, ки аз Телавив пайравӣ кунад ва тавофуқи чандҷонибаеро, ки тавассути салафи ӯ Борок Убомо имзо шуд, лағв кунад. Тромп мувофиқат кард ва Иёлоти Муттаҳида дар маърази хатари ошкори нақзи тавофуқномаи байналмилалӣ қарор гирифт. Натонёҳу дар номаи пур аз дурӯғи худ мегӯяд: “Эрон бо дар назар доштани шароити фаннӣ, руҳи тавофуқномаро нақз карддааст” Дар ҳоле, ки ба намунае аз ин нақз ишора намекунад. Тарафҳои дигари қарордод борҳо пойбандии Эрон ба муфоди қарордодро таъйид карда ва Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ ва Созмони Милал низ борҳо гувоҳӣ доданд, ки Эрон ба ин тавофуқ пойбанд будааст. Тромп шавоҳид ва изҳороти коршиносони бешумор ва женеролҳои худро рад мекунад, дар ҳоле, ки аз дурӯғҳои Исроил пайравӣ мекунад;

5) Исроил аз Тромп хоста, ки шаҳрвандони омрикоиеро, ки дар бораи ишғоли ғайриқонунии заминҳои Фаластин сӯҳбат мекунад ҷарима кунад, ки хостае бар хилофи озодии баён аст. Тромп низ ин корро кард. Ин нақзи бесобиқаи қонуни асосии Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд.

6) Исроил аз Иёлоти Муттаҳида хост, ки вакили амлок як саҳюнист ба номи Ҷесун Гринблот (Jason Greenblatt) ва даллоли амлок ба номи Ҷоред Кушнер (Jared Kushner)-ро ба унвони музокиракунандаи сулҳ интихоб кунад. Неки Ҳили (Nikki Haley), ки ба унвони сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуд, Исроил ҳомии ӯ буд. Ҳили нахустин фармондори Иёлоти Муттаҳида буд, ки ҳимоят аз ҷунбиши сулҳомези BSD-ро муҷозот кард;

7) Тромп алайҳи тавсияи женеролҳои худаш амал кард ва дар баробари тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон истод. Интихоби ӯ, канор омадан бо хостаҳои Натонёҳу буд;

8) Тромп аз тарҳи Исроил барои эҷоди давлати мустақилли Курдистон барои расидан ба манофеи устони ғании Каркук истиқбол кард. Тромп мушовирони низомӣ ва аслиҳаро ба курдҳо дар ҷанги Сурия интиқол дод. Онҳо талош доштанд, то қаламрави мустақилли Курдистонро эҷод кунанд. Ин бахше аз барномаи Исроил барои тағйири нақшаи Ховари Миёна ва эҷоди минтақаи худмухтори Курдистон буд;

9) Тромп хостаи давлати Туркия барои бозгардондани Фатҳулло Гуленро рад кард. Фатҳулло Гулен фардест, ки аз соли 1999 пуштибонии Исроил ва созмони CIA-ро пушти худ мебинад ва дар бораи нақши ӯ дар раҳбарии кудетои шикастхӯрдаи соли 2016 ҳанӯз баҳс аст;

10) Ҳамон тавр ки дар бораи тамоми пешиниёни Тромп ҳам вуҷуд дошт, Тромп комилан таҳти фишори раҳбарони Исроил ва лобии қудратманди ин кишвар аст. Тромп аммо яксара таслими ин лобӣ шудааст ва ҳатто мушовирони сиёсати хориҷии худро низ бо тавсияи онҳо интихоб мекунад.

Russia Insider

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: