Сабабҳои гароиш ба материализм (12)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Муҳити ахлоқӣ ва иҷтимоии номусоид

Иллати дигари гароишҳои моддӣ ин аст, ки фазои руҳӣ ва ахлоқии инсон бо андешаи Худошиносӣ ва Худопарастӣ номусоид бошад. Худошиносӣ ва Худопарастӣ табъан мусталзими як навъ таъолии руҳии хоссе аст; базре аст, ки дар заминҳои пок рушд мекунад. Заминҳои фосид ва шӯразор ин базрро фосид мекунад ва аз миён мебарад. Агар инсон дар амал шаҳватрон ва моддапараст ва асири шаҳавот гардад, тадриҷан афкор ва андешаҳояш ҳам ба ҳукми асли интибоқ бо муҳит, худро бо муҳити руҳӣ ва ахлоқии ӯ созгор мекунанд, яъне андешаҳои мутаъолии Худошиносӣ ва Худопарастӣ ва Худодӯстӣ ҷои худро ба афкори пасти моддигарӣ ва ин ки ҳастӣ лағв ва беҳуда аст, ҳисобу китобе дар кори олам нест, дам ғанимат аст ва амсоли инҳо медиҳад.

Ҳар фикру андешае барои ин ки рушд кунад ва боқӣ бимонад, заминаи руҳии мусоиде мехоҳад. Чӣ қадр зебо ва олӣ дар осори динӣ гуфта шудааст, ки:

لا يدخل الملائكة بيتا فيه كلب أو صورة كلب

Фариштагон ба хонае, ки дар он хона саг ё тасвири саг вуҷуд дошта бошад, ворид намегарданд.”

Гуфтем фазои руҳии номусоид. Мумкин аст пурсиш шавад, ки фазои иҷтимоӣ чӣ тавр? Ҷавоб ин аст, ки мо иллати наздик ва мубоширро гуфтем. Шак нест, ки фазои иҷтимоӣ низ бояд мусоид бошад. Вале таъсири фазои иҷтимоӣ бар рӯи ақоид таъсири мустақим нест, таъсири ғайримустақим аст. Фазои фосиди иҷтимоӣ фазои руҳиро фосид мекунад ва фазои фосиди руҳӣ заминаи рушди андешаҳои мутаъолиро заъиф ва заминаи рушди андешаҳои пастро тақвият мекунад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар ислом ба ислоҳи муҳити иҷтимоӣ эҳтимоми зиёд шудааст. Ва боз ба ҳамин ҷиҳат аст, ки сиёсатҳое, ки мехоҳанд андешаҳои мутаъолиро дар мардум бикушанд, заминаи фасоди ахлоқӣ ва амалии онҳоро фароҳам мекунанд ва барои фароҳам кардани ин замина, муҳити иҷтимоиро бо васоиле, ки дар ихтиёр доранд фосид менамоянд.

Мо барои ин ки таъсири фазои номусоиди руҳиро дар гароишҳои моддӣ равшан созем, ночорем матлаберо, ки қаблан ба он ишора кардем муҷаддадан тавзеҳ диҳем.

Қаблан гуфтем, ки моддигарӣ гоҳе эътиқодӣ аст ва гоҳе ахлоқӣ. Моддияти ахлоқӣ яъне ин ки шахс ҳарчанд аз назари эътиқод мӯътақид ба моварои табиат аст ва лекин аз назари ахлоқу амал, моддӣ аст. Моддияти ахлоқӣ — ҳамчунон ки гуфта шуд — яке аз иллатҳо ва мӯҷиботи моддияти эътиқодӣ аст. Ба иборати дигар, шаҳватрониҳо ва афсоргусехтагиҳо ва ғарқ шудан дар манҷалоби шаҳватпарастӣ яке аз мӯҷиботи гароишҳои фикрии моддӣ аст.

Моддияти ахлоқӣ яъне ин ки инсон аз ҳаёт ва зиндагӣ ҳеч гуна идеяи ахлоқӣ ва маънавӣ надошта бошад.

Оё мумкин аст касе эътиқодан илоҳӣ бошад, вале амалаш ҷилвагоҳи эътиқодаш набошад ва аз назари амал, моддӣ бошад? Ва оё мумкин аст касе аз назари эътиқод, моддӣ бошад, вале аз назари амал, моддӣ набошад ва зиндагиаш зиндагии муназзаҳ ва беолоиш аз тундравӣ ва таҷовуз ва ситам бошад? Билохира оё инфикоки моддияти ахлоқӣ аз моддияти эътиқодӣ имконпазир аст? Посух ин аст, ки оре, имконпазир аст ва зиёд воқеъ мешавад, аммо чизе нест, ки давом ёбад ва рӯи он битавон ҳисоб кард, зеро як ҳолати ғайритабиӣ аст ва он чӣ бар хилофи табиат ва равиши табиии низоми асбоб ва мусаббабот аст давом нахоҳад ёфт. Ва билохира он ҷо, ки инфикок аст, ё равиш ва амал дар эътиқод муассир меафтад ва онро мунқалиб мекунад ва ё эътиқод ва идея таъсир мекунад ва тарзи амалро мунқалиб месозад. Ва билохира ё эътиқод фидои амал мешавад ва ё амал фидои эътиқод.

Инро наметавон бовар кард, ки касе битавонад як умр зиндагӣ кунад, ки фикран ва имонан илоҳӣ бошад, вале амалан моддӣ; оқибат яке аз ду тараф ғолиб хоҳад шуд, ё ба ин сӯ ва ё ба он сӯ хоҳад рафт. Камо ин ки он касе ҳам, ки аз назари фикру имон моддӣ аст, хоҳ нохоҳ, дер ё зуд ё бармегардад ва илоҳӣ мешавад ва ё ин ки таназзуҳи ахлоқии ӯ табдил ба моддияти ахлоқӣ мегардад. Ин ду наҳв моддият (моддияти эътиқодӣ ва моддияти ахлоқӣ) иллату маълули якдигаранд ва аз навъи иллату маълулҳои мутақобил ҳастанд. Яъне ҳар кадом, ҳам иллати дигарӣ воқеъ мешаванд ва ҳам маълули он.

Вақте инсон фикраш ба ин ҷо мунтаҳӣ гашт, ки ҷаҳон бидуни ҳадаф аст ва ҳушу ақлу идрок дар он вуҷуд надорад ва хилқати афроди инсонӣ ҳам тасодуфӣ аст ва хилқате аст бар асоси абас ва парвандаи инсонҳо низ пас аз марг ба куллӣ баста мешавад, табъан ба фикр меафтад “пас дамро бояд ғанимат шумурд! То кай дар фикри хубу бад будан ва умрро беҳуда талаф кардан?”. Тарзи тафаккури беҳудашумории ҳастӣ ва ҳаёт ва офариниш табъан ба моддияти эътиқодӣ мунтаҳӣ мегардад; махсусан, ки ин тарзи тафаккур фавқулъода ранҷовар ва тоқатфарсост. Ғолибан соҳибони ин андешаҳо аз худ, яъне аз андешаҳои худ, ки монанди мору ақраб онҳоро мегазад, фирор мекунанд ва ба дунболи василае ҳастанд, ки он андешаҳои газанда ва хурдкунандаро аз онҳо дур созад. Дар пайи умури фаромӯшиовар мераванд; ба мухаддирот ва мускирот паноҳ мебаранд; ҳаддиақалл ин аст, ки ба маҷолис ва маҳофили айшу ишрат барои фаромӯш кардани худ ва андешаҳои худ рӯ меоваранд ва тадриҷан ғарқ дар моддияти ахлоқӣ мегарданд.

Пас, иллати ин ки моддияти эътиқодӣ мунҷар ба моддияти ахлоқӣ мегардад танҳо ин нест, ки мантиқан асоси ахлоқи мубтанӣ бар ифофу тақво мутазалзил мегардад ва далеле барои чашмпӯшӣ аз лаззатҳои моддӣ боқӣ намемонад; танҳо ин нест, ки бо аз миён рафтани садди маънавии афкори илоҳӣ, ҷозибаи шаҳавот кори худро мекунад; балки иллати дигаре ҳам дар кор аст, ва он ин ки андешаҳои материалистӣ дар бораи ҷаҳон ва ҳаёт ва хилқат одамиро сахт дар ранҷу фишор мегузорад ва дар одамӣ ҳолати майл ба фирор аз ин андешаҳо ва паноҳ бурдан ба умури фаромӯшиовар, аъамм аз айшу ишратҳо ва ё мухаддирот ва мускирот, ба вуҷуд меоварад. Таъсири дофеъаи ин андешаҳои саҳмнок камтар аз таъсири ҷозибаи лаззати моддиёт нест.

Акси ин ҳолат низ мумкин аст. Яъне ҳамон тавр, ки моддияти эътиқодӣ мунҷар ба моддияти ахлоқӣ мешавад, моддияти амалӣ ва ахлоқӣ низ дар ниҳояти амр мунҷар ба моддияти эътиқодӣ мешавад. Яъне ҳамон тавр, ки фикру андеша бар рӯи ахлоқу амал асар мегузорад, ахлоқу амал низ рӯи фикру эътиқоду андеша асар мегузорад. Мақсуди аслӣ дар ин баҳс — ки аз иллатҳои гароишҳои моддӣ баҳс мекунем ва суханамон ба масъалаи фазои номусоиди руҳӣ ва ахлоқӣ расидааст — ҳамин қисмат аст.

Мумкин аст суол шавад чӣ робитае мобайни амал ва фикр ҳаст? Масъалаи фикр аз масъалаи амал муҷаззост. Мумкин аст инсон ҷуре фикр кунад ва низоми фикриаш собит бимонад, аммо амалу ахлоқаш мутобиқи он набошад ва ба наҳви дигаре сайр кунад.

Ҷавоб ин аст, ки имон ва эътиқод, як фикри муҷаррад ва хушк нест, ки гӯшае аз зеҳнро ишғол кунад ва бо соири қисматҳои ҳастии инсон сару коре надошта бошад. Дар байни афкори инсон, афкори бе иртибот ба амал бисёр аст, монанди афкору иттилооти риёзии инсон ва қисматҳои бисёре аз иттилооти табиӣ ва ё ҷуғрофиёӣ. Аммо баъзе аз афкор аст, ки вақте дар инсон пайдо шуд, ба ҳукми ин ки бо сарнавишти инсон пайванд дорад, мехоҳад бар саросари вуҷуди инсонӣ тасаллут ёбад ва ҳамаро дар қабзаи хеш қарор диҳад; ҳангоме, ки пайдо мешавад, занҷирвор як идда андешаҳои дигареро ба дунболи хеш меоварад ва хатти машйи инсонро иваз мекунад. Айнан достони кӯдаки мактаб аст, ки ҳар чӣ устод мегуфт бигӯ “алиф”, намегуфт. Пас аз он ки исрори бисёр карданд, ки “алиф” гуфтан барои ту чӣ зараре дорад? Ҷавоб дод, ки агар “алиф” бигӯям, ба он хатм намешавад; пас аз он бояд бигӯям “б” ва билохира силсилаи дарозе хоҳад дошт. Ман аз аввал, “алиф” намегӯям, ки то ба охир роҳат бошам.

Саъдӣ мегӯяд:

Дил гуфт маро илми ладуннӣ ҳавас аст,

Таълимам кун агар туро дастрас аст.

Гуфтам, ки “алиф”, гуфт: дигар? Гуфтам: ҳеҷ

Дар хона агар кас аст як ҳарф бас аст.

Масъалаи Худо айнан ҳамон “алиф”-и мактаб аст, ки инсон вақте гуфт, билофосила баъдаш бояд бигӯяд “б” ва ба тартиб соири алифбои маърифат ба дунболи он. Инсон вақте Худоро пазируфт, бояд бипазирад, ки Худо олими сирру хафиёт аст, қодири мутлақ аст, ҳакими мутлақ аст, абас ва беҳуда дар кори ӯ вуҷуд надорад; пас, аз хилқати инсон низ ҳадаф ва ғаразе дар кор аст ва беҳуда нест. Қаҳран ин фикр ба дунбол меояд: оё зиндагии инсон ба ҳамин ҳаёт ва зиндагӣ маҳдуд аст ва ё ин ки инсон таклиф ва вазифаи дигаре дорад? Оё он ки инсонро офаридааст, вазифаеро ҳам ба ӯҳдаи ӯ гузоштааст ё ин ки нагузоштааст? Ва агар вазифае ҳаст, он вазифа чист ва чӣ гуна бояд рафтор кард? Ин аст “алиф”, ки то охир гиребони инсонро раҳо намекунад, магар ин ки саропои зиндагии худро таслими ин “алиф” кунад. Яъне ин хатти сайре аст, ки “алифи Худо” барои инсон муайян мекунад.

Рӯи ин ҳисоб аст, ки Худошиносӣ фазои руҳӣ ва амалии мусоиде лозим дорад ва агар фазои руҳӣ ва амалии мусоиде набуд, ҳамон решаи аслӣ низ хушк мегардад; ҳамчун базре, ки дар замине афшонда мешавад, ки агар муҳит мусоид набошад, фосид мегардад ва аз байн меравад.

Тавҳид иқтизо мекунад як заминаи омодаи руҳиро барои таъолӣ. Тавҳид муқтазии таъолии руҳӣ аст; мехоҳад руҳро бартарӣ диҳад ва бо ҳадафҳои ҳаёт ва хилқат созгорӣ диҳад ва ба ҳамин ҷиҳат дар Қуръони Карим ҳама сухан аз қобилият ва покӣ ва истеъдод аст, мегӯяд:

هدى للمتقين

Ҳидоят аст барои парҳезкорон.” (Сураи Бақара, ояти 2)

لينذر من كان حيا

Қуръон барои ин аст, ки ту ба василаи он зиндаҳоро эъломи хатар кунӣ.” (Сураи Ёсин, ояти 70)

Аз тарафи дигар, исёнҳои ахлоқӣ ва амалӣ руҳро аз он мақоми қудси воло таназзул медиҳанд ва аз ин рӯ ин фикр ва он амал ду нерӯи мутазодд бо якдигаранд.

На танҳо дар мафоҳими муқаддаси мазҳабӣ матлаб инчунин аст, балки дар тамоми мафоҳими муқаддас, ҳарчанд ғайримазҳабӣ, матлаб ба ҳамин минвол аст. Шарофат ва шаҳомат ва шуҷоати руҳ дар ҳама кас рушд намекунад. Иззат ва озодагӣ ва адолатхоҳӣ ва хайрхоҳи башар будан дар ҳама кас рушд надорад. Дар инсони шаҳватрон ва айёш инҳо рӯ ба забунӣ ва фарсудагӣ мераванд. Дар инсони аз худ гузашта ва аз тан раҳида рушд мекунанд, ва аз ин рӯ дар он ҷо, ки инсон ба шаҳвату айшу нӯш гароидааст, ҳамаи хислатҳои инсонӣ мурдааст ва инсон дар лаҷани зиштиҳои ахлоқӣ фурӯ рафтааст ва бад-он сабаб ҷомеа ва инсонҳо дар роҳи суқут меафтанд. Як намунаи таърихии ин матлаб, достони суқути Испониёи исломӣ аст. Калисо ҳар чӣ хост Испониёро аз чанголи мусалмонон бадар оварад, натавонист, то нақшае моҳирона кашид ва таъолии руҳро аз онон гирифт; ононро ба бодагусорӣ ва айёшӣ одат дод ва ғайрату шарафашонро бурд ва ба дунболи он сиёдат ва истиқлолашон ва сипас дину эътиқодоташон ҳамаро нобуд сохт.

Авлиёи Ҳақ ҳатто аз бисёре аз лаззоти мубоҳ чашм мепӯшиданд ва аз гирифторӣ дар лаззоти ҳалол низ парҳез доштанд, зеро медонистанд он ҷо, ки инсон пойбанди лаззат шуд, таъолии руҳ аз ӯ гирифта мешавад, чӣ расад ба он ҷо, ки пойбанди гуноҳ бошад.

Дар осори исломии мо ин матлаб ба ин сурат тарҳ шуда, ки гуноҳ сиёҳдилӣ меоварад ва сиёҳдилӣ беимонӣ. Ба иборати дигар, сияҳкорӣ сияҳдилӣ меоварад ва сияҳдилӣ сияҳфикрӣ:

ثُمَّ كَانَ عَاقِبَةَ الَّذِينَ أَسَاؤُوا السُّوأَى أَن كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ

Он гоҳ фарҷоми касоне, ки бадӣ карданд, басе бадтар буд, чаро ки оятҳои Худоро такзиб карданд…” (Сураи Рум, ояти 10)

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ахлоқи зишт, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: