Машоҳир

Шабоҳатҳои Тоҷикистон ва Зимбабве

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Роберт Мугабе, раисиҷумҳури 93-солаи Зимбабве, пас аз 37 соли пешвоӣ дар ин кишвар, тайи як кудето сарнагун ва ҳаминак дар ҳасри хонагӣ қарор дорад. Бо ин ки байни Тоҷикистон ва Зимбабве тафовутҳои зиёде ҳаст, аммо аз назари таҳаввулоти сиёсӣ дар се даҳаи ахир, шабоҳатҳои фаровоне миёни ду кишвар вуҷуд дорад, аз ин қарор:

1) Таърихи истиқлоли ҳар ду, бисёр ба ҳам наздик ҳастанд. Зимбабве соли 1980 истиқлоли худ аз Бритониёро эълон кард ва Тоҷикистон аммо соли 1991 бо фурӯпошии Шӯравии собиқ ба истиқлол расид;

2) Ҳамон тавр ки Роберт Мугабе аз оғозҳои ба истиқлол расидани ин кишвар, дар раъси қудрат қарор дорад (ё беҳтараш, дошт), ҳамин тавр ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ пас аз истиқлоли Тоҷикистон, бар курсии риёсати ҷумҳурии кишварамон нишаста ва ҳоло-ҳолоҳо рафтанӣ нест, чунонки Мугабе низ рафтанӣ набуд, балки ҳамсарашро пас аз худаш барои ин маснад омода мекард, вале рӯзгор вифқи муроди вай начархид, зеро ҳамҳизбиҳо ва ҳамразмонаш пас аз он ҳама солҳои вафодорӣ ва хидмат ба вай, косаи сабрашон лабрез шуд ва алайҳи ӯ кудето анҷом доданд ва барканораш карданд; гӯӣ забони ҳолашон ин буд, ки: рафиқ Мугабе! Дигар шӯрашро даровардӣ, ин қадр мунтазират мондем, то қабл аз мурдан ба ихтиёри худ канор биравӣ ва пеши мо ва миллати мо мӯҳтарам боқӣ бимонӣ, ту аммо, мақоми риёсати ҷумҳуриро ба подшоҳӣ табдил додӣ ва тасмим доштӣ пас аз мурдан ҳамсарат “пешвои” мо бошад! Агар алайҳи ту қиём кардем, тақсир ва кӯтоҳии худат аст, на мо!

3) Яке дигар аз ҷиҳоти ташобуҳ ва монандии Тоҷикистон ва Зимбабве аз назари сиёсӣ, ин аст, ки ҳам ҷаноби Роберт Мугабе ва ҳам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, ҳар ду, бо “раъйи” мардум ва тайи интихоботи “озод” ва “шаффоф”, бақои худ бар аршро тазмин кардаанд. Хонандаи азизи тоҷик аз интихоботҳои риёсати ҷумҳурӣ тайи 25 соли гузашта дар кишвари азизамон огоҳ аст, ҳоло мехоҳам барояш он чиро, ки дар Зимбабве дар муддати 37 соли гузашта дар ин росто иттифоқ афтода пешкаш кунам, то худи хонанда ба ҷиҳоти ташобуҳи ин ду кишвар аз назари сиёсӣ пай бибарад:

* * *

Соли 1987, Роберт Мугабе рафиқаш Ҷошуа Нкоморо маҷбур мекунад, то аз ҳизби ҳокими ЗАНУ-ПФ (Иттиҳодияи миллии офриқоии Зимбабве — Ҷабҳаи миҳанӣ, яъне чизе шабеҳи ҲХДТ) даст бикашад. Дар ҳамон сол Мугабе қонуни асосиро тағйир медиҳад ва худро табдил ба раисиҷумҳури Зимбабве мекунад. То он замон ӯ нахуствазир буд.

Соли 1991 Мугабе маромномаеро дар Зимбабве ба тасвиб мерасонад, ки ҳадафаш “тақвияти сулҳ ва амният, демукросӣ, озодии афрод ва ҳуқуқи баробар барои ҳамаи ақшор” аст.

Соли 2000 ҳизби ҳоким (ЗАНУ-ПФ) ба раҳбарии Мугабе, бо як чолиши ҷиддӣ аз сӯи Ҷунбиши тағйири демукротик (опозисиюн) ба раҳбарии Морган Тсвангираӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Соли 2002 Маҷлис (порлумон) қонуни озодии расонаҳоро ба шиддат маҳдуд мекунад. Иттиҳодияи Урупо таҳримҳо алайҳи Зимбабверо эъмол мекунад. Дар ҳамон сол Мугабе бо вуҷуди тамоми мухолифатҳо, як бори дигар дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунад ба гунае, ки нозирони дохилӣ ва хориҷӣ ба шиддат иқдоми вайро маҳкум мекунанд.

Соли 2003 эътисоби умумӣ ба таври густардае дар кишвар шакл мегирад, ки бо бархӯрди шадиди нерӯҳои амниятӣ мувоҷеҳ мешавад. Раҳбари Ҷунбиши тағйироти демукротик (Морган Тсвангираӣ) дастгир мешавад. Тсвангираӣ муттаҳам ба “хиёнат ва барномарезӣ барои кудето ва қатли раисиҷумҳур” мешавад. Соли 2005 Морган Тсвангираӣ муҳокима мешавад.

Аз он ҷое, ки мухолифон ба таври комил интихоботи Зимбабверо бино ба хости раҳбарашон таҳрим мекунанд, ҳизби ҳоким (ЗАНУ-ПФ) аксарияти қотеъи курсиҳои порлумонро дар Маҷлиси намояндагон ва Сено касб мекунад.

Дар майи соли 2006 таваррум ба беш аз ҳазор дарсад мерасад. Опозисиюн тазоҳуроти густардаеро ба роҳ меандозад. Пулис раҳбарони опозисиюнро боздошт ва таҳти шиканҷа қарор медиҳад.

Соли 2007 тазоҳурот ба муддати се моҳ дар Зимбабве мамнӯъ мешавад. Дар моҳи майи ҳамон сол хомӯшии барқ дар Зимбабве ба 20 соат дар рӯз мерасад ва барқ бештар барои корхонаҳои давлатӣ масраф мешавад.

Соли 2008 ҳизби мухолиф расман эълом мекунад, ки дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумон пирӯз шудааст. Дар моҳи майи ҳамин сол эълом мешавад, ки Морган Тсвангираӣ бештарини ороро дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ба даст оварда, аммо ҳизби ҳоким эълон мекунад, ки раъйи Тсвангираӣ ба андозае набудааст, ки битавонад ҳукумат ташкил бидиҳад. Морган Тсвангираӣ пеш аз баргузории марҳилаи дуввуми интихобот, мавриди таҳдиди ҳизби ҳоким қарор мегирад, аз ин рӯ аз рақобат канорагирӣ мекунад. Дар Шӯрои амнияти Созмони Милал талош мешавад, то қатъномае алайҳи Зимбабве тасвиб шавад, ки Русия ва Чин онро вето мекунанд. Бо ин вуҷуд, ба сурати якҷониба раҳбарони Омрико ва Иттиҳодияи Урупо ба сурати ҷудогона таҳримҳои густардае алайҳи раҳбарони Зимбабве эъмол мекунанд. Фишорҳои хориҷӣ ба самте меравад, ки Мугабе маҷбур мешавад қудратро бо Морган Тсвангираӣ тақсим кунад.

Дар феврали соли 2009 Морган Тсвангираӣ ба унвони нахуствазир савганд ёд мекунад. Аммо дар моҳи марти ҳамон сол ҳамсари Тсвангираӣ дар як тасодуф кушта ва шахси ӯ низ захмӣ мешавад. Морган Тсвангираӣ бо вуҷуди ҳамаи таҳдидот ва мушкилот, саъй мекунад ба кораш идома диҳад.

Дар октябри соли 2012 ва пеш аз интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, фаъолони ҳуқуқи башар эълом мекунанд, ки ҳаводорони саркӯбгари ҳизби ҳоким, ба монанди интихоботи соли 2008 муҷаддадан фаъол мешаванд. Морган Тсвангираӣ, раҳбари опозисиюн ва нахуствазири вақт, эълом мекунад, ки агар хушунате алайҳи аъзои ҳизбаш эъмол шавад, аз давлати ваҳдати миллӣ хориҷ хоҳад шуд.

Мугабе дар соли 2013 якбори дигар барои ҳафтумин бор раисиҷумҳур мешавад ва ҳизби ҳоким (ЗАНУ-ПФ) сечаҳоруми курсиҳои порлумонро касб мекунад ва мухолифон эълон мекунанд, як тақаллуби густарда ва низомманд сурат гирифтааст.

Соли 2014 Роберт Мугабе 90-солагиашро пас аз гузарондани давраи дармон дар Сингопур ҷашн мегирад. Грейс Мугабе, ҳамсари раисиҷумҳур ба таври ғайримунтазира вориди рақобати раҳбарии ҳизб мешавад, ки боиси гумоназаниҳое мешавад, ки мумкин аст ӯ ҷонишини шавҳараш шавад. Мугабе дар моҳи феврали ҳамон сол Ҷойс Муҷуру муовини аввали худ ва ҳафт вазирро ба иттиҳоми “барномарезӣ барои куштани вай” ихроҷ мекунад. Ҳарчанд Муҷуру ин иттиҳомро рад мекунад, аммо дар ниҳоят аз ҳизби ҳоким низ канор гузошта мешавад. (Манбаъ: Википедия, Роберт Мугабе)

* * *

Ҳол, хонандаи азиз худаш қазоват кунад, ки оё Зимбабве ва Тоҷикистон аз назари таҳаввулоти сиёсӣ дар се даҳаи ахир, бо ҳам шабоҳат ва монандӣ доранд ё на.

Ёдам ҳаст, пас аз интихоботи ахири риёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, вақте интиқодҳо зиёд шуд мабнӣ бар ин ки чаро Эмомалӣ Раҳмон барои чандумин бор номзад мешавад, Ҷумъахон Давлатов, мушовири президент оид ба ҳуқуқ, бо ташбеҳи Эмомалӣ Раҳмон ва Роберт Мугабе дар ин ҷиҳат, гуфта буд: “Президенти 89-солаи Зимбабве Роберт Мугабе 33 сол инҷониб президент аст ва соҳиби нуфуз ва муваффақият гаштааст.” (6 сентябри 2013, дар нишасти Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР))

Умедворем, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон низ мисли ҷаноби Роберт Мугабе муваффақ шаванд!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.