Муҳаммад бен Салмон аз терур ҷон ба дар бурд

Манобеи расонаӣ аз талоши нокоми шуморе аз афсарони Горди миллии Арабистони Саудӣ барои терури валиаҳди ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши рӯзномаи арабзабони Аддиёр, панҷ тан аз афсарони Горди миллии Арабистони Саудӣ, ки таҳти фармондеҳии шоҳзодаи боздоштшуда Митъаб бен Абдуллоҳ (писари шоҳи собиқ) буданд, рӯзи шанбе (18.11.207) дар талош барои терури Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди ин кишвар, ба самти худрави вай тирандозӣ карданд.

Тибқи ин гузориш, ин афсарон, ки савор бар худрав буданд, ба худрави Муҳаммад бен Салмон ва ҳамроҳони вай тирандозӣ карданд, вале Муҳаммад бен Салмон дар ин ҳодиса осебе надид; чаро ки худрави вай зиреҳӣ ва зидди гулӯла аст, вале чанд тан аз муҳофизони вай захмӣ шуданд.

Пас аз ин ҳодисаи тирандозӣ дар пойтахт, Муҳаммад бен Салмон ба суръат ба мақарри вазорати дифоъ ҳаракат кард, вале ин афсарон дар хиёбонҳои Риёз пинҳон шуданд ва то кунун нерӯҳои мубориза бо амалиёти низомӣ муваффақ ба боздошт ва шиносоии ҳеч кадом аз ин муҳоҷимон нашудаанд.

Тибқи ин гузориш, дар миёни шоҳзодаҳои боздоштшуда дар Арабистони Саудӣ дар чорчӯби “мубориза бо фасод”, номи шоҳзода Митъаб бен Абдуллоҳ низ ба чашм мехӯрад, ки аз мунтақидони барҷастаи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Муҳаммад бен Салмон аст. Вай охирин монеъ дар муқобили подшоҳии Муҳаммад бен Салмон маҳсуб мешуд.

Нозирон мегӯянд, Муҳаммад бен Салмон аз ин нигаронӣ дошта, ки Митъаб мумкин аст бо анҷоми кудетое, вайро дар сурати расидан ба подшоҳӣ, аз қудрат барканор кунад. Дар ҳоле ки ҳаводорони Митъаб дар Горди миллии Арабистон дар қиболи такравиҳои Малик Салмон ва фарзандонаш ором нахоҳанд нишаст ё даст ба иқдомоти талофиҷӯёна хоҳанд зад ба вежа, ки ин фармондеҳон эҳсос мекунанд бо барканории Митъаб, ба ҳошия ронда хоҳанд шуд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: