Вақте “Фараж” ва “Ховар” дурӯғ мепарокананд…

Иззатулло Саъдуллоев, номзади улуми таърих ва узви Комиссияи оштии миллӣ, дар ёддоште, бо баёни ин ки вай “бо тамоми масъулият” иброз медорад, ки мақолаи нашршуда дар “Фараж”, ки ба ӯ нисбат дода шудааст, саропо дурӯғ ва тӯҳматангез мебошад, хотирнишон кардааст: “Фараж” кайҳо боз ба як ниҳоди дурӯғпароканӣ ва тӯҳматбоф табдил шудааст.”

Матни ин ёддошт, ки Иззатулло Саъдуллоев дар сафҳаи худ дар Фейсбук мунташир кардааст, ба шарҳи зерин аст:

* * *

Дар посух ба мақолаи саропо дурӯғ ва тӯҳматомези “ҲНИТ ва ДОИШ: исботи амалии як будани таълимот, фаъолият ва максади ин ду ташкилоти экстремистӣ” дар ҳафтаномаи “Фараж” аз 04.11.2017 ва бознашри ин мақола дар сайтҳои АМИТ “Ховар” (04.09.2017), “Ҳамсинф” (09.11.2017) ва “Центр—Азия” (09.11.2017):

Ман, Иззатулло Саъдуллоев бо тамоми масъулият иброз медорам, мақолаи нашршуда дар “Фараж”, ки ба банда нисбат дода шудааст саропо дурӯғ ва тӯҳматангез мебошад. Банда ҳеҷ гоҳ мухлиси ин ҳафтаномаи дурӯғпардоз ва муғриз набудам ва ҳангоми дар дохили кишвар будан низ ҳамкорие бо ин ҳафтанома надоштам. Ҳоло ки дар хориҷи кишвар ба хотири идомаи корҳои илмиам қарор дорам ва ҳар гуна маводе, ки дар ВАО-и дохили кишвар аз номи ман ба нашр мерасад, моли банда нест ва ба ман рабте надорад.

Зимнан, “Фараж” кайҳо боз ба як ниҳоди дурӯғпароканӣ ва тӯҳматбоф табдил шудааст, ки бо супориши доираҳои муайяни бадхоҳ ба “террори шахсиятӣ”-и чеҳраҳои сиёсии кишвар машғул аст ва сардабири он Хуршеди Атоулло ҷойгоҳи худро ҳамчун як шахси фитнаангез ва муғриз дар байни аҳли қалами озоднигар ва ҳақчӯ аз даст додааст ва ба муаррифии ин одам ниёзе нест.

Аммо банда шахсе ҳастам, ки дар истиқрори сулҳ дар кишвар саҳми амалии худамро гузоштаам ва дар ин роҳ чӣ азобҳо ва азиятҳоеро ба ҷон харидаам, вале аз роҳи интихобкардаам нагузаштаам, чун яқин медонам ин рисолати муқаддасе буд, ки банда анҷом додам ва аз он ифтихор ҳам мекунам.

Бори дигар бо тамоми масъулият иброз медорам, ки хамаи ин тӯҳматҳо ва таҳқиру фактҳои ғайривоқеъӣ дар ҳаққи шахсиятхои мӯҳтарами кишвар дар ин макола чой дошта, пурра бар дӯши сардабири ҳафтаномаи “Фараж” Хуршеди Атоулло мебошад.

Иззатулло Саъдуллоев,

Номзади илмҳои таърих, аъзои собиқ комиссияи “Назорат бар оташбаси қарордодҳои Теҳрон” зери сарпарастии СММ аз ҷониби ИНОТ, корманди собиқ Комиссияи Оштии миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ, омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналмиллалии “Донишгоҳи байналмиллалии муштараки Тоҷикистону Амрико”, омӯзгори собиқи “Донишгоҳи исломии Тоҷикистон”, мудири собиқи кафедраи “Гимназияи исломии Тоҷикистон”.

16.11.2017

Реклама


Рубрики:Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: