Вақте Чин “шарики истротежик” ва “дӯсти самимӣ”-и худро канор мезанад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Вокуниши сарди Чин ба вуқӯи кудето дар Зимбабве ва сарнагунии Роберт Мугабе — ки “дӯсти самимӣ” ва “шарики истротежик”-и Чин дар қорраи Офриқо ба шумор меравад — бароям бисёр суолбарангез буд. На онро маҳкум кард ва на ҳатто сафораташ дар Ҳарора (пойтахти Зимбабве) мавзеъе дар ин ҷиҳат гирифт. Дар ҳоле, ки дар ҳодисаҳои мушобеҳ дар соири кишварҳо, ки шарики ба истилоҳ, истротежики Чин бошанд, ин кишвар зуд мавзеъ мегирад ва бо даъвати аъзои доими Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои як ҷаласаи изтирорӣ, зимни маҳкум кардани кудето, ба ҳимоят аз “раисиҷумҳури қонунии як кишвар” бармехезад.

Барои ёфтани посухи чароии мавзеъгирии сарди Чин нисбат ба “дӯсти самимӣ”-аш, таҳлилҳо ва гузоришҳои расонаҳои мӯътабари ҷаҳонро мурур кардам ва бо ҳақоиқи бисёр такондиҳандае дар ин замина рӯ ба рӯ шудам.

Хабаргузории Reuters дар гузорише таҳлилӣ бо унвони “Дарсҳои кудето дар Зимбабве” (Lessons from Zimbabwe’s coup), бо баёни ин ки “мушаххас нест чӣ касе бар Зимбабве ҳукумат хоҳад кард, аммо ҳар касе барои ин кор, ба ҳимояти Чин, ки яке аз сармоягузорони аслии ин кишвар аст ниёз дорад”, навиштааст: “Ҳеч кас дар Пекин ё Ҳарора намегӯяд, ки оё Чин пеш аз кудето аз он хабар доштааст ё на, аммо он чи мусаллам аст ин аст, ки чанд рӯз пеш аз ин ки тонкҳои артиши Зимбабве ба хиёбонҳо биёянд, раиси ситоди артиши Зимбабве бо ҳамтои чиниаш дар Пекин мулоқот карда буд. Хабари ин дидор дар канори пешрафти кудето, ба таври густарда дар ҷануби Офриқо гузориш шуд. Бархе аз нозирони минтақаӣ ба Чин мазнун ҳастанд ва ин кишварро дар кудетои мазкур дахил медонанд…”

Дар ҳамин росто, бунгоҳи хабарпарокани олмонии Deutsche Welle, дар гузорише таҳти унвони “Эҳтимоли даст доштани Чин дар тағйири қудрат дар Зимбабве”, навиштааст: “Акнун фош шуда, ки женерол Константино Чивенга, раиси ситоди артиши Зимбабве ҳафтаи гузашта дар Чин буда ва бо вазири дифоъи Чин дидор ва гуфтугӯ кардааст. Давлати Чин аммо ҳар гуна иртиботеро миёни ин дидор ва ҳаводиси кунунии Зимбабве рад мекунад.”

Ин гузориш афзудааст: “Чин бо бештари кишварҳои Офриқо ва ба хусус Зимбабве, ки дорои манобеъи ғании маъданӣ аст, равобити иқтисодӣ ва диплумотики танготанге дорад. Давлати Зимбабве дар моҳи августи соли ҷорӣ (2017) эълом кард, ки як ширкат дар Чин дар назар дорад то ду милёрд дулор дар ширкати оҳан ва фӯлоди Зимбабве (Zisco) сармоягузорӣ кунад. Ширкати оҳан ва фӯлоди Зимбабве дар пайи нобасомониҳои иқтисодӣ дар ин кишвар дар соли 2008, ба фаъолиятҳои худ поён дод. Чин дар ҳамин сол қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои таҳрими низомии Зимбабве ва таҳримҳое алайҳи Роберт Мугабе ва 13 нафар аз ҳайати раҳбарии ин кишварро вето кард.”

Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии русии “Взгляд” низ дар таҳлиле бо унвони “Сояи қудратманди Чин дар пушти шӯришиён дар Зимбабве” (За спиной у мятежников в Зимбабве показалась мощная тень Китая), бо ишора ба сафари як ҳафта пеши женерол Константино Чивенга, раиси ситоди артиши Зимбабве ба Чин ва дидору гуфтугӯи вай бо вазири дифоъи ин кишвар ва ин ки Чин аз вуқӯи кудето комилан бохабар буд ва кудето бо чароғи сабзи вай ба вуқӯъ пайвастааст, аз забони Ҷон Акокпарӣ, коршиноси равобити байналмилал дар Донишгоҳи Кейптоун, навиштааст: “Чивенга бо ҳадафи мутақоъид кардани чиниҳо ба ин ки тағйироти сиёсӣ дар Зимбабве ҳаргиз хашми Чинро барнахоҳад ангехт ба ин кишвар сафар кардааст, зеро равобит байни ин ду кишвар бисёр наздик ва танготанг аст.

* * *

Ҳол, суоле, ки ин ҷо худнамоӣ мекунад ва ниёз ба посух дорад ин аст, ки чаро Чин бо Роберт Мугабе, ки “дӯсти самимӣ”-аш ба шумор меравад чунин рафтор кардааст? Оё Мугабе хостаҳои Чин дар Зимбабверо бароварда намекард? Оё барояш “унсуре номатлуб”, ки бояд аз сари роҳ бардошта шавад, гардид?

Посух ин аст, ки Чин дар Зимбабве – ва ё ҳар кишваре дигар, ки дар он сармоягузорӣ мекунад – на ба дунболи тасбити пояҳои қудрати касе мисли Роберт Мугабе аст ва на ба дунболи кӯмак ба мардум ва миллати фақири Зимбабве, яъне на ошиқи чашму абрӯи Мугабе аст ва на ғамхори мардуми он сарзамин, балки фақат ба дунболи бурдани манобеи ғанӣ ва сармояҳои он кишвар аст. Ва ба навиштаи бунгоҳи хабарпарокани Deutsche Welle дар гузорише тасвирӣ таҳти унвони “Чин, “Ҳотами Тоӣ” дар Офриқо ба дунболи чист?”, саховатмандиҳои Чин дар Зимбабве, ки бинои порлумони онро сохта ва ё варзишгоҳҳои бузурге дар он бино ниҳода, тасаллут бар манобеи ғанӣ ва ба хусус бурдани оҳан ва фӯлоди Зимбабве аст.

Равшан аст, ки шарти асосӣ барои дастёбӣ ба ин ҳадаф, тасаллути комил бар он кишвар аз назари сиёсӣ аст. Чин, ба навиштаи пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии русии “Взгляд”, аз даҳаи 1980 ҳангоме ки Роберт Мугабе ба қудрат расид, равобиташро бо Зимбабве наздик ва ба сармоягузориҳои калон дар ин кишвар пардохт, ва Мугабе такяаш ба чиниҳо ҳамеша беш аз такяаш ба русҳо будааст.

Ҷолиб ин ки Чин аз замоне ки пояш ба Зимбабве кушода шуд, ба иловаи Мугабе, равобиташро бо аъзои аршади ҳизби ҳоким (ЗАНУ-ПФ) ва ба хусус мақомоти низомӣ наздик карда ва ба навъе онҳоро ба худ вобаста кардааст. Ба гуфтаи баъзе аз нозирон, Чин аз оғози равобиташ бо Зимбабве, ба дунболи ҷойгузин барои Мугабе будааст; касе, ки беш аз Мугабе сарсупурда ва вобаста ба Чин бошад. Чиниҳо, бо ин ки нуфузи худ дар Зимбабверо мадюни Мугабе ҳастанд ба гунае ки агар Мугабе набуд, баъид буд Чин то ба ин ҳадд дар Зимбабве тасаллут ва нуфуз пайдо бикунад, вале Роберт Мугабе ҳаргиз фарди мавриди назари онҳо набудааст, зеро ҳар чи ҳаст, Роберт Мугабе аз поягузорони истиқлоли кишвари худ ва фарде ба истилоҳ, озодихоҳ аст. Чиниҳо озодихоҳ намехоҳанд, онҳо вобаста мехоҳанд. Аз ин рӯст, ки ҳамзамон бо эҷоди равобити танготанг бо шахси Мугабе, дар даруни ҳизби ҳоким ва артиши ин кишвар нуфуз пайдо карда ва дар се даҳаи ахир афродеро дар даруни ин муассиса барои “рӯзи мабодо” парвариш мекарданд.

Таъомул ва бархӯрди Чин бо раисиҷумҳури ҳар кишваре, ки дар он ба дунболи нуфуз аст ва сармоягузорӣ мекунад, ҷуз ин нахоҳад буд.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: