Перейти к содержимому

Сабабҳои гароиш ба материализм (11)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Норасоии мафоҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ

Севвумин иллати гароишҳои моддӣ, норасоии бархе мафоҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ будааст. Дар таърихи фалсафаи сиёсӣ мехонем, ки он гоҳ ки мафоҳими хосси иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Ғарб матраҳ шуд ва масъалаи ҳуқуқи табиӣ ва махсусан ҳаққи ҳокимияти миллӣ ба миён омад ва иддае тарафдори истибдоди сиёсӣ шуданд ва барои тӯдаи мардум дар муқобили ҳукмрон ҳаққе қоил нашуданд ва танҳо чизе, ки барои мардум дар муқобили ҳукмрон қоил шуданд, вазифа ва таклиф буд, ин идда дар истидлолҳои худ барои ин ки пуштвонае барои назариёти сиёсии истибдодмаобонаи худ пайдо кунанд, ба масъалаи Худо часпиданд ва муддаӣ шуданд, ки ҳукмрон дар муқобили мардум масъул нест, балки ӯ фақат дар баробари Худо масъул аст, вале мардум дар муқобили ҳукмрон масъуланд ва вазифа доранд. Мардум ҳақ надоранд ҳукмронро бозхост кунанд, ки чаро чунину чунон кардаӣ? Ва ё барояш вазифа муайян кунанд, ки чунину чунон кун. Фақат Худост, ки метавонад ӯро мавриди пурсишу бозхост қарор диҳад. Мардум ҳаққе бар ҳукмрон надоранд, вале ҳукмрон ҳуқуқе дорад, ки мардум бояд адо кунанд.

Аз ин рӯ, табъан дар афкору андешаҳо навъе мулозима ва иртиботи тасаннуъӣ ба вуҷуд омад миёни эътиқод ба Худо аз як тараф, ва эътиқод ба лузуми таслим дар баробари ҳукмрон ва салби ҳаққи ҳар гуна мудохилае дар баробари касе, ки Худо ӯро барои риоят ва нигаҳбонии мардум баргузидааст ва ӯро фақат дар муқобили худ масъул сохтааст аз тарафи дигар. Ва ҳамчунин қаҳран мулозима ба вуҷуд омад миёни ҳаққи ҳокимияти миллӣ аз як тараф, ва бехудоӣ аз тарафи дигар.

Оқои дуктур Маҳмуд Саноъӣ дар китоби “Озодии фард ва қудрати давлат” навиштаанд:

Дар Урупо масъалаи истибдоди сиёсӣ ва ин ки асосан озодӣ аз они давлат аст, на моли афрод, бо масъалаи Худо тавъам будааст. Афрод фикр мекарданд, ки агар Худоро қабул кунанд, истибдоди қудратҳои мутлақаро низ бояд бипазиранд; бипазиранд, ки фард дар муқобили ҳукмрон ҳеч гуна ҳаққе надорад ва ҳукмрон низ дар муқобили фард ҳеч гуна масъулияте нахоҳад дошт; ҳукмрон танҳо дар пешгоҳи Худо масъул аст. Аз ин рӯ, афрод фикр мекарданд, ки агар Худоро бипазиранд, бояд ихтиноқи иҷтимоиро низ бипазиранд, ва агар бихоҳанд озодии иҷтимоӣ дошта бошанд, бояд Худоро инкор кунанд; пас, озодии иҷтимоиро тарҷеҳ доданд.

Аз назари фалсафаи иҷтимоии исломӣ, на танҳо натиҷаи эътиқод ба Худо пазириши ҳукумати мутлақаи афрод нест ва ҳоким дар муқобили мардум масъулият дорад, балки аз назари ин фалсафа, танҳо эътиқод ба Худост, ки ҳокимро дар муқобили иҷтимоъ масъул месозад ва афродро зиҳақ мекунад ва истифои ҳуқуқро як вазифаи лозими шаръӣ муаррифӣ мекунад.

Амирулмӯъминин (ҳазрати Алӣ (а)) пешвои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва халифа, дар гирудори набарди Сиффин бо мардум сухан гуфт ва фармуд:

أَمَّا بَعْدُ فَقَدْ جَعَلَ اللَّهُ سُبْحَانَهُ لِي عَلَيْكُمْ حَقّاً بِوِلَايَةِ أَمْرِكُمْ وَلَكُمْ عَلَيَّ مِنَ الْحَقِّ مِثْلُ الَّذِي لِي عَلَيْكُمْ… لَا يَجْرِي لِأَحَدٍ إِلَّا جَرَى عَلَيْهِ وَلَا يَجْرِي عَلَيْهِ إِلَّا جَرَى لَهُ وَلَوْ كَانَ لِأَحَدٍ أَنْ يَجْرِيَ لَهُ وَلَا يَجْرِيَ عَلَيْهِ لَكَانَ ذَلِكَ خَالِصاً لِلَّهِ سُبْحَانَهُ دُونَ خَلْقِهِ لِقُدْرَتِهِ عَلَى عِبَادِهِ وَلِعَدْلِهِ فِي كُلِّ مَا جَرَتْ عَلَيْهِ صُرُوفُ قَضَائِهِ

Ҳақ Таъоло бо ҳукумати ман бар шумо, барои ман ҳаққе бар шумо қарор додааст ва шуморо ҳамон андоза ҳақ бар ӯҳдаи ман аст, ки маро бар ӯҳдаи шумост. Ҳақ ҳамвора ду тарафӣ аст; касеро бар дигарӣ ҳаққе нест, магар ин ки он дигариро ҳам бар ӯ ҳаққе аст. Ва агар касе бошад, ки бар дигарон ҳақ дорад ва дигарон бар ӯ ҳаққе надоранд, ӯ танҳо Худост ва офаридагонашро чунин мазияте нест, зеро ӯ бар бандагонаш тавоноӣ ва қудрат дорад ва қазои гуногуни ӯ ҷуз бар адолат ҷорӣ намегардад…” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 216)

Яъне ҳақ, мутабодал аст; ҳар кас аз он баҳраманд шуд, масъулияте дар муқобил хоҳад дошт.

Аз назари ислом, мафоҳими динӣ ҳамеша мусовии озодӣ будааст, дуруст баръакси он чи — тибқи нақли оқои дуктур Саноъӣ — дар Ғарб ҷараён дошта, яъне ин ки мафоҳими динӣ мусовӣ бо ихтиноқи иҷтимоӣ будааст.

Пурвозеҳ аст, ки чунин равише, ҷуз гурезондани афрод аз дин ва савқ додани эшон ба сӯи материализм ва зиддият бо мазҳаб ва Худо ва ҳар чӣ ранги худоӣ дорад, маҳсуле нахоҳад дошт.

* * *

Се иллати дигар барои гароиш ба моддигарӣ ҳаст, ки лозим аст зикр шавад. Ин се иллат, ҳам дар миёни мо вуҷуд дорад ва ҳам дар миёни масеҳиён. Ин се иллат марбут мешавад ба равиши таблиғӣ ва ё амале, ки пайравони адён дар гузашта ва ё замони ҳозир дошта ва доранд.

* * *

Изҳори назари ғайри мутахассис

Дар баъзе масоил, ҳамаи мардум ба худ ҳақ медиҳанд, ки изҳори назар кунанд. Дар қадим, дар бораи масоили беҳдоштӣ, матлаб инчунин буд. Агар касе мегуфт, ман фалон нороҳатӣ дорам, ҳар кас, ки мешунид, изҳори назар мекард, ки бале, иллаташ ин аст ва асараш ин аст ва чорааш ва илоҷаш ҳам ин аст, ва дигарӣ, ки мешунид, ба наҳви дигар изҳори назар мекард. Ҳаққи изҳори назарро ҳама барои худ маҳфуз медонистанд ва агар аҳёнан нуфузу қудрате медоштанд ва лоақал бемор навъе рӯдарвосӣ аз онҳо медошт, ӯро маҷбур мекарданд, ки ин дастурро, ки натиҷааш қатъӣ аст, ба кор бибандад. Камтар фикр мекарданд, ки изҳори назар дар масоили беҳдоштӣ, ниёзманд ба тахассус аст; бояд пизишк буд, дорушинос буд; бояд солҳо назди устод дарс хонд; бояд муддатҳо таҷрибаи илмӣ омӯхт. Аммо гӯӣ ҳама худро пизишк медонистанд. Алъон ҳам дар миёни як табақа вазъ ҳамин аст.

Дар масоили динӣ низ айнан ҳамин тавр буд ва ҳанӯз ҳам ҳамин тавр ҳаст ва идома дорад. Ҳама кас ба худ ҳақ медиҳад, ки изҳори назар кунад.

Масоили динӣ, хусусан қисматҳои Худошиносӣ ва тавҳидӣ, аз ҷумлаи печидатарини масоили илмист, ки ҳама кас шоистагии изҳори назар надорад. Албатта асоси Худошиносӣ он андоза, ки умуми мардум мукаллафанд бидонанд ва имон дошта бошанд, содда ва фитрист, аммо як қадам, ки он тарафтар биравем, баҳси сифот ва асмо ва афъол ва қазо ва қадари илоҳӣ ба миён меояд ва фавқулъода печида мегардад. Ба таъбири Амирулмӯъминин Алӣ (алайҳис салом), “дарёе амиқ аст”; танҳо наҳангҳо метавонанд дар аъмоқи ин дарё шиноварӣ кунанд. Шиносоӣ ва баррасии сифот ва асмои зоти Ҳақ коре нест, ки аз ҳама кас сохта бошад, ва ҳол ин ки мебинем ҳама кас худро дар ин қисмат аҳли назар медонад ва ба баҳсу изҳори назару истидлол мепардозад ва гоҳ сар аз суханони музҳике дармеоварад.

Менависанд, кашише мехост “асли ғоият”-ро таъриф кунад ва баён кунад, ки низоми ҷаҳон як низоми ҳадафдор аст ва ҷаҳон як ҷараёни ҳадафдореро тай мекунад, ва аз ин роҳ мехост ҳикмати Борӣ Таъоло ва илму иродаи ӯро ба субут бирасонад. Ва албатта чунонки медонем, ин матлаби душворе нест; аз хилқати ҳар мавҷуде метавон шоҳид овард, аммо кашиш хаттҳои рӯи харбузаро ба унвони мисол зикр кард. Гуфт, иллати ин ки хаттҳои муназзам рӯи харбуза кашида шуда ин аст, ки вақте мо мехоҳем харбузаро барои афроди хонавода тақсим кунем, қаблан маҳалли гузоштани корд мушаххас бошад, ки одилона тақсим кунем ва баччаҳо даъво накунанд ва ҷору ҷанҷол роҳ наяндозанд.

Мисоле ҳам аз худамон зикр кунам. Мегӯянд, шахсе ин матлабро унвон карда, ки чаро Худованд ба кабӯтар бол додааст, аммо ба шутур надодааст? Ҷавоб медод: агар шутур бол медошт, дигар барои мо зиндагӣ намемонд; шутур парвоз мекард ва хонаҳои хишту гилии мо хароб мешуд.

Аз дигарӣ пурсиданд, чӣ далеле бар вуҷуди Худо ҳаст? Гуфт: “То набошад чизаке, мардум нагӯянд чизҳо!”

Заъфи мантиқӣ, ки ғолибан дида мешавад, ки афроди новорид дар масоили марбут ба ҳикмати илоҳӣ, адли илоҳӣ, қазо ва қадари илоҳӣ, ирода ва машиати илоҳӣ, қудрати комилаи илоҳӣ, ҷабру ихтиёр, ҳудусу қидами олам, қабру барзаху маод ва биҳишту ҷаҳаннам ва сироту мизону ғайра аз худ нишон медиҳанд ва ғолибан шунавандагони онҳо мепиндоранд, ки он чӣ ин ҷоҳилон ва бехабарон мегӯянд, матни таълимоти динӣ аст ва инҳо ба аъмоқи он таълимот расидаанд, яке аз сабабҳои бузурги ломазҳабӣ ва гароишҳои моддӣ аст.

Чӣ қадр мусибат аст барои аҳли маърифат, ки афроде, ки на бо мактаби илоҳиюн ошно ҳастанд ва на бо мактаби моддигароён, аз ҳарҷу марҷу беназмӣ, ки дар системи таблиғоти динӣ вуҷуд дорад истифода карда, дар радди моддигароён китоб менависанд; лотоилоте ба ҳам мебофанд, ки асбоби тамасхур ва истеҳзост. Бадеҳист, ки чунин таблиғоте ба суди моддигарӣ аст. Аз китобҳое, ки дар замони худи мо дар ин замина навишта шудааст, фаровон метавон мисол овард.

* * *

Худопарастӣ ё зиндагӣ

Дар инҷо муқаддиматан бояд матлаберо хотирнишон кунем, то манзур комилан равшан гардад: башар маҳкум аст аз ғароизи худ пайравӣ кунад. Дар вуҷуди башар ғароизе ниҳода шуда то ӯро ба сӯи ҳадафе, ки дар матни хилқат манзур аст, бикашонад. Албатта мақсуд ин нест, ки башар чашмбаста бояд тобеи ғароизи худ бошад, (балки) мақсуд ин аст, ки вуҷуди ғароиз беҳуда нест, наметавон онҳоро нодида гирифт, наметавон онҳоро муҳмал гузошт ва набояд ба муъориза ва муборизаи куллии онҳо пардохт. Ғароизро бояд ислоҳ ва таъдил ва раҳбарӣ кард, ки ин матлаби дигаре аст.

Масалан, дар инсон тамоюл ба фарзанд ҳаст. Ин тамоюл амри кучаке нест; аз шоҳкорҳои хилқати илоҳӣ аст. Агар ин тамоюл набуд, хилқат идома намеёфт. Мунтаҳо дар корхонаи хилқат, ин тамоюл ба сурати як амри лазизу ширин дар коми ҳар ҳайвоне рехта шудааст, то ҳар насле дар хидмати насли ояндаи хеш бошад ва аз ин хидмат низ лаззат бибарад. Ин алоқаро танҳо дар насли қаблӣ қарор надодааст. Дар инсон, насли баъдро низ ба насли қаблӣ алоқаманд гардонидааст, аммо на ба он шиддат, ки гузаштаро ба оянда алоқаманд кардааст. Ин алоқаҳо рамзи пайвандҳост.

Яке дигар аз ғароизи башарӣ, ҳисси ҳақиқатҷӯӣ ва доништалабӣ ва ковиш аст. Мумкин аст мардумро дар замоне муваққат аз таҳқиқу донишу ковиш мунсариф кард, аммо барои ҳамеша наметавон бар зидди руҳи ҳақиқатҷӯӣ ва доништалабии башар қиём кард.

Аз ҷумлаи ғароизи инсон молдӯстӣ аст. Албатта, молдӯстӣ як ғаризаи мустақим дар инсон нест; яъне инчунин нест, ки инсон молро ба хотири мол дӯст бидорад ва мавриди алоқаи ӯ бошад, аммо чун ба ҳасби табъу ғариза, ҳоҷатҳои моддии зиндагии худро мехоҳад рафъ кунад ва дар порае иҷтимоъот монанди иҷтимои мо василаи рафъи ҳоҷатҳо, пулу сарват аст — агар инсон пул дошта бошад, калиди ҳамаи қуфлҳоро дар даст дорад ва агар надошта бошад, ҳамаи дарҳо ба рӯяш баста мемонад — аз ин назар, одамӣ пулро ба унвони калиди ҳамаи қуфлҳо аз назари моддиёти зиндагӣ дӯст медорад.

Ҳамчунонки гуфтем, бо як амри табиӣ ва ғаризӣ наметавон мубориза кард; бад-ин маънӣ, ки барои ҳамеша наметавон онро таътил кард, ҳарчанд мумкин аст дар як муддати маҳдуд ҷомеаро бад-он сӯ кашонд ва ҳам мумкин аст афроде маҳдудро барои ҳамеша бад-он сӯ кашонд, аммо башар ва ҷомеаи баширриро наметавон аз муқтазаёти яке аз ғароиз барои ҳамеша мунсариф кард. Масалан, имкон надорад, ки битавонем ҳамаи афродро барои ҳамеша қонеъ кунем, ки розӣ шаванд ҳамаи дарҳо ба рӯяшон баста бошад ва аз он калиди мармуз ва ҷодуӣ ба номи “пул” ё “сарват” ба унвони як шайъи палид ва манфур дурӣ гузинанд.

Ҳоло агар бо номи Худо ва бо номи дин бо ин ғароиз мубориза шавад, агар таҳти ному унвони дин таҷарруд (безанӣ) ва руҳбоният муқаддас шумурда шавад ва издивоҷ палидӣ, агар таҳти он ному унвон ҷаҳл мӯҷиби наҷот муаррифӣ гардад ва илм сабаби гумроҳӣ, агар бо он ному унвон, сарвату қудрат мояи бадбахтӣ шинохта шавад ва фақру заъфу дастнорасӣ мояи саодату хушбахтӣ, чӣ паёмадҳое даст медиҳад? Инсонеро дар назар бигиред, ки аз тарафе таҳти таъсири ҷозибаи динӣ ва талқиноти динӣ аст ва аз тарафи дигар таҳти таъсири ҷозибаи шадиди ин умур; билохира ё ин тарафро мегирад ё он тарафро ва ё монанди бисёре аз мардум дар кашокаши ин ду ҷозиба гирифтор мешавад; аз касоне мешавад, ки дар бораашон гуфтаанд:

Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом,

Гаҳ назди ҳалолему гаҳе назди ҳаром.

Руҳияи музабзаб пайдо мекунад:

لا الى هؤلاء ولا الى هؤلاء

(“На бо онҳо ва на бо инҳо”) Дар воқеъ як бемори равонии дурусту ҳисобӣ мешавад бо ҳамаи аворизу осораш.

Кори дин ва рисолати дин маҳви ғароиз нест; таъдил ва ислоҳ ва раҳбарӣ ва ҳукумат ва тасаллут бар онҳост. Чун ғароизро наметавон ва набояд аз байн бурд, қаҳран дар иҷтимоъоте, ки бо номи Худо ва дину мазҳаб барои нобудии ғароиз қиём мекунанд ва Худопарастиро бо зиндагӣ мутазодд муаррифӣ мекунанд, худи ин маъонӣ ва мафоҳими олӣ шикаст мехӯранд ва материализм ва соири мактабҳои зиддихудоӣ ва зиддидинӣ ривоҷ мегирад. Аз ин рӯ, бидуни тардид бояд гуфт, ки зоҳидмаобони ҷоҳили ҳар муҳите — ки бадбахтона дар миёни худи мо ҳам зиёд ҳастанд — аз авомили муҳимми гароиши мардум ба моддигарӣ мебошанд.

Росел мегӯяд, таълимоти калисоӣ башарро дар миёни ду бадбахтӣ ва маҳрумият қарор медиҳад: ё бадбахтии дунё ва маҳрумият аз неъматҳои он, ва ё бадбахтӣ ва маҳрумият аз охирату ҳуру қусури он. Мегӯяд, аз назари калисо, инсон илзоман бояд яке аз ду бадбахтиро таҳаммул кунад: ё ба бадбахтии дунё тан диҳад ва худро маҳрум ва мунзавӣ нигаҳ дорад ва дар муқобил дар охират ва ҷаҳони дигар аз лаззатҳо баҳраманд гардад, ё агар хост дар дунё аз неъматҳо ва лаззатҳо баҳраманд бошад, бояд бипазирад, ки дар охират маҳрум хоҳад монд. Аввалин суолу эроде, ки бар ин мантиқ ворид аст, аз ноҳияи мантиқи тавҳид ва Худошиносӣ аст. Охир чаро Худо илзоман башарро ба таҳаммули яке аз ду бадбахтӣ маҳкум кардааст? Чаро ҷамъ миёни ду хушбахтӣ номумкин аст? Магар Худованд бахил аст?! Магар аз хазонаи раҳмати ӯ кам мешавад?! Чӣ монеъе дорад Худо, ҳам хушбахтии дунёро барои мо бихоҳад ва ҳам хушбахтии охиратро?! Агар Худое дар кор аст, ки аз вуҷуд ва қудрати ғайри мутаноҳӣ лабрез аст, боисте саодати комили моро бихоҳад, ва агар саодати комили моро мехоҳад, ҳам хушбахтии дунёи моро мехоҳад ва ҳам хушбахтии охирати моро.

Бертронд Росел аз касоне аст, ки ин таълими калисоӣ сахт ӯро озор медодааст ва шояд ин таълим таъсири фаровоне дар гароишҳои зиддихудоӣ ва зиддидинии ӯ доштааст.

Касоне, ки ин фикрро таблиғ карда ва мекунанд, хаёл кардаанд, ки иллати ин ки дар дин як силсила чизҳо аз қабили шаробу қимору зинову зулму ғайра наҳй шуда ин аст, ки ин умур саодат ва хушбахтӣ ва баҳҷат меоварад ва дин бо хушиву баҳҷат мухолиф аст ва Худо хоста ӯ дар дунё хушиву саодату масаррат надошта бошад, то битавонад дар охират хушбахт бошад!

Ва ҳол ин ки амр дуруст баръакси ин аст. Ин ҷилавгириҳо ва маҳдудиятҳо ба хотири ин аст, ки ин умур мӯҷиби бадбахтӣ ва тирагии зиндагӣ мегардад. Агар Худо гуфт шароб махӯр, маънояш ин нест, ки агар шароб бихӯрӣ, дар дунё хушбахт мешавӣ ва хушбахтии дунё бо хушбахтии охират носозгор аст, балки чун шароб мӯҷиби бадбахтист, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират, аз он ҷилавгирӣ шудааст. Тамоми муҳаррамот инчунинанд; яъне агар мӯҷиби бадбахтӣ набуданд, ҳаром намешуданд.

Ва ҳамчунин дар мавриди воҷибот; яъне воҷибот чун мӯҷиби хушбахтӣ ҳастанд ва дар ҳамин зиндагии дунё низ асари нек доранд, воҷиб шудаанд, на ин ки воҷиб шудаанд, то қадре аз хушбахтии дунё бикоҳанд. Қуръон бо камоли сароҳат фавоиду масолеҳи воҷибот ва мазорру мафосиди муҳаррамотро тавзеҳ медиҳад. Масалан дар ду оят нерӯбахшии намозу рӯзаро баён мекунад, мефармояд:

وَاسْتَعِينُواْ بِالصَّبْرِ وَالصَّلاَةِ وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلاَّ عَلَى الْخَاشِعِينَ

Аз шикебоӣ ва намоз кӯмак ҷӯед, ва он (намоз) басе сангин аст магар барои хушӯъпешагон.” (Сураи Бақара, ояти 45)

Ва дар бораи рӯза мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо навишта шудааст, ҳамчунон ки бар касоне, ки қабл аз шумо буданд навишта шуд, шояд, ки ботақво шавед.” (Сураи Бақара, ояти 183)

Яъне намоз бихонед ва рӯза бигиред, то руҳатон нерӯманд гардад ва ахлоқи зишт аз шумо зудуда шавад. Намозу рӯза навъе кору амал ва навъе тамрину тарбиятанд, ки ҷилави фаҳшо ва корҳои зиштатонро мегиранд.

Дар ин таълимот, на танҳо масоили зиндагӣ ва масоили маънавиро бо якдигар мутаноқиз намедонад, балки масоили маънавиро василаи созиши бештар бо як муҳити зиндагии саодатмандона муаррифӣ мекунад.

Таълимоти хилофи ҳақиқати бархе мубаллиғон, мӯҷиб гашт, ки мардум аз дин фирорӣ шаванд ва Худошиносиро мусталзими қабули маҳрумият ва таҳаммули бадбахтӣ ва зиллати инҷаҳонӣ бипиндоранд.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: