ДОЪИШ поён ёфт; паёми женерол Қосим Сулаймонӣ

Женерол Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Эрон, дар номае ба раҳбари ин кишвар навишт: “Ҳақир ба унвони сарбози мукаллафшуда аз ҷониби ҳазрати олӣ дар ин майдон, бо итмоми амалиёти озодсозии Абӯкамол, охирин қалъаи ДОЪИШ, бо пойин кашидани парчами ин гурӯҳи омрикоӣ–саҳюнистӣ ва барафроштани парчами Сурия, поёни сайтараи ин шаҷараи хабисаи малъунаро эълом мекунам.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, матни ин нома ба шарҳи зерин аст:

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

“Инно фатаҳно лака фатҳан мубинан”

Маҳзари мубораки раҳбари азиз ва шуҷоъи Инқилоби Исломӣ

Саломун алайкум

Шаш сол қабл фитнае хатарнок олами исломиро дарнавардид. Ин фитнаи хатарнок ва масмум, бо ҳадафи оташафрӯзии васеъ дар олами исломӣ ва даргир намудани мусалмонон бо якдигар, тавассути душманони ислом эҷод гардид; ҳаракати хабисонае, ки таҳти номи “Ҳукумати Исломии Ироқ ва Шом” дар ҳамон моҳҳои аввалия муваффақ шуд бо иғфоли даҳҳо ҳазор ҷавони мусалмон ду кишвари бисёр асаргузор ва сарнавиштсози олами исломӣ Ироқ ва Сурияро дучори бӯҳрони бисёр хатарноке кунад ва садҳо ҳазор километр мураббаъ аз арозии ин кишварҳоро ҳамроҳ бо ҳазорон русто, шаҳр ва марокизи муҳимми устонӣ ба тасарруф дароварад ва ҳазорон коргоҳ ва корхона ва зерсохтҳои муҳимми ин кишварҳо аз ҷумла, роҳҳо, пулҳо, полоишгоҳҳо, чоҳҳо ва хутути нафту гоз ва нерӯгоҳҳои барқ ва мавориди дигаре аз ин навъро тахриб намуданд ва шаҳрҳои муҳимме ҳамроҳ бо осори гаронбаҳои таърихӣ ва тамаддуни миллии онҳоро бо бомбгузорӣ аз байн бурда ва ё сӯзонданд.

Агарчи омори хасоратҳои ворида қобили эҳсо (шумориш) нест, аммо баррасиҳои аввалия ҳокӣ аз 500 милёрд дулор мебошад.

Дар ин ҳодиса, ҷиноёти бисёр дардноке, ки ғайриқобили намоиш аст рух дод; аз ҷумла: сар буридани кӯдакон ё пӯст кандани зинда-зиндаи мардон дар муқобили хонаводаҳои худ, ба асорат гирифтани духтарон ва занҳои бегуноҳ ва таҷовуз ба онон, сӯзондани зинда-зиндаи афрод ва забҳи дастаҷамъии садҳо ҷавон.

Мардуми мусалмони ин кишварҳо мутаҳайир аз ин тӯфони масмум, бахше гирифтори ханҷарҳои бурандаи ҷинояткорони такфирӣ гардиданд ва милюнҳо нафари дигар хонаву кошонаи худро раҳо карда ва овораи шаҳрҳо ва кишварҳои дигар шуданд.

Дар ин фитнаи сиёҳ, ҳазорон масҷид ва марокизи муқаддаси мусалмонон тахриб ва ё вайрон гардид ва баъзан масҷидро ба ҳамроҳи имоми ҷамоат ва намозгузорони он бо ҳам мунфаҷир намуданд.

Беш аз 6 ҳазор ҷавони фиребхӯрда ба номи “дифоъ аз ислом” ба сурати интиҳорӣ бо худравҳои пур аз маводди мунфаҷира худро дар маёдин, масоҷид, мадорис, ҳатто бемористонҳо ва марокизи умумии мусалмонҳо мунфаҷир карданд; ки дар натиҷаи ин аъмоли ҷинояткорона даҳҳо ҳазор мард, зан ва кӯдаки бегуноҳ ба шаҳодат расиданд.

Тамоми ин ҷиноятҳо, бино ба эътирофи олитарин мақоми расмии Омрико, ки ҳамакнун риёсати ҷумҳурии ин кишварро бар ӯҳда дорад, тавассути раҳбарон ва созмонҳои муртабит бо Омрико тарроҳӣ ва иҷро гардидааст камо инки ҳамчунон ин равиш тавассути раҳбарони кунунии Омрико дар ҳоли тарроҳӣ ва иҷрост.

Он чи пас аз лутфи Худованди Субҳон ва инояти хосси Расули муаззами ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва аҳли байти гаронқадраш боиси шикасти ин тавтиъаи сиёҳ ва хатарнок гардид, раҳбарии хирадмандона ва ҳидоятҳои ҳакимонаи ҳазрати олӣ ва марҷаъи олиқадр ҳазрати Оятуллоҳи узмо Систонӣ буд, ки мӯҷиби басиҷи куллияи имконот барои муқобила бо ин тӯфони масмум гардид.

Яқинан пойдории давлатҳои Ироқ ва Сурия ва поймардии артишҳо ва ҷавонони ин ду кишвар хусусан Ҳашдушшаъбии муқаддас ва дигар ҷавонони мусалмони соири кишварҳо бо ҳузури муқтадирона ва меҳварии Ҳизбуллоҳ ба раҳбарии сайиди пурифтихори он, ҷаноби Сайидҳасан Насруллоҳ (ҳафизаҳуллоҳу Таъоло) нақши таъйинкунандае дар ба шикаст кашондани ин ҳодисаи хатарнок доштанд.

Қатъан нақши арзишманди миллат ва давлати хидматгузори Ҷумҳурии Исломӣ хусусан риёсати мӯҳтарами ҷумҳурии исломӣ, маҷлис, вазорати дифоъ ва созмонҳои низомӣ ва интизомӣ ва амниятии кишварамон дар ҳимоят аз давлатҳо ва миллатҳои кишварҳои фавқуззикр қобили тақдир аст.

Ҳақир ба унвони сарбози мукаллафшуда аз ҷониби ҳазрати олӣ дар ин майдон, бо итмоми амалиёти озодсозии Абӯкамол, охирин қалъаи ДОЪИШ бо пойин кашидани парчами ин гурӯҳи омрикоӣ–саҳюнистӣ ва барафроштани парчами Сурия, поёни сайтараи ин шаҷараи хабисаи малъунаро эълом мекунам ва ба намояндагӣ аз куллияи фармондеҳон ва муҷоҳидини гумноми ин саҳна ва ҳазорон шаҳид ва ҷонбози мудофеъи ҳарами эронӣ, ироқӣ, сурияӣ, лубнонӣ, афғонистонӣ ва покистонӣ, ки барои дифоъ аз ҷону навомиси мусалмонон ва муқаддасоти онон ҷони худро фидо карданд, ин пирӯзии бисёр бузург ва сарнавиштсозро ба ҳазрати олӣ ва миллати бузургвори Эрони Исломӣ ва миллатҳои мазлуми Ироқ ва Сурия ва дигар мусалмонони ҷаҳон табрик ва таҳният арз менамоем ва пешонии шукрро дар муқобили пешгоҳи Худованди Қодири Мутаол ба шукронаи ин пирӯзии бузург бар замин месойем.

Ва ман насру илло мин ъиндиллоҳил азизил ҳаким”

Фарзанд ва сарбозатон

Қосим Сулаймонӣ

* * *

Филме аз озодсозии Абӯкамол, охирин қалъаи ДОЪИШ, бо ҳузури женерол Қосим Сулаймонӣ:

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: