Сабабҳои гароиш ба материализм (10)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Посухи ишколҳои Дэвид Юм бар бурҳони назм

Инак, баррасии эродҳои Дэвид Юм бар бурҳони назм:

1) Ин ки оқои Юм пиндоштааст, ки бурҳони назм моҳияти таҷрибӣ дорад монанди ҳамаи бурҳонҳои таҷрибии дигар, иштибоҳ аст. Бароҳини таҷрибӣ дар мавориде аст, ки бихоҳем робитаи як падидаи маҳсусро бо як падидаи қобили эҳсоси дигар кашф намоем. Ба иборати дигар, бурҳони таҷрибӣ танҳо дар мавриди кашфи робита миёни ду ҷузъ аз табиат метавонад ҷорӣ бошад, на дар мавриди кашфи робита миёни табиат ва моварои табиат. Ба иборати дигар, таҷриба он ҷо муяссар аст, ки падидаеро дар табиат мушоҳида мекунем ва мехоҳем иллат ё иллатҳои он падидаро бо озмоиш кашф кунем ва ё мехоҳем осор ва натоиҷ ва маълулоти онро ба даст оварем.

Масалан, бо таҷриба робита миёни ҳарорати об ва бухор шуданаш, ва ё робита миёни сардии об ва мунҷамид шуданашро меёбем. Вақте, ки ду омилро дар пайи якдигар дидем ва аз дахолати омили дигар ҳам мутмаин шудем, ҳукм мекунем, ки яке аз ин ду, иллати дигарӣ аст. Пас, шарти таҷрибӣ будани як робита ин аст, ки ҳар ду тарафи робита, қобили эҳсос ва таҳти тасаллути мушоҳидаи ҳиссии мо бошанд.

Акнун бибинем, оё истидлол аз роҳи назми ҷаҳон, бар вуҷуди нозими шуъуркунанда (яъне Худованд), як бурҳони таҷрибӣ аст? Пеш аз он ки вориди моҳияти бурҳони назм гардем, лозим аст моҳияти як истидлоли роиҷи дигарро, ки оқои Юм сад дар сад онро таҷрибӣ медонад ва бурҳони назмро чизе шабеҳи он мешуморад, баррасӣ кунем. Ва он, бурҳон ва истидлол аз осор ва маснуъоти инсон, бар ақлу андешаю ҳуши инсон аст.

Оё он истидлоли роиҷ ва оддии мо дар мавриди инсонҳо, ки аз осор ва маснуъоти инсон, ақлу андешаю мизони маълумоти ӯро кашф мекунем, воқеан як далели таҷрибӣ аст аз навъи таҷрибаҳое, ки дар мавриди кашфи равобити аҷзои табиат — назири робитаи ҳарорат ва бухор ва робитаи сардӣ ва инҷимод — ба кор меравад ё на? Ба иборати дигар, оё кашфи ақлу ҳушу илми созандаҳо аз маснуъоташон, як далели таҷрибӣ аст ё як бурҳони ақлӣ? Мо аз куҷо медонем, ки масалан Бӯалӣ файласуф ё табиб буда ва ё Саъдӣ шоир ва адибе бо завқ будааст? Мо, ки бо ашхоси мухталиф — аз дӯсту рафиқу муаллиму шогирду ҳамкилосӣ — ҳамеша рӯбарӯ мешавем, аз куҷо мефаҳмем, ки он яке боҳуш ва дигаре камҳуш ва севвуме бомаълумот ва чаҳоруме камиттилоъ аст? Бадеҳист, ки аз осоре, ки аз онҳо буруз мекунад, аз суханоне, ки аз онҳо мешунавем, аз рафторе, ки аз онҳо мебинем ё аз осор ва навиштаҳои онҳо, ки мутолеа мекунем. Мо, ки ҳушу ақлу маълумоти онҳоро наметавонем мустақиман мушоҳида кунем ё ламс намоем.

Асосан, чизҳое аз қабили андеша ва маълумот, қобили ҳиссу ламс нест. Фаразан мағзи онҳоро ташреҳ кунем ё ба васоиле аз мағзи онҳо аксбардорӣ кунем, мумкин аст як силсила осор дар он мағзҳо бибинем, вале ҳаргиз андешаҳоро наметавонем ҳисс кунем ё ламс намоем, балки мо, он чиро, ки аз қабили андешаю ақлу ҳуш аст, ҷуз ҳамон миқдор, ки дар даруни худ дорем — яъне ақлу ҳушу андешаи худро — мустақиман дарк намекунем. Мо танҳо ба маълумот ва ақлу андешаи худ мустақиман дастрасӣ дорему бас. Аз ин рӯ, ҳеч ақлу андешаи касе дар дастраси таҷрибаи мо нест, ки битавонем бо озмоиш робитаи як асарро бо онҳо дарк кунем, балки аз назари таҷрибӣ, аз вуҷуди ақлу андешае ҷуз ақлу андешаи худамон бехабарем.

Дар айни ҳол, чаро ва ба чӣ далел, ба вуҷуди ақлу андеша дар соири афроди инсон ҳукм мекунем ва шак надорем? Ва ба чӣ далел аз рӯи осор ва маснуъот ва таҷаллиёти амали онҳо, ба мизони ақлу ҳушу андешаю маълумоту завқу эҳсоси онҳо пай мебарем?.. Ман, ки мустақиман аз вуҷуди ҳеч ақлу ҳеч андешаву эҳсос — ҷуз ақлу андешаву эҳсосоти худ — огоҳ нестам. Шояд ақлу андешаву эҳсос мунҳасиран дар ман вуҷуд дошта бошад ва дар ҳеч мавҷуди дигаре вуҷуд надошта бошад… Дарёфти ақлу андеша дар худам кофӣ нест барои ин ки ҳукм кунам, ки айнан шабеҳи он чӣ дар ман ҳаст, дар дигарон ҳам ҳаст; зеро ин, ба истилоҳи мантиқӣ, “тамсил” аст. Яъне миқёс қарор додани як фард аст барои афроди дигар; на таҷриба, ки иборат аст аз мавриди озмоиш қарор додани афроди зиёди як навъ то он ҷо, ки яқин ҳосил шавад осори марбут ихтисос ба афроди озмоишшуда надорад, балки дар ҳамаи афроди навъ мавҷуд аст.

Ҳақиқат ин аст, ки кашфи ақлу ҳуш дар инсонҳо аз рӯи осору маснуъоташон, на аз қабили “тамсил”-и мантиқӣ аст ва на аз қабили истидлоли таҷрибӣ, балки навъе бурҳони ақлӣ аст. Дуруст аст, ки инсон вуҷуди мавҷуде ба номи ақл ё ирода ё андешаро танҳо дар даруни худ мустақиман меёбад ва ба навъи кораш — ки тадбиру андозагириву интихобу гузиниш аст — ошно мешавад, вале он ҷо, ки дар кори дигарон мутолеа мекунад, ҳарчанд ақлу шуъурро дар онҳо шуҳуд намекунад, аммо амали “гузиниш”-ро дар корҳои онҳо мушоҳида менамояд. Яъне ҳангоме, ки корҳои онҳоро мавриди мутолеа қарор медиҳад, мебинад, ки ҳамвора дар миёни анвоъу ақсоми корҳо, балки дар миёни ҳазорон шаклу сурати корҳо, танҳо як шакл ва як сурат ба натиҷае матлуб мерасад ва соири шаклҳо ба натиҷа намерасад, онҳо ҳамон шакл ва ҳамон сурати хоссро бармегузинанд, ки ба натиҷаи матлуб мерасад; соири шаклҳо ва суратҳоро раҳо мекунанд. Масалан, агар инсоне қалам ба даст бигирад ва бихоҳад онро рӯи коғаз бикашад, ки як сиёҳӣ ба як шакл расм шавад, ҳазор гуна мумкин аст; ки яке аз онҳо ин аст, ки масалан ба шакл “М” дарояд. Ва агар идома диҳад ва қаламро рӯи коғаз бикашад, ҳазор гуна шакл мумкин аст расм шавад; ки яке аз онҳо “Н” аст. Ва агар навбати дигар амали худро такрор кунад, ҳазор гуна мумкин аст; ки яке аз онҳо шакл “Т” аст.

Ҳоло агар қалам ба даст гирифт ва шакли “МИННАТ” даромад, дар ҳақиқат бояд гуфт, аз ҳазорон ҳазор эҳтимол танҳо яке аз онҳо сурат гирифтааст. Ва агар кори худро идома дод ва чанд сатр навишт ва аз маҷмӯи онҳо ин шакл падидор шуд:

Миннат Худойро азза ва ҷалла, ки тоаташ мӯҷиби қурбат аст ва ба шукр андараш мазиди неъмат. Ҳар нафасе, ки фурӯ меравад, мумидди ҳаёт аст, ва чун бармеояд, муфарриҳи зот. Пас, дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд ва бар ҳар неъмате шукре воҷиб…

— эҳтимоли ин ки ҳамаи ин ҳуруф тасодуфан ва на аз рӯи гузиниш, яъне на аз рӯи таваҷҷӯҳ ва интихоб, сурат гирифтааст, он қадр заъиф аст, ки қобили тасаввур нест. Яъне ақли инсон одатан онро маҳол медонад. Аз ин ҷост, ки ҳукм мекунад, нерӯи “гузиниш” — яъне ҳамон чизе, ки ақлу ирода номида мешавад — вуҷуд дорад.

Ин аст масъалаи ин ки мегӯем, истидлол аз осор ва маснуъоти инсонҳо бар вуҷуди ақлу андеша дар онҳо на як тамсили мантиқӣ аст, ки сирфан аз миқёс қарор додани фард худашро барои дигарон пайдо мешавад (мисли ин ки масалан агар худаш дилдард дошта бошад, ҳукм кунад, ки ҳамаи мардум дилдард доранд) ва на як далели таҷрибӣ аст, ки ба далели ин ки мукаррар робитаи чунон осореро бо ақли инсонҳо озмоиш карда, яъне ақл ва осори онро мустақиман таҳти мутолеа қарор дода, робитаи онҳоро кашф кардааст. Балки навъе бурҳони ақлӣ аст шабеҳи бурҳоне, ки зеҳн дар мавриди сидқи қазияҳои мутавотири таърихӣ иқома мекунад.

Пас, маълум шуд, ки шинохти мо ва даст ёфтан ба ақлу ҳуши инсонҳои дигар ғайр аз худамон, аз навъи далели таҷрибӣ нест, чӣ расад ба он, ки бурҳони назм — ки дар мавриди ҷаҳон ва робитааш бо зоти Борӣ Таъоло иқома мешавад — аз навъи далели таҷрибӣ бошад!

Ахиран ин иштибоҳ насиби бисёре аз нависандагони мусалмони араб ва дунболаравони эронии онҳо шудааст. Гумон бурдаанд, ки даъвати Қуръони Карим ба мутолеаи “оёти таквин”, дар ҳақиқат ба маънии даъват ба Худошиносии таҷрибӣ аст. Гумон бурдаанд, ҳамин ки мо оятҳои таквинро мавриди мутолеа қарор додем ва аз ин тариқ ба маърифати Худованд ноил шудем, бо як далели таҷрибӣ Худоро шинохтаем. Ва аз ин ҷо ба як натиҷагирии музҳики дигар пардохтаанд, ва он ин ки: дар масоили илоҳиёт аз ҳамон роҳ меравем, ки уламои табиӣ барои шинохти табиат рафтанд ва дигар ниёзе ба он баҳсҳои дақиқ ва зарифи фалсафӣ дар масоили илоҳиёт надорем… Ғофил аз ин ки ҳадди таҷриба фақат шинохти осори Худованд аст, аммо шинохти Худованд ба кӯмаки осори шинохташуда аз роҳи таҷриба, навъе истидлоли ақлии маҳз аст.

* * *

2) Оқои Юм пиндоштааст, ки илоҳиюн мехоҳанд собит кунанд, ки олам комилан шабеҳи осор ва маснуъоти инсон аст, ва аз роҳи ин ки ташобуҳи маълулот далели ташобуҳи иллатҳо аст, хостаанд собит кунанд, ки пас олам — ки айнан монанди як мошин ва як хона аст — созандае назири созандаи мошин ва хона дорад.

Оқои Юм мефармоянд: инчунин нест; ҷаҳон беш аз он ки шабеҳ ба як киштӣ ё як мошин ё як хона бошад, шабеҳи дастгоҳи муназзам ва худтанзими як гиёҳ ё як ҳайвон аст.

Аввалан, дар посухи оқои Юм мегӯем: маънии сухани шумо ин аст, ки ҷаҳон монанди як мошин ё киштӣ нест, балки монанди худаш аст! Магар шумо интизор доштед, ки ҷаҳон монанди худаш набошад? Магар гиёҳ ё ҳайвон ҷузъе аз ҷаҳон нестанд? Дар ҳақиқат, сухан бар сари ҳамон гиёҳ ва ё ҳайвон аст, ки ба қавли шумо, чунон сохта шуда, ки монанди як дастгоҳи санъатии бисёр пешрафта — ҳазор дараҷа аз киштӣ ва мошинҳои башарӣ пешрафтатар — аз даруни худ танзим мешавад. Пас, нишонаҳои “сунъ” дар гиёҳ ва ҳайвон беш аз киштӣ ва мошин аст. Пас, агар созандаи киштӣ ва мошин аз ақлу андеша баҳраманд аст, созандаи ҷаҳон, ки намунааш гиёҳу ҳайвон аст, ба тариқи авло дорои ақлу доноӣ аст.

Сониян, ин ки оқои Юм мегӯяд ин бурҳон аз назари моҳият навъе “ташбеҳ” аст ва манзур, исботи камоли мушобеҳат миёни сунъи (сохтаи) сонеъи табиат ва миёни сунъи инсон аст, иштибоҳ аст.

(Дар ҳоле ки) маҳол аст, ки сунъи сонеъи табиат (Худо), шабоҳати комил ба сунъи инсон дошта бошад, балки сонеъи табиат ҳамчунон ки аз назари зот ва сифот муназзаҳ аст аз ин ки шабеҳи инсон бошад, аз назари феълу сунъ низ муназзаҳ аз шабоҳат аст.

Инсон, ҷузъе аз табиат аст. Ба ҳукми ин ки ҷузъе аз табиат аст, мавҷудест дар ҳоли “шудан” ва такомул. Ҳамаи талошаш ин аст, ки худро аз қувва ба феъл, ва аз нақс ба камол бирасонад. Тамоми талошҳои инсон навъе ҳаракат аз қувва ба феъл ва аз нақс ба камол аст. Ва низ ба ҳукми ин ки ҷузъе аз аҷзои табиат аст на холиқи табиат, тасарруфи ӯ дар табиат ба шакли барқарор кардани робитаи маснуъӣ (ғайритабиӣ) миёни аҷзои табиат аст. Сохтаҳои инсон аз қабили шаҳру хонаву киштӣ иборат аст аз як силсила маводди табиӣ, ки бо як иртиботи маснуъӣ ба хотири як ҳадаф ва ғояте, ки он ҳадаф ва ғоят, ҳадафи сонеъ ва созандааш аст, на ҳадафи маснуъ ва сохташуда, ва созанда мехоҳад ба василаи ин иртиботи маснуъӣ, ба ҳадаф ва ғаразе ноил ояд, бо якдигар пайванд ёфтаанд.

Пас, муқаввими сунъи башарӣ ду чиз аст:

а) Пайванди аҷзои маснуъ пайванди маснуъӣ аст ва на табиӣ;

б) Ҳадаф ва ғаразе, ки дар ин сунъ ба кор рафта, ҳадаф ва ғарази сонеъ (созандааш) аст. Яъне ин сонеъ аст, ки ба василаи ин маснуъ худро ба ҳадафе мерасонад ва аз худ рафъи нақс мекунад ва ба навъе худро аз қувва ба феълият мерасонад.

Ҳеч як аз ин ду рукн дар сунъи Борӣ Таъоло наметавонад вуҷуд дошта бошад. На мумкин аст робитаи аҷзои маснуъ бо якдигар як робитаи ғайритабиӣ бошад, ва на мумкин аст ҳадафи мавҷуд ҳадафи сонеъ бошад, балки бояд пайванди аҷзои маснуъ бо якдигар пайванди табиӣ бошад, он чунон, ки дар пайванди аҷзои манзумаи шамсӣ ё манзумаи атомӣ ё дар аҷзои як мураккаби табиии ҷамодӣ ё дар аҷзои гиёҳон ё ҳайвонот ё инсон мушоҳида мекунем.

Ин аст маънии сухани ҳукамои илоҳӣ, ки мегӯянд: “Ғоёти афъоли Борӣ, ҳама ғоёти феъланд, на ғоёти фоъил”. Ва ё мегӯянд: “Ҳикмати инсон ба маънии интихоби фозилтарини василаҳо барои беҳтарини ғоятҳост, ва ҳикмати Борӣ Таъоло ба маънии расондани мавҷудот аст ба ғоёти худашон.”

اذ مقتضى الحكمة والعناية

ايصال كل ممكن لغاية

Ва ин аст маънии суханашон, ки мегӯянд:

العالي لا يلتفت الى الاسفل

(Яъне) мақоми бартари аволими вуҷуд, ғоятеро дар мақоми пойинтари ин аволим ҷустуҷӯ намекунад. Ва ин аст маънии сухани онҳо, ки лозимаи махлуқияти мавҷудот ва судури онҳо аз зоти комил, ғоят доштани ҳамаи мавҷудот ва сараёни ишқ дар ҳамаи мавҷудот аст ва ғоятулғоёт зоти Ҳақ Мутаъол аст. Ва ин аст маънии суханашон, ки фоъилияти инсонҳо фоъилияти билқасд аст ва фоъилияти Ҳақ Мутаъол фоъилияти билъиноя.

Ҳақиқат ин аст, ки тасаввури Юм ва ҳамаи фалосифаи Ғарб аз қадимулайём то асри ҳозир аз бурҳони назм ҳамон тасаввури кӯдаконаи авомона аст бар асоси ин ки Худоро сонеъе монанди сонеъҳои башар фарз карда ва он гоҳ дар атрофи нафю исботи чунин сонеъе ба баҳс пардохтаанд. Ва ҳол он ки бо исботи чунин сонеъе, ба ҳеч ваҷҳ Худоро исбот накардаем, балки махлуқе дар ҳадди инсон исбот кардаем.

Баррасии назарияи пуртамтароқи Юм дар тақрири бурҳони назм, ки наздики се қарн аст фалсафаи Ғарбро таҳтушшуъо қарор додааст, бори дигар заъфи буняи фалсафии Ғарбро — чӣ илоҳӣ ва чӣ моддӣ — равшан мекунад ва нишон медиҳад тасаввури ғарбиён аз бурҳони назм як зарра шакли фалсафӣ надорад. Аз он чӣ дар фалсафаи исломӣ дар баҳси “иноят” матраҳ аст, дар Ғарб хабаре набуда, тасаввури ғарбиён аз ин бурҳон дар ҳадди тасаввури авомуннос ва ҳаддиаксар дар ҳадди тасаввури мутакаллимин буда, на дар ҳадди тасаввури ҳукамо ва фалосифаи исломӣ.

* * *

3) Оқои Юм мегӯяд: фаразан бо ин бурҳон собит шавад, ки сонеъи ҷаҳон аз ақлу ҳуше монанди ақлу ҳуши инсон бархӯрдор аст, муддао, ки исботи камоли лоятаноҳии худовандӣ аст исбот нашудааст.

Иштибоҳи оқои Юм дар ин ҷо ин аст, ки пиндошта касоне, ки Худовандро камоли мутлақ ва лоятаноҳӣ донистаанд, бо иттико ба бурҳони назм — ки ба қавли ӯ як далели таҷрибӣ аст — будааст.

Мо дар ҷилди панҷуми “Усули фалсафа ва равиши реализм” ёдовар шудем, ки арзиши бурҳони назм танҳо дар ин ҳадд аст, ки моро то марзи мовароуттабиа савқ медиҳад. Ин бурҳон ҳамин қадр собит мекунад, ки табиат моварое дорад ва мусаххари он моваро аст ва он моваро огоҳ ба зот ва огоҳ ба афъоли худ аст. Аммо ин ки он моваро зоти воҷиб аст ё мумкин, ҳодис аст ё қадим, воҳид аст ё касир, маҳдуд аст ё номаҳдуд, илму қудраташ мутаноҳӣ аст ё номутаноҳӣ, аз ҳудуди ин бурҳон хориҷ аст. Инҳо масоиле аст, ки танҳо ва танҳо бар ӯҳдаи фалсафаи илоҳӣ аст ва фалсафаи илоҳӣ бо бароҳини дигаре инҳоро исбот мекунад.

* * *

4) Оқои Юм мегӯяд: фаразан ҷаҳони мо комилтарин ҷаҳони мумкин бошад, аз куҷо, ки сонеъи ҷаҳон онро аз ҷои дигар нусхабардорӣ накарда бошад ва ё худ ба тадриҷ ва муморисат санъати худро такмил накарда бошад?

Ин ишкол низ ношӣ аз он аст, ки Юм аз ҳудуди корбурди бурҳони назм ғофил аст. Ӯ пиндошта ҳамаи масоили илоҳиётро аз як бурҳон истинтоҷ мекунанд, ва он, бурҳони назм аст. Дар ҷилди панҷуми “Усули фалсафа ва равиши реализм” гуфтаем, ки корбурди бурҳони назм ин аст, ки собит мекунад табиат ба худ вогузошта нест; қувваҳои табиат қувваҳои тасхиршуда аст.

Табиат ба истилоҳи фалосифа, фоъили биттасхир аст, ва ба иборати дигар, табиат моварое дорад ва он моваро ҳоким бар табиат ва мудаббири он аст. Бурҳони назм, ки корбурдаш дар ин ҳадд аст, дар ҳудуди ҳамин корбурд, расо ва кофӣ аст. Аммо ин ки он моваро чӣ вазъе дорад, масалан оё камолаш зотӣ аст ё муктасаб аст, оё тадриҷан ба даст оварда ва ё монанди зоташ қадим аст ва амсоли инҳо, як силсила масоиле аст, ки бо як силсила бароҳини дигар қобили таҳқиқ аст. Ва фаразан бо бароҳини дигаре қобили таҳқиқ набошад ва аз масоиле бошад, ки барои ҳамеша барои башар маҷҳул хоҳад монд — ки албатта ин тавр нест ва қобили таҳқиқ аст — аз арзиши бурҳони назм намекоҳад. Ҳадафи бурҳони назм ин аст, ки моро аз табиат то марзи моварои табиат раҳбарӣ кунад. Моварои ин марз, хориҷ аз масъулияти ин бурҳон аст.

* * *

5) Оқои Юм масъалаи шурур ва офот ва тӯфонҳо ва зилзилаҳоро ба унвони нақзе бар “назми маъқул”-и ҷаҳон зикр мекунад.

Мо, назар ба ин ки дар бораи ин матлаб дар китоби “Адли илоҳӣ” машрӯҳан баҳс кардаем, аз тарҳи он дар ин ҷо худдорӣ мекунем ва хонандагонро ба он китоб ирҷоъ медиҳем.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: