Саудӣ, Аморот, Баҳрайн ва Миср “Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон”-ро дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ ворид карданд

Кишварҳои Арабистони Саудӣ, Миср, Баҳрайн ва Аморот эълом карданд, ки дар ростои пойбандии худ ба “мубориза бо теруризм ва хушкондани манобеи таъмини молии он”, номи “Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон” ба раҳбарии Шайх Юсуф Қарзовӣ ва низ “Шӯрои байналмилалии исломӣ” (Масоъ) ва 11 нафари дигарро ба феҳристи гурӯҳҳои теруристии худ афзудаанд.

Ин кишварҳо дар баёнияе эълом карданд: “Ду ниҳоди қатарии таҳримшуда, ниҳодҳои теруристӣ ҳастанд, ки дар пӯшиши исломӣ ба тарвиҷи теруризм мепардозанд ва динро ба пӯшише барои тасҳили фаъолиятҳои мухталифи теруристии худ табдил кардаанд.”

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки 11 шахси таҳримшуда низ бо дарёфти кӯмакҳои мустақим аз Қатар, иқдом ба анҷоми амалиётҳои теруристии мухталиф кардаанд.

Миср, Арабистон, Аморот ва Баҳрайн афзуданд, ки Қатар ба ин афрод гузарномаи қатарӣ дода ва барои тасҳили фаъолиятҳояшон онҳоро дар ниҳодҳои ба зоҳир хайрия ба кор гирифтааст.

Ин кишварҳо таъкид карданд, ки Қатар ҳамчунон ба ҳимоят аз теруризм ва ташвиқи тундравӣ ва нафратангезӣ идома медиҳад ва мақомоти Қатар ҳеч гуна иқдоми амалӣ барои мутаваққиф кардани фаъолиятҳои теруристӣ анҷом надодаанд.

Қаблан ин кишварҳо номи Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси “Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон”-ро низ дар феҳристи афроди терурист гунҷонида буданд.

Гуфтанист, Арабистони Саудӣ, Аморот, Баҳрайн ва Миср аз 5 июни соли ҷорӣ равобити худ бо Қатарро ба баҳонаи ҳимояти ин кишвар аз теруризм қатъ карданд ва зимни эъмоли таҳримҳое алайҳи ин кишвар, тамоми гузаргоҳҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии худ бо Қатраро масдуд карданд.

Қатар аз ибтидои ин бӯҳрон таъкид карда, ки кишварҳои муҳосиракунанда аз тариқи ворид сохтани иттиҳомот ба Қатар ва дурӯғпароканӣ ва дархостҳои ғайривоқеӣ ва ғайриқобили иҷро, ба дунболи таҷовуз ба ҳокимияти миллии ин кишвар ҳастанд.

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: