Рӯшноии чашми ман дар намоз аст

Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ишқу алоқаи бисёр зиёде ба намоз дошт. Ҳаргоҳ андӯҳгин мешуд, ба намоз бармехост. Он ҳазрат соат‏ҳои тӯлонӣ шабзиндадорӣ мекард ва ба намозу муноҷот мепардохт; аз ин рӯ, ба Расули Акрам хитоб шуд:

يَا أَيُّهَا الْمُزَّمِّلُ. قُمِ اللَّيْلَ إِلَّا قَلِيلًا. نِصْفَهُ أَوِ انقُصْ مِنْهُ قَلِيلًا. أَوْ زِدْ عَلَيْهِ وَرَتِّلِ الْقُرْآنَ تَرْتِيلًا

Эй ҷомеа ба хештан фурӯ печида! Бапо хез шабро магар андаке. Ниме аз шаб ё андаке аз онро бикоҳ. Ё бар он (нисф) бияфзой ва Қуръонро шумурда-шумурда бихон…” (Сураи Муззаммил, оятҳои 1-4)

Намозу дуову нолаи саҳар беҳтарин шоҳид барои ихлосу сафои қалбу сидқи имон аст. Паёмбари Худо ҳаргоҳ ба намоз меистод, аз хавфи Худованд ранги чеҳраи муборакаш дигаргун мешуд. Шефтагии вай ба ибодат ва намоз ба гунае буд, ки ҳангоми намоз танҳо ба Худованд таваҷҷӯҳ мекард ва аз ҳар чизи дигаре ғофил мешуд. Яке аз ҳамсарони Расули Акрам (с) мегӯяд:

Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳангоме ки саргарми гуфтугӯ буд, чун вақти намоз мерасид, чунон ҳолаш дигаргун мешуд, ки гӯё на ӯ моро мешинохт ва на мо ӯро.”

Шавқи ибодату намоз аз симои он ҷаноб зоҳир буд. Ҳамвора чашм ба роҳи расидани вақти намоз ва бонги азон буд ва бахше аз вақти худро дар хона ба ибодат ихтисос медод.

Паёмбари гиромии ислом намозро маҳбуби Худованд медонист:

جُعِلَ قُرَّةُ عَینِی فِی الصَّلاةِ

Рӯшноии чашми ман дар намоз аст…

Рӯзе дар посух ба Ибни Масъуд, ки аз маҳбуб‏тарин корҳо назди Худованди Мутаол пурсида буд, фармуд: “Намози ба вақт”. Вай мегӯяд: арз кардам, пас аз он чӣ? Ҳазрат фармуд: “Некӣ ба падару модар.”

Эшон чеҳраи дин‏дориро дар намоз меҷуст ва мефармуд:

لِکُلِّ شَیْ‏ءٍ وَجْهٌ وَوَجهُ دِینِکُمُ الصَّلاةُ

Ҳар чизе чеҳрае дорад ва чеҳраи дини шумо намоз аст.”

Эшон дар васияти худ ба Абӯзар, ташбеҳи бисёр зебое дар бораи намоз дорад:

مادُمْتَ فِی الصَّلاةِ فَإِنَّکَ تَقْرَعُ بابَ الْمَلِکِ الجَبّارِ وَ مَنْ یُکثِرْ قَرْعَ بابِ المَلِکِ یُفْتَحْ لَهُ

То замоне ки дар ҳоли намоз ҳастӣ, дари хонаи подшоҳи муқтадирро (яъне Худовандро) мекӯбӣ ва ҳар ки дари хонаи подшоҳро бисёр бикӯбад, (саранҷом) он дар ба рӯяш боз мешавад.”

Бояд донист, Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) намозеро арзишманд медонад, ки бо шароити зер ҳамроҳ бошад:

1)

لایَقْبَلُ اللّه‏ صَلاةَ عَبْدٍ لایَحضُرُ قَلبُهُ مَعَ بَدَنِهِ

Худованд намози бандаеро, ки дилаш бо баданаш ҳамроҳ набошад, намепазирад.”

2)

مَنْ لَمْ ‏تَنْهَهُ صَلاتُهُ عَنِ الفَحشاءِ وَالمُنْکَرِ لَمْ ‏یَزدَدْ مِن اللّه‏ إِلاّ بُعْدا

Ҳар ки намозаш ӯро аз кори зишту нописанд бознадорад, ҷуз бар дурии ӯ аз Худо афзуда нашавад.”

3)

لا صَلاةَ لِمَنْ لایَتَخَشَّعُ فِی صَلاتِهِ

Касе ки дар намозаш хушӯъ надорад, намозаш намоз нест.”

4)

مَنِ اغْتابَ مُسلِما أَو مُسْلِمَةً لَمْ‏ یَقْبَلِ اللّه‏ تَعالی صَلاتَهُ وَلا صِیامَهُ أَرْبَعینَ یَوما وَلَیْلَةً إِلاّ أَن یَغفِرَ لَهُ صاحِبُهُ

Ҳар ки мард ё зани мусалмонеро ғайбат кунад, Худованди Таъоло то чиҳил шабонарӯз на намозашро мепазирад ва на рӯзаашро, магар ин ки ғайбатшаванда ӯро бибахшад.”

5)

رَکعَتانِ خَفیفتانِ فیِ التَّفَکُّرِ خَیرٌ مِن قِیامِ لَیْلَةٍ

“Ду ракъат намози соддаву сабук вале ҳамроҳ бо тафаккур, беҳтар аст аз шаберо то ба субҳ намоз гузордан.”

Паёмбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба Абӯзар мефармуд:

Эй Абӯзар! Худованд намозро маҳбуби ман сохтааст ҳамчунонки ғизоро маҳбуби гурусна ва обро маҳбуби шахси ташна. Гурусна ҳаргоҳ ғизо бихӯрад сер мешавад, ва ташна бо нӯшидани об сероб мегардад, вале ман аз намоз сер намешавам.”

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Инсони муваффақ, Ислом, Намоз, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Суннат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: