Роберт Мугабе; мушкилоти хонаводагии як диктотур

Гузорише дар Deutsche Welle

Мугабе раҳбари мубориза бо истеъмор буд, аммо ҷоҳталабӣ ва қудратпарастӣ ӯро ба истибдод ва фасод кашонд. Дар инҳитоти ин раҳбари офриқоӣ, зани ӯ низ нақши барҷастае ифо кард ва зиндагии сиёсии муборизи собиқро беш аз пеш ба бероҳа кашонд.

Роберт Мугабе, ки акнун 93 сол дорад, ба муддати 37 соли тамом бар Зимбабве ҳукумат ронд ва қасд дошт, ки то охирин дами зиндагӣ ҳамчунон аз нозу неъмати раҳбарӣ бархӯрдор бошад, аммо низомиёни кишвараш саранҷом ба ҳукумати ӯ поён доданд.

Ҳеч маълум нест низомиёне, ки пиртарин раҳбари ҷаҳонро аз қудрат барканор кардаанд, зимомдорони поку муназзаҳе бошанд, зеро онҳо ҳам бар хони неъмати ӯ парвор шудаанд; аммо ин қадр ҳаст, ки тибқи охирин гузоришҳо мардум феълан аз канор рафтани диктотури худписанд ва мутафаръин хушҳол ҳастанд, ҳарчанд ҳанӯз аз ояндаи кишвар бохабар нестанд.

Грейс, ҳамсари 52-солаи Мугабе, барои оянда нақшаҳо кашида буд ва тасмим дошт пас аз марги Роберт Мугабе бар курсии риёсати ҷумҳурии кишвар биншинад, аммо нақшаҳои дуру дарози ӯ ҳам нақши бар об шуд.

Мугабе, на танҳо дар олами сиёсат, ки дар зиндагии шахсӣ ҳам сарнавишти асафбор пайдо кард. Замоне, ки муборизи сарсахт буд, аввалин ҳамсари ӯ ба номи Солӣ мисли худаш мубориз буд. Зане бо таъаҳҳуд ва масъулияти боло, ки то имрӯз дар Зимбабве маҳбубияти зиёде дорад.

Мугабе бо ҳамсари аввалаш Солӣ дар Ғано ошно шуд. Онҳо дар канори ҳам барои озодии кишвар аз зери юғи истеъмори Ангилис мубориза мекарданд.

Дар соли 1980 Зимбабве ба истиқлол даст ёфт ва ҳокимият ба дасти аксарияти сиёҳпӯст афтод. Мугабе ба риёсати ҷумҳурӣ расид ва ҳамсари аввали ӯ Солӣ дар умури некӯкорӣ ва расидагӣ ба маҳрумони ҷомеа ба фаъолият пардохт. Ӯ ба вежа ба хотири хадамоташ ба низоми омӯзишӣ ва пизишкии кишвар то имрӯз маҳбубият дорад.

Солӣ Мугабе дар соли 1992 дар 60-солагӣ даргузашт. Пас аз марги ӯ ошкор шуд, ки Мугабе аз солҳо пеш бо муншии худ Грейс робита барқарор карда ва аз ӯ соҳиби бачча шудааст.

Он ду дар соли 1996 издивоҷ карданд ва Грейс, ки сахт молдӯст ва ҷоҳталаб аст, ҷашни издивоҷи шукӯҳманд ва пурхарҷе ба роҳ андохт. Грейс на танҳо бо зиндагии муҷаллал ва харидҳои девонавораш мавриди нафрати ҷомеа аст, балки достонҳои зиёде аз фасоди ахлоқӣ ва муомилоти қочоқи ӯ бар сари забонҳо буд.

Мугабе ба вежа дар даҳаи 1990 ба раҳбаре мустабидд ва худкома табдил шуд ва пояҳои ҳукумати худро бар саркӯбу ихтиноқ бино ниҳод. Ӯ, ки монанди тамоми диктотурҳо, худро дар ҳамаи корҳо ва донишҳо соҳиби салоҳият медонист, зарфи чанд сол кишварро дар анбӯҳи бӯҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ғарқ кард.

Грейс ба умури сиёсӣ алоқае надошт то ин ки аз соли 2014 “маҳорат ва истеъдод”-и худро дар олами сиёсат кашф кард: нахуст аз донишгоҳи Зимбабве дар риштаи ҷомеашиносӣ унвони дуктуро касб кард ва баъд ҳар рӯз бештар дар маҷомеи умумӣ зоҳир шуд ва риёсати созмони занони ҳизби ҳокимро ба даст гирифт.

Нуфузи Грейс ва фарзандонаш дар кишвар рӯз ба рӯз абъоди густардатаре пайдо кард, то он ҷо, ки бисёре ӯро ҷонишини қатъии Мугабе медиданд.

Бо вуҷуди сонсури шадид, мардум аз зиндагии ашрофии Грейс ва се фарзандаш бохабар ҳастанд, ки ҳар рӯз гӯшае аз он аз парда берун меафтад ва ба нафрат ва инзиҷори мардуме, ки аз фақру маҳрумият ранҷ мебаранд, доман мезанад.

Deutsche Welle

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: