Шайх Половичинӣ дори фониро тарк гуфт

Шайх Абдулваҳид Половичинӣ, ориф ва файласуф ва раиси Анҷумани CO.RE.IS (Анҷумани байналмилалии исломӣ) ва шахсияти талошгар дар арсаи гуфтугӯ байни адён дар Итолиё, аз дунё рафт.

Абдулваҳид Половичинӣ (Abd al-Wahid Felice Pallavicini) ҳафтаи гузашта дар шаҳри Милони Итолиё дар синни 91-солагӣ даргузашт ва тибқи эъломи бархе аз хешовандонаш, дирӯз (ҷумъа, 17.11.2017) пас аз иқомаи намози ҷумъа дар Масҷидул-ваҳид дар Милон — маҳалли Анҷумани ҷомеаи исломии COREIS, ки шайх 24 сол пеш онро таъсис кардааст — бар пайкари ӯ намоз хонданд.

Абдулваҳид бо номи Фелис Половичинӣ, дар соли 1926 мелодӣ дар Милони Итолиё, дар як хонаводаи наҷиби масеҳӣ мутаваллид ва парвариш ёфт.

Дар он замон, ҳузури мусалмонон дар Итолиё бисёр камранг буд. Ҷустуҷӯи маънавият ӯро ба сафар ба кишварҳои мусалмон, ба вежа Марокаш — ҷое, ки ӯ исломро баргузид — раҳнамун кард.

Аз шахсиятҳои таъсиргузор бар Шайх Абдулваҳидро метавон Титус Иброҳим Буркорт, як суэсӣ ном бурд. Буркорт мутаваллиди Флуронс (Флоренсия) дар соли 1908 аст, ки пас аз мусалмон шудан, зиндагии худро ба мутолеаи ҳунарҳои суннатӣ ва муқаддас ихтисос дода буд ва дар соли 1984 даргузашт. Рене Генон, файласуфи шаҳири фаронсавӣ низ дуввумин марде аст, ки Абдулваҳид Половичинӣ вайро “роҳнамои маънавӣ”-и худ медонист.

Дар соли 1986, Абдулваҳид Половичинӣ тавассути мудирони масҷиди Рум ба унвони намояндаи расмии онҳо дар Шӯрои руасои динӣ ҷиҳати гуфтугӯ байни адён мансуб шуд. Ҳамон сол буд, ки ӯ дар нишасти таърихии “Адён барои сулҳ”, ки тавассути Поп Ҷон Поули дуввум оғоз шуда буд, ширкат кард.

Мусалмон шудани Шайх Абдулвоҳид ба дасти Титус Иброҳим Буркорт дар 7 январи 1951 сурат гирифт, ва ин дар ҳоле буд, ки Рене Генон, файласуфи шаҳир дар Қоҳира даргузашт.

Абдулваҳид Половичинӣ дар соли 1994 пояҳои Муассисаи мутолеоти пешрафтаи исломии I HEI-ро, ки имрӯза тавассути фарзандаш Яҳё идора мешавад бино ниҳод.

Вай бештари замони худро дар сафар байни Рум ва Милон сарф мекард. Дар ҳақиқат метавон ӯро як бунёнгузори хастагинопазири гуфтумонҳои байни адён донист, ки дар садҳо конфронс ва ҷаласа дар саросари ҷаҳон бо мақомоти аршади адёни иброҳимӣ ширкат кард.

Ӯ ба унвони як шогирди воқеии Рене Генон ва таҳти таъсири мактаби ирфонии вай, дар соли 1990 Маркази мутолеоти метофизикӣ дар Милон эҷод кард, ки масеҳиён ва мусалмононро ба “ҳамёрӣ ба бозгардондани маънои аслии арзишҳои суннатӣ” фаро мехонд.

Дар соли 2007 Абдулваҳид Половичинӣ дар Милон Окодемии мутолеоти байни адён (ISA)-ро таъсис кард, ки як муассисаи омӯзишӣ барои умуми мардум ба ҷиҳати тақвияти дониши худ дар бораи се дини бузурги тавҳидӣ (ислом, масеҳият, яҳудият) аст.

Абдулваҳид Половичинӣ дар соли 1993 Анҷумани иттилооти исломиро таъсис намуд, ки дар соли 1997 табдил ба Ҷомеаи исломии Итолиё (COREIS) шуд.

Ин муассиса аз ҳамон ибтидо кори даъвати итолиёиҳо ба исломро оғоз намуд ва пояҳои як исломи итолиёӣ ва ҳатто урупоиро ташкил дод.

Шайх Абдулваҳид соҳиби таълифоте чун: “Ислом ва Итолиё”, “Перомуни равобит бо Итолиё”, “Ислом дини фитрат”, “Перомуни маънавиёти исломӣ ва ба сӯи сарзамини муқаддас”, “Перомуни равобит бо дигар адён” аст.

Бо ин ки ислом ҳанӯз як динии расмии шинохташуда дар Итолиё нест, аммо Муассисаи COREIS — бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи қавии он дар Итолиё – марказе барои ҳамкорӣ барои давлат ва ниҳодҳои он дар робита бо дини ислом шудааст.

Мероси маънавии Шайх Половичинӣ акнун дар дасти фарзандаш, ки дар синни 52-солагӣ имоми Масҷидул-ваҳид мебошад ва муштоқона масиреро, ки падараш дар гуфтугӯ байни адён дар пеш гирифта буд дунбол мекунад, мебошад.

Тасовире аз марҳум Шайх Абдулвоҳид Половичинӣ:

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: