Сиёсат ё шайтанат?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар суханронии ахираш дар Кохи Арбоби Хуҷанд ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар соли 1992, бо муттаҳам кардани ҲНИТ дар ҷанги шаҳрвандии 1992-1997, гуфт: “Баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд…

* * *

Як коршиноси сиёсӣ вақте нигоҳе ба сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҲНИТ — дар хилоли 25 соли ҳукуматаш, ба хусус пас аз имзои Созишномаи сулҳ – меандозад, чӣ басо бар асоси меъёрҳои макиавеллистӣ дар бораи “сиёсат”, ӯро як сиёсатмадори бисёр муваффақ арзёбӣ кунад. Зеро, тавониста бо тавассул ба ҳар василае аз дурӯғу фиребу калаку найранг, мухолифи сиёсии худро ба тадриҷ аз саҳна ҳазф ва берун кунад.

Зеро ки Эмомалӣ Раҳмон, пас аз барқарории сулҳ дар Тоҷикистон ва то солҳои 2010, ҳаргиз ҲНИТ-ро “теруристӣ” ва “ташаббускори ҷанги бародаркушӣ” намехонд, балки ҳамвора аз он ва раҳбаронаш таърифу тамҷид ба амал меовард. Масалан, дар суханронӣ ба муносибати 10-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ гуфта буд: “Бояд махсус таъкид намоям, ки оштии миллӣ ва сулҳу субот хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва ободгари тоҷик аст. Бо истифода аз фурсат бори дигар дар назди мардуми шариф ва бонангу номуси Тоҷикистон сари таъзим ва эҳтиром фуруд меорам. Дар кори хайри сулҳи тоҷикон роҳбари собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (рӯҳашон шод бод) ва ҳамсафони наздики ӯ саҳми арзанда доранд. Бинобар ин, ман имрӯз ба онҳо миннатдории хешро иброз медорам...

Аз ин намунаҳо зиёд аст. Аммо ибтидо аз соли 2010, вақте мутмаин шуд, ки ҲНИТ дигар аз тамомии ҷиҳот комилан “халъи силоҳ” шудааст, ба тадриҷ шурӯъ кард ба сиёҳ кардани он, то ин ки кор ба ҷое расид, ки бо иттиҳомҳои пуч ва бепоя, фаъолияти онро дар дохил мутаваққиф ва “теруристӣ”-аш эълон намуд ва имрӯз дар Кохи Арбоб мегӯяд, асосан ин ҲНИТ будааст, ки “ташаббускори он ҷанги бародаркуш будааст” ва ин ки масъулияти тамоми бадбахтиҳо ва хуни 150 ҳазор кушташуда дар ҷанги шаҳрвандии 1992-1997, бар гардани ӯст.

* * *

Ҳол, бо қатъи назар аз нигоҳи палиди макиавеллистӣ ба сиёсат, Раҳмон ба унвони як инсон ва як одам, ки дорои замир аст, оё пеши виҷдони худаш ба ин ҳарфе, ки ба забон ҷорӣ сохта, ки: ҲНИТ “ташаббускори он ҷанги бародаркуш” будааст ва ҳамаи хунҳои рехташуда ба гардани вай мебошад, бовар дорад?!

Оё воқеан бовар дорад, ки он ҷанги хонумонсӯз ва вайронгарро ҲНИТ роҳ андохта буд? Таърихи он даврон, ки бароямон бисёр наздик аст, ҳанӯз аз зеҳнҳо пок нашуда ва ба илова, шоҳидони зиндаи фаровоне дорад ва тамомии он таҳаввулот рӯз ба рӯзаш ва соат ба соаташ ҳама сабт шудаанд.

Як нуктаи бисёр муҳим ҳаст, ки лозим аст барои насли ҷадид, ки шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон набуданд, ёдовар шавам. Ва он ин ки: пас аз фурӯпошии Шӯравӣ (СССР), на танҳо Тоҷикистон, балки бештари кишварҳои пасошӯравӣ — аз кишварҳои Болтик (Лотвиё, Литвонӣ, Эстонӣ) бигир то Озарбойҷон, Гурҷистон, Мулдовӣ, Арманистон ва ғайра – шоҳиди тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳои мардумӣ буданд. Тоҷикистон мустасно набуд. Дар он марҳила аз таърих, ки як марҳилаи гузор буд, ин падида як падидаи бисёр табиӣ буд. Зеро, мардуме, ки дар ин кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон ба хиёбонҳо рехта буданд, ҳаргиз қиёмашон ба нияти ҷангу даргирӣ набуд, балки хостори ислоҳот ва тағйироти решаӣ дар сохтори кӯҳна буданд. Аммо нухбаҳои боқимонда аз даврони Шӯравӣ, ки намехостанд бо курсиҳои худ худоҳофизӣ кунанд, дар баробари мардум истоданд.

Ҳол, дар баъзе аз ин кишварҳо, хушбахтона кор ба даргирии низомӣ кашида нашуд, вале дар Тоҷикистон мутаассифона мунҷар ба ҷанг шуд. Ва сабабаш ҳам ин буд, ки дар баробари қиёми мардумӣ, нухбаҳои сиёсии боқимонда аз даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон, барои он ки аз мансабу мақоми худ маҳрум нашаванд, як қисмати дигар аз мардуми кишвари азизамонро ба хиёбон кашонданд ва онҳоро дар баробари мардуме, ки хостори ислоҳу тағйир буданд қарор доданд, ва шиорашон низ, дифоъ аз Шӯравӣ (СССР) ва Ленину ин ҷур чизҳо буд, на истиқлол ва на сулҳ ва на чизе дигар. Тамоми лидерҳои тарафи муқобил, аз ҷумла ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Адолат Раҳмонова, Сангак, Файзалӣ, Лангуриев ва ғайра, танҳо ҳадафе, ки доштанд ин буд, ки нагузоранд Шӯравӣ (СССР) аз ҳам бипошад ва инро пинҳон ҳам намекарданд.

Хуб, ин вақойеъ ҳама дар таърих сабт шуда ва касе ҳам наметавонад онҳоро таҳриф кунад. Сипас, ин гурӯҳ – яъне гурӯҳе, ки мехост СССР аз нав барқарор шавад – бо ҳимоят ва пуштибонии Русия ва Ӯзбакистон, иҷлосияи 16-умро дар Хуҷанд баргузор ва Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони раиси Шӯрои Олӣ таъйин карда ва аз хоки Ӯзбакистон вориди пойтахт шуда ва ҳукумати муросои миллиро сарнагун карданд. Ва аз он таърих ба баъд, ҷанг ва даргирии ҷиддӣ тоза шурӯъ шуд. Лидерҳои онҳо мисли Сангаку Файзалӣ ба қатли омми мардуми бепаноҳ даст заданд ва мардум ҳам чорае ҷуз фирор ба Афғонистонро надоштанд. Ин аст воқеият.

Сипас, ин дар Афғонистон буд, ки Иттиҳодияи нерӯҳои мухолиф ташкил ва барои бозгашт ба миҳанашон даст ба мубориза бурданд ва билохира вақте муваффақ шуданд, ҳукумат тан ба сулҳ дод ва соли 1997 Созишномаи сулҳ мунъақид ва мухолифон ба миҳан баргаштанд.

Ҳоло, бо ин ҳама, ҷаноби раисиҷумҳур имрӯз афсона мебофанд, ки ҲНИТ “ташаббускори он ҷанги бародаркуш” будааст.

* * *

Мухолифон, ба хусус шахси Устод Нурӣ (р), ба ваъдаҳои ҷаноби Раҳмон бовар карданд ва силоҳашонро замин гузоштанд ва ҳаргиз фикр намекарданд, ки рӯзе Раҳмон онҳоро фиреб хоҳад дод.

Онҳо воқеан бовар карданд, ки Раҳмон дар ваъдаҳои худ содиқ хоҳад монд ва ба муфоди Созишномаи сулҳ хиёнат нахоҳад кард.

Онҳо ба ин қабил суханони ҷаноби Раҳмон ҷиддан бовар карданд, ки:

Бояд тазаккур дод, ки дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиклолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд…” (Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ)

Ҳар касе, ки ниҳолеро сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Ин ниҳол ниҳоли дӯстӣ ва ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша бар решаи он расад…” (Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ)

Дар татбиқи санади сулҳ инчунин собиқ Комиссияи оштии миллӣ, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду ҷониб шомил буданд, нақши муассир ва созандаро иҷро кард… Комиссияи оштии миллӣ ҳамчун механизми татбиқкунандаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар муддати бештар аз дуюним сол кори хеле мушкил ва муҳимро иҷро кард. Протоколҳои Созишномаи умумӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, низомӣ, баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ маҳз бо гуфтушунид ва музокираҳои аъзои Комиссияи оштии миллӣ амалӣ гардиданд. Аъзои Комиссия, зеркомиссияҳо ва гурӯҳҳои кории он барои устувор кардани сулҳ ва оромии ҷомеа хизмати арзанда карданд…” (Суханронӣ ба ифтихори 10- умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ)

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули халқамон аст, ки ин ҳам далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии мост. Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки ин миллати фарзона дар тамоми умри дарози худ ҳамеша рӯбарӯ гаштааст, ҳамин асолати созанда ва заковати азалиашро ҳифз кардааст. Маҳз ҳамин фазилатҳои неки азалӣ ва ифтихори миллӣ аст, ки мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштӣ ҳидоят намуда, имрӯз роҳи моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, ободонии ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо равшан мекунанд…” (Суханронӣ ба ифтихори 10- умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ)

* * *

Шояд аз назари касе, ки нигоҳаш ба сиёсат нигоҳи макиавеллистӣ аст, сиёсатҳои ҷаноби Раҳмон дар баробари ҲНИТ пас аз истиқрори сулҳу созиш, муваффақиятомез бошад, аммо қатъан аз назари инсонӣ, ин гуна сиёсат шайтанат аст, фиреб аст, найранг аст, суистифода аз эътимод ва боварӣ аст.

Роқими сутур, ҳамонанди анбӯҳе аз инсонҳое, ки дунёро бе ҳисобу китоб намедонанд ва барои адлу дод асолат қоиланд ва барои ботил нақше ҷуз “кафи рӯи об” қоил нестанд, ба ҷидд мӯътақид аст, ки рӯзе ин хиёнатҳо гиребони хиёнаткорро хоҳад гирифт.

أَنزَلَ مِنَ السَّمَاء مَاء فَسَالَتْ أَوْدِيَةٌ بِقَدَرِهَا فَاحْتَمَلَ السَّيْلُ زَبَدًا رَّابِيًا وَمِمَّا يُوقِدُونَ عَلَيْهِ فِي النَّارِ ابْتِغَاء حِلْيَةٍ أَوْ مَتَاعٍ زَبَدٌ مِّثْلُهُ كَذَلِكَ يَضْرِبُ اللّهُ الْحَقَّ وَالْبَاطِلَ فَأَمَّا الزَّبَدُ فَيَذْهَبُ جُفَاء وَأَمَّا مَا يَنفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فِي الأَرْضِ كَذَلِكَ يَضْرِبُ اللّهُ الأَمْثَالَ

“(Худованд) аз осмон обе фурӯ фиристод, пас рӯдхонаҳо ба андозаи гунҷоиши худашон равон шуданд, ва сел кафе баланд рӯи худ бардошт, ва аз он чи барои ба даст овардани зинате ё колое дар оташ мегудозанд ҳам, назири он кафе бармеояд. Худованд ҳаққу ботилро чунин масал мезанад; аммо каф берун афтода аз миён меравад, вале он чи ба мардум суд мерасонад, дар замин боқӣ мемонад. Худованд масалҳоро чунин мезанад.” (Сураи Раъд, ояти 17)

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , , ,

12 replies

  1. Он суханоне ки чаноби оли нисбати ХИНТ кайд карданд дуруст мебошанд.

    Нравится

  2. Шумо пахато ХНИТИЁ ниятотон аз аввал нопок буд ба максатон нарасиден ба як маколаи дуруг навистагитон чи халк бовартон мекунад.

    Нравится

  3. ХНИТбаъди созишномаи Истикрори Сулх мувофики низомномаашон барои пешравии чомеаи кишвар сахм мегузоштанд. Мутаасифона. онхо гайр аз куштору горати мардуми бегунох ва фитанаангезию ноором сохтани чомеа кори дигаре накарданд. Мисоли равшани инхо ходисахои соли 2010 дар Минтакаи Рашт, соли 2012 дар ВМКБ ва соли 2015 Хочи Халим (генерали хоини аз хисоби 30 %-и ХНИТ) дар шахрхои Душанбе ва Вахдат мебошанд.

    Нравится

  4. Иттиходи нерухои мухолиф ин зодаи эрон хаст ва хамаи шумо низ аз хамон падпрнаьлатихо хастед ки ба хотири манфиятхои шахси ватан ва махзабатонро фурухта даст ба хунрези хаммилатонатон задед. Имруз боз худро соф нишон додаистодед

    Нравится

  5. Созаи хама шумо мисли дигар нахзатихое ки хушбахтона холо дар паси панчара карор доранд хукми катл аст. Холо хам Призденти кишвар нисбати онхо рахм кардааст.

    Нравится

  6. Нањзат њарром буд мемонад. Ягон вахт одам намешен шумо.

    Нравится

  7. Передатели блин. Хеста дар ким гиљо рафта хукумату давлату мардуми хдтона танќид дорен њарромињо.

    Нравится

  8. Саидюнуси истаравшани!. Шумо аввал як маротиба таъсисёбии ХНИТ ва кирдору ниятхои онхоро тахлил кунед. Хатто ба мардуми оддии Точикистон маълум аст, ки чанги шахрванди махз бо ташаббуси ХНИТ сар зада буд, ки ин амалхо дар мохи сентябри соли 2015 бори дигар собит гардид.

    Нравится

  9. Бале мардуми точик дар хакикат сулыпарвар ва меынатдуст, вале бидуни нахзат, ки нисбат ба халку миллати худ ниятхои гаразнок дорад. Онхо имрузхо мехоханд, ки солхои 90-уми асри гузаштаро боз такрор карда, ба сари кудрат биёянд. Аммо, ниятхои онхо хеч гох амали намешавад. Инро халк худаш медонад….

    Нравится

  10. Дар тули 26-соли истиклолият миллати мо ба бисёр даствовардхову комёбихо ноил гардид, баъзе аз нотавонбинон тобу токати дидани ин ободкорихоро надоранд. Хар лахза мехоханд, теша бар решаи миллат зананд. Ин афроди паскинату пасфитрат часорути рубару гап заданро надоранд. Бештар тарики шабакахои ичтимои бо номмхои мустаор ва берун аз марзи Точикистон сухан мекунанд, ки чакидани бехуди сагро ба ёд меорад, харчанд саг аз чунин афрод болотар аст. Хадафи ягонаи ин гурх ноором сохтани вазъ аст, харчанд хеч гох ба ин максуд намерасанд.

    Нравится

  11. Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон барои халку миллати точик муъчизаи додаи Худованд аст. Шукр кунед. Агар шахсияте мисли Сиддики Акбар барин хоинон ва тарафдорони Ташкилоти экстремисти терористии ХНИТ суханхои ногузастани дар хакки ин шахси бузург мезанад, иншоолох боварии комил дорам, ки пастарин одами руи замин мегардад.

    Нравится

  12. Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон барои халку миллати точик сулху ободи овард ва дар оянда низ гулгулшукуфоии ин Ватани махбубро Сиддики Акбар дида, дарун дарун бо хочагони хоричиаш месузанд.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: