Перейти к содержимому

Падидаи Ҳоҷӣ Умаралӣ

Ба баҳонаи зодрӯзи шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов

Хушо онон, ки дар роҳи адолат,

Ба хуни хеш ғалтиданду рафтанд.

Хушо онон, ки дар мизони виҷдон,

Ҳисоби хеш санҷиданду рафтанд.

Нагардиданд ҳаргиз гирди ботил,

Ҳақиқатро писандиданду рафтанд.

* * *

Фардо, 21 ноябр, зодрӯзи шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов аст. Агар зинда буд, 49 солаш комил шуда буд. Ҳоҷӣ Умаралӣ, ба ҳамон андоза, ки дӯстдор ва ҳаводор ва пайрав дорад, душман ва мухолиф ҳам дошт ва ҳанӯз дорад. Кистии Ҳоҷӣ Умаралӣ ва чистии ҳаракатеро, ки оғоз кард, на метавон аз лобалои гуфтаҳои ҳаводорон ва дӯстдоронаш мавриди арзёбӣ қарор дод ва на аз хилоли гуфтаҳо ва навиштаҳои душманон ва мухолифонаш; зеро арзёбиҳои ин ду гурӯҳ дар бораи ин мард, дуруст дар ду нуқтаи муқобили ҳам қарор доранд.

Ба ҳар ҳол, Ҳоҷӣ дар арсаи сиёсии Тоҷикистон, як падидаи ҷадид буд. Ҳаракате, ки ӯ калидашро зад, собиқа надошт. Дар даврони пас аз имзои созишномаи сулҳ байни опозисиюн ва ҳукумат, барои нахустин бор ин Ҳоҷӣ Умаралӣ буд, ки раъси ҳокимиятро ҳадафи муборизаҳои худ қарор дод.

Ва ҳамчунин, ин Ҳоҷӣ Умаралӣ буд, ки насли нави тоҷикро ба арсаи муборизаҳои сиёсӣ кашонд; зеро то замони пеш аз зуҳури ӯ, насли ҷавони тоҷик — ки бештари он ё дар дохили кишвар саргардон буд ва ё дар муҳоҷират дар Русия ба сар мебурд (ва мебарад) – муборизаҳои сиёсиро гӯӣ мутаъаллиқ ба насли пеш аз худ медонист ва худро чандон ба ин арса наздик намекард. Ва коре, ки Ҳоҷӣ кард ин буд, ки ба ин насл майдон дод ва дар руҳи онҳо навъе эътимоди ба нафс дамид.

Ба ҳамин хотир аст, ки ин насл барои Ҳоҷӣ эҳтироми фавқулода қоил аст, гӯӣ гумшудаи худро дар чеҳраи ӯ пайдо карда бошанд. Имрӯз агар ин насл ҳанӯз фаъол аст ва ноумед нест ва ба пайкори сиёсии худ идома медиҳад, ҳама ба баракати ҳамон эътимоди ба нафсе аст, ки Ҳоҷӣ дар руҳи инон дамида. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки мегӯям, Ҳоҷӣ як падидаи ҷадид дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ба шумор меояд ва ба ҳақ бояд ба унвони «Падидаи Ҳоҷӣ Умаралӣ» ёд шавад.

Албатта, ҳаракати сиёсии Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов холӣ аз нуқсонҳо ва маъойиб набуданд. Касе ки даст ба коре мезанад, қатъан кораш бе айбу нуқсон пеш намераванд. Феълан маҷол маҷоли баёни он нуқсонҳо ва маъойиб нест.

Дар буъди шахсӣ ҳам, марҳуми Ҳоҷӣ аз наводири рӯзгор буд. Пештар ин матлабро ёдовар шуда будам ва алъон ҳам такрор мекунам, ки Ҳоҷӣ аз ҷумлаи касоне буд, ки барои ҳадаф, омода ҳастанд, аз ҳамаи чизашон бигзаранд. Замоне ки дар Эрон будам ва Ҳоҷӣ меҳмони ман шуд, бо ӯ бештар ва беҳтар ошно шудам. Одами бисёр холис ва мухлис, мӯъмин ва боварманд ба ҳадаф; инсоне, ки заррае ноумедӣ дар худ роҳ намедод ва балки ҳамвора дар дили дигарон умед эҷод мекард. Ва дар муъошират ҳам камназир буд, бисёр шӯх ва башшош, ханда аз лабонаш тарк намешуданд.

Бе тардид, номи ӯ дар сафаҳоти торихи Тоҷикистон сабт хоҳад шуд; ба унвони марде, ки дар як замони бисёр кӯтоҳ мавҷе азим роҳ андохт ва дар дили ҳазорон ҷавон умед офарид ва ин боварро дар дили онон эҷод кард, ки агар бихоҳем, метавонем…

Амсоли Ҳоҷӣ Умаралӣ бисёр андак ва ангуштшуморанд дар миёни афроди башар. Инсонҳое, ки мавҷ меофаринанд. Инсонҳое, ки бовар ва умед дар дилҳо эҷод мекунанд. Инсонҳое, ки бо ҷони худ ва бо хуни худ қуфлҳоро мешикананд ва роҳи расидан ба ҳадафро барои ояндаҳо ҳамвор мекунанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

* * *

Ҳаводорони марҳуми Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов клиперо дар бораи вай пас аз шаҳодаташ таҳия карда буданд, ки бароям бисёр таъсиргузор буд, онро бароятон мегузорам:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: