Фалсафа ва равиши реализм (133)

Мақолаи даҳум

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (1)

Муқаддима

Тағайюр ва табаддул, яке аз возеҳтарин ва мусалламтарин ҳақоиқи ин ҷаҳон аст. Ҷаҳон, собит ва сокин ва ҷомид нест. Падидаҳои ҷаҳон иваз мешаванд ва ашё аз ҳоле ба ҳоле дигар, аз вазъе ба вазъи дигар ва аз кайфияте ба кайфияти дигар дармеоянд. Як боғбони ботаҷриба медонад донае, ки ба замин мекорад, тадриҷан чӣ тағайюроте пайдо мекунад ва чӣ таҳаввулоте меёбад ва чӣ шароите бояд барои ин кор риоят шавад. Бисёре аз улуми башар таҳқиқ дар ҳамин тағайюрҳо ва табаддулҳост ва қавонини ҳамин тағайюр ва табаддулҳоро кашф мекунанд.

Фалсафа низ, ки бо диде дигар ва абзоре дигар ашёро мавриди мутолеа қарор медиҳад, тағайюрот ва табаддулоти табиатро баррасӣ мекунад, аммо он чӣ мавриди таваҷҷӯҳи фалсафа аст, бо он чӣ мавриди таваҷҷӯҳи улум аст, мутафовит аст. Он чӣ мавриди таваҷҷӯҳи фалсафа аст, тибқи хоссияти мутолеоти фалсафӣ, ҷанбаи куллӣ ва умумӣ дорад, (албатта) на ба маънии ин ки он чӣ улум кашф кардаанд, фалсафа як коса мекунад ва таҳти як зобити куллӣ дармеоварад, балки ба маънии ин ки “дид”- фалсафӣ, “дид”-и дигар ва аз зовияи дигар аст ва ҳамеша он зовияе, ки фалсафа аз он зовия менигарад, ба наҳве аст, ки ихтисос ба навъе хосс аз анвоъ надорад.

Қисматҳои умдаи қазоватҳои фалсафӣ дар бораи тағайюрот ва табаддулоти табиат мубтанӣ бар ҷанбаҳои мутағайири қазоватҳои илмӣ нест ва аз онҳо реша ва моя намегирад. Барои қисмати умдаи қазоватҳои фалсафӣ дар бораи ин тағайюрот, мусалламоти улум ва ҳатто машҳудот ва маҳсусоти аввалияи башар дар ин замина кофӣ аст.

Фалсафа аз он ҷиҳат тағайюрот ва табаддулоти табиатро баррасӣ мекунад, ки табиат намоишгоҳи “қувва ва феъл” аст. Баъдан хоҳем дид, ки ҳеч як аз ду мафҳуми “қувва” ва “феъл” — дар айни ин ки содиқанд ва ҳақиқат доранд — як мафҳуми ҳиссӣ намебошанд, калимоте аз қабили “падида” ё “зоҳира” ё “феномен” дар бораи онҳо содиқ нест, ҳамчунонки ин калимот дар бораи вуҷуд, адам, ваҳдат, касрат, ҳудус, қидам, тақаддум, таъаххур, маъийят, иллият, маълулият, зарурат, имкон, имтиноъ содиқ намебошад. Ва ҳамчунон ки мукаррар гуфтаем, зеҳни мо як силсила маъонӣ ва мафоҳим аз ҷаҳони ҳастӣ ва дунёи хориҷ дорад, ки усули тасаввурот ва андешаҳои башар ба шумор меравад ва башар ба ҳеч ваҷҳ қодир нест бо канор задани онҳо ва иктифо ба андешаҳои ҳиссӣ, ки “суратҳо”-и маъхуз аз “падида”-ҳост, тафаккур кунад. Фалсафа бештар бо ин маъонӣ ва мафоҳим сару кор дорад. Мафҳуми “қувва” ва “феъл” аз ин маъонӣ ва мафоҳиманд.

* * *

Матни мақола

Агар хоста бошед пероҳане таҳия карда бипӯшед, барои анҷоми ин манзур порча лозим аст. Ва албатта агар аз порчае, ки 50 сантиметр паҳно дорад, 10 сантиметр бурида пеши дӯзанда бибаред, хоҳад гуфт аз 10 сантиметр порча пероҳане дарнамеояд, балки дастикам барои пероҳани ашхоси маъмулӣ 3 метр порча зарурӣ аст, 10 сантиметр порчаро танҳо ба сурати синабанди як навзоде метавон даровард. (1)

Мафҳуми сухани дӯзанда ин аст, ки: “модда (-и порча), ки барои дӯхтани як пероҳан ба кор бурда мешавад, қаблан бояд як сифати вуҷудӣ, ки ба воситаи он шакли пероҳан ба худ мегирад, дошта бошад”.

Ва агар фаразан дар мисоли боло ба ҷои порча як мизи таҳрир ё як лӯлаи оҳанӣ пеши дӯзанда бурда пероҳан бихоҳед, хандадор хоҳад буд.

Ин вазъро дуредгар бо чӯбу тахта, ки моддаи кораш мебошад ва ҳамчунин оҳангар бо оҳан, ва меконик бо мошин ва маводди хом ва… дорад.

Ҳар моддаи кор ҳар сурати корро намепазирад, ва ҳар роҳ ба ҳар мақсад намерасонад, балки як “муносибате” миёни моддаи кор ва сурати кор лозим аст, то дар заминаи он, моддаи муайян сурати муайянро пазируфта ва ба худ бигирад. Ин хосса на танҳо дар санъат аст, балки санъат дар бадрқаи табиат ин хоссаро нишон медиҳад. (2)

* * *

Таълиқот:

(1) Барои ин ки матлаб хуб равшан шавад ва қонуни “қувва ва феъл” беҳтар мафҳум гардад, маснуъоти башарӣ мисол қарор дода шудаанд. Башар барои баровардани ҳоҷатҳои хеш, дар ҳудуди имконоти илмӣ ва фаннии худ порае аз маводди ин оламро ба шаклу сурате дармеоварад, ки ҳоҷате аз ҳоҷатҳои аввалия ё сонавияи ӯро бароварад. Номи ин гуна тағйирҳо “санъат” аст. Бадеҳист ба ҳар андоза, ки улуми моддии башар пешравии бештаре пайдо мекунад ва қонунҳои табиат барои башар бештар макшуф мегардад, роҳи тасаллути башар бар табиат ҳамвортар ва доираи фаъолияти синоъии вай васеътар мегардад, чунонки аз муқоисаи дирӯз ва имрӯзи зиндагии башар пайдост.

Дар санъат як матлаби бадеҳӣ ё шибҳибадеҳӣ вуҷуд дорад, ва он ин ки: шарти аввал ба вуҷуд омадани як маснуъ “модда” аст. Яъне як чизе бояд бошад, то башар битавонад ӯро ба сурати “дилхоҳ”-и худ дароварад. Башар қодир нест аз “ҳеч” “чизе” бисозад. Ҳамаи ихтирооти башар аз намунаҳои соддаи аввалия гирифта — монанди белу табару корд — то намунаҳои олӣ ва фаннии он аз қабили радио ва ҳавопаймо ва ғайра, порае аз маводди мавҷуд дар табиат аст, ки бо дасти башар ба ин шаклу сурати феълӣ даромадааст.

Фалосифа бурҳони ақлӣ иқома мекунанд, ки дар ҷараёни табиат ва дар низоми “замону макон”, “падид омадан аз ҳеч” маҳол аст. Ҳар ҳодис ва падидае, ба ақидаи фалосифа, масбуқ аст ба “модда”-и қаблӣ. Пас, ин ки башар наметавонад аз “ҳеч” як чиз бисозад, марбут ба аҷз ва нотавонии башар нест, балки ин кор дар ҳадди зоти худ маҳол ва мумтанеъ аст. Тибқи ин назария, шарти аввали пайдоиши як маснуъ, вуҷуди “модда” аст.

Акнун бибинем, ки сирфан вуҷуди як моддае — ҳар чӣ бошад ва ҳар қадр бошад — барои ҳар маснуъ ва ҳар манзуре кофист ё ин низ ба навбаи худ ҳисобу низоме дорад?

Возеҳ аст, ки беҳисоб нест. Вуҷуди як модда, ҳар моддае ва ба ҳар андозае, барои ҳар сурати синоъӣ кофӣ нест. Як лӯлаи оҳан ё як тахтачӯб ба дарди пероҳан намехӯрад, ҳамчунон ки ду метр порчаро наметавон ба сурати як дари утоқ даровард. Ҳар як ё чанд навъ аз маводди ин ҷаҳон барои як силсила маснуъоти бахусусе ба дард мехӯрад. Барои пероҳан моддае аз навъи пашм ё пахта ё решаи алаф ё маводди санъатӣ лозим аст, ва барои дари утоқ чӯб ё оҳан ва шиша муносиб аст; балки порча низ ба навбаи худ бояд аз як миқдори муайян камтар набошад, як порчаи 10 сантиметр дар 10 сантиметр барои пероҳан шудан кофӣ нест.

Пас, иҷмолан натиҷа мегирем, ки илова бар ин ки вуҷуди “модда” шарт аст, ҳар моддае барои ҳар сурати синоъӣ кофӣ нест, то бишавад маснуъи мавриди назарро аз он сохт.

* * *

(2) Он чӣ қаблан гуфта шуд — яъне лузуми моддаи қаблӣ ва ин ки барои ҳар сурат моддае махсус зарурӣ аст на ҳар моддае — махсуси санъат нест, дар табиат низ ҷорӣ аст. Дар табиат низ барои ба вуҷуд омадани як сурати табиӣ, аввалан вуҷуди моддаи қаблӣ шарт аст. Сониян ҳар моддаи табиӣ барои ҳар сурати табиӣ кофӣ нест. Маводди табиӣ аз пазируфтани бисёре аз суратҳои табиӣ “ибо” ва “имтиноъ” доранд. Яъне напазируфтани онҳо бисёре аз суратҳоро на бад-он ҷиҳат аст, ки омили падидоваранда (фоъил) вуҷуд надорад, балки бад-он ҷиҳат аст, ки биззот аз пазируфтани он суратҳо “ибо” ва “имтиноъ” доранд. Масалан, агар ҳастаи хурмо табдил ба инсон намешавад ва нутфаи инсон табдил ба инсон мешавад, на бад-он ҷиҳат аст, ки авомил ва шароити падидоваранда дар мавриди нутфаи инсон мавҷуд аст ва дар мавриди ҳастаи хурмо мавҷуд нест. Фаразан ҳамаи он шароит мавҷуд шавад, боз ҳам ҳастаи хурмо табдил ба инсон намешавад. Оре, агар ҳастаи хурмо дар масири дигаре, ки “имкон” ва “истеъдод”-и онро дорад қарор гирад ва тадриҷан табдил ба “нутфа” шавад, табдил ба инсон мешавад, вале ин, матлаби дигаре аст. Сухан дар ин аст, ки ҳастаи хурмо то ҳастаи хурмост, истеъдоди табдил ба инсон шуданро надорад, бар хилофи нутфаи инсон. Ҳар моддаи табиӣ, ки бихоҳад як сурати табииро бипазирад бояд қаблан “имкон”-и онро ҳамроҳ дошта бошад ва ба истилоҳи фалсафӣ, бояд ҳомили қувва ва истеъдоди он сурат бошад. Дар санъат аз ин ҷиҳат ин қонун вуҷуд дорад, ки санъат низ навъе амали табиӣ аст. Дар коргоҳи бузурги табиат доиман тағайюру табаддул рух медиҳад ва як чиз чизи дигар мешавад. Тағайюрот ва табаддулоте, ки дар табиат сурат мегирад, бо тағайюрот ва табаддулоти синоъӣ қобили муқоиса нест. Дар оянда собит хоҳем кард, ки табиат ҷуз “шудан” ва тағйиру таҳаввул нест. Тағайюроте, ки ба василаи санъат рух медиҳад сатҳӣ аст ва бо ҳамаи тағайюри номҳову шаклҳо, аз ҳудуди марбут кардан ва пайванд додани нерӯҳои мавҷуд дар табиат ва танзими онҳо таҷовуз намекунад. Аммо тағайюроти табиӣ то умқи ҷавҳари ашё нуфуз дорад. Ашё дар тағайюроти табиӣ тағйири моҳият медиҳанд ва ба ростӣ як зот ва ҷавҳар табдил ба зот ва ҷавҳари дигар мешавад, чунонки анқариб тавзеҳ хоҳем дод.

Дар табиат ҳамвора чизе чизи дигар мешавад, балки табиат айни “шудан” аст, хоҳ он ки бигӯем дар табиат ҳамвора “чиз”-ҳо чизи дигар мешаванд ё бигӯем табиат айни “шудан” аст. Чизе бояд бошад то чизи дигар бишавад, ва ё чизе ҳаст, ки ҳамвора “мешавад”. “Шудан” низоми хоссе дорад яъне ҳар чизе салоҳият ва истеъдоди табдил ба ҳар чизро надорад, фақат истеъдоди табдил ба шайъ ё ашёи муайянеро дорад, ва ба истилоҳи фалсафӣ, ҳар мавҷуди билфеъле истеъдоди ҳар ҳолат ва ҳар суратеро дар оянда надорад, балки истеъдоди як сурати муайянро дорад. Масалан, гандум истеъдоди инсон шудан ё мурғ шудан надорад, фақат истеъдоди бӯтаи гандум шудан дорад. Ва аз он тараф, ҳар ҳолат ва сурати мафрузи оянда имкони ин ки бидуни моддаи қаблӣ ба вуҷуд ояд ё имкони ин ки аз ҳар моддае ва дар ҳар моддае ба вуҷуд ояд надорад. Масалан, бӯтаи гандум ё кӯдаки инсонӣ, ки дар оянда бояд мавҷуд шавад, имкони ин ки аз донаи ҷав ё тухми мурғ ба вуҷуд ояд надорад, балки фақат имкони пайдоиш аз моддаи махсусеро дорад.

Пас дар ҳар моддае, ки суратеро мепазирад, сифати махсусе вуҷуд дорад, ва он иборат аст аз истеъдод ва қувваи он сурат. Ва чун ин истеъдод сифати он модда аст, он моддаро “ҳомил”-и он истеъдод меноманд. Ин истеъдод ва ин қувва дар моддаи дигар вуҷуд надорад. Он чӣ дар моддаи дигар вуҷуд дорад, истеъдод ва қувваи дигаре аст.

Аз инҷо равшан мешавад, ки миёни ҳозир ва оянда иртибот барқарор аст. Ба ин маънӣ, ки чунин нест, ки миёни он чӣ ҳаст ва он чӣ хоҳад буд, ҳеч гуна пайванде вуҷуд надорад ва ҳамаи он чизҳое, ки ҳастанд бо ҳамаи он чизҳое, ки хоҳанд буд, робита ва нисбати мутасовӣ доранд, ва он ин ки ҳеч кадом аз онҳо бо ҳеч кадом аз инҳо нисбат надорад, балки баръакс, миёни ҳар қисмат аз он чӣ ҳаст ва ҳар қисмат аз он чӣ хоҳад буд, балки миёни ҳар фард аз он чӣ ҳаст ва ҳар фард аз он чӣ хоҳад буд, иртибот ва муносибати хоссе барқарор аст. Як чизи хоссе, ки ҳаст, фақат як чизи хоссе, ки хоҳад буд мешавад, на ҳар чизе аз он чӣ хоҳад буд. Ва ҳамчунин як чизи хосс аз чизҳое, ки хоҳад буд, фақат дар як чизи хосс аз чизҳое, ки ҳаст замина дорад, на дар ҳамаи он чизҳое, ки ҳаст.

Пас, асли “шудан”, ки дар ин ҷаҳон аст низоме дорад. Ин низом аз назари фалсафӣ аз нисбати хоссе, ки миёни модаҳои собиқ ва суратҳои лоҳиқ аст ва дар истилоҳоти фалсафӣ “қувва” ва “истеъдод” ва аҳёнан “имкони истеъдодӣ” номида мешавад истинтоҷ мешавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: