Перейти к содержимому

Оё Тромп ба диктотурҳои ҷаҳон ҳасодат меварзад?

Таҳлиле аз Стефен Волт (Stephen Walt) дар нашрияи Foreign Policy бо унвони “Тромп мутмаин нест, ки демукросӣ беҳтар аз худкомагӣ бошад”

Тафовутҳои азиме тайи чанд даҳа эҷод шудааст. Байни аввалҳо то миёнаҳои даҳаи 1990, Омрико ва бархе дигар кишварҳо ба шиддат мӯътақид буданд, ки демукросии либерол ба шеваи омрикоӣ, мавҷи ояндаи ҷаҳон аст. Дар он замон, паймони Варшав лағв шуд, диктотуриҳои Омрикои лотин ба сандуқи раъй табдил шуданд, ва ҳуқуқи башар густариш ёфт.

Ба таври пешбинишуда, се раисиҷумҳури баъдии Омрико Бил Клинтун, Ҷорҷ Буши писар, ва Борок Убомо ин ормонҳоро дар оғӯш гирифтанд. Дар 25 соли гузашта, Омрико мӯътақид буд ҷаҳон ба самти раҳбарии озод, масъул ва демократик пеш меравад.

Дар нигоҳе ба ҷилав ба соли 2017 мебинем, ки худкомагӣ монанди қабл ривоҷ ёфтааст. Русия ба диктотурии воқеӣ табдил шудааст. Ши Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин, беш аз ҳар раҳбари дигаре дар Чин аз замони Моу, қудратро қабза кардааст. Ва Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, даст ба поксозии густардае барои қабза кардани қудрат задааст. Миср бори дигар раҳбаре диктотур, хашин ва фосид дорад ва Раҷаб Тайиб Ардуғон дар Туркия, рӯзноманигорон ва донишгоҳиёнро саркӯб ва давлатро поксозӣ кардааст. Аҳзоби ҳоким дар Маҷористон (Венгрия) ва Лаҳистон (Полша) дар масири истибдод гом бармедоранд.

Дар ин миён, давлати Иёлоти Муттаҳида ба риёсати Тромп чӣ мекунад? Бештар онҳоро ситоиш мекунад. Ӯ бо ин худкомагон мувофиқ аст ва шояд ҳам каме ба онҳо, ки аз ӯ сарватмандтар ва ё қудратмандтар ҳастанд ва дар айни ҳол маҳдудиятҳои қонун дасту пойи онҳоро монанди ӯ набастааст, ҳасодат мекунад. Ӯ ҳамон раисиҷумҳуре аст, ки системи қазоии худро “хандадор” номид ва аз ин ки контроли бештаре бар он надорад, ибрози ноумедӣ кард. Ӯ раиси FBI-ро ба хотири гӯш ба фармон набудани ӯ ва поён надодан ба таҳқиқот дар хусуси Русия ихроҷ кард. Ӯ буд, ки гуфт, кишвари мо ба вазорати умури хориҷа ниёзе надорад, чаро ки “ман танҳо фарде ҳастам, ки муҳим аст.” Тромп фикр мекунад системи давлатии матлуб он аст, ки дар он раисиҷумҳур ҳамакора бошад.

Омрико ба ҷои тарафдорӣ аз демукросӣ, Ши Чинпинро ба хотири қабза кардани ҳарчи бештари қудрат, ташвиқ кард. Тромп коре ба ҷуз ҳимоят аз валиаҳди ҷавони Арабистон низ анҷом надод. Ӯ дар воқеъ монанди тоза ба давронрасидаҳо, наметавонад миёни манофеъи Омрико ва манофеъи шахсии хонаводаи бузургаш тафовуте қоил шавад.

Иёлоти Муттаҳида ағлаб дар ҳимоят аз демукросӣ собитқадам набуда ва замоне, ки пойи масоили истротежикии боаҳаммият дар миён буда, иштиёқи зиёде ба муттаҳид шудан бо диктотурҳо доштааст.

Демукросиҳои бузурги ҷаҳон, дар тӯли 25 соли гузашта, аз иқдомоти нодурусти худ захм хӯрдаанд. Иёлоти Муттаҳида ба баҳонаҳои дурӯғин ба Ироқ ҳамла кард, дар ишғоли он ношигарӣ кард, ва сипас бо бӯҳрони молӣ рӯ ба рӯ шуд, ки метавонист бо назорати беҳтар, аз он ҷилавгирӣ кунад.

Дар Урупо, собит шуд, ки эҷоди евро, як иштибоҳи маргбор бо паёмадҳои густардаи сиёсӣ буда ва тасмими Бритониё мабнӣ бар хуруҷ аз Иттиҳодияи Урупо, ҳамоқати нуҳуфта дар талош барои ҳукмронӣ аз тариқи ҳамапурсиро собит карда ва бекифоятии хонаводаи салтанатиро нишон додааст.

Аммо оё замони марги демукросӣ аст? Ҳанӯз на. Агар ба таърихчаи тӯлонии ағлаби ҳукуматҳои истибдодӣ нигоҳ кунем, мебинем, ки ин давлатҳо бо гузашти замон, бештар ба ҳошия ронда шуда ва фосидтар мешаванд ва кам-кам фурсат ва бозхӯрдҳои лозим барои тармими иштибоҳоти худро аз даст медиҳанд.

Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои демукротик, дар тайи ду даҳаи гузашта, даврони бадеро пушти сар гузоштаанд, аммо ҳанӯз тавоноии ислоҳи иштибоҳоти худро аз даст надодаанд. Масалан, Иёлоти Муттаҳида тақрибан сареътар аз дигар рақибон тавонист аз бӯҳрони 2008 берун шавад.

Илова бар ин, барои рафъи нохушии феълии Омрико, ниёзе ба ислоҳоти умда нест. Танҳо бо ислоҳоти молиётии қобили қабул, ироаи тарҳи зербинои ҷиддӣ, эҷоди маҳдудияти бештар дар умури сиёсати хориҷӣ, ва шояд эъмоли тағйироти лозим дар ҳаққу ҳуқуқҳои мавҷуд метавон ба пешрафти хубе даст пайдо кард.

Ба таври хулоса, хабари хуб барои омрикоиҳо он аст, ки сарнавишти ин кишвар бештар дар дасти худи онҳост. Шояд Омрико натавонад ба даврони тиллоии пас аз поёни ҷанги сард бозгардад, аммо бояд ғурури беш аз ҳадди худро канор гузошта, сиёсати худро аз фантазияҳои идеолгаро дур карда ва бар пояи воқеиятҳои мавҷуд бино кунад.

Foreign Policy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: