Перейти к содержимому

Сабабҳои гароиш ба материализм (9)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бурҳони назм (1)

Соддатарин ва умумитарин бурҳоне, ки бар вуҷуди Худованд иқома мешавад, “бурҳони назм” аст. Қуръони Карим мавҷудоти ҷаҳонро ба унвони “оёт” яъне алоим ва нишонаҳое аз Худованд ёд мекунад. Маъмулан чунин гуфта мешавад, ки назму созмони ашё, далел бар ин аст, ки нерӯи назмдиҳандае дар кор аст. Гуфта мешавад ин бурҳон — бар хилофи соири бароҳин аз қабили “бурҳони муҳаррики аввал” ва “бурҳони вуҷубу имкон” ва “бурҳони ҳудусу қидам” ва “бурҳони сиддиқин”, ки моҳияти фалсафӣ ва каломӣ ва ақлонии маҳз доранд — як бурҳони табиӣ ва таҷрибӣ аст ва моҳияти таҷрибӣ дорад, назири соири бароҳин ва истидлолоте, ки маҳсули таҷрибаи башар аст.

Дар Ғарб Дэвид Юм (David Hume), файласуфи ангилисии қарни 18-ум, бар ин бурҳон хадшаҳое ворид карда ва аз он ҳангом то кунун бисёре аз ғарбиҳоро ақида бар он аст, ки бурҳони назм — ки бузургтарин такягоҳи илоҳиюн аст — аз эътибор афтодааст. Бе эътибор шудани далелҳои исботи Худо, хусусан далели назм, яке аз иллатҳои гароиш ба моддигарӣ дар ҷаҳони Ғарб аст.

Инак, ба баррасии хадшаҳои ҷаноби Юм мепардозем:

Юм китобе таълиф карда ба номи “Муҳовирот дар бораи дини табиӣ” (Dialogues Concerning Natural Religion). Дар он китоб, шахсе фарзӣ ба номи Клеонтес аз бурҳони назм дифоъ мекунад ва шахси фарзии дигаре ба номи Фило бар он хадша ворид месозад, ва ба ин тартиб, миёни ин ду нафар муҳовира сурат мегирад. Албатта Юм шахсан материалист нест. Ӯ мекӯшад собит кунад, ки далелҳое, ки илоҳиюн иқома кардаанд, истеҳкоми илмӣ надорад, ҳамчунон ки далелҳои моддигароён низ чунин аст.

Ӯ мӯътақид аст, имон амре қалбӣ аст ва аз назари ақлонӣ агар бино шавад бурҳони назм милок қарор гирад, ҳамин қадр метавон гуфт, ки:

Назми машҳуд дар табиат агар далели кофӣ нест, лоақал қарина аст бар ин ки иллат ё иллатҳои назм дар ҷаҳон эҳтимолан шабоҳате ба ақлу хиради инсонӣ дорад. Аммо бештар аз ин, мо роҳе барои басту таъмими ин далел ба манзури исботи хусусиятҳои ин иллат ё ин иллатҳо надорем.” (Куллиёти фалсафа, Ричорд Попкин, тарҷумаи дуктур Сайидҷалол Муҷтабавӣ, с.231)

Юм шахсан аз назари фалсафӣ шаккок ва “лоадрӣ” аст, вале исрор дорад, ки собит кунад бурҳони назм нотамом, балки махдуш аст. Мегӯянд:

Юм дар тамоми умри хеш бо баҳс дар бораи арзиш ва эътибори далелҳои гуногуне, ки муфоди онҳо исботи ҳастии як мавҷуди илоҳист, сару кор дошт… Юм дар осори мутанаввеъи худ истидлолеро, ки баъзе аз файласуфони динӣ ба кор бурда буданд, мавриди интиқоди шадид қарор дод, ва ин амр шояд ба иллати шуюъ ва ривоҷи бурҳони назм дар он айём будааст. Вай дар ин бора дар ҳудуди 25 сол мутановибан кор кард ва китоби машҳури худ “Муҳовирот дар бораи дини табиӣ”-ро ба анҷом расонид. (Ҳамон манбаъ, с.211)

Юм бурҳони назмро аз забони Клеонтес чунин тақрир мекунад:

Ба атрофи ҷаҳон бингаред; дар кулл ва ҳар ҷузъи он наззора кунед; хоҳед ёфт, ки ҷаҳон чизе ҷуз як мошини азим нест, ки ба як иддаи номутаноҳии мошинҳои кучактар тақсим шуда ва боз ҳам қабули тақсим мекунад то ҳадде, ки ҳавосс ва қувваҳои инсонӣ дигар натавонад пайҷӯӣ ва таъйин кунад. Тамоми ин мошинҳои гуногун, ва ҳатто кучактарин аҷзоъи он, бо чунон диққат бо якдигар мутаъодил ва ҳамоҳанг аст, ки таҳсину шигифти ҳамаи одамиёнро, ки дар бораи онҳо меандешанд, бармеангезад ва ононро шефта ва маҷзуб месозад. Созгории шигифтангези васоил нисбат ба ғоятҳо дар саросари табиат дақиқан — ҳарчанд хеле азимтар — ба маҳсулот ва ихтироъоти инсонӣ ва фаровардаҳои тарҳу фикру ҳушу хиради инсонӣ шабоҳат дорад. Бинобар ин, аз шабоҳат миёни осори табиӣ ва маснуъоти инсонӣ, мо аз роҳи қиёс, ба шабоҳат миёни иллатҳои онҳо, ҳукм мекунем ва созандаи табиатро назири руҳи инсон медонем, ҳарчанд ки ба таносуби азамати дастгоҳи табиат, созандаи он дорои қувваҳои азимтар аст. Танҳо ба далели ин далели ғайриаввалӣ (яъне мутаъаххир бар таҷриба) аст, ки мо бедиранг вуҷуди Худо ва ҳамонандии ӯро бо руҳу ақли инсонӣ исбот мекунем.” (Ҳамон манбаъ, с.209-210)

Юм аз забон Филои шаккок, хитоб ба Клеонтес, назарияи ӯро инчунин мавриди хадша қарор медиҳад:

Агар мо хонае бибинем — Клеонтес! — бо бузургтарин яқин ва итминон натиҷа мегирем, ки он хона меъмор ё банное дошта; зеро ин дақиқан он навъ маълуле аст, ки таҷриба кардаем, ки аз он навъ иллат ношӣ ва содир мешавад. Аммо мутмаиннан тасдиқ нахоҳем кард, ки ҷаҳон чунин шабоҳате ба як хона дорад, ки мо битавонем бо ҳамон яқин ва итминон, як иллати мушобеҳ истинбот кунем, ё бигӯем, шабоҳат дар инҷо тамому комил аст. Ин адами шабоҳат тавре равшан аст, ки бештарин иддаое, ки метавонӣ бикунӣ, фақат як ҳадсу занну фарзе дар бораи як иллати мушобеҳ аст. Мумкин аст модда — илова бар руҳ — дар асл маншаъ ё сарчашмаи назм дар даруни худ бошад. Ва тасаввури ин ки чандин унсур ба воситаи як иллати дарунии ношинохта мумкин аст ба олитарин назму тартиб дарояд, аз тасаввури ин ки инҳо ба воситаи як иллати берунӣ ба назму тартиб даромадааст мушкилтар нест. Оё касе ҷиддан ба ман хоҳад гуфт, ки як ҷаҳони муназзам бояд ношӣ аз фикру санъате инсонвор бошад? Барои муҳаққақ сохтани ин истидлол лозим аст, ки дар бораи мабдаи ҷаҳонҳо таҷриба дошта бошем. Ва мутмаиннан ин кофӣ нест, ки дида бошем, ки киштиҳо ва шаҳрҳо ношӣ аз санъат ва ихтироъи инсонӣ аст… Оё метавонӣ иддао кунӣ, ки чунин шабоҳатеро миёни сохти як хона ва пайдоиши як ҷаҳон нишон диҳӣ? Оё ба назму тартиб даромадани табиатро дидаӣ? Оё ҷаҳонҳо зери чашми ту сурат пазируфтаанд? Ва оё фурсат ва маҷоли онро доштаӣ, ки тамоми пешрафти падидор (феномен)-ро аз нахустин зуҳури назм то камоли ниҳоии он, мушоҳида кунӣ? Агар доштаӣ, пас таҷрибаи худро зикр кун ва назарияи хешро ироа деҳ! Сониян, ту бино бар назарияи худат, далеле надорӣ барои исноди камол ба Худо, ё барои ин фарз, ки ӯ аз ҳар хато ва иштибоҳ ё беназмӣ дар афъоли худ муназзаҳ ва мубаррост… Лоақал бояд эътироф кунӣ, ки барои мо ғайримумкин аст, ки бо афкор ва анзори маҳдуди худ бигӯем, ки оё ин низом агар бо соири низомҳои мумкин ва ҳатто воқеӣ муқоиса шавад, шомили иштибоҳот ва хатоҳои бузург аст ё шоистаи таҳсин ва тақдири шигарф? Оё як рустоӣ агар Энеида (шеъри ҳамосии Вергилий) барои ӯ хонда шавад, метавонад изҳори назар кунад, ки он шеър мутлақан беайб аст, ё мақоми шоистаи онро дар миёни маҳсулоти ҳуши инсонӣ таъйин кунад дар ҳоле, ки вай ҳеч маҳсули дигаре ҳаргиз надидааст? Аммо агар ин олам маҳсули комиле бошад, боз ҳам номаълум ва машкук аст, ки ҳамаи хубиҳои он асарро битавон баҳақ ба созандаи он нисбат дод. Агар як киштиро баррасӣ кунем, албатта андешаи олӣ ва баланд дар бораи ҳушмандии созандаи чунин мошини печида ва судманд ва зебое пайдо хоҳем кард. Аммо вақте донистем, ки он меконикдон кавдане аст, ки ба дигарон таъассӣ (пайравӣ) карда ва аз санъате тақлид намуда, ки тайи адвор ва аъсори мутаволӣ пас аз басе озмоишҳо ва иштибоҳот ва тасҳеҳот ва санҷишҳо ва гуфтугӯҳо тадриҷан ислоҳ шуда ва пешрафт кардааст, оё боз нисбат ба ӯ ҳамон эҳсосро хоҳем дошт? Пеш аз ин ки низоми мавҷуд рақам зада шавад, мумкин аст аволими бисёр дар саросари азал сари ҳам шуда бошад ва пешрафт ва беҳбуд оҳиста аммо мудовим дар тайи адвор ва аъсори номутаноҳӣ, санъати сохти ҷаҳонро пеш бурда бошад. Дар чунин масоиле чӣ касе метавонад таъйин кунад, ки ҳақиқат чист ва ҳатто, ки метавонад ҳадс бизанад, ки дар миён басе фарзҳо, ки мумкин аст пешниҳод ё тасаввур шавад, фарзе, ки бештар эҳтимоли вуқӯъ дорад кадом аст? Мо ҳеч маълумоте барои изҳори назар дар бораи таквини ҷаҳон (назар дар бораи мабодии ҷаҳон) надорем. Таҷрибаи мо, ки худ, ҳам аз ҷиҳати қаламрав ва ҳам аз ҳайси давому истимрор, ин қадр ноқис ва маҳдуд аст, ки наметавонад ҳеч фарзияе дар бораи кулли ашё ба мо талқин кунад. Аммо агар мо ногузир ва лузуман бояд фарзияе баргузинем, бар ҳасби чӣ қоидае боисте интихоби худро муайян кунем? Оё қоидаи дигаре ғайр аз бештар будани шабоҳат миёни ашёи мавриди муқоиса вуҷуд дорад? Ва оё як гиёҳ ё як ҳайвон, ки бо рӯишу зоиш ба вуҷуд меояд, беш аз як мошини маснуъӣ, ки аз ақлу тадбир ношӣ мешавад, шабоҳати қавитаре ба олам надорад? Истидлоли тамсиле, ки дар он бурҳон ба кор рафтааст, ба фарзи ин ки вуҷуди нозимеро собит кунад, ба ҳеч ваҷҳ ишоркунанда бар сифоти писандидае, ки ба он нозим нисбат медиҳанд нест. Тасаввури Худованди некӯкор ва одил ва меҳрубон аз муқоисаи осори табиӣ бо аъмоли инсон натиҷа намешавад. Агар он нозим фарз шавад, ки монанди инсон аст, дигар далеле надорем барои ин фарз, ки сифати ахлоқии хоссе вуҷуд дорад, ки мутаъаллиқ ба холиқи табиат аст. Вақте касе маҳсул — яъне табиат — ро мутолеа кунад ва ҳамаи авсофи нохушоянди он, яъне тӯфонҳо ва зилзилаҳо ва мунозиъоти як қисмати табиат ё қисмати дигарро мушоҳида кунад, оё метавонад натиҷа бигирад, ки он тарҳрезӣ аз як ақли салим ва хуб ношӣ шудааст?..” (Ҳамон манбаъ, с.212-224)

* * *

Хулосаи назариёти Юм дар баёни бурҳони назм ин аст:

а) Бурҳони назм як бурҳони таъаққулии маҳз бар асоси бадеҳиёти аввалия нест; бурҳони таҷрибӣ аст ва мавлуди таҷрибаи табиат аст ва бояд воҷиди шароити бароҳини таҷрибӣ бошад;

б) Ин бурҳон муддаӣ аст, ки аз нигоҳ ба табиат, шабоҳати комил миёни табиат ва миёни маснуъоти инсон аз қабили мошин ва киштӣ ва хона ба даст меояд ва равшан мегардад, ки ҷаҳон аз назари робитаи аҷзояш бо якдигар ва аз назари татобуқ миёни сохтмони ҷаҳон ва осор ва натоиҷе, ки бар он мутараттиб мешавад, айнан монанди як мошини бузург аст;

в) Ба ҳукми қоидаи куллӣ, ки дар бароҳини таҷрибӣ мавриди истифода қарор мегирад, шабоҳати маълулот далел бар шабоҳати иллатҳост ва назар ба ин ки маълулот ва маснуъоти инсон аз як руҳу ақлу андеша ношӣ шудааст, пас ҷаҳон низ аз як руҳу ақлу андешаи бузург ношӣ шудааст.

* * *

Ва хулосаи назарияи вай дар нақди ин бурҳон ин аст:

а) Асоси ин бурҳон бар шабоҳат миёни маснуъоти табиат ва маснуъоти инсон аст; бар ин аст, ки ҷаҳон аз назари таркиб ва таълифи аҷзо монанди як хона ва ё як мошин аст, ки як қувваи берунии зишуъур, яъне ақлу руҳ, онҳоро барои даст ёфтан ба як силсила ҳадафҳо ва ғаразҳо ба якдигар пайванд додааст. Аммо ин шабоҳат комил нест. Яъне қатъӣ ва яқинӣ нест, занну эҳтимол аст. Наметавон гуфт, ки шабоҳати ҷаҳон ба як мошин, аз шабоҳати он ба як гиёҳ ё як ҳайвон, ки дорои як нерӯи худтанзимии дарунӣ аст ва ба ҳеч ваҷҳ аз берун танзим намешавад, бештар аст.

б) Ин бурҳон он гоҳ як бурҳони таҷрибӣ буд, ки мукаррар таҷриба шуда буд; яъне мукаррар ҷаҳонҳое ба ҳамин шакл ва ҳамин вазъ ва ҳамин низом, аз мавҷудоти бошуъур ва инсонмаоб содир шуда буд ва мо бо таҷриба робитаи чунин навъ маълулеро бо иллате инсонмаоб эҳсос карда будем; пас аз он, бо дидани ҷаҳоне шабеҳи ҷаҳонҳои таҷрибашуда, ҳукм мекардем, ки ин ҷаҳон низ монанди он ҷаҳонҳо иллате инсонмаоб дорад. Дар сурате, ки чунин нест. Таҷрибае, ки дар мавриди сохти киштӣ ва хона ва шаҳр дорем, бо таҷрибае, ки дар мавриди ҷаҳон бояд дошта бошем, як синх нест; пайдоиш ва таквини ҷаҳон, ки дар тӯли милёрдҳо сол тадриҷан рух дода, шабоҳате ба таквини киштӣ ё хона надорад.

в) Аз инҳо гузашта, ин бурҳон мехоҳад вуҷуди Борӣ Таъолоро исбот кунад, ки мусовӣ аст бо ҳикмати болиға ва қудрати номутаноҳӣ ва камоли мутлақ. Фаразан собит шавад, ки мабдаи ҷаҳон мавҷуде инсонгуна аст, барои муддао кофӣ нест. Ин бурҳон он гоҳ барои исботи зоти Борӣ кофӣ буд, ки мо ба таҷриба дарёфта бошем, ки ин ҷаҳон комилтарин ҷаҳони мумкин аст ва мунтабиқ бар ҳикмати болиға аст. Дар сурате, ки барои мо, ки танҳо бо ҳамин як ҷаҳон сару кор дошта ва дорем ва ҷаҳони дигаре надидаем, то миёни онҳо ва ин ҷаҳон муқоиса кунем, ғайримумкин аст, ки битавонем бифаҳмем ин ҷаҳон бар асоси ҳикмати болиға сохта шуда, яъне беҳтарин ҷаҳони мумкин аст. Дуруст мисли ин аст, ки аз як рустоие, ки ҷуз як китоб дар умраш нахонда (ҳарчанд фаразан он китоб олитарин шоҳкор бошад) дархост кунем, ки назари худро дар бораи танҳо китобе, ки хондааст эълом дорад, ки беҳтарин китоб аст.

г) Фаразан ин ҷаҳон беҳтарин ҷаҳони мумкин бошад, ки беҳтар аз он имконпазир набошад, боз ҳам далеле бар вуҷуди Борӣ Таъоло, ки камоли мутлақ ва ғании биззот ва воҷибулвуҷуд аст (бар ҳасби фарз) намешавад, зеро ин бурҳон он гоҳ далел бар вуҷуди зоти Борӣ Таъоло аст, ки собит кунад илова бар ин ки ин ҷаҳон комилтарин ҷаҳони мумкин аст ва беҳтар аз он фарз намешавад, аввалин ҷаҳонест, ки Худованд офарида ва Худованд қаблан таҷрибае дар кори хилқат надошта ва тадриҷан санъати худро такмил накарда, ва ба илова аз ҳеч санъати дигар ҳам тақлид накардааст. Вале ҳеч як аз инҳо собитшуданӣ нест. Аз куҷо маълум, ки сонеъи ин олам, ин санъатро аз ҷойи дигар тақлид накардааст? Ва аз куҷо маълум, ки худаш дар саросари азал, санъати оламсозиро такрор ва таҷриба накарда ва тадриҷан ба ин пешрафти азим дар санъат ноил нашудааст?

д) Гузашта аз ҳамаи инҳо, дар ҷаҳони мавҷуд нақсҳо ва бадиҳо ва зиштиҳо дида мешавад, ки бо ҳикмати болиғаи илоҳӣ ҷур намеояд аз қабили тӯфонҳо, зилзилаҳо, бемориҳо ва ғайра.

Инҳо хулосае аст аз эродҳои Юм, ки мо ба забоне нисбатан шарқӣ онҳоро тақрир кардем.

Акнун ба баррасии ин эродҳо бипардозем:

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: