Фалсафа ва равиши реализм (132)

Иллат ва маълул (14, поёнӣ)

Матни мақола

2) Ҳар ғояте, ки мо аз феъле аз афъоли ихтиёрии худ мехоҳем, чизе аст, ки ӯро барои таъмини эҳтиёҷи вуҷудӣ мехоҳем: гуруснаем ва бо хӯрдани ғизо серӣ мехоҳем, ташнаем ва бо нӯшидани об сероб шудан металабем ва ҳамчунин… Яъне мо ноқисем ва бо ғояти феъл, худамонро такмил менамоем. Соддатар бигӯем: нисбати ғоят ба мо, ки фоъил ҳастем, нисбати камол аст ба нақс.

Ва аз ҳамин роҳ мо тибқи “қонуни такомули умумӣ” хоҳони камоли худ ҳастем ва аз ин рӯй аз фаъолиятҳои вуҷудии худ он чӣ метавонад камоли мазбурро ба вуҷуд оварад ва бо он муртабит аст, дар роҳи он ба масраф расонида ва онро ба вуҷуд оварда ва камоли худро меёбем: барои расидан ба маконе роҳ меравем, барои ба даст овардани “серӣ” дасту даҳонро ба кор меандозем… Пас, дар ҳақиқат, феъли худро табдил ба ғоят (шакли комили вуҷуди худамон) менамоем. Ва аз ин роҳ, ҳақиқати ғоят иборат аст аз: “сурати комилтари вуҷуди ҳар чизе, ки дар роҳи такомул афтода ва сурати ноқистари мавҷуди худро табдил ба вай намояд”.

Ва аз ин баён равшан мешавад, ки дар ҷаҳони табиат, ки қонуни такомули умумӣ ҳукмфармост, ҳамаи иллатҳои табиӣ дар корҳо ва фаъолиятҳои худ дар воқеъ ғоят ва ормонро доранд ва ҳар шакли комили вуҷудӣ, иллати ғоии шакли ноқиси пешини худ мебошад, ки иллаташ манзур доштааст. Ва албатта мафҳуми “манзур доштан” дар инҷо “ба фикр афтодан ва ба хотир супурдан” нест, балки робитаи махсуси воқеист, ки миёни “ноқис” ва “комил” буда ва ноқисро ба сӯи комил раҳбарӣ намуда ва меронад ва ғояти фикрӣ низ дар афъоли ихтиёрии мо яке аз масодиқи ин ҳақиқат аст.

3) Аз ин рӯй, ки мавҷудоти ин ҷаҳон феъли Худованди офаридгор мебошанд ва ҳар воҳид аз онҳо ғояте дорад, пас феъли Худои пок низ бе ғоят нахоҳад буд; вале ин ғоят, танҳо барои феъл “ғоят” шумурда мешавад, яъне ғояти офариниш аст, на ғояти офаридгор; зеро ғояти фоъил ба маъное, ки исбот кардем, камоле аст, ки нақси фоъилро тармим менамояд, ва барои Худои офаридгор нақс наметавон фарз кард.

Оре, фалсафаи олӣ дар мавриди офаридгор ба як маънии бориктар, ки аз сатҳи ин баҳс болотар аст, ғараз ва ғояте исбот мекунад.

Аз баррасии ҳақиқати “ғоят” ду назарияи зайл истинтоҷ мешавад:

1) Дар ҷаҳони ҳастӣ “иттифоқ” вуҷуд надорад;

2) Бахти хуб ё бад (шонс) мавҳум ва бе ҳақиқат аст.

* * *

Иттифоқ

Мо мегӯем, соли гузашта бори дарахтон хуб буд ва кӯмаки шоёне ба иқтисоди мо мекард, вале иттифоқан сармои охири баҳор ё тагарги аввали тобистон маҳсули дарахтро аз миён бурда ба рушди иқтисод латма зад.

Ҳамчунин мегӯем, имрӯз бомдодон барои харидани ҳавоиҷи хона ба бозор мерафтам, иттифоқан бо фалон дӯстам бархӯрд намудам ва фалон гузоришро ба ман дод.

Ва ҳамчунин мегӯем, бо утумубил аз Теҳрон соати 9 ба сӯи Қазвин раҳсипор шудем ва бино буд то соати 12 бирасем, вале иттифоқан миёни роҳ мошин айб карда як соат моро ланг намуд.

Ва ҳамчунин мегӯем, чанд сол пеш авзои иқтисодӣ ва оромиши кишварҳо бад набуд ва мардум даст ба ислоҳоте зада буданд, иттифоқан ҷанги ҷаҳонии дуввум пеш омада низоми мавҷуди зиндагиро ба ҳам зад.

Дар ин мисолҳо ва садҳо мисоли дигар, агар кунҷковӣ кунем, хоҳем дид ҳаводисе, ки ба онҳо номи “иттифоқ” ва “иттифоқӣ” додаем (дар мисоли 1 сармо ва таъсири ӯ, дар мисоли 2 мулоқоти дӯст ва гузориши он, дар мисоли 3 айб кардан ва ланг шудани мошин, дар мисоли 4 ҳудуси ҷанги ҷаҳонӣ ва осори он), намехоҳем бигӯем иллати фоъилӣ надошт ва феъл бе фоъил ба вуҷуд омада, зеро иллати фоъилии ҳар як аз ҳаводис дар мисолҳои мазбура паҳлӯи худи ҳодиса маълум аст.

Балки мехоҳем бигӯем, ҳодисаи иттифоқӣ дар ҳар як аз мисолҳо, иртиботе ба иллатҳо ва омилҳое, ки дар мисол зикр шуда надошта, аз ҷараёни онҳо пешбинӣ намешуд. Масалан, дар мисоли маҳсул ва сармо (мисоли 1), табиати дарахтҳои мева ва сабз шудани баҳорӣ ва шукуфа боз кардан ва бор нигоҳ доштан ва ба воситаи тағзия меваро бузург намудан, ва билохира ин маҷмӯа ин ғоятро (сармо ва аз миён рафтани мева) дар дунболи худ надошт ва пешбинӣ намешуд. Пас, ҳодисаи иттифоқӣ ғояте аст, ки бидуни иртибот ба фоъил ва бе иқтизои фоъил, дар дунболи кор биёяд.

Ва аз ин ҷост, ки дар ҷоҳое, ки иртиботи фоъилу феълу ғоят дуруст аст, намешавад даъвии иттифоқ намуд. Масалан. дуруст нест бигӯем: “Ҳамаи пиллаҳои нардбонро боло рафтам, иттифоқан ба бом расидам”, “Ҳар чӣ об дар ҳавз буд берун кашидем, иттифоқан ҳавз холӣ шуд”, “Санге аз девор ҷудо шуда ва поин омад ва иттифоқан ба замин расид”.

Ва бо таъаммул дар ин баёнот, дастгир мешавад, ки дар мавриди иттифоқ, бояд силсилае аз иллатҳо маълули худро ба вуҷуд оваранд ва як риштаи дигаре аз иллатҳо низ маълули дигареро мавҷуд созанд ва ба воситаи бархӯрде, ки миёнашон пайдо мешавад, силсилаи дуввум дар маҷрои силсилаи аввал тасарруф ва таъсире мувофиқ ё мухолиф анҷом диҳад, ки бо силсилаи аввал иртибот надошта бошад.

Аз маҷмӯи суханони гузашта дастгир мешавад, ки: “иттифоқ, пайдо шудани ғояте аст, ки иртибот ба фоъил ё феъл надошта бошад”, ва аз ин баён метавон фаҳмид, ки моддигароён дар ташхиси мафҳуми “иттифоқ” роҳи хато паймудаанд.

Инон гоҳе, ки дар “қонуни иллату маълул” сухан меронанд, мегӯянд: “Пайдоиш ва пешрафти улум ба субут расонида, ки қонуни иллату маълул собит буда иттифоқе дар кор нест”, ва гоҳе, ки аз ғояти офариниш сухан ба миён меояд, аз реша мункир шуда ва мегӯянд: “Ҳар мавҷуде, ки бо ҷиҳозҳои махсусе аз қувваҳо ва аъзо муҷаҳҳаз шуда на барои ин аст, ки манофеъ ва натоиҷи онҳо дар вуҷудаш манзур буда, балки чун абзори махсусро дошта роҳе, ки мувофиқи онҳост мепаймояд”. Ва натиҷаи ин ду сухан ин аст, ки иттифоқро вақте, ки нафй кардаанд, ба маънӣ нафйи иллати моддӣ, ва вақте, ки исбот кардаанд, ба маънии нафйи иллати фоъилӣ (ё нафйи иллати ғоӣ) гирифтаанд.

Ва равшантар аз ҳама ин ки: дар накӯҳиши метафизик мегӯянд, ки тарафдорони метафизик ҷаҳонро иттифоқӣ ва махлуқ аз адам медонанд (яъне бе иллати моддии собиқ). Ва ҳамчунин Худоро мавҷуди иттифоқӣ медонанд (яъне бе иллати фоъилӣ). Ва ҳамчунин эътиқод ба мӯъҷиза, қавл ба иттифоқ ва истисно аст (яъне нақзи куллияти қонуни иллату маълул). Ва ҳамчунин исботи ихтиёр дар афъоли афрод, мусталзими исботи иттифоқ мебошад (яъне нафйи ҷабри иллат). Чунонки аз ин суханони пароканда, ки нишон додем пайдост, ин гурӯҳ аз исми “иттифоқ” маънии ҳақиқии ӯро (ғояти ғайри муртабит ба иллати фоъилӣ) гирифта ва маънии дигар (феъл бе фоъил ё модда) ба вай додаанд ва ба ин андоза низ насохта ва метафизикро бо қавл ба вуҷуди иттифоқ муттаҳам дошта ва ин нисбати нораворо додаанд, бо ин ки ба гувоҳии мисолҳое, ки садҳо амсоли онҳо дар матолиби илмӣ ва фалсафӣ ва муҳовироти рӯзона аз ин гурӯҳ сар мезанад, сад дар сад исботкунандаи вуҷуди “иттифоқ” мебошанд.

Ба ҳар ҳол шубҳае, ки домангири моддигароён гардида ин аст, ки: ҳаводиси умумӣ, ки бо ҳамдигар ҷур омада ва тавофуқ нишон медиҳанд, монанди доро будани кураи замин ба маводд ва ҳаводиси заминӣ ва феълу инфиъолҳои ҷаввӣ монанди ҳаводиси осмонӣ ва фаслҳои чаҳоргона ва дуриву наздикӣ ва соири авзоъи замин нисбат ба хуршед ва ситорагон, ки як ришта ҳаводиси муназзам ва муртабит ба ҳам натиҷа медиҳад ва дар натиҷа анвоъи мавҷудоти заминӣ аз наботу ҳайвону инсон истифодаҳои шоёне дар бақои худ аз онҳо менамоянд, ва ҳамчунин таҷҳизоте, ки анвоъи ин мавҷудот дар сохтмони вуҷуд худ дошта ва ба воситаи онҳо тасарруфоте дар маводди хориҷӣ намуда ва афъоле ба нафъи бақои худ анҷом медиҳанд ва билохира ҳамаи тавофуқҳое, ки дар низоми табиат машҳуд буда ва бо бақои анвоъи мавҷудот вифқ дода ва бо нафъи онҳо татобуқ мекунад аз ғайри роҳи ғоятгирӣ ва бо фарзияҳои улуми табиӣ аз қабили танозуи бақо, ғалабаи қавӣ ва табаияти муҳит ва ҷуз онҳо қобили тавзеҳ буда ва ниёзе ба дастгоҳи ғоят дар офариниш нест.

Ба чӣ далел метавон гуфт ва аз чӣ роҳ бигӯем, ки ҷаҳони паҳновари ҳастӣ бо низоми шигифтовари худаш аз барои инсони ночиз офарида шуда ва ё ин ки ҷаҳон ба истиснои инсон барои ҳайвоноти дигар ба вуҷуд омадааст ва ҳамчунин…

Балки аз рӯи фарзияҳои илмӣ, ҷаҳони ҳастӣ тӯдаи анбӯҳе аст аз энержӣ, ки бо тарокуми гурӯҳе аз худ аҷзои атомии моддаро ба вуҷуд оварда ва бо таркиби аҷзои атомӣ, аносурро ва бо таркиби аносур, аҷсоми бешумореро таҳия намуда ва бо ҳаракату таҳаввули умумӣ, пайваста суратҳо ва хоссиятҳои онҳо дар тағйир мебошад. Онгоҳ ҳар падидае, ки аҷзои сохтмонаш ё хоссиятҳои онҳо бо ҳам вифқ намедиҳад ё бо хориҷ аз худ ва қавитар аз худ бархӯрд мекунад, ба зудӣ аз миён меравад ва падидаҳое, ки қобили бақо ва холӣ аз муъориза мебошанд, ба зиндагии худ бо таносул ё бе таносул идома медиҳанд. Бо ин ҳама инҳо низ аз таъсири муҳит барканор набуда ва тадриҷан таҳаввулоте дар сохтмон ё хоссиятҳои худ гирифта бо муҳит созиш менамоянд чунонки шавоҳиди зиёде барои исботи ин назар аз китобҳои табиӣ метавон ба даст овард.

Гузашта аз ин, ба истиқроъ, падидаҳое метавон пайдо кард, ки суде барои онҳо мутасаввар нест, то ғояти хилқати онҳо қарор бигирад монанд рӯдаи аъвар ва бархе аз ғуддаҳое, ки дар бадани инсон дуруст мешавад ва монанди пистони мард ва монанди пардаи миёни ангуштони бархе мурғони ғайри обӣ ва ҷуз онҳо.

Посухи ин шубҳа ин аст, ки мо бе ин ки дар аҷзои ин баён хӯрдагирӣ намоем, бо таслими ҳамаи ин суханон, се асли мусаллами илмии зеринро ёдоварӣ менамоем:

1) Ҷаҳони ҳастӣ ба воситаи иртибот ва таъсире, ки ҳамаи аҷзоъаш дар ҳамаи аҷзоъаш дорад, як воҳиди ҳақиқиро ташкил медиҳад;

2) Фаъолиятҳои туи ҳам печидаи ин воҳид рӯи як низоми мураттабе аст, ки ҳеч гуна истисное дар вай нест (қонуни иллату маълул);

3) Ин ҷаҳон бо низоми махсуси хеш пайваста дар таҳаввул буда ва рӯ ба такомул меравад.

Бо дар назар гирифтани се асли номбурда ва бо баёне, ки дар мафҳуми “ғоят” кардем, оё дар мавриди ҳар ҳодисае, ки ба нафъи бархе аз мавҷудот тамом мешавад, набояд гуфт, ки ин падида дар чиниши силсилаи иллатҳои ҳар ду тараф, ки билохира ба як воҳид бармегарданд манзур буда ва аз ҳамон ҷо сифати “зарурат” ба он дода шуда чунонки қаблан ишора шуд (дар ин баён, мурод манзур будани тасаввурӣ ва фикрӣ нест, балки мурод ғояти камолӣ ва ҷабрӣ аст) ва оё ҷуз ин роҳе ҳаст? Ва оё дар мавҷудоте, ки ҳар як аз онҳо бо сохтмони махсус ва абзори вежаи вуҷудӣ, ба сӯи камолоти муносиби худашон раҳсипор мешаванд, набояд гуфт, ки онҳо барои касби ин камолот бо хусусиёти вуҷудии муносиби онҳо таҷҳиз шудаанд? Ва оё дар мавриди падидаҳое, ки ба воситаи тарокиби ноҷур ё мутаноқиз аз миён мераванд, набояд гуфт, ки онҳо муқаддимаи вуҷуд ва лозимаи пайдоиши мавҷудоти комилтари дигаре мебошанд ва бинобар ин ғоят ва фоидаи вуҷуди ин падидаҳо ҳамон ғоят ва фоидаи вуҷуди комилтарашон мебошад, зеро то инҳо мавҷуд нашуда ва аз хамираи вуҷуди комилтар ҷудо нашаванд, вуҷуди комилтар пайдо намешавад?

Масали ин гуна падидаҳо масали харротае аст, ки аз даҳонаи рандаи наҷҷор канор рехта ва дар натиҷа аз чӯби ноҳамвор як даре дуруст ба вуҷуд меояд, ки чӯби ноҳамвор салоҳияти пайдо кардани шакли дарро нахоҳад дошт магар бо табоҳ шудани миқдоре аз моддаи он.

Мисоли дигар: тарафдорони материализми диалектик инқилоби хунини иҷтимоиро бо ин ки ҳазорон фаҷойеъ ва ҳаводиси ногуворро дарбар мегирад, барои истиқрори режими сотсиалистӣ ё коммунистӣ, ки иҷтимоъи комил муаррифӣ мешавад таҷвиз, балки эҷоб мекунанд, ва албатта ғояти вай низ ҳамон ормон ва ғояти иҷтимоъи комил мебошад.

Гузашта аз ин, бахши дуввуми ишкол (падидаҳое ёфт мешавад, ки бефоида ҳастанд) муғолатае аст, ки дар вай аз “намедонам”, “нест” натиҷа гирифта шуда. Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки барои ин гуна падидаҳо то кунун фоидае кашф нашуда, ва ин ҷуз ин аст, ки инҳо дар воқеъ низ фоида надоранд. Илова ба ин ки мумкин аст ояндаи илм фавоиде барои онҳо кашф намояд.

* * *

Бахти хубу бад

Мо ҳар як аз корҳои худро барои ормон ва ғояте, ки дар назарамон мушаххас ҳаст анҷом медиҳем, ва аз тарафе аз рӯи қареҳаи мусомиҳа, ки дар зиндагӣ дорем, пайваста “ғолиб”-ро ба ҷои “доим” ва “куллӣ” мегузорем ва аз тарафи дигар албатта барои расидан ба ҳар мақсаде ба ҳасби “ғолиб” роҳе вежа вуҷуд дорад ва он ҳамон кор ва фаъолияте аст, ки инсонро ба ормон ва ғаразе, ки дар поёнаш мушаххас буда ва қарор гирифта мерасонад. Масалан, барои расидан ба об дар замини хушк, кандани чоҳ лозим аст ва барои расидан ба сарманзил, паймудани роҳ мехоҳад ва барои бурдани суд, бояд доду ситад намуд ва…

Поёни ҳар як аз ин роҳҳо ғоят ва ормони худи он мебошад: ғояти кандани чоҳ, расидан ба об, ва ғояти паймудани роҳ, расидан ба сарманзили мақсуд, ва ғояти доду ситад, бурдани суд мебошад, ҳамаи инҳо ба ҳасби ғалабаи вуқӯъ.

Акнун агар касе чоҳе канд ва ба ганҷе расид ва ё ба санге мусодиф шуд, ки ранҷи ӯро беҳуда сохт, ва ё касе дар як муомилаи кучаке ба ҷои ҳазор риёл суд, сад ҳазор риёл суд бурд ва ё ҳамаи сарвати худро ба зиён гузошт ва ҳамчунин… дар ин гуна маворид ғояте пеш омада, ки ғояти феъл ва маълули кор набуда ва чун барои ҳар ҳодиса иллате исбот менамоем, табъан дар ҳамин ҷо низ иллате маҷҳулулҳувия исбот мекунем (бахти хуш ва бахти бад ё бахти сиёҳ ва бахти сафед).

Ва аз ин рӯй касеро, ки дар талоши оддии худ ё бе кучактарин талош бо ғоятҳо ва пешомадҳои ширине рӯбарӯ мешавад, “хушбахт” меномем, ва касеро, ки пай дар пай бо ҳаводиси талх ва ногуворе рӯбарӯ мешавад, “бадбахт” мешуморем.

Ва дар осори гузаштагон аз барои ин мавҷуди хурофӣ, андоми махсус ва дар хусуси вай афсонаҳои бисёре ёфт мешавад ва ҳанӯз ҳам, ки ҳанӯз аст бахт дар пешомадҳо ва корҳои рӯзонаи башар дахолатҳои мустақим ва ғайримустақими бисёр дорад.

Вале вақте, ки борикбинӣ карда ва ба муҳосибаи иллатҳои ин гуна ҳаводис пардозем, ба иштибоҳи худ пай бурда хоҳем фаҳмид, ки иллати пайдоиши ин мавзӯи хурофӣ ин буда, ки мо “доим”-ро ба ҷои “ғолиб” гузоштаем. Кандани чоҳи 50 метрӣ пайваста инсонро ба об намерсонад (ки дар натиҷа агар ба об нарасид, бадбахтӣ ва агар ба ганҷ расид хушбахтӣ буда бошад), балки гоҳе ба об мерасонад, ки дар 50 метрии сатҳи замин об мавҷуд буда бошад, чизе, ки ҳаст кандани чоҳи 50 метрӣ ҳамеша инсонро ба ҳамон чизе, ки дар 50 метрии сатҳ воқеъ аст мерасонад, агар об аст об ва агар ганҷ аст ганҷ ва агар санг аст санг, ва ин доимӣ аст.

Ва албатта мавқеъе, ки кандани чоҳ ба ганҷ ҳидоят карда аз ин ҷиҳат буда, ки дар 50 метрии сатҳи замин ганҷ вуҷуд дошта ва бо бардоштани хок, ки рӯи онро пӯшонида буд ганҷи пӯшида пайдо шуда ва ин иллатҳо ва шароит ҷуз ин натиҷа надоштааст.

Дар ҳамаи мавориди бахти сафеду бахти сиёҳ наметавонем ҳодисаеро пайдо кунем, ки асари мустақими иллатҳо ва шароите, ки дар маҳалли воқеа тарокум намудаанд набошад, ва ғояте наметавонем биёбем, ки иртиботи зотӣ бо асбоб ва қувваҳои ҳозира ва фаъола пайдо накунад.

* * *

Масоиле, ки дар ин мақола исбот гардида ба шарҳи зер аст:

1) Ҳар ҳодисаи замонӣ ниёзманд ба иллат мебошад, ва бо таъбири умумитар, ҳар мумкин мӯҳтоҷ ба иллат аст;

2) Чунонки вуҷуди иллат, иллати вуҷуди маълул аст, адами иллат низ иллати адами маълул аст;

3) Вуҷуди маълул бо иллати худ робитае дорад, ки бо ҳеч чиз ғайри ӯ надорад;

4) Иллате, ки нисбаташ бо ду чиз мутасовӣ буда бошад, наметавонад яке аз он дуро тахсис ба вуҷуд диҳад, ва ҳамчунин яке аз он ду низ наметавонад бо чунин иллате ба вуҷуд ихтисос ёбад;

5) Ихтиёр ба маънои “эҷоди газофӣ” таҳаққуқ надорад;

6) Иллат ду қисм аст: иллати томма ва иллати ноқиса;

7) Эҳтиёҷи маълул ба иллат аз ҷиҳати имкони ӯст, на аз ҷиҳати ҳудус ва собиқаи адам;

8) Иллияту маълулияти даврӣ маҳол аст;

9) Вуҷуди иллати томма аз вуҷуди маълули худ қавитар аст;

10) Иллат бар маълули худ мутақаддим аст, ва маълул аз он мутааххир;

11) Истиқлол ва тамомияти вуҷудии маълул ҳамон истиқлол ва тамомияти вуҷудии иллат аст;

12) Силсилаи иллати томмаи маълуле наметавонад то лониҳоят биравад;

13) Ду иллати мустақил як маълулро намешавад эҷод кунад чунонки як иллат ду маълули мустақилро;

14) Иллат ба чаҳор қисм мунқасим мешавад: иллати фоъилӣ, иллати ғоӣ, иллати моддӣ, иллати сурӣ;

15) Ҳеч маълуле бе иллати фоъилӣ нахоҳад буд;

16) Ҳар маълули моддӣ иллати моддӣ мехоҳад;

17) Моддаи дигаре баситтар аз моддаи ҷисмонӣ бояд исбот кард;

18) Ҳар маълули моддӣ иллати сурӣ мехоҳад;

19) Ҳеч маълуле бе иллати ғоӣ нахоҳад буд;

20) Иттифоқ ва бахт вуҷуд надорад.

* * *

Поёни мақола

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: