Эшони Сайидқиёмиддин дар охирин тамос ба писараш: “Маро ба Тоҷикистон берун карданд”

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, наздикони Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ гуфтаанд, ӯ ду рӯз пеш дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия нопадид шуд ва аз сарнавишташ нигаронанд. Раҷабгул Мусалмонова, ҳамсари Сайидқиёмиддини Ғозӣ, рӯзи 22-юми ноябр дар сӯҳбат бо ин радио гуфтааст, бори охир шаби душанбеи гузашта бо ӯ тамос доштанд ва ӯ дар як тамоси телефонии кӯтоҳ бо писараш Баракатуллоҳ, гуфтааст: “Маро ба Тоҷикистон берун карданд.”

Дишаб пойгоҳи интернетии “Паём” дар гузорише, аз боздошти Эшони Сайидқиёмуддини Ғозӣ дар фурудгоҳи Санкт-Петербурги Русия ҳангоми бозгашт аз Истонбули Туркия ва истирдодаш ба Тоҷикистон хабар дод. Аммо, бино бар гузориши Радиои Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд ва ин хабарро таъйид ва ё рад накардаанд.

Раҷабгул Мусалмонова, ҳамсари Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфтаааст, шавҳараш барои охирин бор шаби 20 ба 21-уми ноябр тахминан соатҳои 12-и шаб ба вақти Санкт-Петербург, аз фурудгоҳ ба писараш Баракатуллоҳ, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, занг зада ва гуфтааст: “Маро ба Тоҷикистон берун карданд.”

Пас аз ин гуфтугӯи кӯтоҳи падару писар, наздикони Эшон худро ба Хуҷанд расонданд, то аз ӯ истиқбол кунанд. Ба гуфтаи онҳо, тамоми мусофирон берун шуданд, вале аз Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ хабаре набуд.

Ҳамсари Эшон афзуда: “Фарзандонам рӯзи 21-уми ноябр ба истиқболаш ба фурудгоҳи Хуҷанд рафтанд, аммо аз ӯ ҳеҷ хабаре нашуд. Аз он замон то кунун дар бораи маҳалли иқомати ӯ ҳеч хабаре надорем.”

Бар пояи ин гузориш, фарзандони Эшон сипас мутталеъ шуданд, ки вазъи саломати Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ дар ҳавопаймо вахим шуда, ӯро аз фурудгоҳ тавассути обулонс (мошини “Ёрии таъҷилӣ”) ба назди пизишк бурдаанд.

Ба гуфтаи Раҷабгул Мусалмонова, шавҳараш дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо фарзандон қаҳвахона дошт ва дар онҷо кор мекард. Ӯ афзуда: “Бори охир 1,5 сол пеш, дар Тоҷикистон буд ва баъд аз ин дар Русия кор мекард. Ду рӯз пеш аз иди Рамазони имсола фишорашон баланд шуда, афтиданд. Пояшон шикаст. 40 рӯз дар Русия табобат гирифтанд, аммо он фоида накард ва дар охир маҷбур шуданд, барои табобат ба Эрон раванд. Аз моҳи сентябр то ноябр дар Эрон табобат гирифтанд ва аз он ҷо дубора ба Русия баргаштанд.”

Ҳамсари Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ, ки аз эҳтимоли боздошт шудани ҳамсараш нигарон аст, гуфтааст, ҳеч далеле надорад, ки шавҳараш дар таъқиб бошад. Вай гуфтааст: “Ҳеч гуноҳе накарда буд ва мавриди шубҳа қарор надошт. Ҳеч гоҳ низ ба хонаи мо ҳеч намояндаи мақомот сар назадааст.”

Раҷабгул Мусалмонова гуфтааст, ҳоло ӯ ва фарзандонаш танҳо як хоҳиш доранд, ки дар куҷо будани шавҳараш ва дар кадом вазъ будани ӯро бифаҳманд. Раҷабгул Мусулмонова ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ҳадафи сафари шавҳараш ба Эрон, гуфт: “Танҳо барои табобати худ ва фарзандаш рафта буд ва аслан онҷо зиндагии доимӣ надошт.”

Гуфтанист, Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ аз руҳониёни шинохтаи тоҷик, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ба Афғонистон муҳоҷират карда, узви ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик буд. Бо имзои Созишномаи сулҳ, Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст.

Акс аз Радиои Озодӣ

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: