Назарбоев: “Кишварҳои Осиёи Миёна роҳе ҷуз иттиҳод надоранд”

Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт: “Кишварҳое, ки дорои таърих, дин, фарҳанг ва зеҳнияти муштарак ҳастанд, роҳе ҷуз иттиҳод надоранд.”

Ба гузориши Farsnews, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, зимни суханоне дар севвумин иҷлоси Бошгоҳи Остона, бо ишора ба кишварҳои Осиёи Миёна гуфт: “Кишварҳое, ки дорои таърих, дин, фарҳанг ва зеҳнияти муштарак ҳастанд, роҳе ҷуз иттиҳод надоранд.”

Вай афзуд: “Кишварҳои Осиёи Миёна мулзам ба иттиҳод на алайҳи касе, балки барои рифоҳи давлатҳо ва мардуми худ мебошанд.”

Назарбоев идома дод: “Ахиран тағйироти куллӣ ва мусбате дар иқтисоди Ӯзбакистон мушоҳида мешавад ва тиҷорат бо ин кишвар 30 дарсад афзоиш ёфта ва ширкатҳои муштарак эҷод ва табодули фарҳангӣ сурат мегирад.”

Раисиҷумҳури Қазоқистон идома дод: “Чунин корҳое дар Тоҷикистон ва Туркманистон низ анҷом мешаванд ва дар Қирғизистон чанде пеш интихоботи риёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд.”

Назарбоев ҳамчунин тасреҳ кард: “Дар Қазоқистон теъдоди зиёде тоҷик, қирғиз ва ӯзбак зиндагӣ мекунанд.”

Раисиҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин изҳор дошт: “Кишварҳое, ки дорои таърих, дин, фарҳанг ва зеҳнияти муштарак ҳастанд, ба хости Худованд бояд ба таври муттаҳид зиндагӣ ва ба кӯмаки ҳам амнияти минтақаро таъмин кунанд.”

Вай гуфт: “Тамоми масоилро метавон аз тариқи музокирот ва имтиёзот ҳаллу фасл кард.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: