Перейти к содержимому

Манделаи мурда аммо зинда, Мугабеи зинда аммо мурда

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Asriran

Қудрат, як беморӣ аст; касе, ки ба он мубтало шавад, дигар муолиҷа нахоҳад шуд.” Ин сухан аз Ҷулио Андреоттӣ (Giulio Andreotti), сиёсатмадори саршиноси итолиёӣ аст, ки ҳафт бор нахуствазири ин кишвар шуд, ва ин ҷумла ҳам аз ӯст: “Сахттарин диктотуре, ки метавонӣ аз ӯ безор бошӣ, диктотури даруни худат аст”.

Баҳонаи нақли ин иборат, исрори Роберт Мугабе, ҳокими Зимбабве, бар мондан дар қудрат аст. Дар ҳоле, ки ҳизби худи ӯ барканории вай аз дабири куллии ҳизбашро эълон карда ва ҳама интизор доштанд дар нутқи телевизиюнӣ канорагирии худро эълом кунад, аммо ӯ чунин накард.

Тасаввури аввалӣ ин буд, ки раисиҷумҳури Зимбабве дар нутқи телевизиюнӣ хабари истеъфои худро эълом мекунад, то боқимондаи умри худро дур аз қудрату сиёсат ва ба истироҳат бигузаронад.

Шояд сарони артиш ҳам, ки тасреҳ мекунанд кудетое нашудааст, интизор доштанд худи Мугабе ба шакли мӯҳтарамонае ба ин достон поён диҳад, аммо ингор часпандагии ӯ беш аз он аст, ки битавонад дар 93-солагӣ ҳам дил аз курсӣ биканад ҳарчанд пружаи интиқоли қудрат ба ҳамсараш амалан бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва асосан ба хотири ҳамин артиш вокуниш нишон дод.

Рафтору исрори Роберт Мугабе бар мондан, нохудогоҳ ҳамаро ба ёди Нелсон Мандела, раҳбари фақиди Офриқои ҷанубӣ меандозад, ки ба як давраи риёсати ҷумҳурӣ басанда кард ва бо ин ки ба осонӣ метавонист дар давраи баъд низ номзад шавад ва баъдтар ба шевае аз худ як раисиҷумҳури модомулумр бисозад, аммо ӯ чунин накард.

Нелсон Мандела ҳам 90-солагиро дид ва акнун мурда, аммо ному ёди ӯ зинда аст. Ҳол он ки Роберт Мугабе дар гузор аз 90-солагӣ, ҳамчунон зинда аст, аммо ба воқеъ мурда.

Мандела берун аз қудрат ҳам иқтидор ва нуфузи худро ҳифз кард ва тандиси ӯ дар пойтахти Бритониё ҳам насб шуда, аммо Мугабе агар ҳамин ҳоло бимирад, чандон мавҷе дарнамегирад ва баъид аст муҷассамаи ӯ дар Зимбабве ҳам бимонад ва танҳо иттифоқе, ки мумкин аст рух диҳад, шодӣ ва пойкӯбии бештари мардумони Зимбабве аст.

Дар ирфони эронӣ ин сухан зарбулмасал аст, ки:

موتوا قبل أن تموتوا

Яъне, “бимиред қабл аз он ки бимиред.” Ин ҷумла ба маънии тавсия ба худкушӣ ва марги худхоста нест. Манзур ин аст, ки қабл аз ин ки марг шуморо аз неъматҳои дунё маҳрум кунад ва ногузир аз тарки он шавед, худатон риштаҳои таъаллуқ ба дунёро бибуред.

Дар олами сиёсат ва қудрат ҳам метавон гуфт: “Қудратро тарк кунед, қабл аз он ки бипӯсед!

Мугабе намурда, аммо пӯсида ва ҳоло дигар канорнарафтаи ӯ бо каноррафтааш тафовуте надорад ва деру дур нест артиш эҳтироми боқимондаро ҳам канор бигузорад ва кори ӯро тамом кунад.

Дар ҳукуматҳое, ки амалан раисиҷумҳур ба сурати модомулумр қудратро қабза карда ва имкони интиқоли табиӣ дар қолабҳои подшоҳӣ вуҷуд надорад, талошҳои интиқол ҳазинасоз мешавад; камо ин ки агар Муаммар Қаззофӣ дар савдои интиқол додани қудрат ба писараш Сайфулислом набуд ва Ҳусни Муборак барои писараш Ҷамол хоб надида буд, чӣ басо ҳеч як халъ ва барканор намешуданд.

Дастикам агар ҳизб ба таври комил дар мушти ҳоким буд — монанди Ҳизби Баъс дар Сурия ё Ҳизби коргар дар Куреи шимолӣ — интиқоли қудрат ба фарзанд аз тариқи ҳизб сурат мепазируфт. Дар Зимбабве аммо ҳизб зери бори интиқоли қудрат ба ҳамсари Мугабе нарафта ва артиш ба унвони як ниҳод вориди амал шуда ва гузинаи худро мустақар кардааст.

Исрори Мугабе бар мондан дар қудрат, он ҳам дар 93-солагӣ, дар ҳоле аст, ки дар қарни 21-ум шоҳиди канорагириҳои довталабона аз қудрат ва вогузорӣ ба дигарӣ будаем.

Маликаи Ҳуланд канор рафт ва қудратро ба Вилём супурд. Шайх Ҳамад бен Халифа Оли Сонӣ дар Қатар низ канор рафт ва шоҳзода Тамим ба ҷои ӯ нишаст.

Дар Чин аммо роҳкори дигаре андешидаанд. Ҳизби кумунист раисиҷумҳурро барои 10 сол интихоб мекунад ва ҳаддиақал даруни худашон қудратро интиқол медиҳанд.

Инсони мудерн ба ҷои тавсия ба канорагирӣ, қудратро давраӣ кардааст. Бо ин ҳол, дар низомҳои салтанатӣ ва ғайриҷумҳурӣ ҳам канорагирии довталабона гоҳе рух медиҳад ва мисолҳои онро зикр кардем.

Дар таърихи куҳан бисёр ба нудрат аммо ба чунин намунаҳое бармехӯрем. Писари Язид – Муовияи дуввум дар ҷавонӣ ва 22-солагӣ ба хилофат расид, аммо худро халъ кард. (Таърихи Яъқубӣ, ҷилди 2)

Дар забони арабӣ истилоҳи “доул-курсӣ” вуҷуд дорад, ба маънии “бемории курсӣ” ё “марази қудрат”. Ошкор аст, ки Роберт Мугабе ба доул-курсӣ ё марази қудрат мубтало шуда, ки раҳо намекунад. Вале кори ӯ тамом шуда ва фардо, ки бимирад ёди ӯ ҳам хоҳад мурд ва ингор на ингор, ки рӯзгоре инқилобии дурахшоне дар Офриқо будааст.

Мандела ҳам метавонист курсии қудратро тарк накунад ва он қадр бимонад то мисли Мугабе бипӯсад, аммо канор рафт, то напӯсад ва то бимонад, ва магар намонда ҳанӯз?

Роберт Мугабе истеъфо накард ва ба курсӣ часпида, аммо дар воқеъ мурдааст. Мунтаҳо хабари марги ӯ бо каме таъхир эълом хоҳад шуд.

Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: